Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (355)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (3)

* * *

Баъди қисса гуфтанаш гуфт: эй фалон!

Ҳин, чӣ овардӣ ту моро армуғон?

Ҳазрати Юсуф (а) пас аз он ки қиссаи хешро бозгуфт, хитоб ба меҳмон гуфт: хуб, ҳоло бигӯ бибинам, барои мо чӣ армуғоне овардаӣ?

Бар дари ёрон тиҳидаст омадан,

Ҳамчу бегандум сӯйи тоҳун шудан.

Бидуни армуғон пеши дӯст рафтан монанди ин аст, ки касе бидуни гандум ба осиё биравад.

Тоҳун: осиё.

Нукта: Яке аз одоби сафар, ки бисёр рӯйи он таъкид шуда, суннати армуғон бурдан барои аҳли хона аст ва дар ривоёт омадааст, ки агар чизе надорӣ, ки савғот бибарӣ, дастикам санге дар тӯбра ҳамл кун ва онро савғот бибар, ки ин матлаб албатта мисоле аст барои нишон додани аҳаммияти савғот бурдани мусофир. (Кимиёи саодат, ҷ.1, с.466) Пас, ҳар кас бидуни доштани гандум ба осиё равад, кори абасе кардааст, зеро осиё ба хотири гандум ба ҳаракату чархиш дармеояд. Бинобар ин, мусофир набояд дасти холӣ ба сӯйи касонаш бозгардад, ки ин коре абасу номуносиб аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.920)

Ҳақ Таъоло халқро гӯяд ба ҳашр:

Армуғон ку аз барои рӯзи нашр?

Ҳазрати Худованди Таъоло дар рӯзи растохез ба мардумон гӯяд: армуғони рӯзи растохезат ку?

“Ҷиътумуно”-ву “фуродо” бенаво,

Ҳам бад-он сон, ки “халақнокум казо?”

Ҳақ Таъоло ба мардум гӯяд: шумо танҳо ва мунфарид ва бенаво ба маҳзари мо омадаед, ҳамон сон, ки шуморо нахустин бор, бараҳна ва урён офаридем.

Нукта: Ишора аст ба ояти 94 аз сураи Анъом:

وَلَقَدْ جِئْتُمُونَا فُرَادَى كَمَا خَلَقْنَاكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ

Шумо, так-так (бекасу бечиз) пеши мо омадед, ҳамон сон, ки нахустин бор офаридематон…

Калимаи “фуродо” ҷамъи “фард” ба маънои таку танҳост. Албатта ин ҷамъ ғайриқиёсӣ аст, ва ба қавле, “фуродо” ҷамъи “фардон” аст, монанди “сукоро”, ки ҷамъи “сакрон” аст. Ҷамъи қиёсии “фард” “афрод” аст. (Қомуси Қуръон, ҷ.5, с.158)

Ҳин, чӣ овардед дастовезро,

Армуғоне рӯзи растохезро?

Эй бандагон! Барои рӯзи қиёмат чӣ армуғон ва дастовезе овардаед?

Нукта: Сафар бар ду навъ аст: сафари зоҳирӣ ва сафари ботинӣ. Вақте ки мусофир аз шаҳре ва ҷойе ба манзил бозмегардад, аҳли манзил мунтазир мешаванд, ки ӯ чӣ савғоте ва армуғоне овардааст. Ҳамин тавр дар сафари ботинӣ, Ҳақ Таъоло аз инсон мепурсад: ту, ки бад-ин сарой омадаӣ, аз аъмоли нек чӣ армуғоне овардаӣ? (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.920)

Ё умеди бозгаштантон набуд?

Ваъдаи имрӯз ботилтон намуд?

Ё ин ки умеди бозгашт ва омадан ба маҳзари моро надоштед? Оё ваъдаи имрӯз ба назари шумо ботилу беҳуда мерасид?

Мункири меҳмонияшро аз харӣ,

Пас зи матбах хоку хокистар барӣ.

Агар мункири зиёфати меҳмонии Худо ҳастӣ, он ҳам аз рӯйи нодонӣ ва хар будан, пас, аз ошпазхонаи бекарони фазлу атои ӯ ҳеч ғизое насиби ту намешавад, магар хоку хокистар.

В-ар найӣ мункир, чунин дасти тиҳӣ,

Дар дари он дӯст чун по мениҳӣ?

Ва агар меҳмонӣ ва зиёфати Худоро инкор намекунӣ, пас бо дасти холӣ чӣ гуна бар дари он дӯст по мениҳӣ? (Агар ба зиёфати Худо меравӣ, бояд дастат аз тоъату ибодат пур бошад.)

Андаке сарфа бикун аз хобу х(в)ар,

Армуғон баҳри мулоқоташ бибар.

Аз хобу хӯр каме сарфаҷӯӣ кун ва биандӯз ва онро барои дидори бо Худо ба армуғон бибар. (Дар роҳи сафои руҳ, бояд аз нафсониёт дур шавӣ.)

Шав “қалилун-навми миммо яҳҷаъун”,

Бош дар асҳор аз “ястағфирун”.

Посе аз шабро барои муноҷоту ниёиш бо Худо бедор бош ва танҳо андаке бихоб, ва дар саҳаргоҳон аз даргоҳи ӯ омурзиш хоҳед.

Нукта: Муқтабас аз ояти 17 ва 18 сураи Зориёт:

كَانُوا قَلِيلا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ. وَبِالأسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ

Онон андаке аз шабро мехуфтанд ва дар саҳаргоҳон омурзиш мехостанд.”

Ҷунбише андак бикун ҳамчун ҷанин,

То бибахшандат ҳавоси нурбин.

Монанди ҷанин ту низ андаке худро биҷунбон ва ҳаракате бидеҳ, то ба ту низ ҳавосси тезу равшанбин ато кунанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: