Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар мавриди сайидҳо

Пурсиш: Ассалому алайкум, се рӯз мешавад дар бораи сайидҳо ва эшонҳо дар Фейсбук менависанд, ки гӯё дурӯғ ҳастанд ва барои он ки обрӯ дошта бошанд аз роҳи дурӯғ барои худашон шаҷаранома навиштаанд, ман худам аз авлоди эшон ҳастам, оё ин суханҳо рост аст? Каме тавзеҳ диҳед Домулло!

М.К.

* * *

Посух: Ба номи Худованд. Бале, шоҳиди ин баҳсҳо будам. Ин баҳсҳо ба дунболи интишори матлабе дар яке аз сойтҳо дар бораи шаҷараномаи Мир Сайидалӣ Ҳамадонӣ, ки оромгоҳаш дар Кӯлоб аст даргирифт. Ҳоло дар ин мавзӯъ ду се нуктаро мехоҳам бароятон баён бидорам:

1) Нуктаи аввал ин ки сайид будан яъне аз авлоди ҳазрати Паёмбар (с) будан – ки дар Тоҷикистони мо гоҳе аз сайидҳо ба эшон таъбир мешавад – як имтиёзи иҷтимоӣ нест, балки як масъулият аст, то имтиёз. Мо ҳеч оят ва ё ривояте надорем, ки бигӯяд, сайид будан мояи қурби илоҳӣ ва ё мояи пайдо кардани мавқеият ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва ё наҷоти инсон дар охират аст, чунин чизе надорем, балки фақат ба воситаи имону амали солеҳ аст, ки инсон ба қурби илоҳӣ ноил мегардад, чӣ сайид бошад ё ғайри сайид.

Бале, дар ривоёт ҳаст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд, ба авлод ва зуррияам ба хотири ман эҳтиром гузоред. Ибни Касир дар тафсири худ аз Тирмизӣ овардааст:

حدثنا أبو داود سليمان بن الأشعث، حدثنا يحيى بن مَعِين، حدثنا هشام بن يوسف، عن عبد الله بن سليمان النوفلي، عن محمد بن علي بن عبد الله بن عباس، عن أبيه، عن جده عبد الله بن عباس قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: أحبوا الله لما يغذوكم من نعمه، وأحبوني بحب الله، وأحبوا أهل بيتي بحبي

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гӯяд: Расули Худо (с) фармуданд: “Худоро ба хотири неъматҳое, ки ба шумо арзонӣ фармудааст дӯст бидоред, ва маро ба хотири муҳаббати ба Худо дӯст бидоред, ва аҳли байти маро ба хотири муҳаббати ба ман дӯст бидоред.” (Тафсири Ибни Касир, 7/203, Ашшомила)

Пурравшан аст, ки эҳтиром гузоштан, ғайр аз ҷойгоҳи иҷтимоӣ қоил будан аст. Масалан, шумо ба касе ба хотири падараш эҳтиром мегузоред, ва ин бад-ин маъно нест, ки шумо барои ӯ мақому ҷойгоҳе қоил шуда бошед, балки фақат ба хотири падараш ӯро гиромӣ медоред, шояд фарди фосиқу фоҷире ҳам бошад. Ин буд нуктаи аввал.

* * *

2) Ва аммо нуктаи дигар дар хусуси ин ки оё касоне, ки худро сайид мешуморанд, воқеан сайид ва аз авлоди ҳазрати Паёмбар (с) ҳастанд ё на. Бибинед бародари азизам, исботи сиёдат яъне сайид будан ва аз авлоди ҳазрати Паёмбар (с) будан, ба шаҷаранома нест, ки ҳоло имрӯз як нафар муҳаққиқ ё пажӯҳишгар биёяд ва бо анҷоми таҳқиқу пажӯҳиш пиромуни як “тикка коғаз”, бигӯяд фалонӣ дурӯғ мегӯяд, ки сайид будааст. Балки исботи сиёдат дар ҷомеаҳои исломӣ, умдатан ба шӯҳрат будааст. Яъне, сайидҳо аз ҳамон ибтидо дар ҷомеаи исломӣ – чӣ шарқи он ва чӣ ғарбаш — ангушнамо буданд, чӣ шаҷаранома дошта бошанд ва чӣ надошта бошанд ва мардум онҳоро мешинохтанд. Ба ҳамин содагӣ набуда, ки як нафар биёяд ва бигӯяд, ман сайидам ва он гоҳ ҳама бовар ҳосил кунад. Чунин набудааст бародари азизам, билохира ӯ падару аҷдоде дошта ва мардум ва ҷомеа падарону аҷдоди ӯро мешинохтанд.

Баъзеҳо гумон мекунанд, дар даврони пеш яъне сад ё сесад сол пеш, касоне меомаданд ва барои худ шаҷаранома тартиб медоданд ва он гоҳ сайид унвон мешуданд. Ҳаргиз чунин набуда. Яъне чунин набуда, ки ҳар касу нокасе метавониста барои худаш шаҷаранома тартиб бидиҳад. Магар шаҳри бедарвоза буда?! Ҳамин Амир Олимхон, ки мегуфт, ман сайидам, ӯ ҳаргиз иддао надошт, ки ӯ аз ҷониби падар сайид будааст, ӯ аз тарафи модараш, ки ҳисорӣ буд сайидзода буд ва худаш ҳам тасреҳ кардааст. Агар иддаои сиёдат ба ҳамин содагӣ, ки баъзеҳо гумон мекунанд мебуд, амиру умаро ин корро мекарданд. Асли шаҷараноманависӣ — ба ин маъно, ки ҳар сайиде дорои шаҷаранома бошад – умри чандон тӯлоние ҳам надорад, шояд сесад-чорсад сол ё бештар умр надошта бошад. Бале, китобҳои зиёде дар ин мавзӯъ тавассути уламо ва насабшиносон навишта шуда мисли китоби “Ансобул-ашроф”-и Билозарӣ, ки куллан дар мавриди насаби арабҳо аз ҷумла насаби авлоди ҳазрати Паёмбар (с) аст, аммо ин ғайр аз он аст, ки ҳар сайиде дорои шаҷаранома бошад. Сайидҳо умдатан бо таърихи падарону бобоёни худ, ба сурати шифоҳӣ ошно буданд. Яъне ривоятҳо аз падар ба фарзанд насл ба насл нақл мешуд.

Хулоса, ба ҳамин содагӣ нест бародари азизам! Шумо метавонед бо дар назар гирифтани вазъи имрӯзи ҷомеа, бо дирӯз ва гузаштаи он ошно шавед. Оё имрӯз як нафар метавонад субҳ баланд шавад ва бо тартиб додани як шаҷаранома масалан, эълон кунад, ки сайид аст ва мардум ҳам ба ӯ бовар кунанд?! Билохира ӯ ҳамсояе дорад ва хешу таборе дорад, ки лоақал ба ду се пушти ӯ ошноянд ва мешиносанд. Бинобар ин, касе наметавонад якшаба якчунин иддаое бикунад ва мардум ҳам бовар кунанд.

* * *

3) Шояд гуфта шавад, оё ин боваркарданист, ки аз ҳазрати Паёмбар (с) — ки наслаш аз тариқи танҳо духтари ӯ яъне ҳазрати Фотимаи Заҳрост — ин ҳама одами зиёд падид омада бошад? Зеро имрӯза шумо ҳар куҷо равед, сайид пайдо мешавад; аз Офриқо бигир то Чину Андунезиву Молезиву ғайра. Яъне дар ҷаҳони ислом ҳеч ҷойе нест, ки аз сайид холӣ бошад, ҳама ҷо ҳастанд. Ин боваркарданист?!

Посух ин аст, ки бале, боваркарданист ва балки ин як мӯъҷизаи илоҳист, ки дар Қуръони Карим ба он ваъда шудааст. Имом Фахри Розӣ дар тафсири сураи Кавсар он ҷо, ки ба тафсири маънои “Кавсар”, ки манзур аз он чист мепардозад, чанд қавл дар ин заминаро матраҳ мекунад аз ҷумла дар қавли севвум баён медорад:

والقول الثالث: الكوثر أولاده قالوا: لأن هذه السورة إنما نزلت رداً على من عابه عليه السلام بعدم الأولاد، فالمعنى أنه يعطيه نسلاً يبقون على مر الزمان، فانظر كم قتل من أهل البيت، ثم العالم ممتلىء منهم، ولم يبق من بني أمية في الدنيا أحد يعبأ به، ثم أنظر كم كان فيهم من الأكابر من العلماء كالباقر والصادق والكاظم والرضا عليهم السلام والنفس الزكية وأمثالهم

Қавли севвум ин аст, ки: Кавсар авлоди ҳазрати Паёмбар (с) аст. Гуфтаанд: ин сура дар радди касоне нозил шуда, ки бар ҳазрати Паёмбар (с) айб мегирифтанд, ки фарзанд надорад. (Ос ибни Воил, яке аз душманони сарсахти он ҳазрат (с), ба мардум мегуфт: Муҳаммад (с) “абтар” (думбурида ва бенасл) аст, фарзанд надорад, ҳамин ки мурд, динаш ҳам аз байн хоҳад рафт) Маънои сура ин аст, ки Худованд ба ҳазрати Паёмбар (с) насле ато хоҳад намуд, ки дар тӯли замон дар рӯйи замин боқӣ хоҳанд буд. Бингар, чӣ қадр аз аҳли байти Паёмбар (с) кушта шуданд (ба дасти Умавиҳо ва Аббосиҳо), аммо бо ин ҳама, олам ба онҳо пур аст. Ва ин дар ҳоле аст, ки аз Бани Умайя аҳаде боқӣ намонда. (Яъне аз ҳамонҳое, ки ба Паёмбар (с) айб мгирифтанд, ки абтар аст, касе боқӣ намонда). Сипас, бингар, чӣ қадр дар миёни авлоди Паёмбар аз уламо ва бузургон зиёд ҳастанд мисли Боқир, Содиқ, Козим, Ризо алайҳимус-салом, Нафси Закийя ва ғайри инҳо…” (Тафсири Имом Фахри Розӣ, 17/241, Ашшомила)

Чанд сол пеш як китобе ба дастам афтод ба номи “Мазороти Бухоро” ва мутолеа кардам, китоби бисёр арзишанде аст. Ин китоб дар бораи уламо ва донишмандони Бухорост, ки мазор ва оромгоҳи онҳо дар Бухоро қарор дорад. Дар ин китоб, бисёре аз ин уламо аз авлод ва насли ҳазрати Паёмбар (с) будаанд, ки дар замонҳои мухталиф ба ин шаҳр кӯч карда ва он ҷо зистаанд. Муаллиф ному насаби ҳамаи онҳоро ба тафсил зикр карда.

Бале, дар Фарорӯд – аз Бухорову Самарқанду Хева ва Хатлону Фарғона то Ош — аз авлоди Паёмбар (с) бисёр зиёд буданд, ҳатто дар Уйғуристони Чин ҳам аз авлоди ҳазрати Паёмбар (с), ки дар Бухоро мезистанд ва ба он ҷо кӯч кардаанд ва имрӯз боргоҳҳояшон мавҷуд аст низ зиёд буданд.

Ин ваъдаи Худо будааст, ки бар насли ҳазрати Паёмбар (с) биафзояд ва чунин ҳам шуд. Бинобар ин, радду инкори яке ду нафар, ки асосан аз реша бо ислому ҳазрати Паёмбар (с) душманӣ ва адоват доранд, эътиборе надорад.

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: