Перейти к содержимому

Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ медонистам

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

(Пораҳое аз посух ба дӯсте, ки мегуфт, шиъори “Ман босмачӣ ҳастам!” “эҳсосӣ” будааст ва ин ки чунин шиъоре об ба осиёби ҲНИТ мерехтааст…)

“Ман босмачӣ ҳастам!» Куҷои ин шиъор эҳсосӣ аст? Ҳарчанд ҳеч касе ҳақ надорад, эҳсоси мардумро манъ ва худи онҳоро табдил ба мошини беҳис кунад, куҷои он ҷумла барои Шумо «эҳсосӣ» ҷилва кардааст? Дифоъ аз ишғолгарони сурхи Бухороро ҳам «эҳсосӣ» номида будед? Ё фақат дифоъи ҳаммеҳанон аз посдорони Бухоро Шуморо ба ин андеша водоштааст?

Бароям равшан нест, ки чиро нидои хирадхоҳонаи Шумо тӯли ин ҳама даҳа, ки ифротиюни сурх аз ишғолгарони шӯравӣ таърифу тамҷиди худогуна мекарданд, баланд нашуда буд. Ва ҳоло, ки шуморе аз тоҷикон посдорӣ аз Бухороро ҳаққи мусаллами аҷдоди худ донистаанду посдорони Бухороро (ба қавли сурхҳо, «босмачиҳоро») сутудаанд, якбора ба ёди ҳадди васат ё миёнгини заррин уфтодаед. Миёнгини заррини ин моҷаро чизе ҷуз ин нест, ки дастдарозии бегонагон ва худи ишғолгарони сарзамини мо накӯҳиш ва мудофеъони Меҳан ситоиш шаванд. Ин танҳо натиҷаи мантиқии ин достон аст. Магар ин ки хиёнатро ҳам тавҷеҳпазир бидонед.

Замоне, ки ман дам аз ҳимоят аз «босмачиҳо» зада будам, раҳбару масъулони ҲНИ дар Тоҷикистон буданду ҳанӯз ҷуръати тарҳи чунин мавзӯъеро надоштанд лобуд. Ё ба ҳар далеле, аз онҳо ин сухани миллиро нашунида будам. Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ ва булшевикҳоро ишғолгарони хориҷӣ медонистам.

Мухолифати Шумо бо як ҳизб набояд ҳувияту худшиносию меҳану меҳаншиносии шуморо тағйир диҳад-ки! Ин чи истидлолест?

Ман ба ҳеч ҳизби сиёсие дар ҷаҳон таъаллуқи хотир надорам ва ъузви ҳеч як набудаам. Аммо комилан табиъист, ки аз барномаҳои ҷудогонаи ҳар ҳизбе, ки манфиъаташ ба миллату сарзаминам бирасад, комилан ҳимоят мекунам. Ба бовари ман, мавзеъи мантиқию хирадварзона ва ғайриэҳсосотӣ ҳам дақиқан ҳамин аст. Мухолифати Шумо бо «босмачиҳо» ба хотири мухолифататон бо ҲНИТ-ро комилан эҳсосотӣ медонам.

Дар ҳоле, ки ҳақиқати миллиро бояд гуфт ва бо садои баланд ҳам бояд гуфт; чи об ба осиёбе бирезаду чи на. Пас ин ҳизбҳои сиёсӣ нестанд, ки ҳақоиқу хостаҳои миллиро таъйин мекунанд, балки дуруст воруна. (Албатта, дар ҷавомеъе, ки ҳизб ба маънои воқеъии он вуҷуд дорад). Ва ҳувияту худшиносии мо ҳам набояд дар гарави ин ё он ҳизби сиёсӣ бошад. Мухолифат бо ишғолгари хориҷӣ сухани ҲНИТ нест, балки бовари тамоми оҳоди башар аст. Пас мухолифат бо ин шиъор ба хотири мавзеъи ҲНИТ комилан эҳсосотӣ ва ба дур аз мантиқ аст.

Ман аслан дар мавриди мавзеъи ҲНИТ огоҳии чандон ҳам надоштам, то аз нивиштаҳои дӯстоне чун Шумо дарёфтам, ки онҳо ҳам ъаланан дар ин бора мавзеъгирӣ кардаанд. Вале боз ҳам мавзеъгирии ҲНИТ наметавонад далеле барои гурез аз ҳақиқат бошад. Чи бихоҳад аз ин ҳақиқат баҳраҷӯӣ кунаду чи на, дар моҷарои 1920 Артиши Сурх таҷовузгар асту «босмачиён» — мудофеъи Бухоро.

Мегӯед, Туркияву Бритониё «тавассути онҳо (босмачиҳо) манофеи худро мехостанд ҳифз кунанд». Ин мавзӯъ куҷои ин ҳақиқатро тағйир медиҳад, ки «босмачиён» дар ҳоли дифоъ аз сарзамини худ дар баробари ҳамлаи бегонагон буданд? Ё интизор доштед, ки «босмачиён» аз касе ҷангафзор нахаранду дар баробари артиши яке аз қудратҳои низомии аслии ҷаҳон рост истанду бимиранд? Табиъист, ки ҳар кишваре, вақте дар мазиқа ё таҳти юришу ҳамла воқеъ мешавад, аз кишварҳои дигар кумак мехоҳад. Ҳамеша чунин будааст. Магар имрӯза ҳимояти Русияву Эрон аз ҳукумати Асади Сурияро намебинед? Ё фикр мекунед, эътилоф ба раҳбарии Ъарабистон дар Яман чи кор мекунад?

Худи ҳамин Тоҷикистони имрӯзиро бигиред, ки Худоро сипос, дар шароити ҷанг нест. Аммо оё давлати Тоҷикистон аз Русия, Омрико, Ъарабистон, Қатар, Урупо кумакҳои мухталиф ва аз ҷумла низомӣ дарёфт намекунад?..

Гузашта аз «мақолаҳои ъилмӣ»-и мавриди писандатон бояд мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ ҳам бошед, ки суҳбат аз накӯҳида будани ҳамлаи бегонагон ва сутуда будани дифоъ аз Меҳан аст. Ва дар ин мақула «босмачиён» посдори Меҳан ва булшевикҳо ишғолгарони хориҷӣ ҳастанд. Аз ин рӯ шиъори «Ман босмачӣ ҳастам!» на танҳо эҳсосотӣ нест, балки фарёди виҷдони миллат аст, ки тайи даҳаҳо саркӯб шуда буду мешавад.

Давлати Тоҷикистон ба ҷои вовайло сар додан дар бораи ин мавзӯъ бояд ин барги барандаро аз дасти ҲНИТ мегирифт, агар чунин барге дар дасти онҳо буда бошад. Давлат бояд пешдастӣ мекарду «босмачиён»-ро дар кул табраа (сафед) ва Артиши Сурхро дар кул маҳкум мекард ва мепазируфт, ки тайи 98 соли ахир дар ҳоли тамҷиду ситоиш аз таҷовузгари худ будааст. Ҳамин ҳоло ҳам боиста аст, ки чунин коре кунад. Ин корест, ки ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин барои тармими ҳувияти осебдидаи худ кардаанд. Ҳатто дар Узбакистон Музеи қурбониёни саркӯбҳои истолинӣ вуҷуд дорад. Аммо дар Тоҷикистон ин раванд бисёр ба таъхир уфтодааст, ки асароти манфии онро метавон дар ҳамин баҳсҳо дид.

Мешавад ошкоро мушоҳида кард, ки то чи андоза ҳувияти мардуми мо осеб дида ва худро аз бегона бознамешиносанд ва дар ташхиси манофеъи миллӣ ҳам дармондаанд.

Ҳамин имрӯз, агар Русия бихоҳад Тоҷикистонро ба хоки худ замима кунад, андак садои эътирозе дар Тоҷикистон баланд хоҳад шуд. Чун ситаме, ки Артиши Сурх бар ин мардум раво дошта ва мардумро дар баробари бегона ъақиму нотавону тарсу ва ъорӣ аз ҳисси меҳандӯстӣ карда, ҳамчунон бар сари ҷои худ боқист ва ҳатто маҳкум нашудааст.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: