Перейти к содержимому

“Пас, ман ҳам як “босмачӣ” ҳастам!”

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

Солҳо пеш нивишта будам, ки агар ҳамзамони юриши Артиши Сурх мебудам, баногузир “босмачӣ” мешудам. Ва солҳо пештар аз он, замоне ки Артиши Сурх ҳамчунон қудратро дар сарзамини ман қабза карда буд, дар ин маврид худбахуд меандешидам ва шигифтзада будам, ки оё ман хоинам ё онҳое, ки ба фармонравоии бегона тан додаанд…

Ва дар миёни пайравони низоми навини сурх инсонҳои сутургу бузургвореро ҳам медидам, ки ҳамдостони ман буданд, аммо аз «босмачиҳо» бад мегуфтанд, чун тақозои замона ҳамин буд. Ва ин бузургворон на, балки фурӯзаҳои фириштавори онҳо он замон монеъ аз ибрози мавзеъам мешуд.

Албатта, “босмачӣ” таъбирест, ки Артиши Сурх ба кор мебурду акнун наводагонаш. Аммо аз дербоз аз диди ман бисёре аз он “босмачиҳо” посдору мудофеъи сарзамину қаламраву хатту забону фарҳангу миллати хеш будаанд, то аз газанди душман дар амон бимонад.

Бисёре аз “босмачӣ”-ҳои он рӯзгор, агар ба имрӯз баргарданд, гумоне нест, ки ҳамандеши ман хоҳанд буд. Ё дар воқеъ, ман ҳамандеши онҳо хоҳам буд, ки таҷовузи сурх на танҳо сарзамини бузурги Бухорои моро тикка-пора кард, балки забони моро ҳам забун кард. Ва ин яке аз хатароте буд, ки “босмачиҳо”-и тоҷик мехостанд аз вуқӯъи он ҷилавгирӣ кунанд.

“Босмачиҳо” – ъунвони тавҳиномезест, ки Артиши Сурху наводагонаш аз ҷумла ба посдорони фарҳанги порсӣ, ба тоҷикони мухолифи таҷовузи рус, додаанд. Агар фардо маро ҳам ҷузъи “босмачиҳо” бидонанд, ҳамин ъунвонро барои худ ифтихор медонам.

Гумоне нест, ки дар миёни “босмачиҳо” ҳам дидгоҳҳои гунагуну мутафовите дар бораи ояндаи кишвар ҷараён дошт. Шуморе нақши динро барҷастатар медонистанду бархе нақши қавму забонро. Магар имрӯз надорем? Аммо ҳар ду ё ҳамаи тарафҳо мухолифи таҷовузи бегона буданд. Ва ин беҳтарину муҳимтарин вежагии як инсони меҳандӯст аст. Орзуи тасхири кишвар ба дасти бегона ба хотири ҳар бароянд ё натиҷае як ном дорад ва он «хиёнат» аст.

Ман ҳаводори ҳар он касе ҳастам, ки сарзаминашро аз зӯру таҷовузу иҷбор ба дур мехоҳад. Ба чунин афроде дар даҳаҳои 1920-40 “босмачӣ” мегуфтанд. Пас ман ҳам як “босмачӣ” ҳастам.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: