Перейти к содержимому

Оё улуми таҷрибӣ ҳамаи ниёзҳои инсонро бартараф мекунад?

Устод Иброҳими Динонӣ, андешаманд ва файласуфи муосири эронӣ, мӯътақид аст, имрӯза улуми таҷрибӣ корҳои шигифтангезе мекунад, аммо се мавзӯъ аст, ки ба илм хеле рабт надорад; дин, ҳуқуқ ва ахлоқ.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ғуломҳусайни Иброҳими Динонӣ, андешаманд ва файласуфи муосир ва узви Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон, дар таърифи инсон изҳор дошт: “Инсон ҳамон аст, ки “медонад.” Мизони огоҳӣ ҳар андоза боло равад, ҳастии инсон густариш меёбад. Аммо мутаассифона ҳастии инсон мутлақ нест. Инсон ҳар андоза бидонад, ҷаҳл ӯро иҳота кардааст.”

Вай, бо тарҳи ин пурсиш, ки оё улуми табиӣ ҳамаи ниёзҳои инсонро бартараф мекунад, гуфт: “Имрӯза улуми таҷрибӣ корҳои шигифтангезе мекунад, аммо се мавзӯъ аст, ки ба илм хеле рабт надорад; дин, ҳуқуқ ва ахлоқ. Бо пешрафти илми физик, дину ахлоқ боло намеравад ва ахлоқ таъолӣ пайдо намекунад.”

Ин файласуф гуфт: “Ин се масъала ба улуми инсонӣ марбут мешавад. Ин ҷост, ки як шикофе байни улуми инсонӣ ва улуми таҷрибӣ пайдо мешавад. Инсони минҳои ахлоқу ҳуқуқ ва минҳои динро тасаввур кунед. Мо бояд ба ҳамон андоза, ки ба улуми таҷрибӣ мепардозем, ба улуми инсонӣ ҳам бипардозем. Барои ахлоқ аҳаммият қоил шавем ва меъёрҳои ҳуқуқиро бишносем. Агар инсон меъёрҳои ҳуқуқиро мешинохт, дигар ҷангу низоъ ба вуҷуд намеомад. Тамоми ҷангҳо барои ин аст, ки инсонҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва динро ба хубӣ намешиносанд.”

Динонӣ ёдовар шуд: “Инсон ҳамеша нотамом аст. Таърих ҳамеша нотамом аст. Таърих вақте тамом мешавад, ки инсон тамом мешавад. Поёни инсон, поёни таърих аст. Ҳар инсоне ҳар андоза комил бошад, ба фардо меандешад. Мавлавӣ мегӯяд, мунтазири фардо бош, вале ба баҳонаи фардо ҳолро аз даст надеҳ.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: