Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (37)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назарияи ҷабри иқтисодии таърих ва баррасии он (2)

Тафовути наҳзатҳои паёмбарон ва соири наҳзатҳо

Тафовуте, ки миёни наҳзатҳое, ки пайғамбарон ба вуҷуд овардаанд ва наҳзатҳое, ки раҳбароне аз қабили Моркс ба вуҷуд овардаанд вуҷуд дорад дар ҳамин аст, ки ин раҳбарон ангушт рӯи манофеи башар гузоштаанд, албатта рӯи нуқтаи ҳассосе ҳам ангушт гузоштаанд, рӯи аносури худхоҳии башар ангушт гузоштаанд: эй инсон! Эй табақаи коргар! Эй табақаи ранҷбар! Ту мавриди баҳракашии як табақаи дигар қарор гирифтаӣ, ҳаққатро дигарон рабуданд, ҳаққатро аз дигарон бигир, он касе, ки туро поймол кардааст, даҳонашро бо мушт хурд кун, чунин кун, чунон кун… Ва тавонистанд бо ин васила табақаеро алайҳи табақаи дигар барангезанд.

Дар наҳзати анбиё бидуни шак ин унсур вуҷуд дорад. Махсусан, агар мо ба Қуръон ва мантиқи Қуръон такя кунем, мебинем дар Қуръон ин унсур (яъне унсури эҳқоқи ҳақ, унсури барангехтани табақаи маҳруму мазлуму поймолшуда алайҳи табақаи золим, мутраф ва ҳақпоймолкун) вуҷуд дорад, ва Қуръон бо як лаҳну оҳанги шиоромезе ҳам ин матолибро баён мекунад, ки воқеан эҳсосоти табақаи мустазъафро бармеангезад:

وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الأرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ. وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الأرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ

(“Ва мехоҳем бар касоне, ки дар замин мустазъаф (фурӯдастшуда) буданд миннат ниҳем ва ононро пешвоён (-и мардум) гардонем ва эшонро ворис (-и замин) кунем. Ва дар замин қудраташон диҳем ва (аз тарафе) ба Фиръавну Ҳомону лашкариёнаш он чиро, ки аз ҷониби онон бимнок буданд бинумоёнем.” (Сураи Қасас, оятҳои 5 ва 6))

Пас, дар ин матлаб, ки дар ин ҳудуд, анбиё ҳам аз ин унсур истифода кардаанд ҷои баҳс нест. Вале тафовуте, ки дар равиши анбиё бо ин раҳбарон ҳаст (ва дар натиҷа коре, ки онҳо ё пайравони мактаби онҳо кардаанд каси дигаре накарда) ин аст, ки инсонро алайҳи нафси худаш ҳам барангехтаанд ва фардро алайҳи худаш барангехтаанд, ва ин решааш виҷдони инсонӣ аст, ки мустақил аз манофеи табақотӣ аст. Агар инсон дорои чунин виҷдони мустақил намебуд, чунин муваффақияте барои анбиё маҳол буд. Воқеан ин муваффақияте буда, таърих нишон медиҳад, ки чунин буда, алъон ҳам нишон медиҳад. Масалан, мегӯянд: эй башар! Ту чунин сарватеро аз роҳи дуруст ба даст наёвардӣ, аз роҳи зулм ба даст овардӣ, ҳаққи дигаронро поймол кардӣ… ба гунае, ки виҷдони ӯро таҳрик мекунанд, ки худаш алайҳи худаш қиём кунад. Ва чӣ қадр афроде молу сарвату ҳастӣ ва манофеи худашонро ба пойи анбиё рехтанд ва ба дасти худашон таҳвили табақаи мазлум доданд.

Ин достон маъруф аст, ки шахсе аз дороён ва сарватмандон дар маҳзари ҳазрати Расул (с) нишаста буд. Фақири жандапӯше вориди маҷлис шуд. Ҷои холӣ мехост. Иттифоқан, ҷои холӣ паҳлӯи ҳамон одами ба истилоҳ ашрофзода буд. Рафт паҳлӯи ӯ нишаст. Ӯ тибқи одате, ки дошт, худ ба худ худашро ҷамъ карду канор кашид. Ҳазрати Расул (с) таваҷҷӯҳ карданд, фармуданд: тарсидӣ, ки чизе аз фақри ӯ ба ту бичасбад? Гуфт: на, ё Расулаллоҳ! (Фармуданд:) тарсидӣ, ки чизе аз сарвати ту ба ӯ сироят кунад? (Гуфт:) на, эй Расули Худо! (Фармуданд:) тарсидӣ, ки ҷомаҳоят касифу олуда шавад? (Гуфт:) на, эй Расули Худо! Фармуданд: пас, чаро ин корро кардӣ? Ҷавобе надошт, (гуфт:) одати ғалате буд эй Расули Худо! Ман ҳозирам ниме аз сарватамро ба ин бародари мусалмонам бидиҳам. Вале ӯ (жандапӯш) гуфт: ман намепазирам. Гуфтанд: чаро намепазирӣ? Гуфт: метарсам агар бипазирам, ман ҳам як рӯз мисли ӯ башаваи, фақире биёяд худамро канор бикушам.

Ин, амали виҷдон аст, ки аз як тараф виҷдони ӯ барангехта мешавад, ки ниме аз сарваташро дар ихтиёри вай қарор бидиҳад, ва аз тарафи дигар он дигаре барои виҷдонаш он қадр асолат қоил аст, ки барои ин ки мабодо як вақт ин виҷдони покаш махдуш бишавад, мегӯяд ман чунин сарватеро намехоҳам.

Агар мо таърихро баррасӣ кунем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки дар наҳзатҳои мазҳабӣ ва динӣ (наҳзатҳои анбиё) чунин чизе будааст, ки анбиё фардро алайҳи худаш барангезанд.

Аслан, тавба ҳамин аст. Тавба, ки воқеан як ҳолати олии инсонӣ аст, иборат аст аз қиёми инсон алайҳи худаш, як қиёми ислоҳӣ. Ман махсусан як вақт таъбироти Қуръон дар мавриди тавбаро ҷамъ кардам, дидам таъбироти хеле олӣ ва аҷибе аз об дармеояд. Қуръон мукаррар мегӯяд:

تاب… وأصلح

Як қиёми ислоҳӣ аз даруни инсон, қиёми виҷдони инсон алайҳи худаш, алайҳи исрофкориҳо ва ифроткориҳои худаш. Агар чунин ҳолате дар инсон ҳаст — ки ҳаст — далел бар ин аст, ки воқеан инсон як виҷдони мустақил аз манофеъ дорад. Мо намегӯем манофеъ рӯи виҷдони инсон асар намегузорад, вале тамоми аносури виҷдонро манофеъ намесозад.

Жорж Пулитсер (морксисти маъруф) дар бахши дигаре таҳти унвони “Вуҷуди иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ” баҳс мекунад ва мегӯяд:

Моркс аз “вуҷуди иҷтимоӣ” барои мо сӯҳбат мекунад. Бояд дид мақсудаш аз ин истилоҳ чист. Вуҷуди иҷтимоӣ ба василаи шароити зиндагонӣ, ки дар иҷтимои инсонӣ вуҷуд дорад, мушаххас ва шинохта мешавад. Виҷдони афрод созандаи шароити моддӣ намебошад, балки ин шароит аст, ки виҷдони афродро ба вуҷуд меоварад…” (Усули муқаддамотии фалсафа, с.197)

Ҳол он, ки ҳар ду ҳаст; ҳам шароити моддӣ рӯи виҷдон асар мегузорад ва ҳам виҷдон рӯи шароити моддӣ; таъсири мутақобил доранд бидуни ин ки яке аз ин дуро иллат ва дигареро маълул, якеро асл ва дигареро тобеъ бидонем; ду унсур ҳастанд аз аносури ин олам ва ду омил ҳастанд аз омилҳои ин олам, мисли ҳамаи омилҳои олам, ки гоҳе ин рӯи он асар мегузорад ва гоҳе он рӯи ин асар мегузорад, инҳо ҳам рӯи ҳамдигар асар мегузоранд. Шароити зиндагӣ рӯи виҷдон асар мегузорад, виҷдон ҳам рӯи шароити моддӣ асар мегузорад.

(Баъд мегӯяд:)  “Манзур аз шароити моддии зиндагонӣ кадом аст? Дар иҷтимоъ, ғанӣ ва фақир вуҷуд дорад. Шеваи андешаи ин ду гурӯҳ мутафовит аст. Ҳатто дар бораи як масъалаи воҳид яксон намеандешанд...” (4)

Баъд мегӯяд, ҳатто фақру ғино (яъне мизони даромад) ҳам милок нест, табақа асос аст. Мумкин аст касе ҷузъи табақае бошад, ки даромадаш аз он ки дар табақаи дигар аст бештар аст, масалан яке аз табақаи коргар бошад ва даромадаш аз касе, ки дар табақаи буржуо аст бештар бошад, вале бо вуҷуди ин, виҷдонаш виҷдони табақотӣ бошад, на даромадӣ. Инро баъд ба ин шакл ислоҳ кардааст:

Фақру бенавоӣ иборат аст аз шароити зиндагӣ. Инак бояд дид чаро дар дунё ғанӣ ва фақир вуҷуд дорад, ки дар натиҷа шароити зиндагии башар мухталиф бошад? Гурӯҳе аз мардум, ки дорои шароити моддии муштарак бошанд, ташкили табақа медиҳанд. Вале мафҳуми табақа ба фақру ғино итлоқ намешавад. Прулетаре, ки беш аз як нафар буржуо даромад дорад, боз ҳам прулетар аст, ва агар дар хидмати арбоб бошад ва дар зиндагӣ ҳам таъмину истиқлол дошта бошад, боз ҳам ҷанбаи прулеториёии ӯ кам ё зиёд намешавад. Шароити моддии зиндагӣ манут ба пул даровардан нест, балки ба кор ва ҳирфаи иҷтимоӣ марбут аст. Ин ҷост, ки мебинем инсон бавуҷудоварандаи таърих аст. Амали инсон бар ҳасби майли ӯ сурат мегирад. Ин майл ношӣ аз афкори онҳост. Афкори афрод ҳам зодаи шароити моддии зиндагӣ аст, яъне шароите, ки ба табақаи муайян ихтисос дорад…

Ба ин шакл ҳаводиси таърихӣ тавҷеҳ мешавад. Пас, таърихро афрод ба вуҷуд меоваранд. Мақсуд аз афрод, амали афрод аст. Амали афрод тобеъи майли афрод аст. Майл ҳам тобеъи афкори афрод аст. Афкори афрод ҳам тобеъи шароити моддии зиндагӣ ва шароити табақотӣ аст. Пас, тамоми таърихро вазъи хосси табақотӣ ба вуҷуд меоварад.

* * *

Оё ҷангҳои фикрӣ ва ақидатӣ ҷангҳои табақотӣ аст?

Дар фасли дигар, (Жорж Пулитсер) масъалаи муборизоти табақотиро унвон мекунад, ки натиҷааш ин мешавад, ки таърихро — баъд аз давраи кумунизми аввалия, чун кумунизми аввалияро набояд “таърих” биномем — фақат муборизоти табақотӣ ва тазодди табақотӣ ба вуҷуд овардааст.

Инҷо барои ман як маҷҳуле боқӣ аст, ки оё ба назари ин оқоён, дар давраи қабл аз пайдоиши табақот — ки мӯътақиданд давраи иштирокӣ будааст — аслан башар таърих надошта? Ҳаводис рух намедода? Болотар, баъд, ки ба иштироки сонавӣ мунтаҳӣ мешавад ва дар онҷо табақот ба куллӣ аз миён меравад, дигар мутури таърих беҳаракат мемонад? Дар Чину Шӯравӣ, дигар ин мутури муҳаррики таърих кор намекунад? Дар онҷо, ки дигар табақот вуҷуд надорад. Ман воқеан намедонам инҳо дар инҷо чӣ мегӯянд. Дар фасли “Муборизоти табақотӣ муҳаррики таърих аст” мегӯяд:

Амал ва рафтори афрод, мутаносиб бо афкори онҳост. Ин афкор маҳсули зиндагии моддии эшон аст ва ба табақаи муайяне марбут мешавад. Аз ин баён набояд тасаввур кард, ки танҳо ду табақа дар иҷтимоъ вуҷуд дорад. Табақоти мухталифе ҳаст, ки танҳо ду қисмати онҳо бо якдигар дар ситеза ва ҷидол ҳастанд: буржуозӣ ва прулеториё…” (Ҳамон манбаъ, с.198)

Ин ҳам, ки дигар бештар равған доғ мекунад, мегӯяд табақоти дигар вуҷуд доранд, вале онҳо дар ин мутури таърих таъсир надоранд ва танҳо ин ду табақа дар асри мо таъсир доранд. (Баъд, мегӯяд:)

Пас, бояд натиҷа гирифт, ки афкор, намоиши табақот аст. Ҷомеа ба табақоте тақсим мешавад, ки бо ҳам мубориза доранд. Ба ин тартиб агар ба афкоре, ки мардум дар ҷомеа доранд таваҷҷӯҳ шавад, мулоҳиза хоҳад шуд, ки ин афкор бо ҳам тасодуму ихтилоф доранд ва дар пардаи ин афкор, табақоте дида мешавад, ки онҳо ҳам дар мубориза ва муъориза ҳастанд…

Оё воқеан ҳамаи ҷангҳои фикрӣ ва ақидатӣ, ки дар дунё вуҷуд дорад, ҷангҳои табақотӣ аст ва решаи табақотӣ дорад?.. (Мегӯяд:)

Табақоти фукулӣ ва муъаммим… Фукулӣ буржуост, муъммим прулетар…

Инҳо, ки исмгузорӣ аст. Мумкин аст шумо аксашро бигӯед. Агар инҳо бигӯянд, акси инро мегӯянд; мегӯянд, муъаммим вобаста ба табақаи буружост ва фукулиҳо на. Ба ҳар ҳол чӣ гуна мешавад инҳоро таҳлил кард?

Як вақти дигар ҳам ман ҳамин ҳарфро ба як нафар, ки мехост қазияҳоро рӯи ин ҳисобҳо тавҷеҳ кунад, гуфтам, ки Ҳусайнияи Иршодро ту чӣ гуна тавҷеҳ мекунӣ? (Ҳусайнияи Иршод дар он даврон, маконе буда барои таҷаммӯъи озодандешон) Як нафар сармоядор (оқои Ҳумоюн) бонӣ ва муассиси инҷост ва афкоре, ки дар инҷо пахш мешавад ва табақае, ки аз инҷо тағзияи фикрӣ мекунанд, афроде ҳастанд, ки афкори зидди сармоядорӣ доранд. Инҷо худашро самбули афкори сусиёлистӣ ва зидди сармоядорӣ ва амсоли инҳо медонад. Як муассисаи муҷаллали чандмилюнӣ пойгоҳи чунин афкоре шудааст. Инро аз назари тафаккури морксистӣ чӣ гуна мешавад тавҷеҳ кард?

Аз назари мо қобили тавҷеҳ аст. Мо барои он шахси муассис дар айни ин ки вобаста ба табақаи сармоядор аст, як виҷдони исломӣ қоил ҳастем, ки ин виҷдонаш ҳеч гуна бастагӣ ба табақааш надорад, яъне чунин одаме чун виҷдонаш виҷдони асиле аст, метавонад коре бар зидди табақаи худаш бикунад ва ҳеч монеъе надорад. Аммо инҳое, ки қазияҳоро рӯи ин ҳисоб тавҷеҳ мекунанд чӣ мегӯянд? Махсусан ашхосе, ки ҳам афкорашон чунин афкоре аст ва ҳам бо суизанн ва бадбинӣ ба ин муассиса нигоҳ намекунанд. Ҳол агар афроде бо суизанн ва бадбинӣ нигоҳ кунанд, масалан бигӯянд: ин як доми империёлистӣ аст, як доми копитолистӣ аст, бигӯянд: ин як конол инҳирофӣ аст, ки афкорро аз масири аслии худаш мунҳариф кунад, боз як ҳарфе аст. Афроде, ки ба чунин чизе ҳам эътиқод надоранд, чӣ гуна ин амрро тавҷеҳ мекунанд? Ба назари мо ҷуз бо ин ки барои виҷдони инсон миқдоре истиқлол қоил шавем, тавҷеҳпазир нест. Ва истиқлол, ки мегӯем, маънояш ин нест, ки виҷдони инсон як садду деже аст, ки ҳеч чиз дар он нуфуз надорад, балки мегӯем виҷдони инсон як омили мустақил аст мисли ҳамаи омилҳои ҷаҳон, ки ҳам аз омилҳои дигар мутаассир мешавад ва ҳам омилҳои дигарро таҳти таъсири худаш қарор медиҳад. Мақсуди мо аз истиқлол, ин аст.

(Баъд, Жорж Пулитсер идома медиҳад:)

Аз ин рӯ, қувваҳои муҳаррикаи таърих, яъне чизе, ки таърихро ба вуҷуд меоварад, ҷангҳои табақотӣ аст. Энгелс мегӯяд: мусаллам шудааст, ки дар таърихи ҷадид куллияи муборизоти сиёсӣ иборат аст аз ҳамон муборизоти табақотӣ, ва тамоми муборизоти истиқлолҷӯёнаи табақот бо вуҷуди шакли сиёсие, ки ба худ мегирад, саранҷом ба истиқлоли иқтисодӣ мунҷар мегардад…” (Ҳамон манбаъ, с.199)

Баъд думартиба худи ин оқои Жорж Пулитсер мегӯяд:

Нуктаи дигареро бояд ба ин матолиб афзуд: рафтор, майл ва афкор, намоише аст аз табақот, ва табақот маҳсули иқтисоди ҷомеа аст. Пас, метавон гуфт, ки таърихро ҷангҳои табақотӣ тавҷеҳ ва мушаххас мекунад ва ин табақот, маҳсули иқтисоди ҷомеа аст. Мо ҳар гоҳ бихоҳем як воқеаи таърихиро тавҷеҳ кунем, бояд бибинем афкори мутазодде, ки дар он вуҷуд дошта кадом аст. Аз рӯи афкор ба табақоти мудофеъу мухолифи он пай бибарем ва дасти охир ҳолати иқтисодиро, ки шохиси ин табақот аст кашф кунем….

Баъд, як қисмате дорад, ки ин қисмат зиёд бозгӯ мешавад, вале ин як ҳадсу фарз бештар нест. Мо ҳам намегӯем чунин чизе набуда, вале хаёл намекунам далели қотеъе вуҷуд дошта бошад, ки чунин будааст. Барои зиндагии башар давраҳое зикр мекунанд: давраи иштироки аввалия (обшинаи ибтидоӣ), давраи кишоварзӣ ва домпарварӣ, ки ба дунболи худаш ба ақидаи инҳо бардагиро меоварад ва масъалаи моликият ба вуҷуд меояд, баъд давраи тиҷорат ва бозаргонӣ ва буржуозӣ ва баъд ҳам давраи сармоядорӣ дар шакли ахир. Мегӯяд:

Барои донистани ин ки табақот аз куҷо пайдо мешавад, боисте таърихи ҷомеаро мутолеа кард. Он вақт маълум хоҳад шуд, ки табақот ҳамеша яксон набудаанд. Дар Юнони бостон барда ва соҳиб, дар қуруни вусто сенйорҳо ва хулоса дар давраи баъд буржуо ва прулеториё будааст. Ба ин шакл мебинем, ки табақот мутағайир ҳастанд. Иллати ин тағйирот чист? Тағйири шароити иқтисодӣ аст, ки мӯҷиби ин тағйирот мешавад.”

* * *

Масъалаи “таблиғ” дар морксизм

Фасли дигаре дорад таҳти унвони “Интибоқи методи диалектик бо идеулужиҳо”. Ба назар мерасад суханоне, ки Моркс гуфтааст ва баъдҳо мавриди интиқоду эътироз қарор гирифта, қисмате аз онро Энгелс ва қисматҳои дигарро баъд Ленин ислоҳ кардааст. Ба инҳо эрод гирифтаанд, ки ин тавр, ки Моркс виҷдонро сад дар сад тобеъи шароити иҷтимоӣ ва табақотӣ медонад, аз назари ӯ виҷдон инъикоси ҷабрии шароити зиндагӣ аст, бинобар ин дигар барои идеулужӣ нақши асил қоил нест, барои фикр ба ҳеч ваҷҳ нақши асил қоил нест. Чун бино бар ин шуд, ки виҷдони инсон бозичаи шароити зиндагии моддии ӯст. Вақте, ки вазъи зиндагии моддӣ чунин аст, хоҳ нохоҳ виҷдони инсон ин ҷур аст, пас дигар таблиғ чӣ нақше метавонад дошта бошад? Таблиғ барои сохтани виҷдон аст. Як шайъро аз ғайри роҳи иллати худаш, ки намешавад ба вуҷуд овард. Агар шумо гуфтед обро фақат ва фақат бо фалон унсур ва фалон унсур мешавад сохт, оё бо таблиғ ҳам мешавад об сохт? На, чунин чизе маҳол аст. Ё агар гуфтед фалон беморӣ, ки дар бадан ё равони инсон (дар аъсоби ӯ) пайдо мешавад, ба фалон иллат аст, оё бо ҳарфу гуфтор ҳам мешавад он бемориро эҷод ё рафъ кард? На. Вақте, ки афкор сад дар сад тобеъи шароити моддии зиндагӣ аст, бинобар ин нақши таблиғро бояд ба куллӣ сифр бидонем. Вале чун диданд чунин чизе нест ва худашон дастгоҳҳои таблиғотии васеъе доранд, омаданд инро тавҷеҳ кунанд (ҳол ин тавҷеҳ бо он ҳарфҳо чӣ гуна ҷур дармеояд, ман намедонам); гуфтанд: албатта вақте, ки мо афкорро тобеъи шароити моддӣ донистем, ин ҷиҳатро инкор намекунем, ки нақши афкорро ба унвони омили дуввум бояд қабул кард.

Вале мусаллам агар афкор сад дар сад инъикоси шароити зиндагӣ аст, омили дигаре ғайр аз шароити зиндагӣ (монанди таблиғ) наметавонад созандаи он бошад. Ҳар касе агар дар он шароит қарор гирифт, фикрашро ҳам пайдо мекунад, кор мекунад. Касе, ки дар он шароит нест, аслан таблиғ наметавонад рӯяш асар бигузорад. Ҳоло инҳо чӣ ҷур тавҷеҳ мекунанд, ман намедонам. Иборатҳояшро мехонам:

Маъмулан ин тавр гуфта мешавад, ки морксизм иборат аз як фалсафаи моддӣ аст, ки мункири нақши афкор дар таърих мебошад. Яъне омили идеулужиро инкор мекунад ва танҳо ба таъсироти иқтисодӣ назар дорад…” (Ҳамон манбаъ, с.212)

Албатта касе ин ҳарфро намезанад, ки морксизм нақши афкорро ба куллӣ мункир аст; морксизм мегӯяд афкор сад дар сад тобеъи шароити зиндагӣ аст, яъне омили дигаре дар сохтани он муассир нест. Инро бояд ҷавоб бидиҳед. (Идома медиҳад:)

Ин гуфтор хатост. Морксизм аз нақши муҳимме, ки фикр, ҳунар ва ақоид дар зиндагӣ бозӣ мекунанд ғофил нест ва баръакс аҳаммияти вофире ба анвоъи идеулужиҳо медиҳад. Омили идеулужӣ ва шакли идеулужӣ чист? Ин қисмат аз морксизм, ки мавриди мутолеаи мост, беш аз ҳар қисмате бад фаҳмида шудааст. Далелаш ҳам ин аст, ки то муддатҳои мадид, морксизмро фақат аз лиҳози иқтисодӣ меомӯхтаанд. Ба ин тариқ на танҳо морксизмро аз шакли куллии худ ҷудо мекардаанд, балки усули воқеии ин фалсафаро низ канор мезадаанд, зеро чизе, ки иҷоза медиҳад иқтисод ба сурати як илми комил дарояд, материализми таърихӣ ва интибоқи он бо материализми диалектик аст. Таъбироти ғалате ҳам, ки аз морксизм шудааст, ба иллати он буда, ки аз нақши идеулужиҳо дар таърих ва зиндагӣ ғафлат варзидаанд. Ҷудо кардани идеулужиҳо аз морксизм, ба манзилаи тафкики морксизм аз материализми диалектик аст, яъне таҷзияи он аз усул…

Ман дуруст нафаҳмидам, ки чӣ мегӯяд. Эроде, ки ба назари мо мерасад ин нест, ки бино бар усули морксизм идеулужӣ ҳеч нақше надорад ва ҳеч омиле нест. На. Билохира фикр аст. Ҳеч кас мункир нест, ки фикр худаш як омиле аст, вале мо мегӯем бино бар усули морксизм афкор сад дар сад тобеъи шароити иқтисодӣ аст, яъне аз қолаби шароити иқтисодӣ наметавонад хориҷ бошад ва нақши як омили сад дар сад тобеъро бозӣ мекунад.

Эроде, ки мехоҳанд бигиранд ин хоҳад буд, ки нақши идеулужӣ, нақши як омили сад дар сад тобеъи ғайри қобили инҳироф аз усули худаш хоҳад буд. Бинобар ин имкон надорад, ки як нафар биёяд виҷдони козиб бисозад. Имкон надорад, ки як коргаре, ки дар чунин шароите қарор гирифта ва шароити иқтисодӣ эҷоб мекунад, ки виҷдонаш ин бошад, як нафар биёяд як виҷдони козиб ба ӯ бидиҳад. Аслан виҷдони козиб маънӣ надорад. Виҷдон ҳамеша як ҷур аст, содиқу козиб надорад. Инро шумо ҷавоб бидиҳед, на ин ки мағлата кунед ва бигӯед: шумо гуфтаед, ки аз назари морксизм, идеулужӣ ҳеч нақше дар таърих надорад. Хайр. Нақш дорад. Мо нагуфтем идеулужӣ аз назари шумо нақше надорад. Мо мегӯем нақшаш фақат тобеъ будан аст. Шароити иқтисодӣ — ҳамин тавр, ки худатон мегӯед — фикрро ба вуҷуд меоварад; фикр майлу иродаро ба вуҷуд меоварад; майлу ирода амалро ба вуҷуд меоварад, ва амал тағйирот дар вазъи иҷтимоъро ба вуҷуд меоварад, вале ба ин шакл аст, ки ҳаргиз аз он тахаллуф намекунад. Баъд таҳти ин мағлата, ки “Хайр, идеулужӣ ҳам нақш дорад” меафтед дар масъалаи виҷдони козиб, дар ҳоле, ки виҷдони козиб дигар маънӣ надорад.

Дар фасле таҳти унвони “Сохтмони иқтисодӣ ва сохтмони идеулужӣ” мегӯяд:

Дар зимни мутолеаи материализми таърихӣ дидем, ки таърихи иҷтимоӣ ба ин тартиб дармеояд: инсон ба василаи амали худ ба вуҷудоварандаи таърих аст (ин дуруст), ва ин амал ҳам ношӣ аз майли инсонӣ аст (ин ҳам дуруст), майл низ аз афкор сарчашма мегирад (ин ҳам дуруст) ва дидем он чизе, ки афкори одамиро мушаххас месозад яъне идеулужии ӯро ба вуҷуд меоварад муҳити иҷтимоӣ аст ва табақоте, ки дар он ҷомеа дида мешавад (ин ҳам дуруст мутобиқат мекунад), ин табақот низ ба худии худ маҳсули шароити иқтисодӣ ва ба иборати дигар тарзи тавлид мебошад…

Рӯи ҳамин усул, дигар виҷдони содиқ ва виҷдони козиб бемаънӣ аст. Баъд мегӯяд:

Ҳамчунин дарёфтем, ки байни омили идеулужӣ ва омили иҷтимоӣ, омили сиёсӣ қарор дорад. Дар муборизаи идеулужик, ки ношӣ аз муборизаи мавҷуд дар иҷтимоъ аст, омили сиёсӣ буруз мекунад. Пас агар сохтмони ҷомеаро ба нури материализми таърихӣ мушоҳида кунем, маълум мешавад, ки пояи иҷтимоъ бар асоси иқтисод қарор дорад ва мофавқи иҷтимоъ, созмони сиёсӣ ва созмони идеулужик густурда шудааст. Мулоҳиза мекунем, ки пеши материалистҳо сохтмони идеулужик ба манзилаи қулла ва раъси бинои иҷтимоъ шинохта мешавад ва ҳол он ки идеалистҳо қисмати идеулужикро поя ва бинои ҷомеа меангоранд…

То инҷо ҳарфҳои шуморо тибқи усули худатон қабул мекунем. Ба мӯҷиби ҳаминҳост, ки ба ақидаи мо он баҳси дуввуме, ки Энгелс ва дигарон тарҳ кардаанд — ки баъзе виҷдонҳо виҷдони козиб аст, мумкин аст инсон дар табақае бошад ва дар асари омилҳои таблиғӣ бар зидди он табақа фикр кунад — бемаънӣ аст ва наметавонад маънӣ дошта бошад.

(Суол ба оқои Мутаҳҳарӣ:)

— Инсон метавонад оянданигарӣ кунад ва муҳити зиндагияшро он қадр тавсиъа бидиҳад, ки аз зарфи замону макон хориҷ шавад. Дар натиҷа мумкин аст масолеҳу манофеи имрӯзашро ба хотири масолеҳу манофеи бузургтаре дар оянда фидо кунад. Оқои Ҳумоюн чун ба зиндагии баъд аз марг имон дорад ва масолеҳи бузурги ояндааш дар гарави ин фидокорӣ аст, ин корро анҷом медиҳад. Ӯ ҳисоб мекунад, ки касе биҳиштӣ аст, ки аз молаш бигузарад ва инфоқ кунад. Касоне, ки дар сатҳи болотаре меандешанд ва такомулу растгорӣ дар ҷаҳони охиратро дар гарави гузаштан аз марҳилаи пасти моддӣ медонанд, ба хотири манфиати бузургтар дар оянда, аз манфиати онӣ мегузаранд.

(Муҳаҳҳарӣ:) ин ҷавоб ба назари ман ба ҳеч ваҷҳ саҳеҳ нест. Яъне аввалан ба қавли талабаҳо “тафсир бимо ло ярзо соҳибуҳ” аст. Баҳс дар ин набуда, ки оё инсон ба хотири нафъи ба маънии омме, ки ба худаш оид мешавад коре мекунад ё метавонад аз доираи хайри худаш хориҷ бишавад яъне кореро анҷом диҳад, ки хайри худашро дар он кор дар назар нагирифта бошад. Ҳеҷ кас дар дунё пайдо намешавад, ки муддаӣ шавад инсон кореро анҷом медиҳад бидуни он ки хайреро дар назар бигирад.

Сониян, тибқи ин матлаб, худи мазҳаб ҳам метавонад зербино воқеъ шавад. Чаро ин тавр натиҷа мегиранд, ки мазҳаб рӯбиност? Ин ки шумо доред ин ҷур густариш медиҳед, ки имон ҳам шахсияти инсонро тавсиъа медиҳад ва он касе, ки ба ҳаёти ҷовидон имон дорад, боз ба хотири манофеъе, ки дар дунёи дигар ба ӯ бирасад ин корро мекунад, пас боз ба хотири манфиат ин корро кардааст. Агар шумо иқтисодро то ин ҷо тавсиъа бидиҳед, ки шомили он чи ҳам, ки дар дунёи дигар ба инсон мерасад бишавад, пас мазҳаб меояд ҷузъи зербино қарор мегирад. Пас, ин натиҷае, ки инҳо мехоҳанд бигиранд, ки мазҳаб ба таври куллӣ рӯбиност, чӣ натиҷае аст?

(Суол:)

— Агар мебинем коргаре мисли буржуо фикр мекунад ва ё сармоядоре андешаи коргарӣ дорад, бояд ин ҷур тавҷеҳ кунем, ки ба хотири тавсиъаи иртиботот, онҳо метавонанд бо фарҳанги якдигар ошно шаванд. Мавқеъе, ки фарзанди сармоядор тавонист бо арзишҳои табақаи коргар ошно бишавад ва дар асари мутолеа, ҷиҳати таърихро дарёбад ва ба он имон биёварад ва фаразан мутаваҷҷеҳ шавад, ки дар оянда табақаи коргар пирӯз мешавад, низоми арзишҳояш дигар арзишҳои сармоядорӣ нест. Муҳит барои ин виҷдон, арзишҳои тозае месозад ва виҷдонаш мешавад виҷдони коргарӣ. Агар мо мегӯем фикр ба навбаи худаш асар мегузорад, аввалан бояд бо мантиқи диалектикӣ фикр кард, ки дуруст аст, ки фикр ибтидоан зоидаи шароит аст, аммо мутақобилан бар шароит таъсир мегузорад…

(Ҷавоб:) ҷаноби олӣ мефармоед “мантиқи диалектикӣ”; агар мақсудатон таъсири мутақобили фикр ва шароити моддӣ аст, пас мантиқи мо диалектикӣ аст на шумо. Пас чаро шумо исми якеро зербино мегузоред? Якеро асл ва дигареро фаръ медонед? Шумо, ки якеро асл ва дигареро фаръ медонед, мантиқатон диалектикӣ нест.

Як вақт шумо — ҳамин тавр, ки ман арз кардам — мегӯед: шароити моддии зиндагӣ омили муассире аст рӯи виҷдон, виҷдон ҳам омили мустақилле аст, ки мутақобилан рӯи шароити моддӣ асар мегузорад, ҳар ду рӯи якдигар асар мегузоранд бидуни ин ки якеро асл ва дигареро туфайлӣ ва тобеъ бидонем.

Агар таъсир мутақобил аст, ин аст, ки мо мегӯем. Агар шумо якеро тобеъ медонед ва дигареро матбуъ, инҳо чӣ тавр метавонанд бар ҳам таъсири мутақобил бигузоранд? Мо намегӯем тобеъ нақш надорад; дорад, вале наметавонад аз тобеияташ хориҷ шавад. Тобеъ метавонад шароити моддиро бар асоси он чи, ки матбуъаш ӯро мекашонад тағйир бидиҳад, вале наметавонад матбуъи худаш яъне решаи худашро дигаргун кунад.

(Суол:)

— Баҳс ин аст, ки оё ибтидоан фикр буда ё шароити моддӣ?

(Ҷавоб:) ибтидо ҳеч кадом набуда.

(Суол:)

— Инсон мавқеъе, ки ба дунё омад, хостаҳои физикии баданаш ӯро ба амал водошта. Хоста ғизо бихӯрад, рафта бо табиат сару кор дошта ва ин барояш фикр эҷод карда. Пас аввал шароити моддӣ буда, ки фикрро эҷод кардааст.

(Ҷавоб:)

Аввал “хоста” буда, ки дунболи инҳо будааст.

(Суол:)

— Бале, кашиши ғаризиро, ки мо инкор намекунем.

(Ҷавоб:)

Пас, аз кашиши ғариза шурӯъ мешавад.

(Суол:)

— Дуруст аст. Бисёр хуб, шароити моддиро омил нагирем. Маҷмӯаи равобити мутақобиле аст байни хостиҳои физикии фард ва муҳит, яъне хостаҳои инсон ва шароити моддӣ. Шароити моддӣ фақат ин сандалӣ нест, он равобите аст, ки инсон дар табиат ба вуҷуд овардааст.

(Ҷавоб:)

Ин миқдорро то ин ҳудуде, ки шумо мехоҳед бигӯед, тақрибан касе инкор надорад. Вале масъалаи тобеъ ва матбуъеро, ки шумо инҷо овардед, барои мо тавзеҳ диҳед.

(Суол:)

— Баҳсе матраҳ аст, ки дар даврони иштирокӣ ё даврае, ки табақае вуҷуд надошта бошад, нерӯи муҳаррикаи таърих чист? Бояд гуфт, ки қабл аз ин ки байни инсонҳо низоъе бошад, тазодд байни инсон ва табиат омили ҳаракати таърих буда ва дар оянда ҳам ҳамин омил нерӯи муҳаррикаи таърих хоҳад буд, яъне мумкин аст низоъ байни инсонҳо табдил шавад ба низоъи инсон бо табиат.

(Ҷавоб:)

Бидуни шак масъалаи ҷанги инсон бо табиат ҳамеша буда, алъон ҳам ҳаст. Вале дар ояндае, ки тазодди табақотӣ аз байн биравад, шак надорад, ки боз таърихи инсон вуҷуд хоҳад дошт ва пеш ҳам хоҳад рафт, вале оё ба ин шакл аст, ки инсон бояд ҳатман дар ҳоли мубориза бо табиат бошад ё аслан ғаризаи тасаллут бар табиат — ҳарчанд бар дуртарин нуқоти он — дар инсон ҳаст? Бадеҳӣ аст, ки инсон ба ҷое мерасад, ки бар табиати замин мусаллат мешавад — камо ин ки имрӯз ҳам бар қисматҳои зиёде мусаллат шудааст — вале боз ҳам аз такомул бознамеистад, мехоҳад бар кураҳои осмонҳо мусаллат шавад. Вале оё ин ки инсон мехоҳад бар кураҳои осмонҳо мусаллат бишавад, дар асари ҷанге аст, ки кураҳои осмонӣ бо инсон доранд ё бар асоси як ғаризае аст, ки дар инсон ҳаст, ки мехоҳад бар ҳама чиз мусаллат шавад? Чаро боз биёем ба истилоҳ фарзи як ҷангу тазодд миёни инсон ва табиатро матраҳ кунем?!

(Суол:)

— Тазоддаш инҷост: мавҷуди зинда — аз ҷумла инсон — ба таври фитрӣ майл ба тавсиъа ва таҷовуз дорад. Ҳар мавҷуде мураттаб мехоҳад муҳити зиндагияшро тавсиъа бидиҳад ва чун мехоҳад тавсиъа диҳад, бо мавонеъе рӯ ба рӯ мешавад, мавонеъ дар табиат.

(Ҷавоб:)

Мавонеъ ғайр аз тазодд аст, иштибоҳ нашавад.

(Суол:)

— Худи ин майл бо мавонеъи мавҷуд дар табиат дар тазодд аст. Табиат, ки ҳамеша шароити зиндагиро омода дар ихтиёри фард намегузорад. Фарз кунем инҷо монеъе аст, инҷо хушкӣ аст, онҷо сард ё гарм аст ва… Ин мавонеъ дар баробари майл ба таҷовуз ва тавсиъаи зиндагӣ аст ва байнашон тазодд аст.

(Ҷавоб:)

Маъзарат мехоҳам, ки шумо инҷо мафҳуми тазоддро доред… Масалан ман мехоҳам аз ин дар берун биравам, дар бастааст ва ба сурати як монеъ дар муқобили ман ҳаст. Ба ин намегӯянд “тазодд”, намегӯянд тазодд миёни ман ва дар. Тазодд дар ҷое аст, ки аз ду омил, ин мехоҳад онро аз байн бибарад, он мехоҳад инро аз байн бибарад. Ин тазодд аст.

(Суол:)

— Мегӯем маҳдудияти муҳит ва шароити зиндагӣ дар муқобили майл ба тавсиъа…

(Ҷавоб:)

Бибинед, инҳо пай дар пай дахлу тасарруф кардан ва ба истилоҳ аз гӯшаву канор задан аст. Аввал як матлаб мегӯянд, баъд ба он матлаб эрод ворид мешавад, як чизе бар зидди он мегӯянд; бар он эрод ворид мешавад, як чизи дигар мегӯянд. Мисли мантиқи мардангӣ (мардангӣ, сарпӯши бузурги булӯрин)-и оқои Музайянӣ аст. Мегуфт, шахсе гуфта буд: чаро ин мардангиро, ки рӯи чароғ мегузоранд, аз ҷинси булӯри гаронқимат дуруст мекунанд? Биёянд аз мис бисозанд, ки ҳеч вақт нашиканад. Гуфтанд: аз мис бошад нур намедиҳад. Гуфт: сӯрох-сӯрохаш кунанд, то нур берун биёяд. Гуфтанд: охир сӯрох-сӯрох кунанд, боз бод меояд хомӯшаш мекунад. Гуфт: коғаз бичасбонанд.

Ба ин шакл пай дар пай бояд мо ҷилав биравем ва инро тавҷеҳ кунем. Ин фикр рӯи ин асос ба назари ман қобили тавҷеҳ нест. Яъне ин фикр — агар рӯи насси Моркс бихоҳем биистем — ки: “виҷдони моро вуҷуди иҷтимоӣ ва табақотии мо месозад”, ки инро иллат гирифта ва онро маълул, қобили тавҷеҳ нест. Агар мегуфт муҳит рӯи виҷдони инсон асар мегузорад, бисёр ҳарфи хубе буд камо ин ки мутақобилан виҷдони инсон ҳам рӯи муҳити инсон асар мегузорад.

(Суол:)

— Лозимааш ин аст, ки собит кунед, ки қабл аз ин ки муҳите вуҷуд дошта бошад, виҷдони аввалияе вуҷуд дорад, ки баъдан муҳит рӯяш асар мегузорад. Виҷдон қабл аз ин ки мо ба вуҷуд биёем чӣ ҳаст?

(Ҷавоб:)

Виҷдони инсон худи инсон аст. Худи инсон қабл аз муҳиташ вуҷуд дорад, ба ин маъно, ки худи инсон ҷуре сохта шуда, ки навъе хостаҳо дар сиришти ӯ ҳаст, мехоҳад муҳиташ иқтизо бикунад мехоҳад накунад. Ҳамон тавр, ки хостаҳои моддиро муҳит ба инсон надодааст, он виҷдонҳои олӣ ҳам, ки дар инсон вуҷуд дорад, ки инсон дар умқи фитраташ хоҳони адолат ва сулҳ ва меҳрубонӣ ва муҳаббат аст, билқувва дар умқи виҷдони инсон қарор дода шудааст. Албатта ҳанӯз касе дар дунё натавониста ҳеч ғариза аз ғароизеро, ки мавриди қабул аст, ташреҳ кунад, ки чист, вале лузуме надорад. Илми имрӯз ҳам намегӯяд ман бояд моҳияти ҳар чизеро бифаҳмам, мегӯяд ман вуҷуди ҳар чизеро дар осораш кашф мекунам. Дар инсон чунин чизҳое вуҷуд дорад, ҳоло куҷост, решаи ин ғариза куҷост, масалан ғаризаи динӣ дар куҷои мағзи мо вуҷуд дорад, мо чӣ медонем куҷо вуҷуд дорад. Ғаризаи ҳунар ва зебоӣ дар башар ҳаст, ҳоло дар куҷои вуҷуди башар нуҳуфтааст, касе намедонад, вале чунин чизе ҳаст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: