Перейти к содержимому

Оё Тромп ҷосуси Русия аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Пурсише, ки ин рӯзҳо расонаҳои омрикоиро ба худаш саргарм кардааст, на кушта шудани панҷ низомии омрикоӣ дар ҳамлаи Манбаҷи Сурия аст ва на ин ки ин ҳамла хуруҷи нерӯҳои омрикоиро аз шимоли Сурия ба таъхир меандозад ё тасреъ мекунад, балки ин аст, ки оё Тромп, раисиҷумҳури ин кишвар, муздур ва ҷосуси Русия аст?

Ин пурсиш пас аз он бо қудрат матраҳ шуд, ки рӯзномаи New York Times фош кард, ки “Дафтари таҳқиқоти федерол (FBI) расман таҳқиқотеро дар соли 2017 оғоз кард, то мушаххас кунад оё раисиҷумҳури Омрико ба нафъи Русия ба унвони муздур ва ҷосус кор мекунад?” Ин дафтар ба чандин масъала дар ин замина истинод кардааст, ки иборатанд аз:

Нахуст: иқдоми Тромп барои барканории Ҷеймз Кумӣ (James Comey), мудири Дафтари таҳқиқоти федерол, ки тардидҳое дар ин замина ба вуҷуд овард, сипас барканории Ҷеф Сешинз (Jeff Sessions), вазири додгустарии собиқ, ки худашро аз таҳқиқоти Роберт Мулер, бозпурси вежа дар бораи дахолати Русия дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва иттиҳоми Тромп ба фасод ва вуҷуди иттифоқ миёни ситоди таблиғоти риёсати ҷумҳурии Тромп ва Маскав, канор кашид.

Дуввум: пинҳон кардани ҷузъиёти музокироташ (Тромп) бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти сарони Омрико ва Русия дар Ҳелсинки дар июли соли 2018 ва зуҳури вай яъне Тромп ба монанди як донишомӯзи мутеъ дар баробари устоди русиаш; амре, ки аломати суолҳои зиёде дар бораи далоили ин пинҳонкорӣ ба вуҷуд овард. Тромп мулоҳизотеро, ки дар ин замина тадвин кард низ аз байн бурд, то ҳеч кас дар давлат аз он огоҳ нашавад.

Севвум: тамосҳои вакили мудофеъи вежааш ба шакли махфиёна бо Маскав барои эҷоди “Бурҷи Тромп” дар он ба монанди бурҷе, ки ба номи вай дар Ню-йорк сохтааст.

Чаҳорум: тамосҳои Ҷоред Кушнер, домоди вай ба шакли сиррӣ бо Созмони иттилооти Русия дар иртибот бо таблиғоти интихоботии Тромп.

Панҷум: лабхандҳои Путин дар ҳар бор, ки бо Тромп дидор мекунад; амре, ки ҳикоят аз он дорад, ки робитаи пинҳонӣ бо ҳам доранд.

Шашум: нобуд кардани эътилофи НАТО ва равобит бо ҳампаймонони урупоӣ ва поёни демукросии ғарбӣ ба шакле, ки буд тавассути вай.

Замоне, ки аз Тромп рӯзи душанбе дар бораи гузориши рӯзномаи New York Times ва иттиҳомаш ба ҷосусӣ ба нафъи Маскав пурсида шуд, вай ин гузоришро рад кард ва гуфт, ки вай ҳаргиз ба унвони ҷосуси Маскав кор накард ва гуфт, ки матраҳ кардани ин пурсиш зишт аст ва Юрий Ушаков, мушовири Путин низ ҳамин корро кард ва гуфт, ки ин аблаҳона аст, ки чунин иттиҳомҳое зада шавад, зеро равобити Русия ва Омрико ин рӯзҳо дар бадтарин вазъияти худ ба сар мебарад ва ба поинтарин ҳадди худ наздик мешавад ва ҳеч гуна иқдоме барои беҳбудаш иттихоз нашудааст.

Як назария дар Омрико мутадовал аст, ки мегӯяд Созмони иттилооти Русия наворҳое аз Тромп дар авзоъи ҷинсии баде забт кардааст он замон, ки мусобиқаи “Зани шоистаи ҷаҳон” дар соли 2013 дар Маскавро баргузор кард ва аз ин наворҳо барои фишор бар вай ба манзури ба хидмат гирифтанаш ҷиҳати кор бо Русия истифода кард, лекин Созмони иттилооти Русия ва худи Тромп чунин чизеро такзиб карданд, аммо таърихи ҷинсии Тромп ва пардохти пул ба бозигари филмҳои мустаҳҷан дар муқобили сукуташ тайи таблиғоти интихоботӣ тардидҳои зиёде дар бораи ин такзиб ба вуҷуд меоварад.

Мойкел Куҳен (Michael Cohen), вакили мудофеъи шахсии Тромп, ки нерӯҳои амниятии Омрико ба далели тахаллуфҳои қонунӣ боздошташ карда буданд, рӯзи панҷшанбе бомберо мунфаҷир кард замоне, ки фош кард вай андаке қабл аз интихобот пулҳое ба як ширкати назарсанҷӣ дар муқобили бозӣ бо иттилоот ва оморҳояш ва тағйири натоиҷи онҳо ба нафъи Тромп бо дастури расмии худи Тромп пардохт кард. Вай пеш аз ин эътироф карда буд, ки қабл аз он, пул ба яке аз муделҳои зан барои сукуташ дар бораи иртиботи ҷинсӣ бо Тромп ба манзури ҷилавгирӣ аз таъсири он бар таблиғоти интихоботиаш, пардохт кард.

Стефен Кулбер (Stephen Colbert), гӯяндаи машҳури омрикоӣ, дорандаи барномаи Late Night ба масхара дар посух ба пурсише дар ин замина, ки оё Тромп ҷосуси махфии Русия аст, гуфт, ки ин аблаҳона аст, ки Тромп як ҷосус бошад, вале чӣ басо ин нақшро бидуни он ки бидонад бозӣ кардааст, аммо ҳамкораш Трифур Ной (Trevor Noah) гуфт, ки ин иттиҳом навъе ҷунун аст на ба далели он ки Тромп наметавонад ин корро бикунад, балки ба далели он ки вай бадтарин ҷосуси рӯи кураи замин хоҳад буд ва касе, ба далели балоҳати Тромп, ӯро ба хидмат намегирад.

Ҳанӯз зуд аст, ки дар бораи ин масъалаи печида назар бидиҳем, вале ин ба маънои он нест, ки тардиде дар ин надошта бошем, ки ин иттиҳомҳо баъид аст; ин мард як тоҷир аст ва қарордодҳо ӯро васваса мекунад ба ҳар шева ва васила ба самти пул меравад, то ҳадде, ки боис мешавад, ки ба шеваи номасъулона ва мутаҳаввирона рафтор кунад ва ҳама чизро ба манзури баранда шудан дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз ҷумла тан додан ба Кушнер домодаш ва лоббии исроилӣ дар Вошингтун ва тавсияҳои онҳо ба кор гирад.

Барангехтани ин иттиҳомҳо он ҳам тавассути New York Times — яке аз бузургтарин ва муҳимтарин рӯзномаҳои Омрико ва чанд рӯз ё чанд ҳафта монда ба эъломи натоиҷи таҳқиқот тавассути Мулер, бозпурси вежа, ҳикоят аз он дорад, ки он чи дар роҳ аст бузургтар аст ва агар иттиҳомҳо собит шавад, он вақт Созмони иттилооти Русия бузургтарин дастовардаш дар таърихро яъне ҷазб ва бакоргирии раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Омрико муҳаққақ кардааст ва чӣ дастоварде аст ин дастовард!… Валлоҳу аълам!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: