Перейти к содержимому

Оё мехоҳем ҳақиқат дар бораи “босмачиҳо” равшан шавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз хонандаи гиромӣ хоҳиш мешавад, коре ба шахси нависандаи ин навиштор, ки чӣ касе аст ва аз назари сиёсӣ чӣ гароише дорад; оё мувофиқ аст ё мухолиф, диндор аст ё бедин надошта бошад, балки хоҳиш мекунам, тамоми таваҷҷӯҳаш ба муҳтавои мақола бошад, ки чӣ мегӯяд. Медонам, як каме сахт аст одам бидуни як пешфарзи зеҳнӣ ва пешдоварии қаблӣ дар бораи нависанда, ба мутолеаи навиштаи ӯ бипардозад, аммо умедворам шумо, хонандаи азиз, саъй хоҳед кард, бидуни ҳеч пешфарзу пешдоварӣ, ин навишторро қироат хоҳед намуд.

* * *

Фазои маҷозӣ, дирӯз, беш аз ҳар замони дигар, бо баҳсу гуфтугӯ дар бораи “босмачиҳо” пур шуда буд ва ҳар касе назару дидгоҳи худро дар ин мавзӯъ иброз дошт (ва ҳанӯз идома дорад); гурӯҳе бар ин назаранд, ки “босмачиҳо” қаҳрамонони миллатанд ва бояд ба некӣ аз онҳо ёд шавад, аммо гурӯҳи дигар мӯътақиданд, онҳо одамони хубе набуданд ва аз ин рӯ шоистагии унвони қаҳрамониро надоранд.

Ин баҳсу гуфтугӯҳо нишон медиҳад, ҳанӯз барои ҷомеаи мо ва барои як тоҷик, ҳақиқат дар бораи “босмачиҳо” чунон ки шояд равшан нашудааст, вагарна баҳсу гуфтугӯҳо ба ин сурат доир намешуданд, яъне тасаввури гурӯҳе дар бораи “босмачиҳо” чизе бошад, ва тасаввури гурӯҳе дигар комилан як чизи дигар. Гурӯҳе онҳоро қаҳрамон бидонанд ва гурӯҳе ҳам онҳоро хоину муздур шуморанд.

Ба сухани дигар, дар заминаи таърих, мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳеч ду инсоне дар мавриди онҳо бо ҳам ихтилофи назар пайдо намекунанд, чун ба ҳадде барояшон равшану ҳувайдост, ки дигар маҷоле барои ихтилофи назар вуҷуд надорад, мисли ин мавзӯъ, ки “Амир Олимхон, охирин ҳоким аз сулолаи манғит дар Аморати Бухоро будааст.” Оё ду нафар пайдо мешавад, ки сари ин мавзӯъ бо ҳам ихтилофи дидгоҳ пайдо кунанд? Яке мувофиқ бошад ва дигаре мухолиф? На, ҳаргиз, зеро ки мавзӯъ комилан равшан аст. Аммо мавзӯъҳои таърихие ҳам ҳастанд, ки чун тамоми ҳақиқат дар бораи онҳо ҳанӯз норавшан ва мубҳам аст ва ба ин далел, ки фақат аз ҷониби як тараф ва бо ғаразҳои хоссе тафсиру тавзеҳ шудаанд, мебинед пиромуни онҳо ихтилофи дидгоҳ пайдо мешавад.

* * *

Мавзӯи “босмачигарӣ” ва “босмачиҳо” аз навъи дуввум аст, на аз навъи аввал, ки касе биёяд ва бо тақсими онҳо ба “қадимия” ва “ҷадидия” ва “панисломист”, бо итминони комил дар бораашон изҳори назар кунад! Ин, навъе мукобира аст.

Аммо ин ки чаро роқими ин сатрҳо муддаӣ аст, ки ин мавзӯъ аз навъи дуввум аст, на аз навъи аввал, ба далелҳои зерин аст, ки лутфан таваҷҷӯҳ бифармоед:

1) Оё ҷуз ин аст, ки аксар ба иттифоқи гузоришҳои таърихии мавҷуд дар бораи “босмачиҳо” — ки феълан дар дастрас аст — ба дасти русҳо (он ҳам аз навъи болшевикаш) ва ё дунболаравони маҳаллиашон навишта шуда? Оё касе метавонад мункири ин ҳақиқат бишавад?

Хуб, ин нависандаҳо ва таърихнигорон, бо он пуштвонаи идеулужик, ба назари шумо дар бораи “босмачиҳо” чӣ менавиштанд? Оё ҳақиқатро баён мекарданд? Ё ин ки бо “душман”, “босмачӣ”, “хоин” ва “муздур” хондани онҳо, ба таҳрифи ҳақоиқи таърихӣ мепардохтанд ва тамоми саъяшон ин мешуд, ки коре кунанд, то дар фарзандони онҳо нисбат ба падаронашон танаффуру нафрат пайдо бишавад? Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки болшевикҳои номӯҳтарам, дар таҳрифи ҳақоиқи таърихӣ ва сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед нишон додан, яди тӯлое доштанд, ки дигар ниёз ба исботи он нест. Ва ҳатто бар фарз агар таърихнигороне пайдо мешуданд ва мехостанд ҳақиқатро дар ин хусус бинависанд, магар раҳбарон ва идеулугҳои сиёсии Шӯравӣ, барояшон ин иҷозаро медоданд?

Бинобар ин, тасвире, ки имрӯз – ва аз ҳудуди сад сол пеш — аз “босмачӣ” дар зеҳни як тоҷик вуҷуд дорад, тасвире аст, ки ё мустақиман тавассути идеулугҳои сиёсиии болшевикҳо эҷод шуда, яъне онҳо хостаанд тасаввури як тоҷик дар бораи “босмачиҳо” ҳамон гуна бошад, ки онҳо мехоҳанд (ва комилан маълум аст онҳо чӣ тасвире мехоҳанд мо аз “босмачӣ” дар зеҳни худ дошта бошем) ва ё на, мустақиман аз сӯи онҳо эҷод нашуда, балки аз филтери онҳо рад шуда ва сипас вориди зеҳни тоҷик гардида; ба ин маъно, ки тамоми осори мактуб дар бораи “босмачиҳо”, ки тавассути нависандаҳо дар даврони Шӯравӣ навишта мешуд ҳатто осори бузургоне чун Устод Айнӣ, аввал аз филтери онҳо мегузашт ва сонсур мешуд ва ҳатто тағйироте сурат мегирифт, он гоҳ пешкаши хонанда қарор мегирифт. Ва ҳатто дар мавориде, ба муаррихон ва нависандаҳо дастур мешуд, ки дар бораи онҳо чунину чунон бинависанд.

Оё касе ҳаст, ки бигӯяд чунин набуд? Оё касе метавонад инро инкор кунад?

Агар хеле ба болшевикҳо хушбинед ва ба ин ҳарфҳо боваратон намеояд, ҳоло бароятон як мисоли зинда мезанам. Ҳамсинну солони ман ва низ касоне, ки аз мо бузугтаранд, ёдашон ҳаст дар охирҳои солҳои 80-уми қарни пешин (қарни 20-ум) — ки артиши Шӯравӣ дар Афғонистон машғули ҷанг буд – дастгоҳи таблиғоти Шӯравӣ (яъне телевизиюн, рӯзномаҳо, родию ва куллан расонаҳо), аз муҷоҳидони афғонӣ, ки дар сарзаминашон алайҳи мутаҷовиз ва ишғолгар меҷангиданд, чӣ тасвире барои мо ба намоиш мегузошт, то тасаввурамон аз онҳо он гуна бошад?! Оё хотири азизон ҳаст, ки рӯи он муҷоҳидон номи “душман”-ро гузошта буданд, яъне душманони миллати Афғонистон, ва дар муқобил артиши Шӯравӣ ҳам як артиши озодибахш ба тасвир кашида мешуд, ки барои наҷоти мардум ва миллати афғон аз “душманҳо”-яшон вориди хоки Афғонистон шуда. Ёдам ҳаст, дар ҳамон солҳо, як филме “мустанад” аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба намоиш гузошта буданд, ки дар он филм, ин шаҳиди қаҳрамон, ба унвони як муздури Фаронса, ки ба дастури “хоҷагони фаронсавиаш” даст ба ғорату чаповули мардуми Афғонистон мезанад, ба тасвир кашида шуда буд. Ин филм ҳанӯз бо ҷузъиёташ дар хотирам мондааст.

Бинобар ин, тасвире, ки болшевикҳо аз “босмачиҳо” бароямон дуруст кардаанд – ки мутаассифона ҳанӯз афроде ёфт мешаванд, ки бо истинод ба гузоришҳои онҳо, мехоҳанд барои як тоҷик аҷдодашро чунон нишон бидиҳанд — ҳеч тафовуте бо ин ворунасозиҳо дар бораи муборизони Афғонистон надорад; бо ин фарқ, ки ворунасозиҳо дар бораи “босмачиҳо” аз назари замонӣ ба ҳадде будааст, ки дигар ба тадриҷ дар зеҳни як тоҷик русух пайдо карда ва дигар бовараш шуда, ки ҳақиқат ҷуз ин набудааст. Билохира вақте як матлаби дурӯғ пушти сари ҳам гуфта шавад ва дар бораи он филмҳо сохта шавад (дар бораи босмачиҳо шояд беш аз сад филм сохта шуда) инҳо дар зеҳни инсон таъсири худро мегузорад. Филмҳое, ки «босмачӣ» дар он ба унвони як инсони ваҳшӣ нишон дода мешавад ва болшевик як меҳрубону дилсӯзу озодихоҳ. Инҳо таъсири худро мегузоранд.

Хулоса, гузоришҳои мавҷуд дар бораи “босмачиҳо” (дар Тоҷикистон), аз он ҷо, ки фақат аз сӯи душманонашон навишта шудааст, аз назари илмӣ, фоқиди эътибор мебошад ва аслан шоистаи истинод нестанд.

2) Матлаби дигар он ки: хушбахтона, гузоришҳое дар бораи “босмачиҳо” дар даст ҳаст, ки тавассути худи “босмачиҳо” ва ё нависандагони муосири онҳо ва ё фарзандони онҳо навишта шуда, ки мутаассифона, ба ин навиштаҳо амдан таваҷҷӯҳ намешавад, то он тасвири воруна, ки болшевикҳо дуруст кардаанд, якдафъа фурӯ нарезад.

Оё азизон медонанд, ки даҳҳо китоб ба дасти муҳоҷирони тоҷику ӯзбек — ки дар нимаи аввали қарни 20 яъне пас аз шикасти “босмачиҳо”, ба кишварҳои дигар муҳоҷират карда буданд – навишта шуда ва ин китобҳо имрӯз ҳаст?! Ба хусус китоби “Таърихи Туркистон” (ба забони туркӣ-ӯзбекӣ ва хатти арабӣ), яке аз беҳтарин манбаъҳо дар ин замина ба шумор меравад, ки ҳақоиқи бисёре дар бораи падидаи “босмачигарӣ” ва ин ки онҳо чӣ касоне буданд ва ин ки болшевикҳо чӣ зулму ситамҳо ва қатли оммҳое дар сарзамини мо ба роҳ андохтаанд, бо санаду мадрак, баён гардидааст. Албатта, китобҳои дигаре ҳам ба арабӣ ва туркӣ ҳаст дар ҳамин мавзӯъ, аммо “Таърихи Туркистон” ҷомеътарини онҳост.

Росташ, аз хеле вақт мехостам ин китобро ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума кунам, аммо фурсат даст намедиҳад, иншоаллоҳ саъй мекунам ин корро бикунам, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки зарурати онро эҳсос мекунам.

3) Ҳоло агар касе ҳамон эродеро бароямон матраҳ кунад, ки мо барои ӯ матраҳ кардем, яъне ба мо бигӯяд, ин гузоришҳо, ки шумо мегӯед (мисли “Таърихи Туркистон”) низ наметавонанд дорои эътибори илмӣ бошанд, ба ҳамон далел, ки шумо бар мо бапо мекунед, яъне аз сӯи касоне навишта шуда, ки билохира худашон “босмачӣ” буданд, хуб, дар ин сурат, пешниҳоди ман ин аст:

Пас, биёед, ҳамаи мо — чӣ касоне, ки мехоҳанд босмачиҳо сафед ва қаҳрамон эълон шаванд ва чӣ касоне, ки мехоҳанд масъала ба ҳамон сурат, ки болшевикҳо барояшон тарсим кардаанд боқӣ бимонад – барои ошкор шудани ҳақиқат дар ин мавзӯъ, бо таъсиси як кумисиюни таҳқиқии муштарак, ки муташаккил аз муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон ва муаррихон бошанд, камар ба як таҳқиқи ҷомеъу комилу ҳамаҷониба бибандем ва зарфи чанд сол саъю талош кунем, то тамоми ҳақиқат дар ин мавзӯъ ошкор бишавад. Албатта, барои ин муҳим, бояд дарвозаи оршивҳо ва бойгониҳо дар Тоҷикистон ва дар Русия ва Ӯзбекистон бар рӯйи ин кумисиюн кушода шавад ва ҳеч монеъае пеши рӯи ӯ гузошта нашавад яъне дар кораш аз озодии комил бархӯрдор бошад. Ҳар натиҷае, ки ин кумисиюн ба даст овард, ҳамон эълон ва қабул гардад.

Оё бо ин пешниҳод мувофиқед?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: