Перейти к содержимому

Ошноӣ бо номзадҳои риёсати ҷумҳурии Афғонистон

Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли 2019, рӯзи гузашта бо сабти номи 17 нафар ба унвони номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, ба поён расид.

Ба гузориши “Ҷумҳур”, Муҳаммадашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллӣ, Муҳаммадҳаниф Атмар, мушовири пешини Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, аз чеҳраҳои саршиносе ҳастанд, ки номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудаанд.

Дар ин гузориш, ба муаррифии фишурда ва кӯтоҳи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, пардохта шудааст.

Муҳаммадашраф Ғанӣ

Муҳаммадашраф Ғанӣ бо муаррифии Амруллоҳ Солеҳ ба унвони муовини аввал ва Сарвар Дониш ба унвони муовини дуввуми худ, вориди рақобатҳои интихоботӣ шудааст.

Муҳаммадашраф Ғанӣ мутаваллиди соли 1328 шамсӣ (1950) дар вилояти Лугар аст. Вай аз паштунҳои қабилаи “Аҳмадзай” аст, ки пас аз расидан ба кохи риёсати ҷумҳурӣ, номи қавми худро ҳазф кард.

Ғанӣ, ҳарчанд таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаи худро дар Кобул гузаронда, аммо барои таҳсилоти донишгоҳӣ ба Лубнон рафт ва дар Донишгоҳи омрикоии Бейрут ба таҳсилоти худ идома дод ва дар ҳамонҷо бо Руло Ғанӣ, ҳамсари кунунии худ ошно шуд ва издивоҷ кард. Дар канори он, Ғанӣ ду мадраки дуктурии ифтихории дигареро низ касб кардааст; як мадраки ифтихориро дар соли 2007 аз Донишгоҳи Скронтуни Омрико (University of Scranton) ва мадраки дигареро дар соли 2008 аз Донишгоҳи Гулефи Конодо (University of Guelph) ба даст овард.

Ғанӣ, дар соли 2002 ба унвони мушовири вежаи намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон оғоз ба кор кард.

Бо шаклгирии давлати ҷадиди Афғонистон дар соли 2002, ба унвони мушовири аршади Ҳомид Карзай, вазири иқтисод ва раиси Идораи ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ба кори худ идома дод. Албатта аз соли 2002-2004 ба унвони вазири иқтисод ба ифои вазифа мепардохт.

Нахустин бор, вай дар соли 2009 дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ширкат кард ва бо касби 3 дар сади оро, пас аз Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Рамазон Башардӯст, қарор гирифт.

Ашраф Ғанӣ дар даври дуввуми давлати Ҳомид Карзай, масъулияти барномаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои амниятии Афғонистонро ба ӯҳда гирифт ва саранҷом дар соли 2014 милодӣ бори дигар дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ сабти ном кард.

Дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2014, Ғанӣ, женерол Абдуррашид Дӯстум аз қавми ӯзбакро ба унвони муовини аввал ва Сарвар Донишро аз қавми ҳазора ба унвони муовини дуввуми худ таъйин кард.

Дар даври аввали интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Ғанӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ шадидан ба рақобатҳои интихоботӣ пардохт, ки дар даври аввал, ҳеч кадом онҳо натавонистанд 50 дар сади ороро ба даст оваранд ва саранҷом интихобот ба даври дуввум кашида шуд. Бо ин вуҷуд боз ҳам ба далели тақаллуботи густурда дар интихобот, Абдуллоҳ натиҷаи интихоботро напазируфт ва саранҷом, давлати ваҳдати миллӣ шакл гирифт. Муҳаммадашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон таъйин шуданд.

Муҳаммадҳаниф Атмар

Муҳаммадҳаниф Атмар бо муовинии аввали Юнус Қонунӣ ва муовинии дуввуми Муҳаммад Муҳаққиқ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Муҳаммадҳаниф Атмар мутаваллиди 1347 (1969) аз вилояти Лағмон аст. Атмар дар оғози давлати ваҳдати миллӣ, пас аз ташкили риёсати иҷроӣ, аввалин мақоми давлатӣ буд, ки ба унвони мушовири амнияти миллии Афғонистон оғоз ба кор кард.

Атмар дар мақтаъи коршиносӣ ва коршиносии аршад дар риштаи мутолеот ва тавсиъаи рустоӣ ва равобити байналмилал дар Англис касби таҳсил кардааст.

Вай дар ҷараёни ҷангҳои дохилии Афғонистон ба унвони мушовир бо муассисаҳои хайрияи афғонистонӣ дар Покистон ва Афғонистон ҳамкорӣ намуд ва дар соли 1373 (1995) низ дар Кумитаи Нурвеж дар умури Афғонистон ба унвони мудири равобити умумӣ ба ифои вазифа мепардохт.

Атмар баъд аз суқути режими Толибон ва шаклгирии давлати тоза, ба Афғонистон бозгашт ва ба унвони вазир дар вазоратҳои тавсиъаи рустоӣ, омӯзиш ва парвариш ва кишвар вориди кобинаи Афғонистон шуд.

Дар охирин рӯзҳои давлати Ҳомид Карзай, мавзӯи тавофуқномаи амниятӣ байни Кобул-Вошингтун яке аз ҷанҷолитарин мавзӯъот дар Афғонистон буд ва ин мавзӯъ дар дуввумин рӯзи давлати ваҳдати миллӣ тавассути Ҳаниф Атмар ба унвони мушовири амнияти миллӣ, имзо шуд.

Атмар пас аз истеъфои худ аз вазорати кишвар (дохила) дар соли 1389 (2011), бо шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ, иқдом ба таъсиси Ҳизби ҳаққу адолат намуд. Ҳизби ҳаққу адолат ба раҳбарии вай, дар интихоботи соли 2014 аз ҳомиёни аслии Ашраф Ғанӣ буд.

Вай дар ҷараёни таъсиси Ҳизби ҳаққу адолат, мавзеъгирии худро дар нақши опозисиюн эълом кард ва пас аз канорагирӣ аз қудрат дар замони давлати Карзай, камтар дар расонаҳо ҳозир мешуд ва камтар ба интиқод алайҳи давлати Карзай мепардохт. Ба ҳамин далел, ҳамкорон ва наздикони вай, Атмарро шахсияти ором ва босубот унвон мекарданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Дуктур Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо муовинии аввали Иноятулло Бобури Фарҳманд ва муовинии дуввуми Асадуллоҳ Саодатӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ мутаваллиди соли 1338 (1060) дар вилояти Кобул аст. Абдуллоҳ таҳсилоти аввалияи худро дар Кобул ба поён расонд ва дар Донишгоҳи пизишкии Кобул дар риштаи чашмпизишкӣ дуктуро гирифт. Вай ба забонҳои дарӣ, пашту, англисӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тасаллут дорад.

Абдуллоҳ дар ҷараёни фарогирии таҳсилоти олӣ ба далели он ки вазъияти дохилии Афғонистон муташанниҷ шуд, ба Покистон муҳоҷират кард ва дар онҷо машғули фаъолиятҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ шуд.

Замоне, ки ҷиҳоди мардуми Афғонистон алайҳи ишғоли ин кишвар тавассути артиши сурхи Шӯравӣ оғоз шуд, Абдуллоҳ ҷиҳати пайвастан ба саффи муҷоҳидин, дар соли 1364 (1986) вориди вилояти Панҷшер шуд ва дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии ин кишвар, дар ҷиҳоди Афғонистон ширкат кард.

Пас аз пирӯзии Афғонистон, Абдуллоҳ дар соли 1371 (1993), ба унвони сухангӯи вазорати дифоъи миллӣ ифои вазифа кард ва дар соли 1375 (1997) ба унвони муовини вазорати умури хориҷа ба фаъолияти худ идома дод ва дар соли 1377 (1999) низ ба унвони вазири умури хориҷаи кишвари Афғонистон интихоб шуд.

Бо ташкили давлати муваққати Афғонистон дар соли 1381 (2003) то соли 1385 (2007) ҳамчунон ба унвони вазири умури хориҷа дар давлати Карзай ифои вазифа кард.

Абдуллоҳ дар соли 1388 (2010) бо шиори эҷоди “тағйиру умед” дар вазъияти сиёсӣ ва сарнавишти мардуми Афғонистон ба унвони номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, амалан вориди корзорҳои интихоботӣ шуд, аммо дар даври дуввуми ин интихобот ҳозир нашуд, ки вориди рақобат бо Ҳомид Карзай шавад.

Пас аз интихоботи соли 1388 (2010), Абдуллоҳ ҷунбиши сиёсии эътилофи “тағйиру умед”-ро ба эътилофи миллии Афғонистон табдил кард, ки ин эътилоф нақши опозисиюнро алайҳи Ҳомид Карзай бозӣ мекард.

Абдуллоҳ бори дигар дар соли 1392 (2014), номзадии худро барои эҳрози курсии риёсати ҷумҳурӣ эълом кард ва вориди интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд. Дар ин даври интихобот, рақобате, ки байни Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ҷараён дошт, ҳеч кадом натавонистанд 50 дар сади оро ба даст оваранд ва интихобот ба даври дуввум рафт ва даври дуввуми интихобот чолишҳо фарогир шуд ва саранҷом, мунҷар ба имзои тавофуқнома байни Абдуллоҳ-Ғанӣ гардид, то ки қудрати 50-50, тақсим ва бар асосии он, давлати ваҳдати миллӣ ташкил гардид.

Раҳматуллоҳ Набил

Раҳматуллоҳ Набил бо муовинии аввали Муродалӣ Мурод ва муовинии дуввуми Масъуда Ҷалол номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Набил мутаваллиди соли 1347 (1969) дар вилояти Майдони Вардак аст. Набил фориғуттаҳсили риштаи муҳандисии сохтмон аст.

Вай дар соли 1383 (2005) ба унвони муовини равобити дохилии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон фаъолият мекард ва пас аз он, ба унвони раиси муҳофизати раисиҷумҳури Афғонистон (PPS) ба фаъолияти худ идома дод.

Раҳматуллоҳ Набил дар соли 1389 (2011) аз сӯи Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешин, ба унвони раиси умумии амнияти миллӣ муаррифӣ шуд, ки тавонист эътимоди маҷлиси намояндагони ин кишварро ба даст оварад. Вай аз соли 1389 (2011) то соли 1392 (2014) ба унвони раиси умумии амнияти миллии Афғонистон ифои вазифа кардааст.

Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аст, вай бо муовинии аввали Ҳодӣ Вазин ва муовинии дуввуми Эҳсон Нақиб номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Гулбиддин Ҳикматёр мутаваллиди соли 1326 (1948) дар вилояти Қундуз аст. Вай барои давраи кӯтоҳе дар риштаи муҳандисӣ дар Донишгоҳи Кобул таҳсил кард, вале қабл аз такмили таҳсил ба хотири фаъолиятҳои сиёсӣ аз донишгоҳ ихроҷ шуд. Вай дар он замон муттаҳам ба қатли Сидол Сухандон, донишҷӯе дар Донишгоҳи Кобул шуд, ки тарафдори моуизм буд.

Ҳикматёр аз соли 1351 (1973) то 1352 (1974) зиндонӣ буд ва пас аз кудетои Муҳаммад Довудхон ба Покистон фирор кард. Пас аз кудетои 7 савр, вай бо ҳимояти давлати Покистон, ҳамалоти чарикиро алайҳи давлати Афғонистон ба раҳбарии Ҳизби демукротики халқ оғоз кард.

Гулбиддин Ҳикматёр, нахуст узви Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ буд, вале дар соли 1358 (1980), аз ҷамъият ҷудо ва ҳизби дигареро ба номи “Ҳизби исломӣ” таъсис ва раҳбарии онро ба ӯҳда гирифт. Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, бо доштани навъе марказиятгароӣ ва раҳбарии коризмотик дар миёни аҳзоби ҷиҳодии Афғонистон тарафдорони бештаре дорад.

Бо ташкили давлати муваққати Афғонистон дар соли 1380 (2002), Ҳикматёр бо низоми сиёсии Афғонистон ҳамроҳ нашуд ва амалан ҳамалоти мусаллаҳонаеро бар алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва давлати Карзай идома дод.

Саранҷом бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба риёсати Муҳаммадашраф Ғанӣ, Ҳикматёр тавофуқномаи сулҳ бо Кобулро имзо кард ва акнун дар низоми сиёсии Афғонистон ҳамроҳ шудааст.

Аҳмадвалӣ Масъуд

Аҳмадвалӣ Масъуд бо муовинии аввали Фарида Муманд ва муовинии дуввуми Абдулатиф Назарӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Аҳмадвалӣ Масъуд раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва раиси ҷараёни Вифоқи миллии Афғонистон аст. Вай қабл аз ташкили давлати муваққат, сафири Афғонистон дар Англис буд.

Дар тӯли 18 соли гузашта, Масъуд симати давлатӣ надошта ва ҳамвора дар пайи интиқод аз коркарди давлатҳои Афғонистон дар тайи солҳои ахир будааст.

Нурулҳақ Улумӣ

Нурулҳақ Улумӣ бо муовинии аввали Башир Бижан ва муовинии дуввуми Наим Ғаюр номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Улумӣ мутаваллиди соли 1320 (1942) аз вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон аст. Вай аз аъзои барҷастаи Ҳизби демукротики халқи Афғонистон буд ва дар он замон ба унвони шаҳрдори вилояти Қандаҳор фаъолият мекард.

Вай таҳсилоти олии худро дар риштаи низомӣ аз Донишгоҳи низомии Кобул ба поён расонидааст.

Нурулҳақ Улумӣ дар соли 2003, Ҳизби муттаҳиди миллии Афғонистонро таъсис кард ва ба намояндагӣ аз мардуми Қандаҳор, ба маҷлиси намояндагон роҳ ёфт. Дар давраи давлати ваҳдати миллӣ, Улумӣ муддате ба унвони вазири кишвар ифои вазифа мекард.

Фаромарзи Таманно

Фаромарзи Таманно бо муовинии аввали Қиёс Саъидӣ ва муовинии дуввуми Амин Рашодат номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст. Вай бо як тими донишгоҳӣ, вориди корзорҳои интихоботӣ шудааст.

Таманно мутаваллиди вилояти Ҳирот аст. Вай дар риштаҳои равобити байналмилал аз Донишгоҳи Теҳрон ва мутолеоти байналмилалӣ аз Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон дуктуро гирифтааст.

Вай даҳ сол таҷрибаи тадрис дар донишгоҳҳои мухталифи Афғонистонро дорад ва низ, чандин сол ба унвони раиси мутолеоти истротежики вазорати умури хориҷаи Афғонистон фаъолият кардааст.

Абдуллатиф Пидром

Абдуллатиф Пидром бо муовинии аввали Эҳсонуллоҳ Ҳайдарӣ ва муовинии дуввуми Содиқ Вардак номзад интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Пидром мутаваллиди соли 1342 (1964) аз вилояти Бадахшон аст. Таҳсилоти ибтидоиро дар вилояти Бадахшон тамом карда ва пас аз он дар риштаи забони форсӣ, вориди Донишгоҳи Кобул шуд.

Дар замони ҳокимияти Толибон, вай Ҳизби кунграи миллии Афғонистонро дар хориҷ аз кишвар таъсис кард ва дар соли 2001, ин ҳизб ба Афғонистон интиқол дода шуд.

Пидром, барои нахустин бор дар соли 2004, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ буд ва дар соли 2009 низ барои дуввумин бор кондидои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд.

Дар маҷмӯи фаъолиятҳои сиёсии худ, ҳамвора таъкид бар тағйири низоми сиёсӣ дошт ва талош мекард, то низоми федеролиро дар Афғонистон пиёда кунад.

Залмай Расул

Залмай Расул бо муовинии аввали Абдуҷҷаббор Тақво ва муовинии дуввуми Ғуломалӣ Ваҳдат номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Расул, таҳсилоти аввалияро дар Кобул ва таҳсилоти олии худро дар Донишгоҳи Фаронса касб кардааст.

Вай дар замони давлати Ҳомид Карзай, дар соли 2002, мушовири амнияти миллии Афғонистон буд ва дар канори он, дар заминаи ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои амниятӣ ва сиёсати хориҷии Афғонистон нақш ифо мекард ва дар соли 2010, аз сӯи Ҳомид Карзай ба унвони вазири умури хориҷа таъйин шуд.

Залмай Расул дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2014, кондиди интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шуд, аммо натавонист орои лозимро ба даст оварад.

Шайдо Муҳаммад Абдолӣ

Шайдо Муҳаммад Абдолӣ бо муовинии аввали Абдулбасир Солангӣ ва муовинии дуввуми Зулфиқор Умед вориди рақобатҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст. Вай сафири пешини Афғонистон дар Ҳинд буд ва наздик ба 6 сол дар ин симат боқӣ монд ва бо наздик шудани интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, аз симаташ истеъфо кард.

Муҳаммадшаҳоб Ҳакимӣ

Муҳаммадшаҳоб Ҳакимӣ бо муовинии аввали Нурулҳабиб Ҳасир ва муовинии дуввуми Абдулалӣ Саробӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Ҳакимӣ пеш аз ин раиси ниҳоди муборизаи афғонҳо алайҳи минҳои заминӣ (ACBL), устоди Донишгоҳи Кобул ва узви кумитаи раҳбарии Идораи ҳамоҳангии кӯмакҳои ҳуқуқи башарӣ ва тавсиъаӣ дар умури Афғонистон (ACBAR) будааст.

Ҳаким Турсун

Ҳаким Турсун бо муовинии аввали Нодиршоҳ Аҳмадзай ва муовинии дуввуми Шафеъ Қайсорӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Сайиднуруллоҳ Ҷалилӣ

Нуруллоҳ Ҷалилӣ бо муовинии аввали Халил Рӯмон ва муовинии дуввуми Чароғалӣ Чароғ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Иноятуллоҳ Ҳафиз

Иноятуллоҳ Ҳафиз бо муовинии аввали Ҷаннатхон Фаҳим ва муовинии дуввуми Абдулҷамил Шеронӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.

Иброҳим Алаквазӣ

Иброҳим Алаквазӣ бо муовинии аввали Хадиҷа Ғазнавӣ ва муовинии дуввуми Сайидсомеъ Киёнӣ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Нурурраҳмон Ливол

Нурурраҳмон Ливол низ бо муовинии аввали Абдулҳодӣ Зулҳикмат ва муовинии дуввуми Яҳё Виёр барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон сабти ном кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: