Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (356)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (4)

* * *

В-аз ҷаҳони чун раҳим берун шавӣ,

Аз замин дар арсаи восеъ шавӣ.

Ва бикӯшед, то аз ҷаҳоне, ки монанди раҳими (баччадони) модарон тангу торик аст, гом аз замини танг бардоред ва ба паҳнаи фарохи ҷаҳони маъно бигузоред.

Нукта: Дар ин байт ишора ба ду навъ таваллуд аст. Аҳли маърифат барои инсон ду гуна таваллуд қоиланд: яке, таваллуди сурӣ, ва дигаре таваллуди маънавӣ. (Мисбоҳул-ҳидоя, с.66) Таваллуди сурӣ ҳамон аст, ки ҷанин ва колбади унсурӣ аз раҳими модар гом ба паҳнаи ҷаҳон мениҳад, ва ин таваллуд ҷанбаи умумӣ дорад ва ҳамаро шомил мешавад, ва дар ин таваллуд ихтиёр дар кор набошад. Вале таваллуди маънавӣ хосси соҳибдилон аст ва ба ихтиёр сурат бандад. Ва ибтидои ин таваллуд замоне аст, ки солик дар ҳамин ҷаҳони хокӣ руҳро аз зангори таъаллуқоти моддӣ ва дунявӣ бизудояд ва саранҷом ҳамчун шӯълаи фурӯзон фориғ аз вазиши бодҳои дунявӣ росту устувор истад. Аз ин рӯст, ки ҳазрати Масеҳ (а) фармуд: ба малакут дарнаёяд он ки дубор зода нашавад. Пас, ҳар инсоне барои найл ба ҳақиқат бояд дубор зода шавад. (Тамҳидот, с.12)

Он ки арзуллоҳи восеъ гуфтаанд,

Арсае дон к-авлиё даррафтаанд.

Он ҷоро, ки замини васеъи Худо номидаанд, онро арсае бидон, ки паёмбарон ва авлиё бад-он ҷо рафтаанд.

Нукта: Мисроъи аввал ишора аст ба ояти 97 сураи Нисо:

قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا

Фариштагон дар рӯзи растохез гӯянд: магар замини Худо паҳновар набуд, ки дар он ҳиҷрат кунед?..” Пас, бояд ҳамонанди анбиёву авлиё аз тангнои моддӣ ва мағоки дунявӣ ба ҷаҳони паҳновари маъно гом ниҳод ва рахти колбадро бар ресмони дунё овехт ва бад-он саро кӯчид, то ба ҳақоиқи барин ва асрори матин огаҳ шуд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.922)

Дил нагардад танг з-он арсай фарох,

Нахли тар он ҷо нагардад хушкшох.

Дил аз он арсаи васеъ тангу зиқ намешавад ва нахли тару тоза шохаҳояш хушк намешавад.

Ҳомилӣ ту мар ҳавосатро кунун,

Кунду монда мешавиву сарнагун.

Инак ту ҳомили ҳавосси худ ҳастӣ, барои ҳамин аст, ки хаставу мондаву сарнагунӣ. Хулоса, дар ин дунё тобеъу асири ҳавосси зоҳириат ҳастӣ, аз ин рӯ дар арсаи ғайб наметавонӣ ҷавалон кунӣ.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Шахс, ки дар хоб фурӯ меравад, ҳавосси ботин ҳомили вай мешавад ва ӯро мебаранд монанди бурдани бод панбаро, ва ё об хасро… Бар хилофи ҳолати бедорӣ, ки дар он вақт вай ҳомили ҳавосси зоҳиру ботин аст ва ҳар якро ба ихтиёри худ ба кор медорад ва ночор ҳам ӯ монда мешавад ва ҳам ҳавосси ӯ кунд мегардад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.238)

Чунки маҳмулӣ, на ҳомил, вақти хоб,

Мондагӣ рафту шудӣ беранҷу тоб.

Ба далели он ки ба ҳангоми хоб ту маҳмулӣ на ҳомил, яъне дар он ҳолат дигар дар банди ҷисму ҳавоссат нестӣ, аз ин рӯ хастагиат рафъ мешавад ва аз ранҷу машаққат раҳо мегардӣ.

Чошние дон ту ҳоли хобро

Пеши маҳмулийи ҳоли авлиё.

Ту ҳолати хобро дар баробари ҳоли авлиё, навъе чошнӣ фарз кун, яъне авлиёуллоҳ дар вақти бедорӣ низ аз бори ҳавосс ва сангинии ҷисмоният раҳо ҳастанд ва муттасил ба Ҳақ Таъоло. Вале афроди маъмулӣ танҳо ба ҳангоми хоб аз бори ҳавосс раҳо мешаванд. Пас, ин раҳоии руҳи афроди маъмулӣ дар олами хоб аз каманди ҳавосс, намунаи бисёр маҳдуде аст аз он ҳоли волои авлиёуллоҳ, ки ҳамеша дар ҳоли инқитоъ аз олами модда ва иттисол ба мабдаи ҳазрати Воҷибулвуҷуд ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.923)

Авлиё асҳоби Каҳфанд, эй ъануд!

Дар қиёму дар тақаллуб, “ҳум руқуд”.

Эй касе, ки ҳақситезӣ мекунӣ! Авлиёуллоҳ асҳоби Каҳфанд, хоҳ онҳо дар ҳолати истода бошанд ва ё ҳаракату таҳаввул, дар умури дунё хоб ҳастанд ва бедор ба Ҳақ Таъоло.

Ъануд: ситезагар. Тақаллуб: дигаргун шудан, аз ҳоле ба ҳоле гаштан. Руқуд: ҷамъи “роқид” ба маънии хобида ва хуфта аст.

Нукта: Мисроъи дуввум муқтабас аз ояти 18 сураи Каҳф аст:

وَتَحْسَبُهُمْ أَيْقَاظًا وَهُمْ رُقُودٌ وَنُقَلِّبُهُمْ ذَاتَ الْيَمِينِ وَذَاتَ الشِّمَالِ وَكَلْبُهُمْ بَاسِطٌ ذِرَاعَيْهِ بِالْوَصِيدِ لَوِ اطَّلَعْتَ عَلَيْهِمْ لَوَلَّيْتَ مِنْهُمْ فِرَارًا وَلَمُلِئْتَ مِنْهُمْ رُعْبًا

Ва ту (Паёмбар) мепиндоштӣ, ки онон (асҳоби Каҳф) бедоронанд, дар ҳоле ки хуфтагонанд. Ва мо ононро ба росту чап мегардонем. Ва саги эшон бар остонаи ғор ду дасти хеш густарда буд. Агар ба суроғи онон мерафтӣ, қаҳран аз эшон мегурехтӣ ва аз онон сахт метарсидӣ.”

Мекашадшон бетакаллуф дар фиъол,

Бехабар, зоталямин, зоташшимол.

Ҳақ Таъло ононро бе ҳеч такаллуфу машаққате ба кор мекашад ва бе он ки хабар дошта бошанд, ба росту чап мегардонад.

Чист он зоталямин? Феъли ҳасан,

Чист он зоташшимол? Ашғоли тан.

Манзур аз он зотулямин (паҳлӯи рост) чист? Мусалламан мақсуд аз он, кирдори нек ва ҳоли руҳонӣ аст. Ва манзур аз он зотушшимол (паҳлӯи чап) чист? Бе гумон, мақсуд аз он, умури моддӣ ва саргармиҳои дунявӣ аст.

Ашғоли тан: он чи тану ҷисми моддӣ бад-он машғул шавад. Ашғол ҷамъи “шуғл” ба маънии саргармӣ, кор, пеша.

Меравад ин ҳар ду кор аз авлиё,

Бехабар з-ин ҳар ду эшон, чун садо.

Ин ду ҳоли руҳонӣ ва дунявӣ дар авлиёулоҳ низ падид меояд, вале онҳо аз ин ду бехабаранд, монанди кӯҳе ҳастанд, ки садое дар он таннин меафканад ва он кӯҳ онро бозмегардонад ва мунъакис мекунад. Хулоса, онҳо маҳалли таҷаллиёти ҳазрати Субҳон ҳастанд. (Зеро эшон ҳомили ҳавосс нестанд, балки маҳмули ҳавоссанд.)

Гар садоят бишнавонад хайру шар,

Зоти кӯҳ бошад зи ҳар ду бехабар.

Ба унвони мисол, кӯҳ агарчи садоро чӣ хубу чӣ буд ба ту мешунавонад, вале зоти кӯҳ аз ҳар ду навъи он бехабар аст. Ба ҳар ҳол, авлиё чунон маҷзуби зоти илоҳӣ ҳастанд, ки мавҷудияте барои худ қоил нестанд ва аз мавҷудияти ҷузъӣ ғофиланд.

Нукта: Дар ин байтҳо ба масъалаи “ҷазаба” ва “маҷзуб” пардохта шудааст. Ҷазаба иборат аз кашиш аст. (Мақсади ақсо, с.225) Он чи аз тарафи Ҳақ аст, номаш ҷазаба аст. Ва он чи аз тарафи банда аст, номаш майл, иродат, муҳаббат ва ишқ аст. Вақте ки таваҷҷӯҳи банда ба ҳазрати Ҳақ афзоиш ёфт, рафта-рафта ба ҷойе мерасад, ки ба якбора ҳама чизро тарк мекунад ва рӯй ба Худо меоварад ва қиблааш танҳо ӯ мешавад ва танҳо дар ишқи Ҳақ мезияд. Ин ҳолатро “ҷазаба” гӯянд ва соҳиби онро “маҷзуб” номанд. Маҷзубон бар се қисм ҳастанд:

1) Маҷзуб: он ки ҷазабаи илоҳӣ ӯро фурӯ гирифта ва дар доми ишқи Ҳақ асиру бандӣ шудааст;

2) Маҷзуби солик: касе аст, ки аз ҳоли ҷазаба ба худ бозмегардад ва аз хеш бохабар мешавад. Ва агар ӯ сулукро ба ниҳоят расонад, ӯро бад-ин ном хонанд;

3) Солики маҷзуб: агар касе аввал сулук кунад ва сулукро ба итмом расонад он гоҳ ҷазабаи Ҳақ ба ӯ расад ӯро бад-ин ном хонанд. (Мақсади ақсо, с.226) Ин нуктаро низ бояд афзуд, ки тоифаи маҷзубон дар ҳолати ҷазаба аҳлияти дастгирӣ ва иршод надоранд, балки бояд маҷзуби солик дастгирӣ ва иршод кунад, магар он ки солики маҷзуб аз ҳолати ҷазаба ва бехешӣ ба худ бозомада бошад. (Мавлавинома, ҷ.1, с.93) Ва касе, ки ҳанӯз ҷазабаи Ҳақ ба ӯ нарасида (он гуна ки ҳама чизро тарк кунад) солик номанд. (Мақсади ақсо, с.226)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: