Перейти к содержимому

Манзури Қуръони Карим аз ҳафт осмон чист?

Пурсиш: Дар Қуръон 7 табақаи замину осмон зикр карда шудаст. Ва савол ин аст, ки ҳамаи ситораҳову моҳу офтоб галактикаи мо ҳам яъне Замину Мирриху Нептун… хулас ҳар чи дар осмон замин ҳаст ин ба як табақа дохил мешавад?

Murod Ali

* * *

Посух: Ба номи Худованди Маннон. Дар тафсири “ҳафт осмон”, ки дар Қуръони Карим омадааст, муфассирон дидгоҳҳои мухталифе матраҳ кардаанд, аммо аз миёни ҳамаи онҳо, ду дидгоҳ вуҷуд дорад, ки бештари муфассирон қоил ба он ҳастанд, ба ин тартиб:

1) Дидгоҳи аввал мегӯяд: манзур аз “ҳафт осмон” танҳо ситорагону сайёраҳову каҳкашонҳо, ки қобили дид барои инсон аст нест, балки ситораҳову каҳкашонҳову сайёраҳо фақат яке аз “осмонҳои ҳафтгона” мебошад.

Тавзеҳ он ки: “ҳафт осмон” (ба арабӣ “сабъа самовот”) иборате аст, ки дар чанд ҷойи Қуръон ба кор рафтааст. Ба унвони намуна, дар ояти 44 сураи Исро мефармояд:

تُسَبِّحُ لَهُ السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ وَالأرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَكِنْ لا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ إِنَّهُ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا

Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар кас, ки дар онҳост, ӯро (Худоро) тасбеҳ мегӯянд ва ҳеч чиз нест магар ин ки дар ҳоли ситоиш тасбеҳи ӯ мегӯяд, вале шумо тасбеҳи онҳоро дарнамеёбед. Ба ростӣ, ки ӯ ҳамвора ҳалими омурзанда аст.”

Аммо Қуръони Карим дар ояти 6 сураи Соффот аз “осмони дунё” сухан ба миён овардааст, ки бо ситорагон зинат дода шудаанд:

إِنَّا زَيَّنَّا السَّمَاءَ الدُّنْيَا بِزِينَةٍ الْكَوَاكِبِ

Мо “осмони дунё”-ро ба зевари ситорагон оростем.”

Манзур аз “осмони дунё”, ки дар ин оят зикр шуда, яке аз осмонҳои ҳафтгона аст. Ва “осмони дунё” шомили ҳамаи сайёраҳо ва ситорагон ва каҳкашонҳост, ки тибқи ҷадидтарин иттилооти донишмандон, то кунун ба василаи телескопҳо беш аз як милёрд каҳкашон дар осмон кашф шуда, ки яке аз онҳо “Каҳкашони роҳи ширӣ” ном дорад ва манзумаи шамсии мо ҷузъи ночизе аз он ба шумор меравад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки муфассирон, бо истинод ба ин оят, мӯътақиданд, ки танҳо осмоне, ки инсон метавонад бибинад, “осмони дунё” аст, ва аммо шаш осмони дигар, аз диди инсон пинҳон аст. Ва ба сухани дигар, он шаш осмони дигар моддӣ нестанд, ки қобили дид барои инсонҳо ҳатто ба василаи телескопҳо бошанд, онҳо “ғайримоддӣ” ва берун аз ҳавзаи моддиётанд. Масалан, дар Қуръони Карим мефармояд:

وَفِی السَّماءِ رِزْقُکُمْ وَمَاتُوعَدُونَ

Ва рӯзии шумо ва он чи ваъда дода мешавед, дар осмон аст.” (Сураи Зориёт, ояти 22), қатъан мурод аз “осмон” дар ин оят, фазое, ки мебинем нест, балки маъное берун аз моддиёт ва олами дунёст.

Дар воқеъ, кайфияти осмонҳои шашгонаи дигар, дар Қуръони Карим сареҳан баён нашудааст. (Алмизон, Таботабоӣ, ҷ.17, с.370) Бинобар ин, наметавон дар бораи шаш осмоне, ки аз ҳавзаи илми инсон хориҷ аст, назари қатъӣ дод. Ин буд дидгоҳи аввал.

2) Ва аммо дидгоҳи дуввум мегӯяд: мурод аз адади “ҳафт” дар иборати “ҳафт осмон”, касрат ва зиёдӣ аст, на худи адади ҳафт. Зеро, дар забони арабӣ калимаи “сабъ” (ҳафт) ва “сабъин” (ҳафтод) дар бархе маворид ба маънои касрат ва зиёдӣ ба кор меравад, ки манзур аз он, теъдоди дақиқе нест; монанди ин оят, ки хитоб ба ҳазрати Паёмбар (с) мефармояд:

إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ

Агар барои эшон ҳафтод бор ҳам истиғфор кунӣ, Худованд онҳоро намебахшад…” (Сураи Тавба, ояти 80) Комилан равшан аст, ки дар ин оят, манзур худи адади ҳафтод нест, балки манзур ин аст, ки ҳар чӣ қадр ҳам барояшон истиғфор кунӣ, Худо онҳоро намебахшояд.

Дар забони форсӣ ҳам, дар мавориде адади “сад” ё “ҳазор”-ро барои баёни касрат ва зиёдӣ ба кор мебарем, мисли он ҷо, ки мегӯед: “Ман ҳазор бор ба ӯ гуфтам, аммо ӯ гӯши шунавое надошт.” Мурод ин нест, ки шумо дақиқан ҳазор бор ба ӯ гуфта бошед, шояд даҳ бор ва фавқаш сад бор гуфта бошед, аммо бо ин ҳама мегӯед, ман ҳазор бор ба ӯ гуфтам, яъне мехоҳед бигӯед ман хеле зиёд ба ӯ гуфтам.

Пас, бино бар ин ду дидгоҳ: ё мурод аз “ҳафт осмон” ҳафт осмоне аст, ки фақат яке аз онҳо — яъне “осмон дунё”, ки ба зинати ситорагон ороста шуда — барои башар қобили руъят аст ва шаш осмони дигар, барои инсон қобили мушоҳида намебошад. Ва ё манзур аз “ҳафт” дар иборати “ҳафт осмон”, касрат ва зиёдии шумораи осмонҳост. Ҳар ду посух метавонад саҳеҳ бошад.

* * *

3) Ва аммо “заминҳои ҳафтгона”. Дар Қуръони Карим ба сароҳат тасреҳ ба “заминҳои ҳафтгона” нашудааст. Бале, аз ояти 12 сураи Талоқ метавон бардошт намуд, ки “ишорате” ба он шудааст (сароҳат ғайр аз ишорат аст), он ҷо, ки мефармояд:

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ وَمِنَ الأرْضِ مِثْلَهُنَّ

Худо ҳамон зоте аст, ки ҳафт осмон ва мисли онҳо ҳафт замин офарида…” Дар ин ки мурод аз калимаи “мисл” дар ин оят чист, муфассирон дидгоҳҳои мухталифе иброз доштаанд, ки бино бар яке аз онҳо, мурод аз “мисл” дар ин оят, “мислияти ададӣ” аст, яъне ҳамон тавр, ки осмон ҳафт тост, замин ҳам мисли он, ҳафт тост. Аммо дидгоҳҳои дигаре ҳам баён шудаанд, ки маҷоли зикри так-таки онҳо нест. Аммо ҳамин ки лаҳни Қуръони Карим дар ин маврид сароҳат надорад, як назари қотеъеро наметавон иброз дошт.

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: