Перейти к содержимому

Чӣ гуна метавон ба густариши Чин дар Тоҷикистон поён дод? Нигоҳи коршиноси қазоқ

Гузорише дар сойти 365info.kz

Бадеҳиҳои Тоҷикистон ба Чин ҳамчунон рӯ ба рушд аст. Бисёре мӯътақиданд, ки Душанбе дар қиболи ин бадеҳиҳо, мутаъаллиқ ба Пекин шудааст. Пажӯҳише дар ин бора тавассути Мурод Лаумулин анҷом шудааст, ки дар сойти Маркази илмии “Остона” мунташир шудааст. Дар матни зер хулосае аз ин пажӯҳиш оварда шудааст.

* * *

Омили чинӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон марзи муштарак бо Чин дорад, бинобар ин табиӣ аст, ки ин имперотурии осиёӣ бар кишвар таъсир бигузорад, ки ахиран ин таъсиргузорӣ бештару бештар шудааст. Ба унвони мисол, Чин дар ҳоли ҳозир вомдиҳандаи аслӣ ба Тоҷикистон аст.

Ин маблағ 1.2 милёрд дулор аст, ки беш аз ниме аз кулли бадеҳиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Чин дар бахшҳои мухталифи иқтисод — аз бахши кишоварзӣ то энержӣ — сармоягузорӣ мекунад. Ба ин тартиб, таъсираш дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон афзоиш меёбад.

Пас аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, коргарони чинӣ низ равонаи ин кишвар мешаванд. Воқеият ин аст, ки тақрибан дар тамоми қарордодҳо аз шарти аслии истифода аз нерӯи чинӣ зикр шудааст.

Ба навиштаи Лаумулин, сохту сози сохтмонҳо ва ҷоддаҳо тавассути ширкатҳои чинӣ ва бо мушорикати шаҳрвандони чинӣ анҷом мешавад. Ин амр як сиёсати дақиқ аз давлати Ҷумҳурии Халқи Чин аст. Агарчи рақамҳои айнии додашуда аз ҷониби онҳо хеле зиёд нест. Ба унвони мисол, дар соли 2016, кулли теъдоди муҳоҷирати нерӯи кори хориҷӣ 8 ҳазор нафар буд. Аз ин теъдод, камтар аз 4.5 ҳазор нафар аз Чин буданд.

Бо ин вуҷуд Лаумулин зикр мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд ин муҳоҷирати чинӣ боис шуд, то мақомоти Тоҷикистон хадамоти муҳоҷиратӣ эҷод кунанд. Дар ҳоли ҳозир, ин ниҳод танҳо раванди ҷараёни муҳоҷират аз Чинро сабт карда ва саҳмияҳоро тавзеъ мекунад, ки тавассути он ҷараёнҳои муҳоҷирати чинӣ ба таври фаъол ташкил шуда ё контрол мешаванд. Сабаби аслии муҳоҷирати чинӣ ҷараёни сармоягузорӣ ва эътои вом ба Тоҷикистон аз сӯи Чин аст.

Ба ин тартиб, бо рушди ҷамъияти чинӣ, муҳоҷирони корӣ табдил ба тавзеъкунандагони маҳсулоти чинӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мешаванд ва ин амр ба густариши тадриҷии бозорҳои колоҳои масрафӣ дар минтақа мунҷар мешавад.

* * *

Лаумулин, як раванди муҳимми дигарро хотирнишон мекунад, ки он, саҳми рӯ ба рушди амлоки чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Лаумулин, “дар тӯли 6 соли гузашта, ҳаҷми сармоягузориҳои анбошташудаи чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба 500 милюн дулор расидааст. Дар миёни сармоягузориҳои муштарак, ширкати истихроҷи маъдани тилои чини-тоҷикии “Зарафшон” муҳимтарин ширкат аст.”

Илова бар ин, Чин захоири маъдании сурб ва руйи “Зарнисори шимолӣ”-ро дар минтақаи Суғд харидорӣ кард. Чаҳор сол аст, ки ширкати чинӣ шурӯъ ба тавсиъа ва сохти ду таъсисот — як корхонаи фароварии полиметал ва як корхонаи металургӣ кардааст.

Мақомот ба кишоварзони чинӣ ҳудуди 2 ҳазор ҳектор замин дар ноҳияи Мурғоби минтақаи Бадахшон ва ду ноҳия аз минтақаи Хатлон ихтисос додаанд. Тоҷикистон ахиран барои 49 соли дигар 500 ҳектор замин ба Созмони кишоварзии Чин вогузар кардааст.

Лаумулин хотирнишон кард, ки, ба гуфтаи Вазорати зироати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин заминҳо барои тавсиъаи бахши кишоварзӣ вогузор мешаванд. Аммо ағлаби ин иқдомот ношӣ аз адами дарк буда ва мардуми маҳаллӣ бо он мухолиф мебошанд.

Дар ҳамин робита, Лаумулин гуфт, ки фанновариҳои кишоварзии чинӣ вазъияти зистмуҳитӣ дар сатҳи маҳаллиро барҳам мезананд. Бинобар ин, раванди тавсиъаи кишоварзии Чин паёмади манфӣ барои Тоҷикистон дорад.

* * *

Оё Тоҷикистон дар асорати бадеҳии чинӣ аст?

Лаумулин чанд мисоли дигар аз мушорикати туҷҷор ва бозаргонони чиниро дар пружаҳои мухталиф, ҳам ба таври муштарак бо Тоҷикистон ва ҳам ба сурати ҷудогона, зикр кард.

Ба навиштаи ин муҳаққиқ, бино бар натиҷагирии коршиносон, нуфузи иқтисодӣ нуфузи сиёсии Чин дар Тоҷикистонро тақвият мекунад. То соли 2020, ҳар ду кишвар қасд доранд тиҷорат байни худро ба 3 милёрд дулор афзоиш диҳанд ва ба гуфтаи Душанбе, ин масъала ҳеч маҳдудияте надорад.

Илова бар бадеҳиҳои милёрд дулории фавқ, маблағи кӯмакҳои молӣ, ки аз сӯи Чин барои пружаҳои Тоҷикистон ироа мешавад, номушаххас аст.

Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳақиқатро пинҳон намекунанд, ки Пекинро шарики иқтисодии судовартаре нисбат ба Маскав мебинанд. Лаумулин гуфт, ки ин амр тавзеҳдиҳандаи ин матлаб аст, ки Чин дастрасии бисёр зиёде ба манобеъи маъдании тоҷик нисбат ба Русия дорад.

Нозирон мӯътақиданд, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба вобастагии бадеҳӣ ба Пекин расидааст. Ва ин мумкин аст ба қимати аз даст додани эътибори ҳокимияти ҷумҳурӣ шавад. Чин барои Тоҷикистон вомҳои арзонқимат дар шароити матлуб ва барои як давраи тӯлонии 20-сола ё бештар фароҳам мекунад. Ва дар иваз, истихроҷи маъодин дар шароити болотар ва матлубтареро дарёфт мекунад.

Дар ҳақиқат, ҳамаи пружаҳо таҳти контроли Чин ҳастанд. Тарафи тоҷик нақши нисбатан каме дар онҳо ифо мекунад. Бештари суд ба самти чинӣ меравад. Ин коршинос мегӯяд, ки ин кор бо ризояти мақомоти Тоҷикистон анҷом мешавад. Ин интихоби онҳост, чун маҷбур ҳастанд.

Ҳамон тавр, ки ҳузур дар минтақа ва Тоҷикистон густариш меёбад, тарафи чинӣ “сигнолҳое аз ҷинси сиёсӣ” низ мефиристад. Манотиқе, ки сармоягузориҳои чинӣ дар ҳоли тавсиъа аст, манофеъи сиёсии Чин низ дар онҷо дар ҳоли ҳаракат ҳастанд. Тавсиъаи иқтисодӣ нуфузи сиёсиро низ тақвият мекунад.

Лаумулин хотирнишон мекунад, Тоҷикистон “барои ҳифзи амният ва субот дар минтақа бисёр муҳим аст”. Ба ақидаи Лаумулин, ба нафъи Қазоқистон аст, ки аз ҳокимият, субот ва эҳёи иқтисодии он ҳимоят кунад. Қазоқистон яке аз шарикони тиҷории аслии Тоҷикистон аст. Остона ва Душанбе метавонанд ҳамкории муассир дар се ҳавзаи аслии амният, энержӣ, якпорчагӣ эҷод кунанд.

Дар заминаи амният, ҳамкории комил барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, теруризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ лозим аст эҷод шавад. Аз ҷумла дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ки ин ду кишвар аз аъзои он ҳастанд. Ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ низ шомили ин амр мешавад.

Ду кишвар дар ҳоли ҳозир дар заминаҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дар санъати маъдан, кишоварзӣ, сохту соз ва ҳамлу нақл ҳамкорӣ мекунанд. Тасаввур мешавад, ки Қазоқистон метавонад ин санойеъро дар пружаҳои мухталиф сармоя‎гузорӣ кунад.

Дар заминаи иштиғол ва муҳоҷират, “истифода аз муҳоҷирони кор бояд бо сиёсати расмии барномарезишуда ҳидоят шавад”.

Дар поён Лаумулин мегӯяд, ҳамчунон монанди гузашта бояд иртибототи фарҳангӣ ва башардӯстона байни ду ҷумҳуриро ҳифз кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба кӯмаки Қазоқистон дар қолаби омӯзиши шаҳрвандонаш дар донишгоҳҳо низ дорад. Ва дар поён, Тоҷикистон ҳар чанд кӯчак, аммо як пайванди зарурӣ барои идомаи раванди якпорчагӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

365info.kz

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: