Перейти к содержимому

Андар баёни “замони муносиб”

Ёддошти Ҳумайро Бахтиёр

Таърих собит кардааст, ки ҳар андешае, ки воқеъият дорад, ҳатман бо бархӯрди шадид гирифтор мешавад. Инак, чанд рӯзест, ки Фейсбуки тоҷикӣ пур аз баҳс аст. Як гурӯҳ иддао дорад, ки босмачиҳо — муборизон ва озодихоҳони давраи худ буданд, ки мутаассифона, дар мубориза муваффақ нашуда, бо дағалтарин шева саркӯб шудаанд. Ин гурӯҳ такя ба таҳлилҳову далелҳое мекунад.

Гурӯҳи дигар бошад бо ҳар баҳонае мехоҳад ин баҳсро ба баъд, яъне замони номаълум гузорад. Далелҳо ҳам доранд: босмачиҳо ғосибгару дузду таҷовузкор буданд, босмачиҳоро сафед накунед, зеро таҳлилро аз таҳоҷуми аъробу муғулу фалони дигар шурӯъ кардан лозим, ба босмачӣ чӣ кор доред, вақте ҷомеа моломоли мушкилист, бо босмачиҳо андармонанд, зеро дасташон ба таҳлилу ивази вазъи имрӯза намерасад, босмачиҳоро канор гузоред, зеро ҳоло замонаш несту далелҳои кофие барои таҳлили ин андеша вуҷуд надоранд…

Хеч баҳонаи бехудитар аз инҳо нахонда будам!

Дуруст, Тоҷикистон сарозер аз мушкилот ҳаст. Аз масоили оддитарини иҷтимоӣ то фасоди давлатӣ, аз маҳалгароӣ то непотизм (хонаводаӣ шудани ҳукумат), зиндониҳои сиёсӣ, афзоиши худкушӣ, муҳочирони беҳуқуқ, кӯдакони зиндаятим, занони мӯҳтоҷ, адами озодии баён, озодиҳои виҷдонӣ, дахолат ба ҳаёти шахсии шахрвандон, мағзшӯйии сокинони кишвар барои ба сар бурданашон дар як кишвари биҳиштӣ, афзоиши хушунати лафзӣ ва иҷтимоӣ дар хиёбонҳои Тоҷикистон. Ин феҳраст тӯлони буд ва дигар дорад беохир мешавад. Мутаасифона!
Агар қарор аст, ки нахуст ин ҳама мушкилот бартараф шаванду баъд мо даст ба таҳлили ҳаводиси таърихии худ шавем, мутмаин бошед, ки ҳеч замон чунин даврае фаро нахоҳад расид. То имрӯз ҳеч ҷомеае вуҷуд надорад, ки мушкилоте надошта бошад. Вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон барои касе пӯшида нест.

Бо дарки ин ҳама авзоъ чӣ замонеро мунтазиред? Не — не, дигар ҳеч тӯҳфае аз осмон намеояд. Бале, дигар ҳеч тӯҳфае ба монанди Истиқлол аз бом намеафтад ба сари мо.

Дар баробари умури ҳаррӯзаву таҳлилу навиштаҳо аз воқеъияти Тоҷикистон, ба манфиати кор ҳаст, ки мо оҳиста-оҳиста ҳаводиси таърихии худро бозгушойӣ карда, ба он баҳову унвони вокеъӣ гузорем. Он ҳаводис пояҳои устувори давлатдориву ҳувиятшиносӣ хоҳад буд. Ҳар миллате, ки оддитарин давраи таърихиашро нодида мегираду онро ҳамеша ба баъд мегузорад, ҳеч замоне пирӯз нахоҳад шуд. Чун, заминаву пояе барои устувор будан надорад.

Босмачиҳо яке аз зинаҳои таърихӣ, намунаи муборизаҳои озодихоҳиву ҳувиятшиносиамон ҳаст, ки бояд ҳамеша матраӣ бошад. Ҳамон гуна, ки мо бояд талабкор барои баҳои таърихӣ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дошта бошем.

Бубинед, ҳодисае, ки 20 сол қабл бо сулҳ анҷомид, то имрӯз баҳои таърихии худро нагирифтааст ва барои ҳамин ҳам ноадолатии сиёсиву беҳуқуқии мардум дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Зеро, як гурӯҳ аз он ба фаровонӣ ба нафъи худ суйиистифода мекунад. Мо ин қадар мунтазири замонем, ки ҳатто метарсем талаби феҳрасти қурбониёнро бикунем. Дар замоне, ки дасту поҳо баста, чашмҳо пӯшидаву садоҳо хафа ҳаст, мунтазири чӣ замоне ҳастед? Чаро мӯътақидед, ки дар баробари таҳлили авзову умури имрӯза, наметавонем барои таърихи худ баҳо бигзорем? Ҳоло дасти ҷомеа барои ошкор аз воқеъияти имрӯзааш гуфтан чӣ кадар дароз аст? Магар сонсуру худсонсуриро фаромӯш кардаед?
Биёед беҳтараш худро гӯл назанем. Ба роҳатӣ мешавад ҳам барои сафҳаҳои таърих ва ҳам барои воқеъияти кишвар вақтамонро тақсимбандӣ намоем. Зеро, аксарият ҳеч ҷойи коре надорад! Аксарият бекор ҳаст! Барои ҳамин ҳам дар Фейсбук фаъол ҳаст!

Пас, ба ҷойи таҳлили имиджи сарояндаҳову даромади онҳо, ба ҷойи мавзеъгириҳои «олимона»-и мушкилоти кишварҳои исломиву олами Ғарб, таърихи худро варақ бизанем беҳтар ҳаст.

Ҳақиқатҳои таърихӣ аз ҳамин баҳсҳову ба иштирок гузоштани маводди мухталифи манобеъи гуногун пайдо хохад шуд! Шахсан ман барои чунин баҳсҳо хушбинам. Зеро ин баҳси худамон ва танҳо барои худамон ҳаст!

Босмачиҳоро метавонем аввалин муборизони адолатхоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон бишносем. Нашинохтани заҳмат, азоби шиканҷаи онҳо боиси пароканда будан ва ё хомӯшии озодихоҳони имрӯз аст!

Бале, #ман_босмачӣ_ҳастам!!!

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: