Перейти к содержимому

Лутфан, такаллуфро канор бигузоред!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аввал такаллуфро маъно кунам, то манзурам барои хонанда равшан шавад. Такаллуф яъне “ранҷу сахтӣ бар худ ниҳодан; ба худ ранҷ додан”. Ҳоло як мисол бизанам: вақте як инсон ҳарфи нодурусте ба забон оварад, сипас дигарон барояш ёдовар шаванд, ки ин ҳарфи ту, ба ин далелу он далел, хатост ва ту иштибоҳ мекунӣ, аммо ӯ – бо ин ки фаҳмида хато кардааст – вале нахоҳад ба хатои худ эътироф кунад ва аз хари таъассуб пойин ояд, ӯ шурӯъ мекунад ба “тавҷеҳ” кардан ва дасту по задан, яъне мисли як ғарқшуда ба ҳар чизе чанг мезанад, то шояд битавонад худро наҷот бидиҳад. Инро мегӯянд “такаллуф”. Яъне бар худ ранҷу сахтӣ биниҳад ва ба худ ранҷ бидиҳад, ва ба қавли Мавлоно:

Риши гови бандаи ғайр омад ӯ,

Ғарқа шуд, каф дар заъифӣ дарзад ӯ.

Ва ё мисли он ҷо, ки масали арабӣ мегӯяд:

الغريق يتشبّث بكلّ حشيش

Ғарқшуда ба ҳар хошоке чанг мезанад, (то шояд битавонад наҷот пайдо кунад).”

* * *

Дар баҳси “босмачигарӣ”, ки як ҳафта аст дар фазои маҷозӣ доғ гардида, баъзе аз азизонамон мутаассифона беш аз ҳадд ба “такаллуф” роҳ медиҳанд. Масоиле, ки дар ин замина матраҳ шудааст, ба назарам, аз бадеҳиёт аст ва касе нест, ки битавонад онҳоро инкор кунад, магар ин ки лаҷбоз бошад.

Ҳарфи мо чӣ буд?! Биёед, феҳриствор як бори дигар ёдовар шавам:

1) Замоне, ки бегона (болшевик) ба сарзамини мо таҷовуз намуд, шуморе аз ҷавонон ба дифоъ аз сарзамини худ бархостанд, баъдҳо мухолифонашон ба онҳо унвони “босмачӣ” доданд;

2) “Босмачиҳо” аз назари идеулужӣ ва хатти машйи сиёсӣ, якдасту якнавохт набуданд; баъзе ҷадидӣ буданд, баъзе понтуркист буданд, баъзе исломгаро буданд, баъзе ҳавохоҳи Амир Олимхон буданд ва ғайра… Аммо он чи ҳамаи онҳоро гирди як меҳвар ҷамъ мекард, ин дифоъ аз сарзаминашон буд. Ба ҳамин хотир аст, ки ҷадидиҳо — ки аз мухолифони сарсахти Амир буданд – баъд аз суқути Бухоро ба дасти болшевикҳо, ихтилофотро канор гузошта бо Амир муттаҳид шуданд;

3) Баъд аз тасаллути комили болшевикҳо бар сарзамини мо ва барпоии Тоҷикистони сусиёлистӣ, воқеиятҳо дар бораи ҳаракати “босмачигарӣ” ва “босмачиҳо” куллан таҳриф гардид ва тасвире, ки мошини таблиғоти болшевикҳо аз “босмачиҳо” дар зеҳни мардуми мо тарсим намуд, як тасвири бисёр манфӣ ва сиёҳу торик буд, ки то ба имрӯз он тасвири воруна дар зеҳни тоҷик вуҷуд дорад. Ва аҷиб он, ки мустанади бештари таҳқиқоти ба амал омада дар бораи “босмачиҳо” ҳатто ба дасти таърихнигорони ғарбӣ, ҳамагӣ ҳамон “чарту партҳои” болшевикон аст. Яъне вақте шумо ба манбаъу маъхази ин таҳқиқот нигоҳ меандозед, бештар навиштаҳои болшевикон аст;

4) Ҳоло тамоми ҳарфи мо ин аст: мо на ҳавохоҳи Амирем, на дар садади ин ҳастем, ки гуфта бошем ҳамаи “босмачиҳо” бидуни истисно бе айбу костӣ ва маъсум будаанд, балки мегӯем: ҳаракати “босмачигарӣ” дар кулл, як ҳаракати муборак ва миҳандӯстонае буд, ва аз ин рӯ “босмачиҳо” ба унвони мудофеъони сарзамини хоки худ бояд сафед шаванд ва ба унвони қаҳрамони миллӣ эълон шаванд, ва дар муқобил, мутаҷовиз ба номи худаш яъне ба унвони мутаҷовиз ва ишғолгар хонда шавад. Тамоми ҳарфи мо ҳамин аст.

5) Агар касе бо ин ҳарфҳо мувофиқ нест, эроде надорад, ҷангу ҷидол намехоҳад. Ҳаллаш бисёр саҳлу осон аст. Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳукумат ин ибтикорро ба даст бигирад ва дари оршивҳо (бойгониҳо)-ро кушояд ва як таҳқиқу пажӯҳиши мунсифона аз сӯи муҳаққиқони озод анҷом бигирад, то бибинем, воқеият аз чӣ қарор будааст?!

* * *

Хуб, ҳоло куҷои ин ҳарфҳо носавобу нодурустанд?!

Барои чӣ иддае – бо ин ки медонанд ин ҳарфҳо дуруст ҳастанд – аммо саъй мекунанд мисли болшевикҳо камокон “босмачиҳо”-ро сиёҳу торик нишон диҳанд?! Барои чӣ?! Ман, ки нафаҳмидам ин исрори беҷо барои чист?!

Оё мехоҳанд бигӯянд, “босмачиҳо” вақте камар ба дифоъ аз сарзамини худ бастанд, кори беҷое кардаанд?! Оё мисли рафтори он иддаи хиёнаткор, ки сарзамини худро ба дасти бегона супурданд рафтор мекарданд?!

Аҷиб он ки исрор мекунанд, ки “босмачиҳо” на барои сарзаминашон, ки барои манофеи шахсии худ пайкор кардаанд?! Ин чӣ ҳарфи бемантиқ аст!

Агар ба дунболи манофеи шахсии худ мебуданд, ки ҷангу пайкорро канор мегузоштанд ва ба хидмати болшевик мешуданд, на ин ки биҷанганд ва худро ба куштан бидиҳанд, чунонки буданд як идда афроди пасту хору залил, ки дар канори болшевикҳо истоданд.

Асосан, оё рафтори “мутаҷовиз” тавҷеҳпазир аст?! Инки масалан бигӯем, мутаҷовиз ба мо хеле озодӣ дод. Ин чӣ ҳарфи бепояву асос аст! Кадом озодӣ! Оё таърих замонеро бадтар аз замони Шӯравӣ суроғ дорад, ки озодӣ ба он ҳадд саркӯб шудааст?!

Ё инки мегӯянд, занҳоро озод кард. Кадом озодӣ?! Инки занони мо мисли мардон савори трактор шуданд, дар корхонаҳои ангишт мисли мардон ва дар канори мардон кор мекарданд?! Ин озодӣ буд?! Инки корашон шуда буд панбачинӣ?! Ин озодӣ аст?! Бовар кунед, тавҳину таҳқире, ки болшевикҳо ба занони мо раво диданд, аҳаде дар ҷаҳон накардааст. Назокату латофати занро ба куллӣ аз байн бурданд.

Хулоса, ин ҳарфҳо ва ин тавҷеҳҳо ҳама “такаллуф” аст, мисли чанг задани ғариқ ба ҳар хасу хошоке аст, то наҷот пайдо кунад.

Агар мутавоҷизе намебуд, фарзандони миллат худашон медонистанд чӣ кор кунанд?! Медонистанд, чӣ гуна озодиро ба даст оваранд! Асосан, озодие, ки бегона бароят ато кунад, оё озодӣ аст?!

* * *

Ба назарам, ин исрору лаҷоҷати беҷо як далел бештар надорад, ва он ин ки ин масъала ахиран аз тарафи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ матраҳ шуд; ҳол он ки як масъалаи миллӣ аст, рабте ба опозисиюн надорад. Яъне ин азизон бо ин қабул доранд як масъалаи дуруст аст, аммо чун Кабирӣ тарҳ кард, бояд коре кунанд, то алайҳи он гом бардоранд. Дигар далеле надорад. Яке аз онҳо дар вокуниш ба навиштаи Азиз Нақибзода изҳор доштааст:

Азиз Накибзод аз матлабҳоятон пайдост, ки дар ғами миллат ҳастед. Ин дуруст аст. Аммо ба як нукта таваҷҷӯҳ кунед, ки дар ин баҳсҳо ба олоти наҳзатиҳо табдил ёфтаед: матлабҳоятонро бознашр мекунанд, дар атрофи комментҳоятон «ҳай бале» мегӯянд. Асли мақсади наҳзатиҳо аз баҳси босмачӣ ин дифои суханони роҳбарашон аст, на қазияи миллату миллатдӯстӣ. Онҳо худашонро аз «миллати Иброҳими Халилуллоҳ» медонанд, дар таълимоти идеологии онҳо мафҳуми «миллати тоҷик» вуҷуд надорад. Боқӣ, жарфнигару комёб бошед!

Тамоми моҷаро ҳамин асту бас!

* * *

Дигар замони он аст, ки ба худамон ифтихор кунем! Худамонро бишносем! Гузаштаамонро дигар торик нишон надиҳем; мисли ҳамаи ақвому миллатҳои рӯи дунё, ки ҳаргиз бар худ туф накардаанд, ҳаргиз аз гузашта ва таърихи худ мутанаффир набудаанд.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: