Перейти к содержимому

Дар боби миллиандешӣ

Ёддошти Азиз Нақибзод

Гузаштаи тоҷиконро тираву тор нишон додан бахше аз идеологияи Шӯравӣ буд. Аксари китобҳои замони Шӯравӣ ба ҳамин мазмун оғоз мешуданд, ки мо тоҷикон дар гузашта ҳеч будем ва ба шарофати Инқилоби Уктобр аз зулмот раҳоӣ ёфтем.

Ин падида то нимаи солҳои ҳаштодум идома ёфт. Устод Шакурии Бухороӣ нақл мекарданд, ки як муддат дар рӯзномаҳо сиёҳ ва тира нишон додани гузаштаи тоҷикон расм шуда буд. Ва бисёриҳо дар ин кор сабқат мекарданд. Аз ҷумла корманди ҳизбӣ Ибодат Раҳимова боре мақолае нашр мекунад, ки мувофиқи он тоҷикон дар гузашта «зубная щетка» надоштаанд.

Мутаасифона, пас аз даҳсолаҳои пош хӯрдани Шуравӣ ҳанӯз мо ба гузаштаамон аз ҳамин дидгоҳи худкамбинона менигарем.

Устод Кӯҳзод румони хубе дар солҳои охир навиштанд, ки яке аз беҳтарин китобҳои адабиёти тоҷик дар солҳои охир аст. Румони «Ҳайҷо» манзурам. Ин китоб натиҷаи омӯзишу пажӯҳиши беш аз даҳсолаи эшон мебошад. Ва аз таърихи тоҷикон дар охири асри 19 ва асри 20 нақл мекунад.

Аммо ба назарам устод то андозае дар чорчӯби идеологияи Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Чун дар ин китоб танҳо аз қафомондагии Аморати Бухоро ва мардуми Аморат гуфта мешавад.

Профессор Иброҳим Усмонов се сол пеш мақолае нашр намуданд, ки «Чаро тоҷик китоб намехонад?» ном дошт. Ва дар ин мақола тоҷиконро муттаҳам мекунанд, ки дар гузашта ҳам китобхон набуданд ва ҳар деҳа 5-6 мулло дошт, ки китоб мехонд.

Чунин мисолҳо зиёданд, аммо барои рӯшан шудани масъала кифоят мекунанд.

Фикр мекунам сабабҳои ба гузаштаамон чунин назари манфӣ доштани мо аз як сӯ таъсири ҳамон идеологияи Шӯравӣ ва аз сӯи дигар аҳамият надоданамон ба таърихи кишварҳои дигар дар ҳамон замон аст. Дуруст аст, ки дар асри 19 кишварҳои Аврупо, Амрико ва то андозае Ҷопону Туркия ва Русия пешрафт карда буданд, аммо нисфи ҷаҳон мисли Бухоро ва бадтар аз он буд.

Агар дар ҳар деҳаи тоҷик 6 китобхон буд, дар деҳаи қазоқу қирғизу узбак аслан китобхоне набуд! Агар амир Олимхон «гӯсола» буд, имперотури Чин хари аблаҳе беш набуд! (таърихашро бихонед).

Худи рус дар асри 17 нохунгириро ёд гирифт. Тоҷик дар асри 8 ислом овард ва мисвок кардани дандон аз суннати динаш буд. Ҳарчанд, ки пеш аз Ислом ҳам тозаги аз суннатҳои ин миллат буда.

Доғистон пеш аз Расул Ҳамзатов чӣ шахсияте дошт? Аммо Ҳамзатов ҳамеша аз он бо ифтихор ҳарф мезанад.

Баҳсҳои фейсбукии рӯзҳои охир дар мавриди босмачиён ҳам аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари рӯшанфикронамон ҳануз пойбанди идеологияи шуравӣ боқӣ мондаанд.

Бо чунин таблиғи худкамбинӣ ва худбадбинӣ ба ҳеч куҷо намерасем.

Миллиандешӣ ва миллигароӣ инчунин буда наметавонад.

Миллатҳои дигар бо ҳар роҳ аз таърихи мо медузданд, мо аз таърихи худ шарм мекунем. Чӣ тазодде!

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: