Перейти к содержимому

Ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии мо ба шиддат ниёзманди “нигоҳи тоҷикӣ” аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Ин ҳунар нест, ки мо ҳар чи аз назарияҳо ва таҷрибаҳои дигарон омӯхтаем, тӯтивор дар ҷомеаи худ такрор намоем. Ҳунар он аст, ки назарияҳо ва таҷрибаҳои аз дигарон ба даст овардаро дар қолиби арзишҳои ҷомеаи худ татбиқ карда тавонем.

Асосан, коршинос (дар улуми инсонӣ) касе аст, ки битавонад байни назарияҳои матраҳ дар риштаи таҳсилии худ ва байни воқеиятҳои ҷомеаи худ муқоисаи дақиқ анҷом диҳад ва баъд бо таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои он ду, роҳи ҳалли муносиб ва мунтабиқ бо ҷомеаи худро ироа намояд.
Дар як чунин ҳолат аст, ки фарзияҳо ва назарияҳои илмӣ таваллуд меёбанд. Вагарна агар қарор буд, як таҷриба дар ҳама ҷо қобили татбиқ бошад, башарият дар ҳамон ҳолати барбарият боқӣ монда буд, чун билохира он ҳам як таҷрибаи башарӣ буд.

Манзури ман аз “дидгоҳи тоҷикӣ” дар дебочаи сухан, дақиқан ҳамин матлаб аст. Зеро имрӯза он чи дар фазои илмӣ ва расонаии ҷомеаи мо дида мешавад, бештар такрори назарияҳо ва таҷрибаҳои дигарон дар заминаҳои гуногуни фикриву фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ аст, на бештар.

Дар ҳоле ки ҳар ҷомеа вижагиҳо ва зарфиятҳои хосси худашро дорад, ҳатто як ҷомеа дар ду замон дорои вижагиҳо ва зарфиятҳои мутафовит аст.

Бинобар ин, агар яке аз мо аз назари фикрӣ реолист ҳастем, яке идеолист, яке агностик ҳастем ва яке материолист. Ё яке аз назари сиёсӣ сотсиалист ҳастем, яке либеролист, яке тарафдори дахолати дин дар сиёсат ҳастем, яке мухолифи он ва тарафдори ҳукумати секулор. Ё яке аз назари динӣ мусалмон ҳастем, яке зартуштӣ ва яке асонан бедин. Ё яке аз назари мазҳабӣ ҳанафӣ ҳастем, яке исмоилӣ ва яке салафӣ ҳастем ва он яке исноашарӣ.

Ёдамон бошад, ки инҳо ҳама ба боварҳои шахсии ману шумо марбут аст ва ҳеч кадом ба сурати мутлақ ба арзишҳои ҷомеаи мо муртабит ва мунтабиқ нест.

Пас, агар касе тарафдори озодиву ободии ҷомеаи худ аст ва дилаш ба меҳану ба мардумаш месӯзад, бояд пеш аз ҳама ба арзишҳои ҷомеаи худ эҳтиром қоил бошад.  Бояд ин ҳақиқатро дарк намуда бошад, ки агар чи бархе аз арзишҳои ҷомеа дар назари ӯ нодуруст ва хурофот намояд ҳам, аммо роҳи ислоҳи ҷомеа мубориза бо он арзишҳо нест, балки созиш бо он арзишҳост.
Зеро аввалан, назари мо танҳо назаре нест, ки мартаҳ аст, ҳатман назарҳои дигаре ҳам дар ҷомеа вуҷуд дорад.

Сониян, маълум нест, ки назари мо, назари дуруст ва дархӯри ҷомеа бошад.

Солисан, ҳаргиз наметавон аз як тараф бо арзишҳои ҷомеа ситеза кард ва аз тарафе интизор дошт, ки ҷомеа бо назари мо созиш кунад. Ин ҷомеа нест, ки бояд бо хости мо созиш кунад, балки ин мо ҳастем, ки бояд бо хости ҷомеа бисозем.

Ҷомеаи мо пеш аз ҳама як ҷомеаи суннатӣ аст, бо боварҳо ва арзишҳои ниҳодина. Ва он боварҳо ва арзишҳо бархоста аз дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ва дар бахше мазҳаби исмоилӣ аст.

Он боварҳо ва арзишҳое, ки дар замони Шӯравӣ ба ҷомеаи мо таблиғ ва таҳмил шуд, агар чи ба сурати пароканда ва дар лояҳои зоҳирии ҷомеа таъсироте гузошт, вале ҳаргиз ниҳодина нагашт.

Аз тарафи дигар, ҷомеаи мо аз назари қавмӣ ҷомеаи якдасте нест, дар он ба ғайр аз аксарияти тоҷик, ақвоми гуногуни ӯзбаку қирғизу русу тотору яҳудӣ ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд.
Лекин алорағми ин гуногунқавмӣ, ҷомеаи мо аз назари фарҳангӣ ҷомеаи якдасте мебошад. Тавзеҳ ин ки дар ҷомеаи мо ҳамаи ақвом бо як расму русум зиндагӣ мекунанд. Ҷашну маросимҳо, рафту омадҳо, нишасту бархостҳо, хӯрокиву дастархонҳо ҳама ва ҳама якест.

Хеле аҷиб аст, ки дар ҷомеаи мо ҳам мусалмонҳо дар шодии ҷашни крисмас шариканд ва ҳам русҳову яҳудиҳо дар шодии иди қурбону рамазон.

Ҳамчуноне ки дар ҷомеаи мо ҳам тоҷику ҳам ғайри тоҷик ва ҳам мусалмону ҳам ғайри мусалмон ҳама бо ҳам иди наврӯзро ҷашн мегиранд.

Ин фарҳанги якдаст, ҳамон фарҳанги ҷомеаи мост, ки мо аз он ба фарҳанги тоҷикӣ ном мебарем. На ҳамаи мусалмонон ин фарҳанги моро доранд ва на ҳамаи форсу тоҷикон ин вежагии ҷомеаи моро.

Дар ҷомеаи мо ҳам ӯзбаку рус бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва ҳам тоҷикҳо бо забони русиву ӯзбакӣ.

Ин ҳамон вижагиҳо ва зарфиятҳои ҷомеаи мост.

Ҳар пешниҳод ва барномае дар ҷомеаи мо танҳо бо таваҷҷӯҳ ба ин вежагиҳо ва зарфиятҳо ва дар ин қолиб ва бофтори фарҳангиву иҷтимоӣ натиҷа хоҳад дод ва созанда хоҳад буд.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: