Перейти к содержимому

Равоншиносии “корикотурҳои” амниятиҳои ҳукумат

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз назари равоншиносӣ, навъи тасвир ё наққошӣ ва ё корикотуре, ки шумо мекашед, иртиботи мустақим бо руҳу равон ва зеҳнияти шумо дорад. Олга Новикова, равоншиноси рус мӯътақид аст: “Наққошӣ барои равонпизишкон он қадр муҳим аст, ки гоҳе онҳо аз осори ҳунарӣ ба унвони равише барои шинохтани беҳтари беморон ва пай бурдан ба эҳсосоташон истифода мекунанд.”

Ба унвони намуна, ин равоншиноси рус дар хусуси кашидани чеҳраҳои хандону зебо тавассути кӯдакон (албатта ба сурати нохудогоҳ) мегӯяд: “Кашидани чунин тасвирҳое, таъйидкунандаи ин аст, ки шумо ба мардум ва дигарон ишқ меварзед ва ҳамвора ҷанбаҳои мусбати афродро мебинед. Фарди хушбине ҳастед ва бо дигарон дӯстона бархӯрд мекунед ва алоқаманд ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ҳастед. Хусусиёте назири инсоният, нексириштӣ, дилсӯзӣ ва ҳамдардӣ дар шумо вуҷуд дорад. Нисбат ба дӯстонатон ҳассос ҳастед.” (Олга Новикова, “Тайный язык” детского рисунка)

Ва аммо дар хусуси кашидани чеҳраҳои дарҳаму зишт ва хунолуд ва бо истифода аз ранги сурх, мегӯяд: “Кашидани чунин чеҳраҳое, нишонаи ҳисси суизанн ва бадгумонӣ ва хушунат дар вуҷуди шумост. Саъй мекунед рафтори талху таънзананда дошта бошед. Бо мардум миёнаи хубе надоред, ва дар воқеъ одами пархошгару тундраве ҳастед. Эътимод ба нафси кофӣ надоред. Тундхӯ ҳастед ва ҳамеша эҳсоси ранҷишу маҳрумият мекунед.” (Ҳамон манбаъ)

* * *

Аз се-чаҳор сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо роҳ андохтани як дастгоҳи таблиғотии аризу тавил, дар ҳоли ҷанги ба истилоҳ “нарм” бо мухолифони сиёсии худ аст, ва барои ин манзур “лашкаре”-ро дар фазои маҷозӣ роҳ андохта, ки шабу рӯз кораш дар ин фазо “набард” бо опозисиюн аст. Ин лашкар дар миёни тоҷикҳо ба унвони “фабрикаи ҷавоб” маъруф аст. Роқими ин сатрҳо пештар дар яке аз мақолаҳои худ бо истинод ба манобеи мувассақ ёдовар шуда буд, ки ин “лашкар” шомили бархе кормандони Окодемӣ ва ҳатто бархе нависандаҳо ва афроде, ки “номзади илм” ҳам ҳастанд будааст.

Аз аҳдофе, ки ин “лашкар” (ва ё дурусттараш, мақомоти амниятӣ, ки пушти сари онҳо қарор доранд) пеши рӯйи худ гузошта яке ин аст, ки мехоҳад барои мухотаби тоҷик собит кунад, ки опозисиюни тоҷик ҳама “теруристу ифротгаро” ҳастанд. Ва барои ин муҳим, равишҳо ва тарфандҳои мухталиферо ба кор мегирад; аз навиштани мақолот гирифта то тарсими корикотурҳо.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ин мақолот ва корикотурҳои масхара онҳоро ба ҳадафе, ки пеши рӯйи худ гузоштаанд мерасонад? Яъне оё ин мақолот ва корикотурҳои ғайриҳирфаӣ метавонанд ин маъноро дар зеҳни мухотаби тоҷик ҷойгир кунанд, ки опозисиюни тоҷик масалан “терурисут ифротгаро” будааст?

Барои ёфтани посух ба ин пурсиш, кофист шумо ин мақолот ва корикотурҳои масхараро ба як равоншиноси ҳирфаӣ нишон бидиҳед, то зарфи чанд дақиқа бароятон бигӯяд ва ташреҳ кунад, ки оё ба ҳадаф мерасонанд ё на?!

Шумо дар ҳеч як аз он мақолот як ҳарфи мантиқӣ пайдо намекунед, ҳама моломол аз пархош, дашном, тавҳину таҳқир аст.

Аммо корикотурҳояшон на танҳо соҳибонашро ба ҳадаф намерасонад, балки баръакс, ҳамон чизе, ки мехостанд онро ба мухолифонашон бичаспонад, домани худашонро мегирад. Яъне, ин корикотурҳо нишон медиҳад, терурист на он касе будааст, ки ба тасвир кашида шуда, балки худи рассом ва ё касе, ки ба ӯ дастур дода онро тарсим намояд, терурист ва хушунтатгарои воқеӣ будааст.

Ҳоло чанд намуна аз ин корикотурҳоро (фақат ба унвони мисол) меоварам, шумо ин корикотурҳоро ба як равоншинос нишон диҳед, то бароятон зарфи чанд дақиқа бигӯяд, касе, ки онро тарсим намуда, аз чӣ руҳу равон ва зеҳнияте бархӯрдор будааст.

1) Ин корикотур ба равшанӣ нишон медиҳад, ки муаллифаш (ё касе, ки ба ӯ дастур дода то чунин корикотуре тарсим намояд) одаме аст, ки агар дасташ ба Кабирӣ бирасад ӯро тикка-пора хоҳад намуд. Оё терурист ғайр аз чунин фарде бо чунин руҳу равон ва зеҳният аст?!

2) Аммо ин корикотур дигар ниёз ба тавзеҳ ҳам надорад. Ин ҳамон эҳёи суннати “тройка”-и даврони Шӯравӣ аст. Мехоҳад бигӯяд, бояд бо раҳбари опозисиюн ҳамон рафтореро кард, ки Истолин бо милюнҳо шаҳрвандони бегуноҳ карда буд. Дар зайли ин корикотур навишта шуда: “Вот что делали с предателями в Российской Империи!

3) Ин ҳам яке дигар аз корикотурҳои оқоёни амниятӣ аст! Паёме, ки ин корикотур мерасонад ин аст, ки агар рӯзе Кабирӣ ба дасти мо бирасад, ӯро ба якчунин ҳолат ва вазъияте гирифтор хоҳем намуд.

Лутф кунед ва ба акси зерин, ки дигар корикотур ҳам нест, балки воқеият аст нигоҳ андозед, ки бо як муттаҳам чӣ гуна бархӯрд доштаанд!

Оё байни он корикотур ва ин воқеият фарқе мебинед?!

Ин аст ҳоли мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон.

Пас, терурист кист?! Шумо ё мухолифонатон?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: