Перейти к содержимому

Хафақон

Ёддошти Зафари Сӯфӣ

Аз дӯстон шунидам, ки раҳбарияти Кумитаи амнияти миллии кишвар аз навиштаҳои ман дар шабакаи Фейсбук хеле нороҳат шудаанд ва ҳатто маро ба гурӯҳҳои мухолиф ҳам “пайвастаанд”. Воқеан барояшон мутаассифам, ки вусъати таҳлилу андешаашон ба ин ҳад тангу тор будааст. Ҳамеша аз нигоҳи душманҷӯӣ ба ҳар шахсу ҳар падида нигаристан ва ҳар навиштаи интиқодиро душманӣ ва ҳатто хиёнат арзёбӣ кардан нишон аз иқтидор нест, балки комилан заъфи фикриро ба намоиш мегузорад. Гузашта аз ин чаро аз ман нороҳат мешаванд, балки аз амалкарди худу атрофиёнашон нороҳат шаванд.

Ҳоло, ки аз навиштаҳоям перомуни дигар ниҳодҳо нороҳат шуданд, мехоҳам ин бор аз худашон бигӯям. Албатта аз дахолати Кумитаи амният ба соири бахшҳои зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, мазҳабӣ ва ғайра чизе намегӯям, зеро сухан ба дарозо мекашад. Аммо бояд ба даст доштани онҳо дар авзоъи хафақонии озодии андеша ва баён дар кишвар ва оқибатҳои асафбори он ишорае кунам.

Тибқи қонунҳои кишвар сонсур амали хилофи қонун аст. Аммо оё ин амали ғайриқонунӣ дигар дар кишвар анҷом намешавад? Ба назар мерасад сонсур дар замони истиқлоли кишвар, ба вижа таи панҷ -шаш соли ахир хеле шадидтар ва бадтар аз замони шӯравӣ шудааст. Дар ин миён ниҳодҳои қудратӣ, ки мутаассифона вазифаи худро бигиру бибанд донистаанд, роҳу усулҳои нави сонсурро пайдо карданд. Албатта дар ин амр пешрафти фановарӣ дар низоми пахши иттилоот низ бетаъсир нест. Яке аз ин усулу роҳҳои нав САЙТБАНДОН аст.

Шояд касе нест ба масъулони сайтбандон ва ин сонсургарон бигӯяд, ки ба ҳеч ваҷҳ бастан роҳи ҳал нест. Дар паи ислоҳи норасоӣ бошед, тамом, худ аз худ интиқод.кам мешавад. Шумо оинаро шикастаниед барои он ки нуқси чедраатонро ё шона нозада будани мӯи саратонро, собуни баъди риштарошӣ дар зери манаҳ ё бари рухсоратон мондаро ба чашмонатон нишон медиҳад? Оина чи тақсир дорад? Шумо аз паи ислоҳи худ бошед охир. Бо шикастани оина, ки нуқси шумо ислоҳ ва камол нахоҳад шуд.

Маъмулан ҳар вақт ҳаводисе сарнавиштсоз ва эхтимолан вокунишзо рух диҳад ва ё аз амалкарди ҳукумат интиқод шавад дар Тоҷикистон сайтҳо ва шабакаи иҷтимоиро мебанданд. Албатта ин бастан фақат барои дохили кишвар аст, дар берун аз он мардум ин матлабро мебинанду мехонанд. Дар сайтбандон маъмулан ҳамаи гуноҳро ба дӯши Кумитаи алоқа ва раҳбари он Бег Зуҳуров бор мекунанд. Ман шахсан бо Бег Зуҳуров дар утоқи корияш чанд сол қабл суҳбати рӯ ба рӯ доштам. Бидуни таоруф ва ошкор бигӯям, аз суҳбаташ хеле хушам наомад ва ӯро арзандаи он вазифа ва ҷойгоҳе надидам, ки ишғол карда буд. Албатта он замон ӯ қудои раисҷумҳур набуд. Вале аз сӯи дигар ба бардоште, ки дар бораи салоҳияту зарфияти Бег Зуҳуров пас аз ин вохӯрӣ ҳосил шуд, хеле ҷиддӣ таваҷҷӯҳ накардам. Зеро дар дигар ниҳодҳо ҳам ин вазъро борҳо шоҳид шуда ва ба ин натиҷа расида будам, ки бо ин низоми ҷорӣ дар кишвар намешавад беҳтар аз инро интизор дошт. Аммо ба гунаҳкори аслӣ будани Бег Зуҳуров дар сайтбандон зиёд бовар надорам. Яъне ҳеч итминон надорам, ки ӯ аз пеши худ ин корро кунад. Ин амр бештар кори ниҳодҳои амниятӣ ва қудратист.

Ҳоло барои он, ки ҳарфам бедалел набошад, аз таҷрибаи худу ҳамкоронам ёд мекунам. Сайти Хабаргузории Озодагонро ҳар аз чанд гоҳ мебастанд. Мулоқот бо Бег Зуҳуров, ки дар боло зикр кардам, низ баъди яке аз чунин сайтбандони навбатӣ буд. Шояд дар таи фаъолияти 7 солааш беш аз панҷ сол сайти Озодагон баста буд. Сайти русии Озодагон баъди чанд моҳи фаъолият дар Тоҷикистон баста шуд ва то ҳол бастааст. Ҳарчанд таи ду соли ахир мо фақат хабар нашр мекунем ва мақолаҳои таҳлиливу гузоришҳои муфассал ба нашр намедиҳем. Дар ҳамаи ин бастанҳои Озодагон дар кишвар Кумитаи амният даст дошт, зеро ё қабл аз бастан ё баъди бастан ҳатман як намояндаи ин ниҳод ба мо занг мезад ё барои сӯҳбат ба идораи Хабаргузорӣ меомад ва ё аҳёнан ба яке аз идораҳояшон барои суҳбат моро даъват мекарданд

Сайти Тоҷнюс, Азияплюс, Озодӣ-ро борҳову борҳо бастанд ва ахиран ҳатто Авесторо ҳам. Шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук, Ютуб ва Однокласникиро ҳар вақт хоҳанд мебанданду хостанд боз мекунанд. Ин ҳама агар аз як сӯ дасти дарози кумитаи амниятро дар баста нигоҳ доштани фазои озоди сухан ба намоиш гузорад аз сӯи дигар ба вузуҳ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сонсур вуҷуд дорад. Ҳарчанд мувофиқи қонунҳои кишвар набояд бошад, вале амалан сонсур роҳи нафасро барои озодии андешаву сухан бастааст. Кумитаи амнияти миллӣ амалан вазифаи сензорро анҷом медиҳад ва дар муносибат ба рӯзномаву рӯзноманигор амалан дидгоҳи бадбинона ва ҳатто душманона дорад. Албатта расона ва рӯзноманигорони дастнишондаи худашон истисност.

Бар иловаи ин гирифтани иттилоот аз ниҳодҳои ҳукуматӣ амалан ҳафтхони Рустамро мемонд, ки ба манзили мурод ё натиҷаи дилхоҳ расидан дар аксари ҳолат ғайримумкин аст ва ин шароит ҳам вазъи расонаҳои мустақилро бадтар карда буд. Муносибати Кумитаи амният ба як расона ба муносибати соири ниҳодҳои кишвар ба он расона таъсири бевосита доштааст.

Сухан кутоҳ ҳарчанд талош доранд инкор кунанд, мисли дахолати пайвастаашон дар тамоми умури кишвар, сайтбандони Кумитаи алоқа асосан кори дасти амниятиҳост. Шабакаи ягона, назорати мукотибот, харид ва насби дастгоҳҳое, ки амалан тамоми суҳбату мукотибот ва шабакаҳои иҷтимоиро шуниду монитор мешавад кард, ҳама пешниҳоди кумитаи амният ва нозири иҷрояш ҳам ҳамин кумита аст. Вақти зарурати ин корҳо ҳамчун тавҷеҳ дар баёнияҳои расонаӣ ибораи “ба хотири амният” оварда шуда, ки ба таври возеҳ аз куҷо нашъат гирифтанашро нишон медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки беҳтарин ҳолати таъмини амният иттилоърасонии дуруст ва таъмини озодии андешаву баён аст. То замоне, ки мардум дастрасӣ ба иттилоот надошта бошад, фаъолияти озоди расонаҳои мустақил таъмин нашавад, овоза ҷои ҳақиқатро хоҳад гирифт ва халоъи иттилоотӣ ба вуҷуд хоҳад омад, ки зояндаи мушкилоти бештар ва гоҳе ҷуброннопазир хоҳад буд.

Мутмаинам дар ниҳоди амниятии кишвар фарзандони содиқи миллат ва афроде, ки ба шарофат, каромат ва озодии инсон ва усулҳои озодии ардешаву эътиқоду баён эҳтиром қоиланд, кам нестанд. Аз ин рӯ умедворам ҳарчи зудтар дасти кумитаи амният аз гиребони озодии андеша ва баён бардошта мешавад ва ин ниҳод аз усулҳои хафақони КГБ дигар баҳра намеҷӯяд ва дар симои ҳар рӯзноманигор ва афроди озод ва дигарандеш душману хоинро намебинад. Роҳкори душманҷӯӣ дар дарозмуддат ҳеч суде барои кишвар надорад ва дар ҷомеа ба ҷуз ҷудоӣ ва ихтилоф ҳеч падидаи дигарро ба вуҷуд нахоҳад овард. Ба иборати дигар роҳкори ғалати масъулони кумитаи амният дар дарозмуддат боиси таъмини амният намешвад, балки амнияти мардуму миллатро бо хатар рӯ ба рӯ мекунад.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: