Перейти к содержимому

Тоҷикистони обод ва озод

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Имрӯз Тоҷикистон як мушкили асосӣ дорад.  Як мушкил, ки решаи аксари мушкилоти дигар ба он пайванд мехурад.

Ин мушкили асосӣ низоми ҳукуматдориест, ки ба як шахс вобаста аст.
То замоне истиқлоли ду шохаи дигари ҳукумат, ё ду қувваи дигар, яъне қонунбарор ва додгоҳ таъмин намешавад, то низоми иқтисод озод намегардад, то озодии расонаҳо ва сухан комилан таъмин нашавад, ҳама гуна иддао дар мавриди истиқлол, озодӣ, рушд ва рифоҳ дар ҳадди иддао боқӣ мемонад.

Хеле аламовар аст, ки барои тавҷеҳи иддаои худ ҳам мансабдорон ва ҳам кормандони дастгоҳи таблиғотии ҳукумат фақат мисол аз кишварҳои ақибмонда ва ҷангзада меоранд ва Тоҷикистонро фақат бо чунин кишварҳо муқоиса мекунанд. Ҳол ин ки чунин муқоиса дар нафси худ таҳқири миллати созанда ва тавонои тоҷик ва кишвари азизи мо — Тоҷикистон аст.

Дар чунин маврид кас мехоҳад фарёд занад: Ҳой бандаи Худо, барои мушкили худатро, суъимудирияти худатро, нотавонии худатро пинҳон кардан чаро миллати маро таҳқир мекунӣ? Ба ҷуз ин як гуноҳ, ки шояд нохоста, заминаро барои сари қудрат ва мансаб омадани ту фароҳам карда, миллати ман дигар гуноҳе надорад ва набояд ба мардуми ақибмонда ва ҷангзада муқоиса шавад. Чаро аз Суис мисол намезанӣ? Чаро намегӯӣ, ки Молойзӣ ва ё Сингопур дар бист сол аз кишвари пасмонда ба кишвари дорои иқтисоди рушдкарда табдил шуд, аммо бибахшед, ки ҳукумати мо ин тавоноиро надошт. Магар ин ҳикматро нашнидаӣ, ки шоир мегӯяд;

Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,

Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.

Агар ту мисли мурғи бехабарӣ минқор ба оби шӯр бизан, аммо миллати тоҷик арзандаи зиндагии беҳтар аст. Бо он собиқаи торихиву фарҳангӣ ва давлатдорӣ ин миллатро бояд ба миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон муқоиса кунӣ. Бояд намунаҳо барояш пешрафтаҳо бошанд!

Ту, агар аз ин миллатӣ ва онро дӯст дорӣ бигзору бигзар ва садди роҳи рушду пешрафташ нашав. Бо чун шумое, ки ҷуз манфиати худу хонаводаи худро намебинед, ин миллат солҳои сол аз ин ранҷу азият берун нахоҳад омад.

Аммо… новобаста аз талошҳои ину он барои пинҳон кардани мушкилот ва ҷомеаро ба ду гурӯҳ қисмат карданҳо ва фақат ду ранг: ё сафед ё сиёҳ вонамуд карданҳо, (перомуни ҷомеаро ба ду ҷабҳа ё лагер тақсим карданҳо, агар умре буд, ҳатман муфассал дар матлаби ҷудогона суҳбат хоҳем кард!) бояд дар фикри рафъи мушкили асосӣ буд, агар мехоҳем кишвар рушд кунад, агар воқеан ватани худ ва мардуми худро содиқона дӯст медорем.
Ҳарчанд ҳама мебинему кӯшиш мекунем онро нодида гирем ҳама кор дар кишвар барои як шахс ва атрофиёнаш аст, Имрӯз чунин шуда, ё чунин дида мешавад, ки ҳама риштаҳои рӯзгор дар кишвар ҳам зоҳиран аз он шахс ва атрофиёнаш вобаста мебошад. Воқеан ин вазъ дар асл зояндаи фоҷеа аст…

Агар дар наздиктарин фурсат дар низоми ҳукумат шоистасолорӣ ба ҷои хонаводасолорӣ ҷойгузин нашавад, қонунҳои навишта ҷойгоҳи худро соҳиб нашаваду қонунҳои нонавиштаро аз низоми девону дафтар комилан берун наронанд, мушкилоти кишвар боиси буҳронҳои амиқ ва фоҷиаҳои ҷуброннопазир мешавад.

Масъулият ва вазифаро бояд ба афроди ҳирфаӣ ва шоиста вогузор кард ва беш аз ин коре бояд кард, ки афроди бесалоҳият, аммо наздик ба хонаводаи шахси аввал дар тасмимгириҳо нақши асосӣ надошта бошанд. Садҳо мисол метавон овард, ки дар тасмимгирии ашхоси ҳирфаӣ афроди наздик ба шахси аввал асар гузошта ва тасмими дурустро ба самти ғалат равона кардааст. Даҳшатноктарин ва масхаратарин мисол дар ин самт ҳодисаест, ки ду-се сол қабл рух дода ва расонаӣ шуда буд. Як нафар аз номи писари хурдии раисҷумҳур, ки ҳанӯз донишомуз дар мактаб буд, ба кадом раиси ҷамоати деҳот занг мезанаду дастур медиҳад, ки барои фулонӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо кунад ва худ гӯё чандҳазор доллар барои ин кор дарёфт мекунад. Шояд писари раисҷумҳур аз ин кор хабар надошта, ҳарчанд ба назар хеле боварибахш нест. Ба ҳар ҳол, агар аъзои хонаводаи раисҷумҳур дар тасмимгириҳо асаргузор намебуданд, дахолати мустақим ё ғайримустақим намедоштанд, раиси ҷамоа ё ҳар мансабдори сатҳи шаҳру шаҳристону деҳ на фақат дӯсти фарзандони хонаводаи раисҷумҳур, балки худи аъзои хонаводаро мегуфт, ки бирав, бобо, дунболи кори худат.

Ҳоло ҳамин як маврид нишондиҳандаи он аст, ки бо фасод ва ришва мубориза бурдан дар низоме, ки ҳоким бар кишвар аст, коре тақрибан ношуданӣ ва ғайримумкин мебошад. Ба нудрат торихи инсоният ҳодисаҳоеро ёд дорад, ки як инсон бар алайҳи атрофиёни худ ва наздиконаш дар ростои пешгирӣ аз фасод ва қонуншиканиҳо муборизаи оштинопазир карда бошад. Дар Шарқ ин гуна мисолҳо хеле каманд ва банда бовар надорам, ки дар Тоҷикистони имрӯзӣ ин амр қобили иҷро бошад…

Ба ҳар як аз бахшҳо, чи иқтисод, чи иҷтимоъ, чи омӯзишу парвариш, чи сиёсат, чи дар пойтахт, чи дар шаҳру шаҳристонҳо, чи дар ҷамоату деҳаву рустоҳо, хуллас дар ҳама ҷо сояи низоме, ки вобаста ба шахси аввал аст ва бар ин мабно авлавияту бартариятро барои афроди наздик ба шахси аввал ва хонаводааш қоил мешавад, доман густурдааст.

Бо оморҳои сохта, бо рушди рӯи коғазӣ ва зоҳирӣ, бо намоишкориҳо ин чанд рӯз мешавад дил хуш дошт. Аммо воқеият хеле бераҳм, сахтгир ва даҳшатнок аст. Як мисол, агар он ҳама корхонаву биноҳо барои хидматрасонӣ, ки раисҷумҳур наворашро қайчӣ зад, имрӯз фаъолият медоштанд, ҳадди ақалл 50 дар сади он муҳоҷирон, ки дар Русия дур аз хонавода азият мекашанд, дар Ватан соҳиби ҷои кор шуда буданд.

Дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз кор мондани чанд корхонаи коркарди нахи панба матраҳ ва гӯё баррасӣ шуд. Албатта чунин корхонаҳо, ки ё комилан аз кор мондаанд ё бо камтарин иқтидор кор мекунанд, дар саросари кишвар хеле зиёданд.

Мудирияти нодуруст, рақобати носолим як сабаби буҳрони ин корхонаҳо ва дар маҷмуъ иқтисоди кишвар бошад, молиёти зиёд ва камаршикан, фасод, дахолати нобаҷо ва нозарури ҳукумат ба риштаи иқтисод сабаби асосии дигар дар жарфтар шудани буҳрон мебошад.

Як шӯхӣ, ки кадом аз зарифони тоҷик дар шабакаи иҷтимоӣ гуфта буд, дар ин замина баёнгари воқеияти Тоҷикистон аст. Гуфта буд: дар кишвар аз заводу фабрика фақат фабрикаи ҷавоб фаъол аст. Ин фабрика, ки ниҳодҳои қудратии кишвар, ба вижа кумитаи амният сохтаву мисли ангал дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва ҷомеаи кишвар фаъол карда, гӯё ба зоҳир манофеъи кишварро дифоъ мекунанд. Албатта дифоъ аз манфиати миллат, манфиати кишвар ва амнияти он кори зарурӣ ва муқаддас аст. Аммо вақте манфиати миллату кишвар ва амнияти миллату кишвар пӯшише барои дифоъ аз манфиату амнияти як шахс ва хонаводаву наздикони ӯ бошад, барои мардум ҳеч суде нахоҳад дошт.

Асаргузории ин шабакаи ҷавобпарокании Кумитаи амният ва Вазорати дохила дар афкори умумӣ шояд дар кутоҳмуддат муассир бошад, аммо мутмаинан дар дарозмуддат мушкилоти бештареро падид хоҳад овард. Гузашта аз ин талоши ба тӯда ва издиҳом табдил додани миллат ва таъин кардани хати фикрӣ ва андешаи миллат, аз як сӯ таҳқири он миллат аст ва аз сӯи дигар таҷрибаи шикастхӯрдаест, ки ҷомеви башарӣ намунаҳои мухталифашро пушти сар кардааст. Аммо як умумият ё ҳамгунӣ байни онҳо вуҷуд дорад ва он ин аст, ки чунин таҷриба танҳо дар ҷомеаҳое пиёда шуда, ки худкома ва шахсиятпараст будаанд.

Вуҷуд надоштани муҳит ва имкон барои фаъолияти озод боиси дар авҷи рушд ва шукуфоӣ кушта шудани тавоноӣ ва истеъдоди ҳамватанҳои мо дар бахшҳои мухталиф шудаву мешавад. Дар беҳтарин шакл ва сарнавишт онҳо тарки ватан ё тағйири ҳирфа мекунанд. Дар дигар ҳолат пушти пардаи эътирози ниҳонӣ марги тадриҷии тавоноиву истеъдоду орзуҳояшонро ба чашмони худ мебинанду худро маҳкум ба марги тадриҷӣ мекунанд.

Аз риштаҳои дигар намегӯям, то сухан ба дарозо накашад, ҳарчанд даҳҳову садҳо мисол метавонам овард. Фақат як мисол аз риштаи рӯзноманигорӣ меорам. Ҳар аз чанд гоҳ шунида мешавад, ки аз фаъолияти садо ва симои кишвар норизоӣ баён мегардад ва ба вижа симо (телевизион)-ро бештар мавриди интиқод қарор медиҳанд. Албатта вижагиҳои асаргузорӣ ва ҷаззобияти ин расона аз ҳар навъи дигари расона бештар аст ва таваҷҷуҳи бештар ба он ҳам аз ин ҷост. Аммо инҷониб бар ин боварам, ки дар кумитаи радио ва телевизион даҳҳо тан кормандони ҳирфаӣ, боистеъдод, тавоно, навҷӯ ва пӯё ҳастанд, ки агар муҳит ва имкон фароҳам бошад, беҳтарин барномаҳоро таҳия ва пахш хоҳанд кард. Барномаҳое аз назари ҳирфаӣ баробар, балки беҳтар аз он барномаҳое, ки телевизионҳои муваффақ дар соири кишварҳо пахш мекунанд. Вақте тамоми хати машйи телевизион барои писанд омадан ба як шахс ва атрофиёнаш равона шуда, пас, табиист, барномаҳо ҳам болотар аз хостаҳои онҳо, бартар аз завқу салиқаи онҳо нахоҳад буд. Бояд офарини он азизон гуфт, ки дар чунин як шароит метавонанд барнома таҳия кунанд. Ҳоло таъсири шахси тасмимгиранда дар сатҳи раиси ин ниҳодро ҳам набояд сарфи назар ва фаромӯш кунем, ки ба ҳирфаи рӯзноманигорӣ оё ҳеч рабте доштанду доранд ё не?!

Сухан кутоҳ то замоне шоистасолорӣ дар таъини кадрҳо ба вазифаи масъул ва умуман низоми мудирияти кишвар амалан дар авлавият қарор нагирад ва бар пояи амалӣ шудани он истиқлол ва озодӣ дар тасмимгириву фаъолият дар ҳамаи риштаҳо як воқеъияти маъмулӣ нагардад иддаои рушд ва ваъдаҳои фардову ояндаи дурухшон хаёли хомест.

Ҳарчанд умедворам ва мутмаинам ояндаи кишвар ва миллати азизам ҳатман дурахшон ва фаровон ва дар камоли рифоҳ хоҳад буд, аммо на бо ин шакли низоми ҳоким, ки ҳамаи умур вобастаи як шахсу хонаводаву атрофиёнаш бошад.

P.S.Ҷое, ки озодии андешаву афкор вуҷуд надорад, интизори рушд ва он ҳам рушди фановариҳои ҷадид будан об дар ҳован кӯфтан аст. Бо ин вуҷуд аксро барои ин матлаб перомуни фановарии (текнолужии) навин гузоштам, то орзӯе барои фардои Тоҷикистони ободу озод бошад.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: