Перейти к содержимому

Воқеиятҳои зиндагии мо дар ойинаи ҳаёти ҳайвонот

Баёни воқеиятҳои зиндагии инсонҳо гоҳе ба воситаи забон адо мешавад, гоҳе тавассути қалам яъне навиштан, гоҳе ҳам дар қолаби як филм ва гоҳе низ метавон онро дар ойинаи ҳайвонот дид.

Нависандагоне дорем, ки воқеиятҳои талху ширини зиндагии инсонҳоро дар қолаби ҳикоёте тамсилӣ, ки қаҳрамонҳои он иборат аз ҳайвонотанд баён доштаанд, мисли достони “Мушу гурба”-и танзнависи шаҳири порсигӯй Убайди Зоконӣ ва ё “Ҳикоёти тамсилӣ”(Басни Крылова)-и нависандаи маъруфи рус Ивон Крилуф (Иван Андреевич Крылов) ва ғайра.

Ахиран, фаъоли фарҳангӣ ва нависандаи чирадасти тоҷик Абдулқодири Рустам низ, дар фазои маҷозӣ (Фейсбук), талош кардааст воқеиятҳои зиндагии имрӯзи мо тоҷиконро дар ойинаи ҳайвонот ироа бикунад, албатта ба як равиши дигар, ки ба назарам дар авсоти тоҷикҳо собиқа надошт. Ӯ тасовире аз ҳайвонотро баргузида ва бо ёддоштҳои бисёр кӯтоҳ – на беш аз як ҷумла – зери онҳо, як ҷаҳон маъноро барои мухотаб расонда. Кори ӯ ба зоҳир осон менумояд, вале ба назари ман, интихоби акс барои расондани паёми мавриди назар ва интихоби ҷумла барои он, худаш ҳунар мехоҳад.

Дар ин гузориш чандто аз он тасовирро пешкаши хонанда мекунем:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: