Перейти к содержимому

Маҳалгароӣ

Ёддошти Зафари Сӯфӣ

Аслан дӯст надорам дар ин мавзӯъ чизе нависам. Ба ростӣ, фикр мекунам мавъзӯҳое мисли маҳалгароӣ шабеҳи наҷосат аст. Вақте дониста ё надониста рӯи он пой гузорӣ ҳам бӯи гандаш ба атроф пахш мешавад ва ҳам кафшҳоят олуда мегардад.Дар ташбеҳи дигар, мавзӯъи маҳалгароӣ монанд ба лаҷанзор аст, ки Худой нахоста ба он пой гузорӣ, фурӯ меравӣ ва ба нудрат аз ғарқ шудан метавон наҷот пайдо кард. Ин аввали сухан аст.

Дуввум ин ки бояд таъкид кунам, ман даҳҳову садҳо дӯсту бародар аз минтақаи Кӯлоб дорам. Самимият, якрӯӣ, ҷавонмардӣ, содагӣ, озодагӣ, меҳрубонӣ, садоқат ва даҳҳо хислатҳои неки ин мардумро амалан дидаву ифтихор кардаам, ки чунин ҳаммиллату ҳамватанҳо дорам! Ва ҳамин чанд рӯзи ахир ҳам, ки дарки шикасти заҳматҳои беш аз 12 солаи ману ҳамкорони азизам дар Озодагон ба вазъи руҳиям сахт асаргузор буд, аз Тоҷикистон, Русия ва Урупо аввалин дӯстоне, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефон тамос гирифтанд, дилбардорӣ карданд, изҳор доштанд, ки ҳозиранд ҳар коре аз дасташон меояд барои Озодагон анҷом диҳанд, зодагони Кӯлоб буданд. Дар лаҳзаҳои сангин отифа ва меҳрубонӣ бештар дарк мешавад, бештар арзишманд мегардад. Ман ин меҳрубонӣ ва ҷавонмардии дӯстонамро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам ва агар аз истифодаву сӯистифодаи бархе ашхосу гурӯҳ аз номи Кӯлоб ва кӯлобӣ мегӯям, ба ҳеч ваҷҳ аз диди маҳалгароӣ набудаву нест. Бояд бидонед, ки маҳалли ман Тоҷикистон аст ва ман аз ҳар гӯшаи ин кишвари азиз ҳастам. Дар ҳар гӯшааш дӯстеву ҳамдаме дорам ва хотираҳои нозанину нотакрор. Ватани инсон макони хотираҳои кӯдакӣ, навҷавонӣ ва ҷавониҳои инсон аст. Дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони азиз даҳҳову садҳо хотираҳои навҷавониву ҷавониҳоям маро ба сӯи худ мекашад. Мисли чароғи умед дар тирашабҳо, мисли шуълае рушан дар биёбон…

* * *

Дар ҳошияи тағйири кадрҳо дар мансабҳое баланд тайи ин чанд рӯзи ахир мавзӯъи интихоби кадрҳо ва меъёрҳои он боз зеҳнамро ба худ машғул медорад. Бархе мегӯянд, ки дар интихоби кадрҳо ба мансабҳои калидӣ кулобӣ будани онҳо нақши асосӣ мебозад. Ба зоҳир гӯё чунин аст. Зеро аксари вазирҳо, раҳбарони идораву ниҳодҳо зодагони ин вилоятанд. Аммо мутмаинан беҳтаринҳояш не. Аслан Кулобу кулобӣ на камтар, балки бештар аз ҳар минтақаи дигари кишвар дар замони ҳукумати Раҳмонов қурбонии надонамкорӣ ва иштибоҳҳои ҳукуматдорон шуд. Шояд чанд тан ба ҳар роҳу васила худашонро ба арикаи қудрат наздик карда соҳиби молу манол ҳам шуда бошанд ва ҳар аз чанд гоҳ раисҷумҳур миннате, ки мекунаду мегӯяд; ба ёд оред то мансабдор шудан чи аҳвол доштед, бедалел нест. Ҳоло бигзарем аз ин, ки рӯзе ҷои дигар аз он батафсил хоҳем гуфт.
Исфараро, ки ҳама медонанд. Як ноҳияи марзӣ аст ва ҳар аз чанд гоҳе зиёдахоҳӣ ва аҳёнан бемурувватии ҳамсояҳои мо дар он сӯи марз ин ноҳияро дар сархати расонаҳо қарор медиҳад. Аммо ҳоло сӯҳбат сари ин мавзӯъ нест. Мехоҳам ишорае ба интихоби кадрҳо дар ин ноҳия дошта бошам.

Ҳама медонанду медонем, ки мардуми Исфара воқеан мардуми заҳматкаш, сабур, сахткӯш, сарбаланд ва босавод ҳастанд. Таваҷҷӯҳи мардуми ин гӯшаи ватан барои таҳсили фарзандонашон воқеан қобили таҳсин аст. Фақат як рустои Чоркӯҳ ва ё Ворух ва ҳар рустои дигар бо даҳҳову садҳо тан фориғуттаҳсили донишгоҳҳо ва мутахассисони соҳибандеша боиси ифтихор аст. Дар ҳар бахш Исфара мутахассисони соҳиби мадрак дорад. Аммо оё ин мутахассисон дар риштае, ки тахассус доранд, машғул ба кор ҳастанд ва оё имкони расиданашон ба зинаҳои боло дар риштаи худашон вуҷуд дорад? Ба назар мерасад, мутаассифона, чунин нест. Аксари мансабҳои калидӣ дар ноҳияи Исфараро зодагони минтақаҳои дигари кишвар ва асосан зодагони Хатлон соҳиб шудаанд. Албатта ҳеч ишколе надошт, агар кадре муносиб барои ин мансаб аз Исфара намебуд. Дар ҳокимияти ноҳия, додгоҳ, додситонӣ, амният, корҳои дохилӣ, гумрук, молиёт ва ғайраву ҳоказо ҳама мансаби калидӣ дар ихтиёри зодагони Исфара нест. Ҳол он, ки мушкилоти ин мардум, вижагиҳои онҳоро ҳеч каси дигар мисли зодагони ин обрав намедонад ва ба он расидагӣ карда наметавонад.

Як мисоли дигар аз ҳамин ноҳия. Осоишгоҳи номдори “Зумрад”-ро шояд кам касе дар кишвар бошад, ки надонад. Ахиран дар идомаи соҳиб шудан ба иншооту марокизу идороти даромадзо аз ҷониби афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур, ин осоишгоҳ ҳам хусусӣ карда шуд. Мегӯянд соҳиби он домоди калонии президент аст. Ҳоло агар ҳама риволи қонунӣ тай шуда бошад ва воқеан ин осоишгоҳ ба он арзише, ки дошта фурӯхта ва хусусӣ шуда бошад, нӯши ҷонашон! Вале чаро як иншооти хусусиро бояд аз ҳисоби дигарҳо таъмиру тармим кунанд? Мутаассифона мисли ҳар кадом мавзӯъи дигар, ки ба хонаводаи раисҷумҳур ва наздиконаш иртибот дорад, ин масъаларо таҳқиқ кардан ва ба асли қазия рӯшанӣ андохтан имкон надорад. Аммо масале ҳаст, ки шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад. Вақте имкони иттилооърасонии шаффоф ва фаъолияти озоди расонаҳои мустақил вуҷуд надорад, воқеъиятҳо ба худ пӯшиши овоза мегиранд. Сухан кутоҳ, шунида мешавад, ки чанд килуметр роҳ то осоишгоҳи Зумрадро аз ҳисоби буҷаи ноҳия қиррезӣ (асфалт) кардаанд. Ҳамчунин барои таъмири осоишгоҳ ба ҷуз “доля” ситондан аз чанд тоҷиру соҳибкор боз маблағи буҷа истифода шудааст. Шояд имрӯз расман ин маълумот инкор ва рад шавад, вале ҳатман рӯзе хоҳад расид, ки ошкор мешавад. Дар дунё ҳеч розе ва ба вижа зӯргӯӣ ва зулм пинҳон намондаву нахоҳад монд…

* * *

Аммо дар мавриди интихоби кадрҳо барои таъин ба ин ё он мансаби калидӣ. Набояд аз ҳақ гузашт, ки албатта таи ду-се соли ахир дар замони муаррифии онҳо вақти таъин ба вазифа зодаи куҷо буданашон гуфта намешавад. (Ногуфта намонад, ки ахиран вақте раиси нави вилояти Хатлон таъин шуд, бархе расонаҳо ва навиштаҳо дар шабакаи иҷтимоӣ ба макони таваллуди ӯ ошкор ишора доштанд. Шояд ин ҳам як бози сиёсӣ бошад ва барои ҷалби таваҷҷуҳ? Яъне, як зодаи Суғд дар вилояти Хатлон раис шуд. Намедонам, вале як воқеъиятест, ки намешавад инкор кард.) Маъмулан вақти муаррифии шахсе, ки ба вазифаи масъуле таъин гашта, мегӯянду менависанд, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаааст. Ин хеле хуб аст, агар дар ростои мубориза ба маҳалгароӣ бошад. Аммо ба назар мерасад дар асл ин тавр нест. Барои пӯшиши яке аз аслҳои интихобу интисоби кадрҳо дар ҳукумати кунунист. Борҳо гуфтанду гуфтем, ки шоистасолорӣ дар интихоби кадрҳо вуҷуд надорад. Меъёр дар ин амр мисли ғулому ғуломдор аст. Яъне ҳар андоза ғулом ба фармонҳои ғуломдор гӯш диҳад, ҳеч ибтикор аз худ нишон надиҳад, фақат хоҷаашро таърифу тавсиф кунад, айбу нуқси дигаронро ба хоҷааш хабаркашӣ кунад, дар лазҳаи лозимӣ “доля”-ро ба ҷои лозимӣ расонад хоҷа бештар ба ӯ таваҷҷуҳ мекунад ва барои ин ё он кор ӯро бармегузинад. Ҳоло ин корро анҷом дода метавонад ё не, салоҳияташро дорад ё не, шоистаи ин кор ҳаст ё не, дигар аслан аҳамият надорад. Муҳим хоҷа ва атрофиёнаш ин шахсро писандидаанд. Як шахси наздик ба раиси ҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳоло аз ҳар куҷое бошад, дар зодгоҳи худ бародару пайвандони худро ба вазифаву мансабе мерасонад. Гоҳо фикр мекунӣ мудирияти кишвар дорад комилан хонаводагӣ ва қабилаӣ мешавад. Натиҷаи кутоҳмуддати ин авзоъи асафборро дар чанд буъд метавон ба вузӯҳ дид.

1) Сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки асосан аз ҳисоби заҳмати тоқатшикани муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад.

2) Дар миёни кишварҳои рушднокарда қарор гирифтани номи Тоҷикистон дар феҳрастҳое, ки натиҷаи пажуҳиш ва назарсанҷиҳои созмонҳои байналмилалӣ аст.

3) Рӯз аз рӯз бештар шудани миқдори қарзҳои хориҷии кишвар, ки бештарин қисмати он ба Чин тааллуқ дорад.

Ҳама медонанд, ки қарз бояд баргардонда шавад. Агар тавоноияшро надоред, пас бояд ҷуброн кунед. Ҳоло воқеан нигаронии бархеҳо, ки шояд чиниҳо бахше аз хоки кишварро дар ивази қарзҳояшон бихоҳанд, бадалел нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки чиниҳо чунин таҷрибаро доранд ва мутаассифона ҳукумати кунунии мо таҷрибаи муқобила ба зиёдахоҳӣ ва заминхоҳии Чинро надорад, балки бахше аз хоки кишварро ба чиниҳо додааст…

Аз сӯи дигар вазъияти номуносиби иқтисодӣ ва қарздорӣ дар тасмимгириҳои сиёсӣ ва ҷиҳатгириҳо ҳатман бевоситаву билвосита асаргузор хоҳанд буд. Қарздор ҳамеша назди қарздиҳанда забонкутоҳ аст ва барои ӯро хуш омадан худро пайраваш нишон медиҳад. Ҳамин ҳоло шабоҳатҳо дар бархурди ҳукумати ҳарду кишвар ба бархе мавзуъоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бармалост. Ин ҳам дар ҳоле, ки Чин як ҳукумати комунистӣ дорад ва ҳукумати Тоҷикистон бар ин иддаост, ки дар кишвар низоми демукротиро пиёда мекунад.
Бо ин ҳама бояд таъкид шавад, ки дар интихоби кадрҳо ба вазифаҳои калидӣ ҳамчунон шоистасолорӣ меъёри асосӣ набудаву нест. Аммо ҳатман бояд чунин шавад, агар мехоҳем Ватан обод шавад, агар мехоҳем рушди иқтисодӣ дошта бошем, агар мехоҳем кишвари содиркунандаи ашёи хом ва нерӯи арзонӣ кор набошаем, агар мехоҳем тоҷик дар ҳар гӯшаи дунё сарбаланд бошад, агар мехоҳем кишвари мо дар сафи кишварҳои пасмондаи дунё набошад, агар… агарҳои зиёди дигар…

Шиорҳову таърифу тамҷидҳову алқобу унвонҳои зиёд ҳеч кореро ҳал намекунад. Роҳи рушд якест, парвариш, интихоб ва қадргузории кадрҳои шоиста!

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: