Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Дар дасти мо низ хеле чизҳо ҳаст!”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба рафтори ғайриахлоқии мақомот дар вуруд ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ва сабти равобити заношӯии онҳо ва ба намоиш гузоштани он дар телевизиюнҳои давлатӣ, гуфт: “Ҳоло як чизро бароятон ошкор кунам: дар дасти мо ҳам хеле чизҳо ҳаст; ҳатто аз раҳбарони калонатон, аз раҳбарияти кишвар. Вақте ин (наворҳо)-ро пеши мо оварданд, ман гуфтам: инро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода набаред, фарҳанги мо ин нест.”

Раиси ПМТ дар гуфтугӯи онлайн дар ҷумъашаб (18.01.2019) дар посух ба пурсише, ки дарбардорандаи таҳқиру тавҳин ба як зан будааст, бо баёни ин ки ман (Кабирӣ) номи он занро намегирам, гуфт: “Воқеан ин як таҳқир ба зан ва модари тоҷик аст ва як тӯҳмати ошкор аст, гузашта аз он ки як дурӯғи бофта аст. Ҳамин хел ҳарфҳо ва сӯҳбатҳо дар бораи дигар бузургворон дар Наҳзат ҳам буд, дар бораи Устод Тӯраҷонзода чиҳое нагуфтанд ва дар бораи устодони дигар ҳам.”

Кабирӣ дар идома, бо баёни ин ки табиати мардуми тӯҳматбоф ҳамин аст, ёдовар шуд: “Ман хоҳиш мекунам, ки нисбати зан ва модари тоҷик ин корҳоро бас кунед! Ин коре, ки шумо мекунед, дахолат дар масъалаи хусусии мардум аст. Аслан, марзҳоро ҳам рад кардед. Ин хуб нест, дӯсти азизам!”

Вай афзуд: “Ҳам ба шумо ва ҳам ба роҳбаронатон ва бахусус шахси ҷаноби Раҳмон — ки раисиҷумҳур аст — як тавсия мекунам. Ба ин тавсия, ба унвони як тавсияи оппозитсионӣ нигоҳ накунанд. Ҳам Раҳимзода, ҳам Ятимов ва ҳам Раҳмон, ин се нафар, давлатдории миллиро ба як масхара табдил додаанд. Дар таърихи миллат ин сабт хоҳад шуд. Билохира ин замони гузашта нест, ки одамҳо аз даруни китобхонаҳо китобро пайдо кунанд, балки имрӯз ин дар Фейсбуку Ютюбу ҳама ҷо сабт шудааст, ки дар замони раҳбарӣ ва мудирияти ин се нафар, бахусус оқои Раҳмон, вориди ҳарими хусусии мардум шуданд — ҳоло ӯ ҳар касе ҳам бошад, душманашон ҳам бошад – ва (амали заношӯиро) сабт карданд ва онро дар телевизиони миллӣ ба тамошои мардум гузоштанд.”

Кабирӣ дар идома тасреҳ кард: “Ҳоло як чизро бароятон ошкор кунам: дар дасти мо ҳам хеле чизҳо ҳаст; ҳатто аз раҳбарони калонатон, аз раҳбарияти кишвар. Вақте ин (наворҳо)-ро пеши мо оварданд, ман гуфтам: инро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода набаред, фарҳанги мо ин нест.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “(Ба ин дӯстон гуфтам:) ҳоло ки онҳо карданд, агар мо ҳам мисли худашон ҷавоб бигӯем, ин аз фарҳанги мо нест. Зеро ӯ зан дорад. Зани ӯ — бечора хонум Азизамоҳ — чӣ гуноҳ дорад, ё як духтараш чӣ гуноҳ кардааст, ки ҳоло ба хотири беобрӯ кардани падараш, ба онҳо зарбаи равонӣ бизанед. Ё масалан, фарзанди Ятимов, фарзанди Раҳимзода чӣ гуноҳ кардаанд, ки шумо фақат ба хотири беобрӯ кардани падари онҳо, меойед ва ба фарзанди онҳо зарбаи равонӣ мезанед?! Инҳо тифланд, инҳо зананд, накунед ин корро!

Кабирӣ афзуд: “Мегӯянд, онҳо мекунанд-ку, онҳо карданд-ку, ҳатто аз телевизиони давлатиашон ин корро мекунанд. Хуб, онҳо мекунанд, фарҳанги онҳо ҳамин аст. Аммо фарҳанги мо дигар аст. Дини мо дигар чиз мегӯяд. Фарҳанги миллии тоҷикӣ дигар чиз мегӯяд. Чун онҳо на ба дин эътиқод доранд, на ба фарҳанги миллӣ, онҳо ба чизе эътиқод надоранд. Онҳо худро пайрави мактаби сиёсии Макиавеллӣ медонанд, ки воқеан тӯҳмат аст ба Макиавеллӣ.”

Раҳбари ҲНИТ идома дод: “Вақте дар ҳамон Душанбе ҳам будем ва ман ба онҳо мегуфтам, ки чаро ин корҳоро мекунед? Мегуфтанд, ки назарияи сиёсии Макиавеллӣ мегӯяд: дар сиёсат ахлоқ нест, фарҳанг нест. Ҳадаф ҳаст ва ҳар чи ки метавонӣ, бикун ба хотири ҳифзи қудрат.”

Вай афзуд: “Ман қаблан ҳам Макиавеллиро хонда будам. Баъд (аз сухани инҳо) фикр кардам, ки шояд ман ҷойеро нахонда бошам. Рафтам суроғи Макиавеллӣ, китобҳояшро ва китобҳое, ки дар борааш навишта шудааст, таҳқиқ кардам. Чизҳоеро ба ӯ нисбат додаанд, ки аслан дар ягон ҷойи навиштаҳои Макиавеллӣ нест! Бале Макиавеллӣ мегӯяд, ки дар ҷанг байни давлатҳо, метавонед дар бораи раҳму шафқат ва дар бораи ахлоқ, камтар фикр кунед. Аммо нагуфтааст, ки дар муносибат бо миллати худатон, бо як пирамард, бо як зан, бо як кӯдак бо як ҳамсоя чунин кунед. Макиавеллӣ то ин дараҷа — маъзарат мехоҳам — аҳмақ набуд. То ин дараҷа ба миллати худаш нафрат надошт. Бибинед, ҳаддиақал ҳамон даҳ принсипи назарияи сиёсии Макиавеллиро, дар куҷо навиштааст ин чизро? Аммо имрӯз мегӯянд, ин сиёсати Макиавеллӣ асту мо бояд барои он ки амнияти миллиро таъмин кунем, барои он ки амнияти давлат таъмин бошад, ҷоиз аст, ки ин чизҳоро истифода барем. Дурӯғ гуфтед! Тӯҳмат кардед! Шумо ба хотири манфиатҳои шахсиатон ва яке ду нафар, доред миллатро таҳқир мекунед!

Муҳиддин Кабирӣ дар идома, хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон ва дору дастааш, тасреҳ кард: “Гоҳо давлатдории шуморо ба як “ҳаштпо” (спрут), ки чанд дасту по дорад ташбеҳ мекунам. Як дастатон дар кисаи мардум аст, як дастатон дар мағзи сари мардум; мехоҳед бидонед, ки мардум чӣ фикр мекунанд, мехоҳед аз ҳама чиз огоҳ бошед; мехоҳед бидонед, ки дар кисаи мардум чӣ ҳаст, аз тариқи налогу андозу пора, пули мардумро мегиред. Як дастатон ҳам дар даруни деги мардум аст, ки чанд то пиёзу картошка дар он аст. Ва як дасти дигаратон — маъзарат мехоҳам аз мардум — дар даруни шалвори мардум аст… Шумо ҳам билохира зан доред, фарзанд доред, накунед ин корро!

Кабирӣ афзуд: “Аммо агар даст набардоштед, бидонед, дасти мардум ҳам холӣ нест. Доранд як чизҳое. Хелеҳо бо пулу бепул ин гуна наворҳоро ба дасти мо меоранд ва месупоранд.

Навори гуфтугӯи онлойни Муҳиддин Кабирӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: