Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (38)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назарияи ҷабри иқтисодии таърих ва баррасии он (3)

Баҳси мо дар ду ҷаласаи гузашта дар бораи назарияе буд, ки дар заминаи таърих иброз шудааст, ки нерӯи гардонандаи ҷабрии таърих, ниёзҳои иқтисодии башар аст. Нерӯҳои тавлидӣ ҷабран такомул пайдо мекунанд ва равобити тавлиду тавзеъи сарват тағйир мекунад ва табъан бар асоси инҳо ҳамаи шуъуни дигари зиндагӣ аз он ҷумла қонун, фарҳанг, мазҳаб, ахлоқ, ҳунар ва… ҷабран тағйир мекунад ва наметавонад собит бимонад.

Ин масъаларо аз он назар тарҳ кардем, ки баҳси мо дар бораи ислом ва муқтазаёти замон буд ва ин яке аз далоиле аст, ки афроде меоваранд барои ин ки ҳеч қонуне наметавонад собиту ҷовид бимонад.

* * *

Ду тафсир аз зербино будани иқтисод

Мо мехоҳем ду матлабро баррасӣ кунем. Яке ин ки ин ташбеҳ, ки мегӯянд иқтисод зербиност, аз назари ман андаке мубҳам аст, яъне ду ҷур мешавад тафсир кард ва аз худи ин ташбеҳ мақсудро фаҳмид.

Яке ин ки манзур аз зербино, табақаи зерини созмони иҷтимоъ аст. Созмонҳои мухталифи иҷтимоӣ дар ҳукми сохтмоне аст, ки дорое чандин табақа аст. Як табақа, табақаи зерин аст ва табақоти дигар табақоти рӯин, ки бар рӯи ин табақа сохта шудааст. Табақоти рӯин ба табақаи зерин вобастагӣ доранд, вале табақаи зерин, он вобастагиро ба табақоти рӯин надорад. Яъне агар тағйиру ҳаракату инҳидоме дар табақаи поин рух бидиҳад, ҷабран дар табақоти боло ҳам асар мегузорад, вале агар дар табақоти боло тағйиру инҳидоме рух бидиҳад, рӯи табақаи поин асар намегузорад.

Оё мақсуд аз ин ки иқтисод зербиност ин аст, ки робитаи иқтисод ва соири масоил, аз қабили робитаи табақаи поини сохтмон бо табақаи болои сохтмон аст? Агар мақсуд ин бошад, ин ташбеҳ беш аз ин баён намекунад, ки бо тағйири иқтисод, соири шуъун тағйир мекунад. Ин ташбеҳ фақат робитаи манфиро баён мекунад ва робитаи мусбати масоили иқтисодиро бо соири масоил баён намекунад. Яъне ин ҷиҳатро баён намекунад, ки ҳамаи созмонҳои иҷтимоӣ инъикосе аз равобити иқтисодӣ аст ва тамоми кайфиятҳо ва хусусиёташонро аз иқтисод доранд, балки ҳамин қадр мегӯяд, ки агар созмоне бино шуд, бо тағйири иқтисод худ ба худ маҳкум ба тағйир аст, аммо инро, ки асли ба вуҷуд омаданаш ҳам тобеъи иқтисод аст ё на, баён намекунад.

Ин таъбирро ҷури дигаре ҳам мешавад тақрир кард, ва он ин ки: мақсуд аз рӯбино он истилоҳи махсуси меъморӣ аст. Сохтмон як скелет дорад, ки иборат аст аз пояҳо (ки масалан бо оҷур, оҳан ва семент бино мешавад), сақф ва ин ҷур чизҳо, ва як рӯбино, ки бештар ҷанбаи зинатӣ ва тафаннунӣ дорад мисли гаҷе, ки рӯи бино мекашанд, рангу равғане, ки мезананд, наққошие, ки мекунанд, декорҳо ва амсоли инҳо.

Агар манзури ин оқоён аз рӯбино ва зербино — ки зербино иқтисод аст ва ҳама чизи дигар рӯбино — ин бошад, гузашта аз он ҷиҳат, ки дар ташбеҳи аввал маҳкум буд яъне ҳукм шуда буд (яъне бо харобии табақаи поин, табақаи боло хароб мешавад; инҷо ҳам бо харобии скелет зинат ва ҳамаи ин ҳарфҳо аз байн меравад ва ба қавли Саъдӣ, агар хона аз пойбаст вайрон буд, нақши айвон дигар фоида надорад), як матлаби дигар ҳам фаҳмида мешавад, ва он ин ки: ғайр аз иқтисод, ҳар чизи дигар ҷанбаи тафаннунӣ ва завқӣ ва ғайризарурӣ дорад. Яъне дар миёни масоили зиндагии башар, як силсила масоил аст, ки ҷузъи заруратҳои зиндагӣ аст ва онҳо худашонро ҷабран бар башар таҳмил мекунанд ва ҳоким бар башар ҳастанд, ва он, масоили иқтисодӣ аст. Соири масоил ҷабрӣ ва зарурӣ ва ҳатмӣ нест, тафаннунӣ ва завқӣ аст; онҳо худашонро бар башар таҳмил намекунанд ва наметавонанд ҷабран бар башар ҳукумат кунанд, башар бар онҳо ҳоким аст. Пас, масоили иқтисодӣ масоиле аст, ки бар башар ҳукумат мекунад ва ӯро мегардонад ва башар иҷбор дорад, ки аз он пайравӣ кунад, ва масоиле ғайр аз он аз қабили қонун, фарҳанг, ҳунар, ахлоқ ва мазҳаб масоиле аст, ки агар ҳам набуд, набуд. Агар башар як вақте аз масоили зарурии худаш фориғ бишавад, ба ин масоил ҳам мепардозад, вале вақте аз он масоил фориғ набуд ва зарурате пеш омад, ҳамеша инҳоро фидои он мекунад. Бинобар ин, ғайр аз иқтисод, ҳама чизро бояд ғайризарурӣ талаққӣ кунем.

Дар бораи ҳунар ин ҳарф хеле содда аст; метавон гуфт, ки ҳамин тавр аст. Ҳунар амре аст завқӣ ва тафаннунӣ. Башар фароғате дошта бошад, ба корҳои ҳунарӣ мепардозад. Вақте, ки зеҳну хаёлаш аз ҳама ҷо фориғ шуд, меравад суроғи ин ҷур масоил, аммо вақте, ки пойи зарурат дар миён бошад, ҳамаи инҳоро тард мекунад. Оё фарҳанг ҳам аз ҳамин қабил аст? Ва хусусан қонун; оё қонун ҳам барои башар як амри тафаннунӣ аст ё зарурӣ?

Ба ҳар ҳол, ин, таъбири дигаре аст аз он ташбеҳ (зербино ва рӯбино). Агарчи нисбат ба таъбири аввал дар ин таъбир нуктаи изофаӣ фаҳмида мешавад, вале он нақсе, ки дар таъбири аввал буд, дар ин таъбир ҳам ҳаст. Нақси таъбири аввал ин буд, ки соҳибони ин назария мехоҳанд бигӯянд, ки соири масоил партав ва инъикосе аз масоили иқтисодӣ аст. Танҳо аз ҷанбаи манфӣ намегӯянд, ки бо аз байн рафтани инҳо онҳо аз байн мераванд, балки мехоҳанд бигӯянд ахлоқ, ҳунар, мазҳаб ва қонун дар ҳар иҷтимое, инъикосе аст аз равобити иқтисодии он иҷтимоъ, ба тавре, ки агар барои як ҷомеашинос баён кунанд, ки дар фалон ҷомеа ин қонун ҳукумат мекунад, мардумаш чунин ахлоқе доранд ва мазҳабаш ин ҷур аст, ӯ фавран метавонад зербиноро нишон диҳад, бигӯяд: ҳон, ин ҷур ахлоқу ҳунару фикр нишон медиҳад, ки низоми иқтисодии инҳо чунин низоме аст. Ва мутақобилан агар низоми иқтисодии ҷомеаеро барои якҷомеашинос баён кунанд, ҳадс мезанад, ки ҷомеае, ки дорои чунин иқтисоде аст, ҳатман ҳунараш ҳам ин аст, ахлоқаш ҳам ин аст, қонуну фарҳангаш ҳам ин аст. Яъне то ин миқдор пайравӣ ва вобастагӣ қоиланд, дар ҳоле, ки он таъбир аз он ташбеҳ, аз ин назар матлабро намерсонад. Вале лузуме надорад, ки як ташбеҳ, ки аз тарафи афроде иброз мешавад, баёнгари тамоми хусусиёти назариёташон бошад; назариёташонро дар ҳарфҳояшон гуфтаанд.

* * *

Оё дар инсон фақат ғаризаи талош барои маош асил аст?

Матлаб дигар, ки боз бояд равшан бишавад ин аст — яъне мо матлабро мешикофем ва фақат ба сурати шуқуқ зикр мекунем — ки чаро чунин аст? Яъне агар мо ин назарияро қабул кардем, бояд бипурсем чаро ин ҷур аст? Чаро иқтисод асл аст ва ҳама чизи дигар фаръ? Решаи ин амр чист?

Барои ин амр ду навъ реша мешавад баён кард: як реша, решаи равонӣ аст; бигӯем ин амр аз як хислати зотии равонии башар нашъат мегирад. Решаи дигар марбут ба хислати зотии иқтисод аз як тараф, ва хислати зотии соири масоил аз тарафи дигар аст, чӣ тавр?

Агар бигӯем маншаъаш хислати равонӣ аст, маънояш ин аст, ки аз назари ин фалсафа, инсон мавҷуде аст, ки фақат як ғариза дар вуҷудаш асолат дорад ва ҳеч ғаризаи дигар асолат надорад, ва ғаризае, ки асолат дорад “талош барои маош” аст; башар ин ҷур сохта шудааст. Ҳамон тавр, ки гиёҳон як сохтмони махсус доранд ва ҳайвонот як сохтмони махсус доранд, сохтмони инсон ҳам ин гуна аст. Он чи ки дар вуҷуди инсон асил аст, талош барои маош аст ва ҳар чизи дигар бо ҳар ранги дигар, ки инсон дошта бошад, руҳу ботину решааш боз навъе талош барои маош аст, яъне мумкин аст таҷаллиёте дар инсон вуҷуд дошта бошад, ки одамӣ дар ибтидо намедонад, ки ин барои чист, хаёл мекунад, ки амри мустақил ва ҷудогонае аст, вале агар онро бишкофад, мебинад ин ҳам аз ҳамон талоши маош реша мегирад.

Масалан, инсон рафиқе пайдо мекунад, дар олами дӯстӣ ва рафоқат ин ҷур хаёл мекунад, ки мо бо фалон кас дӯст ҳастем. Чаро дӯст ҳастед? Ҳамдигарро дӯст дорем ва ба хотири ин ки якдигарро дӯст дорем, муошират мекунем, ҷаласот ташкил медиҳем, ба хонаи якдигар меравем. Вале агар равони башарро бишкофанд, маълум мешавад, ки дӯстӣ ҳам асолат надорад. Инсон шахсеро дӯст дорад, ки дӯстии ӯ барои маошаш муфид бошад. Аз ҳамон лаҳзае, ки дӯстӣ бо як дӯст барои маоши инсон муфид набуд, тадриҷан ин дӯстӣ рӯ ба хомӯшӣ меравад ва баъд аз байн меравад. Умури дигар низ аз ҳамин қабил аст.

Агар ин ҳарфро бигӯянд, ҷавобашро чӣ марҷаъе бояд бидиҳад? Ҷавоби ин ҳарфро илми равоншиносӣ бояд бидиҳад, ки кораш таҳқиқ дар бораи ғароизи башар аст. Қадри мусаллам равоншиносӣ ин назарияро намепазирад. Илми имрӯз ва равоншиносии имрӯз ин назарияро намепазирад, ки дар вуҷуди башар танҳо як ғаризаи асил вуҷуд дорад ва он ҳамон ғаризаи талош барои маош аст. Ҳатто афроде ҳам, ки афкори моддӣ доранд, мункири ин ҳарфанд.

Росел мӯътақид аст, ки се ғариза дар вуҷуди инсон асолат дорад: яке ҳамин ғаризаи талош барои маош, дигар ғаризаи ҷинсӣ ва севвум ғаризаи бартариталабӣ ва қудратталабӣ.

Дигарон барои ҳақиқатҷӯӣ дар инсон асолат қоиланд, яъне мӯътақиданд инсон ба ҳасби сиришту фитрат, ҳақиқатҷӯ, ковишгар ва илмталаб офарида шудааст. Бинобар ин барои илм асолат қоил ҳастанд, барои ҳунар ва зебоӣ ва ахлоқ ва мазҳаб асолат қоил ҳастанд. Ё агар нагӯем, ки ба таври куллӣ чунин назариёте ҳаст, лоақал дар илми имрӯз ин масоил матраҳ аст ва ҳанӯз инҳо ба як марҳилаи қатъӣ нарасидааст, ки ғароизи асили башар чист? Донишмандтарини донишмандон ҳам дар ин масоил ихтилофи назар доранд. Масалан баъзе мегӯянд, мазҳаб як ғаризаи асил дар инсон аст ва баъзе мегӯянд нест.

Пас, матлаб ба ин содагӣ нест, ки мо онро ба сурати як фалсафа баён кунем ва баъд бигӯем: лайса илло ва ғайр аз ин ҳам чизе нест.

Ин мубтанӣ бар як масъалаи илмӣ аст. Ин оқоён, ки худашон беш аз дигарон санги илмро ба сина мезананд ва фалсафаи худашонро як фалсафаи илмӣ ва мубтанӣ бар илм медонанд, пас лоақал мабнои илмии назарияашонро илм бояд қабул кунад. Вале илм чунин чизеро таъйид намекунад. Шояд ҳеч равоншиносе дар дунё набошад, ки барои инсон фақат як ғариза қоил бошад; ғаризаи талош барои маош.

* * *

Оё виҷдони фикрии башар мустақил аст ё тобеъ?

Решаи дигари равонии ин матлаб, масъалаи фикри башар, ва ба иборати дигар, масъалаи виҷдони идрокии башар ва виҷдони фикрии башар аст. Дар инсон нерӯи истидлол ҳаст. Инсон дар масоил истидлол мекунад, аз муқаддамоте ба натоиҷе мерасад. Расидани инсон ба натоиҷ ба ду чиз бастагӣ дорад: яке ин ки он муқаддамоти аввалияе, ки онҳоро ба унвони асли мавзӯъ интихоб карда (ё усули мутаъорифае, ки онҳоро ба кор мебарад) чӣ муқаддамоте бошад? Чун аз муқаддамот шурӯъ мекунад то ба натоиҷ мерасад.

Дигар ин ки кайфияти ба кор бастани он муқаддамот ба чӣ наҳв бошад? Мантиқи сурӣ барои қисмати дуввум аст, яъне мантиқи сурӣ барои ин аст, ки агар инсон муқаддамоте дошта бошад, ин муқаддамотро ба чӣ шакл бисозад, то ба натиҷаи дуруст бирасад.

Дар ҳамаи улум, ҳатто улуми сад дар сад таҷрибӣ, истидлол вуҷуд дорад; чун билохира инсон дар улуми таҷрибӣ ҳам таҷорибе анҷом медиҳад ва баъд маҳсули таҷорибашро ба сурати як асли куллӣ (қонуни илмӣ) дармеоварад; боз дар он истинбот вуҷуд дорад.

Ҳол, оё қувваи фикру идроки башар, ки дар масоил истидлол мекунад, тобеъи чизе аст ё мустақил аст? Ин худаш масъалаи муҳимме аст. Оё қувваи фикри башар ва решаҳои виҷдони фикрии башар, як нерӯи мустақил аст ё на?

Аз ҳамаи масоиле, ки инсон дар онҳо истидлол мекунад, риёзиёт равшантар аст. Пояи риёзиёт як силсила усули мутаъораф ва усули аввалия аст. Он усули аввалия, ки дар фикри башар пайдо шудааст, чӣ пояе дорад? Пояе дорад ё надорад? Мумкин аст бигӯед: пояаш ҳисс аст, решааш ҳавосси башар аст, ки дар натиҷаи як силсила эҳсосҳои мукаррар, силсилаи усуле дар фикру ақли башар пайдо шудааст. Мо ҳоло ба ин қазия кор надорем, ки оё ҳамаи усули ақлии башар аз ҳавосс гирифта мешавад ё усуле ҳам дорем, ки аз ҳавосс гирифта нашудаанд? Мегӯем, оё ин усул, ки дар ақлу фикри мо дар асари эҳсосҳои мукаррар пайдо шуда, решааш ҳамин аст ё ба ниёзҳои зиндагии башар ва ба иборати дигар ба манофеъу масолеҳи башар ҳам бастагӣ дорад? Масалан як рӯз манфиати мо иқтизо мекунад, ки 5×5 мусовии 25 бошад. Мумкин аст дар якҷо манфиати мо иқтизо накунад, ки 5×5 мусовӣ бо 25 бошад, дар онҷо агар 5×5 мусовии 24 бошад, манфиати мо беҳтар таъмин мешавад. Яъне воқеан агар манофеъи мо тағйир кард, фикри мо ҳам дар бораи ин ҷур масоил тағйир мекунад? Ин виҷдони фикрии мо бастагӣ дорад ба манофеъи мо, ба ағрозу ҳадафҳои мо? Ё инҳо ба ҳарҷо бастагӣ дошта бошанд, ба эҳтиёҷҳо ва ниёзҳои мо бастагӣ надоранд?

Ё фарз кунед дар фалсафа мегӯянд: давру тасалсул маҳол аст, маҳол аст, ки пайдоиши ду шайъ мутаваққиф бар якдигар бошад, яъне пайдоиши ин, мутаваққиф бошад ба пайдоиши он ва баръакс, яъне ин, вуҷуде вобаста ба вуҷуди он ва дар воқеъ маълулаш бошад ва боз он, айнан вобаста ба вуҷуди ин ва маълулаш бошад, ва ба иборати дигар, ин ду фард ҳар ду, ҳам иллати якдигар бошанд ҳам маълули якдигар, на ин ки аз ҷанбае яке иллат бошад ва дигаре маълул, ва аз ҷанбаи дигар баръакс; он, ду ҷанба мешавад ва монеъе надорад.

Ин як чизе аст дар фикри башар. Фикри башар дар ин ҷур масоил истиқлол дорад, яъне тобеъи хостҳо ва масолеҳ ва режими зиндагӣ ва ин чизҳо нест. Беҳтарин далелаш ҳамин аст, ки мебинед дар улум (физик, риёзӣ, улуми фазоӣ) донишмандони Шӯравӣ ва Чин, ки дар режими хоссе зиндагӣ мекунанд — режимашон иштирокӣ аст ва низоми зиндагиашон як навъ низом аст — ва донишмандони омрикоӣ, ки дар режими дигаре дуруст муғойир бо ин режим ва зидди ин режим зиндагӣ мекунанд, дар лоборотурҳояшон вақте, ки мехоҳанд масоилро мутолеа кунанд, бо ду айнаки мухталиф намебинанд, ки чун дар ду низом зиндагӣ мекунанд, ӯ бо як айнак мебинад ва як ҷур истинбот мекунад ва ин бо айнаки дигаре мутолеа мекунад ва ҷури дигаре истинбот мекунад.

Албатта ҳеч монеъе надорад, ки методи илмии ин бо методи илмии он мухолиф бошад, камо ин ки монеъе надорад дар ду донишгоҳи Омрико ду методи илмӣ бошад ё дар Чин як методи илмӣ бошад, дар Шӯравӣ методи дигаре бошад ё дар худи Шӯравӣ ду методи илмӣ бошад. Вале он чи ки қатъӣ ва мусаллам аст ин аст, ки афкори илмӣ ва фалсафии башар малъабаи (бозичаи) низоми зиндагии башар нест, ки низоми зиндагӣ, виҷдони фикрии башарро аз усул ва реша иваз кунад.

Ба ҳар ҳол ин ҳам масъалае аст, ки ба илм (илмуннафс) марбут аст ва дар илмуннафс (равоншиносӣ) чунин назаре таъйид нашуда, ки усули фикрии башар бо тағйири низоми зиндагии башар тағйир мекунад.

Чизе, ки бештар маншаъи муғолата мешавад (халт миёни андешаҳои амалӣ ва андешаҳои назарӣ аст) қудамои фалосифа мутаваҷҷеҳи як нуктаи бисёр олӣ шуда буданд, ва он ин ки баъзе масоил, қарордодӣ аст на воқеӣ. Масоили қарордодии фикри башар мутағайир аст ва ба онҳо андешаҳои амалӣ мегуфтанд, дар муқобили андешаҳои назарӣ, ва ба иборати дигар мегуфтанд: фикри башар дар бораи “ҷаҳон ончунон, ки ҳаст” тобеъи ағрози инсон нест, вале фикри башар дар бораи “ҷаҳон ончунон, ки бояд” тобеъи ағрозу аҳдофи инсон аст. Ин ки давр маҳол аст ё на, фикре аст дар бораи ҷаҳон ончунон, ки ҳаст. Ин ки фалон адад зарб дар фалон адад мусовӣ бо фалон адад аст, фикре аст дар бораи ҷаҳон ончунон, ки ҳаст. Риёзиёт ва фалсафа ва табииёт ҷузъи улуми назарӣ ҳастанд.

Вале улуме, ки дар бораи “он чи бояд” баҳс мекунанд мисли ахлоқ, сиёсат ва тадбири манзил (дар тақсимоте, ки қудамо мекарданд), ки аз инҷо масъалаи ҳусну қубҳ матраҳ мешавад: фалон чиз хуб аст, фалон чиз бад, ин зебост ва он зишт; инҳо тағйир мекунанд.

Як ихтилофи назар миёни мутакаллимин ва фалосифа дар ин буд, ки мутакаллимин масоили марбут ба ҳусну қубҳро дар илоҳиёт дахолат медоданд, мегуфтанд: чунин коре барои Худованд ҳасан (некӯ) аст пас мекунад, ва чунин коре қабеҳ аст пас намекунад. Ва фалосифа мегуфтанд: ҳасан аст ва қабеҳ аст, масоили марбут ба зиндагии башар аст ва аз ҳудуди андешаи башар ҳам хориҷ нест.

Инки иддае аз уламои имрӯз назар додаанд, ки фикру виҷдони фикрии башар малъабаи (бозичаи) шароити зиндагӣ аст, аз инҷо буда, ки дар мутолеоти худашон дар миёни миллатҳо ва ақвом дидаанд, ки усули афкори башар дар бораи зиштиву зебоии корҳо (яъне дар буъди ҳусну қубҳи ақлӣ) бисёр мутафовит аст, яъне тобеъи шароити замонӣ ва маконӣ аст. Гуфтаанд, вақте мо ба қабилае ворид мешавем, мебинем фалон кор дар ҳадди аъло зишт аст ва дар қабилаи дигар, ки ворид мешавем, мебинем ҳамон кор дар ҳадди аъло зебост. Онҳо ба ақлашон истинод мекунанд, инҳо ҳам ба ақлашон истинод мекунанд.

Як амр баъд аз ин ки дар миёни мардум одат шуд, ҳама мегӯянд хуб аст. Якдафъа, ки одат тағйир мекунад, ҳамаи мардум мегӯянд бад аст, мисли пӯшида будан ё набудани сар дар ҳузури афроди мӯҳтарам. То чанд сол пеш агар касе дар ҳузури як шахси мӯҳтарам кулоҳ ё аммомаашро ба сар намегузошт ва сарм лухт ворид мешуд, беэҳтиромӣ буд. Ҳоло мислм ин ки қазия баръакс аст, вақте, ки шахс воридм маҷлис мешавад, кулоҳашро дамм дар мегузорад ва сарм лухт меравад, яъне адабу эҳтиром ин ҷур иқтизо мекунад. Ё мисли вазъи пӯшиши занҳо: сарфи назар аз ин ки маслиҳат чӣ иқтизо мекунад, дар як ҷомеа як ҷур либос пӯшидан зебост, ҷури дигар зишт аст; дар ҷомеаи дигар ё дар замони дигар, авзоъ дуруст баръакс мешавад, он чиро, ки собиқ зишт медонистанд, алъон зебо медонанд.

Масоили зиштиву зебоӣ, ки марбут ба “боядҳо” аст, яъне бояд ин ҷур бошем ё набояд ин ҷур бошем, аз баҳси мо хориҷ аст. Мо ин матлабро мегӯем, то касе инҳоро бар мо нақз накунад. Мо инҳоро андешаҳои амалӣ ва мутағайир медонем. Вале аз ин андешаҳо, ки хориҷ бишавем ва суроғи андешаҳои назарӣ яъне фалсафаҳо ва улум биравем, мебинем мутағайир нестанд.

Улум ба ҳеч ваҷҳ малъаба ва тобеъи хостҳо, одот, муқаррарот, урфиёт ё шароити хосси зиндагӣ, ғино ва фақр нест. Як баччаи фақир масоили хосси фалсафӣ ё табиӣ ё риёзиро ҳамон тавр талаққӣ мекунад, ки як баччаи сарватманд. Албатта мумкин аст аз назари сохтмони мағзӣ бо ҳамдигар тафовут дошта бошанд; фақир боҳуштар бошад, ғанӣ камҳуштар ё баръакс, вале ба ҳар ҳол ба фақру ғинояшон марбут нест. Фақирии фақир ва ғании ғанӣ ҳам қазоваташон дар бораи масоили назарии илмӣ яксон аст, яъне фақру ғинояшон таъсире дар ин қазоват надорад.

Бинобар ин агар мо бихоҳем мазҳаб, ҳунар ва хусусан фарҳангро тобеъи масоили иқтисодӣ бидонем, бастагӣ ба ин дорад, ки фикрро дар масоили назарӣ тобеъ бидонем. Ин ҳам чизе аст, ки илм онро намепазирад.

Мумкин аст касе чизи дигаре бигӯяд; бигӯяд инки мо мегӯем иқтисод зербиност, марбут ба хислати равонии башар нест, ки шумо моро ба ноҳияи илмуннафс (равоншиносӣ) бибаред ва аз он ноҳия моро маҳкум кунед. Мо мункири ғароизи гуногуни башар нестем, мункири асолати фикри башар ҳам нестем, вале иллати асолати иқтисод ва табаияти масоили дигар аз он, хислати хосси иқтисод ва хислатҳои хосси онҳо мебошад, ки масоили ғайри иқтисодӣ муҷарраданд яъне вобаста ба умури хориҷӣ нестанд. Масалан, менишинем қонунеро вазъ мекунем. Ин қонун, дигар ба як амре дар хориҷ бастагӣ надорад. Мазҳаб як амри виҷдонӣ аст ва ба хориҷ аз вуҷуди мо бастагӣ надорад. Ҳунар ва ахлоқ ҳам ҳамин ҷур. Вале иқтисод айбаш ин аст, ки вобаста ба модда ва шароити хориҷӣ аст; бастагӣ дорад ба маводди замин, ба умуре, ки мо тавлид мекунем, ба нерӯҳое, ки муваллиданд. Аз ин ҷиҳат иқтисод як амри хориҷ аз ихтиёри башар аст, чун шароити моддӣ ва хориҷӣ дорад ва он шароит тағйир мекунанд ва табъан худашонро бар башар таҳмил мекунанд ва башар дар муқобили онҳо чорае надорад, камо ин ки воқеан ҳам ҳамин тавр аст. Алъон мо наметавонем худамонро бо шароити моддии зиндагӣ татбиқ надиҳем, аслан имкон надорад.

Мумкин аст гӯянда бигӯяд: мо мункири асолати фарҳанг нестем. Мо мункири ин нестем, ки фарҳанги башар аз як ғаризаи зотӣ дар башар сарчашма мегирад, ки ҳамон ҳақиқатҷӯӣ бошад. Мазҳабро ҳам мункир нестем. Вале билохира башар бояд миёни ниёзҳояш ҳамоҳангӣ барқарор кунад, наметавонад накунад. Иқтисод ба далели ин ки ба умури хориҷӣ бастагӣ дорад ва хориҷ аз ихтиёри башар аст ва худашро бар башар таҳмил мекунад, башар дар муқобилаш чорае надорад, наметавонад онро бо мазҳабу ахлоқу ғайра татбиқ бидиҳад. Вале инҳо умури муҷаррадӣ ҳастанд дар ихтиёри худаш; агар қонун аст фавран ивазаш мекунад, агар мазҳаб аст фавран шаклашро тағйир медиҳад ва ба шакли дигаре дармеоварад, ва агар фикр аст боз бастагӣ ба худаш дорад, вазъашро тағйир медиҳад.

Иллати асолати иқтисод ва фаръияти онҳо, хислатҳои равонии башар нест, иллаташ ин ҷиҳат аст. Башар дар шароити хосси иқтисодӣ қарор мегирад, вале ниёзаш ба фарҳанг ба ҷои худ ҳаст. Мебинад наметавонад онро тобеъи фарҳанг кунад, фарҳангро тобеъи он мекунад, чун фарҳанг муҷаррад ва береша аст яъне решае хориҷ аз вуҷуди худаш надорад, вале иқтисод решае хориҷ аз вуҷуди худаш дорад. Мебинад ба мазҳаб ниёз дорад ва мазҳабро наметавонад раҳо кунад. Вале мебинад иқтисодро, ки наметавонад бо мазҳаб татбиқ бидиҳад, мазҳабро бо иқтисод татбиқ медиҳад. Мебинад ба ҳунар ҳам ниёз дорад, вале иқтисодро, ки наметавонад бо ҳунар татбиқ бидиҳад, ҳунарро бо иқтисод татбиқ медиҳад. Решаи асолати иқтисод ва адами асолати ин умур, вобаста будани иқтисод ба маводди хориҷӣ ва вобаста набудани инҳо ба ин маводд аст.

Ин албатта назарияе аст, вале ин назарияро ҳам намешавад қабул кард, чун дуруст аст, ки он умур дигар решае дар моддаи хориҷӣ надоранд, вале ончунон ҳам береша нестанд, ки дар ихтиёри башар бошанд ва ҳар ҷур дилаш бихоҳад тағйир медиҳад. Масалан, ахлоқ; бигӯяд: ман ба ахлоқ ниёз дорам. То имрӯз ахлоқ мутаносиб бо шароити иқтисодӣ ин ҷур буд, ки виҷдони ахлоқӣ ҳукм мекард ростӣ хуб аст. Ҳоло, ки бо иқтисоди имрӯз намешавад ахлоқ ин бошад, худамонро бо вазъи ҷадид татбиқ медиҳем, виҷдони мо якмартиба тағйир мекунад, мегӯяд аз имрӯз дигар биноро гузоштем бар ин ки дурӯғ хуб аст. На, ахлоқ инчунин ҳам муҷаррад ва береша нест, ки инсон бигӯяд ҳоло, ки намешавад иқтисодро бо ахлоқ татбиқ кард, пас ахлоқро тағйир медиҳем, яъне ба ҳамин суҳулат, ки либосеро дармеоварем ва либоси дигаре мепӯшем, фавран виҷдони ахлоқиамонро иваз кунем. То имрӯз мегуфтем адолат хуб аст, зулм бад аст, бояд бо зулм мубориза кард, бояд аз адолат ҳимоят кард. Ҳоло мебинем авзоъ ҷури дигаре иқтизо мекунад, фавран ин виҷдонро дур меандозем, як виҷдони дигар меоварем ва мегӯем зулм хуб аст, адолат бад аст. Мо билохира ба як виҷдоне ниёз дорем; ин виҷдонро раҳо мекунем, як виҷдони дигар мегирем. Ё то имрӯз виҷдони мазҳабӣ ин тавр хуб буд. Ҳоло, ки мебинем намешавад, фавран ин виҷдони мазҳабиро канор мегузорем, як виҷдони дигар ба худамон медиҳем; ва ҳамин тавр усули фикрӣ.

* * *

Таъсири мутақобили ғароизи инсон дар якдигар

Масоил ин тавр ҳам береша нестанд. Ҳеч кадом инҳо ин ҷур нест. Ҳақ ин аст, ки ҳамаи инҳо ғароизи асил дар башар ҳастанд ва башар гоҳе ба ҳукми ниёзҳои иқтисодии худаш, тағйироте дар соири ниёзҳо медиҳад ва гоҳе ба ҳукми соири ғароизаш, рӯи ин ғаризааш ҳукм мекунад. Яъне ҳамаи инҳо дар якдигар таъсири мутақобил доранд ва гоҳе яке бар дигаре ҳукумат мекунад. Маънои ҳукумат кардан на ин аст, ки онро ба куллӣ аз реша дигаргун мекунад, балки маънои он ин аст, ки ҳукми ӯро соқит мекунад, яъне ӯро дар ҳадди билқувва нигаҳ медорад. Масалан, виҷдони мазҳабии инсон як чизро ҳукм мекунад ва ниёзи иқтисодиаш чизи дигареро. Дар инҷо мумкин аст, ки дунболи маошаш биравад, на ин ки виҷдони мазҳабиаш фавран тағйир мекунад. На. Инро дар ҳадди билқувва мегузорад, мағфулун анҳу мегузорад, яъне по рӯи виҷдони мазҳабӣ ё ахлоқӣ ё илмии худаш мегузорад. Аксаш ҳам дар дунё мушоҳида шудааст, яъне инсон ба хотири ахлоқ, мазҳаб, илм, бар вазъи иқтисодии худаш ҳукумат мекунад; ба хотири ахлоқ, низоми иқтисодии худашро тағйир медиҳад; ахлоқаш бар иқтисодаш ҳукумат мекунад, мазҳабаш бар иқтисодаш ҳукумат мекунад.

Суол:

1) Моддигароён мегӯянд: “Муҳаррики инсон, ҷалби манофеъ ва касби лаззат аст”. Шаҳват, пул ва бартариталабӣ ҳам ҷузъи манофеъ аст. Инсон барои касби лаззати бештар, мағзашро ба кор меандозад. Он вақт васоили тавлидро комилтар мекунад. Дар натиҷа шароити иқтисодии замон тағйир мекунад. Дар он сурат рӯбино ҳам — ки мегӯянд шомили ҳунар, фарҳанг, мазҳаб, одоб ва русум, қонунҳо ва… аст — иваз мешавад.

2) Оқои Мутаҳҳарӣ фармуданд: бояд аз илм суол кард, ки оё бар вуҷуди башар фақат ғаризаи манфиатталабӣ ҳукумат мекунад ё чизҳои дигаре ҳам ҳаст? Равоншиносӣ инро хеле тард намекунад ва тақрибан таъйид мекунад, ки инсон тамоми корҳояш бар асоси манофеъи худаш аст. Дар китоби оқои дуктур Сиёсӣ дар шарҳи ҳоли баъзе беморҳо мегӯяд: “Инҳо фидокорӣ ва исор мекунанд, манофеъи худашонро зери по мегузоранд, худро фидои ҷамъ мекунанд… “ Мо механдидем, ки инҳо корҳои инсони комил аст, ӯ мегӯяд беморанд ва одами табииро касе медонад, ки манофеъашро дар роҳи мардум ва иҷтимоъ канор назанад…

3) Масоили иҷтимоӣ масоили оморӣ ҳастанд ва аз ин рӯ намешавад рӯи як нафар ҳукм содир кард. Равоншиносон ҳам дар масоили равонӣ бар омор таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, бештари мардум барномаи зиндагиашон ин тавр аст, ки дунболи манфиат мераванд ва агар аз рафторашон чизи дигаре мушоҳида мешавад, фақат тазоҳур аст, яъне агар изҳори дӯстӣ ва ихлоси бешоиба мекунанд, зери парда хабари дигаре аст, ки шояд худашон ҳам надонанд.

4) Морксистҳо намегӯянд: ғанӣ аз таҷрибиёт як чиз истинбот мекунад ва фақир чизи дигар. Онҳо мегӯянд: тарзи тафаккури ҷомеа ҷабран тобеъи шароити иқтисодӣ аст. Масалан, дар даврони бардагӣ, тарзи тафаккур ва ахлоқиёти бардагӣ ҳукумат мекарда ва дар давраҳои баъд чизҳои дигар. Дар он вақт мегуфтанд, инсони хуб (бардаи хуб) касе аст, ки ба мавлои худ вафодор бошад, имрӯз ҷури дигаре аст. Онҳо мегӯянд, дар режиме, ки як тарзи тавлиди махсус бар иқтисод ҳукумат мекунад, тарзи тафаккури мардум ҳам тобеъи он аст. Аз ин рӯ намегӯянд иқтисод зербиност, балки мегӯянд, тарзи тавлиди иқтисод зербиност. Тарзи тавлиди иқтисод дар даврони буржуозӣ як ҷур аст, дар давраи кумунизм як ҷури дигар.

Ман аввал ҷавоби матлаби охирро арз мекунам. На, ин ҷур нест, ки оқои муҳандис фармуданд. Аввалан, аз назари инҳо решаи ин ки бо тағйири низоми иҷтимоӣ соири масоил тағйир мекунад, ин аст, ки инсон тобеъи ҷавви худаш аст. Решааш ин аст ва натиҷааш ҳам ҷуз ин наметавонад бошад, ки инсон дар ҳар ҷавви моддӣ, ки қарор бигирад, ҳамон тавре фикр мекунад, ки он ҷавви моддӣ иқтизо мекунад, яъне манофеъаш дар он ҷавви моддӣ ҳукм мекунад, ва бинобар ин ҷабран фақр ҳам ҳамин ҷур аст. Гузашта аз ин, тасреҳе, ки яке аз пешравони морксизм (Фейербох) мекунад ва ин ҷумлаи маъруф аз ӯст, ки: як нафар дар кох ва дар вайрона ду ҷур фикр мекунад, ҳамин матлаб аст. Яъне масалан ҳамин оқое, ки имрӯз дар як низоми табақотӣ ҷузъи табақаи корфармост, алъон як тарзи тафаккур дорад; агар якмартиба дар асари як бӯҳрони иқтисодӣ варшикаст бишавад ва маҷбур гардад коргар бишавад, яъне як моҳ баъд ба сурати як коргар дарбиёяд, он вақт виҷдонаш фарқ мекунад. Чун ҳоло коргар аст як виҷдон дорад, собиқан корфармо буд виҷдони дигаре дошт. Баръакс агар коргаре аз табақаи худаш хориҷ шавад ва ба табақаи корфармо биёяд, виҷдонаш онан иваз мешавад.

Ӯ дар камоли сароҳат ин матлабро мегӯяд, вагарна “шароити табақотӣ” дигар маънӣ надошт. Чаро мегӯянд инсон дар ҳар табақае, ки бошад, як ҷур фикр мекунад, ки дар табақаи дигар фикр намекунад? Ду табақа, ки дар як замон ҳастанд, ва шароити тавлидӣ ва нерӯҳои тавлидии табақаи корфармо ва табақаи коргар дар як замон, ки як ҷур аст. Инки коргар як тарзи тафаккур дорад ва корфармо тарзи тафаккури дигар, иллаташ ин аст, ки ҷавви зиндагии фардӣ ва шахсии ин бо ҷавви зиндагии фардӣ ва шахсии ӯ фарқ мекунад, ва ҳамон ҷумлаи маъруфи “Як инсон дар кох ва дар вайрона ду ҷур фикр мекунад” таъйидкунандаи ин матлаб аст.

Роҷеъ ба масоили аввал ҳам дар он ҷаласа арз кардем, баҳс дар ин нест, ки инсон барои манофеъи худаш кор мекунад ё барои лаззат? Инсон барои лаззат кор мекунад. Ин амре аст, ки шояд аҳаде дар дунё мункираш набошад. То инсон аз коре, ки мекунад навъе лаззат набарад, намекунад. Ин дигар сохтмони инсон аст. Ҳамон касе ҳам, ки мо мегӯем аз лаззоти моддии худаш мегузарад, на ин аст, ки ба белаззатӣ паноҳ мебарад. Ӯ дар ин гузашт, лаззате мебинад, ки барои ӯ олитар ва роқитар аст, яъне аз хӯронидан бештар лаззат мебарад то аз хӯрдан, аз пӯшонидан бештар лаззат мебарад то аз пӯшидан. Саъдӣ ҳам мегӯяд:

Агар лаззати тарк лаззат бидонӣ,

Дигар лаззати нафс, лаззат нахонӣ.

Ҳеч кас нагуфта, ки башар барои лаззат кор намекунад. Худи пайғамбарон ҳам, ки мардумро даъват ба охират ва Худо ва ибодат кардаанд, гуфтаанд намедонед чӣ лаззатҳо ва беҳҷатҳое дар инҷо ҳаст! Лаззате, ки Амирулмӯъминин аз ибодаташ мебурд, ҳеч айёше аз ҳеч коборае намебарад. Касе намегӯяд Амирулмӯъминин ибодат мекард ва як зарра ҳам лаззат намебурд. Ба як мафҳум, манфиат аст. Инсон ҳар манфиатеро ба хотири лаззат мехоҳад. Мунтаҳо баҳси моддӣ ва ғайри моддӣ ин аст, ки моддӣ лаззатро мунҳасир медонад ба он чи ки ношӣ аз моддиёти зиндагӣ аст. Ғайри ин моддигароён (яъне материалистҳо) “манофеъи моддӣ”-ро ҳамин тавре, ки шумо гуфтед тавҷеҳ мекунанд, яъне ихтисос намедиҳанд ба манофеъи иқтисодӣ, шаҳвати ҷинсиро ҳам ҷузъи он медонанд, бартариталабиро ҳам як амри моддӣ мешуморанд (онро ҷузъи маънавиёт намешавад шумурд). Вале дар мактаби инҳо (морксизм) матлаб ин ҷур нест, ки манофеъи моддиро шомили умури ҷинсӣ ҳам бидонанд, ва бинобар ин — арз кардам- амсоли Росел инро рад мекунанд. Дигар намешавад гуфт, ки Росел ҳам ҳарфи инҳоро намефаҳмида. Росел Морксро рад мекунад ва мегӯяд ин назар дуруст нест ба ин далел, ки мо наметавонем ғаризаи ҷинсиро аз асолат биандозем.

Инҳо барои умуре асолат қоиланд, ки қобили мубодила бошад, ба иборати дигар куллиаш матлуб бошад на шахсаш, амре, ки бишавад онро дод мислашро гирифт. Ба ҳамин далел масъалаи ишқ ё масъалаи фарзанд, хориҷ аз ин баҳс аст, чун масъалаи ишқ ва масъалаи фарзанд ҷанбаи шахсӣ доранд, яъне инсон баччаи худашро, ки дӯст дорад, рӯи як арзиши куллӣ нест, баччаи худашро дӯст дорад ва фақат ҳам ҳаминро дӯст дорад, яъне агар бираванд баччаи дигаре биоваранд, ки ҳама чизаш аз ӯ беҳтар бошад, зеботар бошад, хушзабонтар бошад, боҳуштар ва бонамактар бошад, бигӯянд оқо ту бачча мехоҳӣ дигар, беҳтарашро ба ту медиҳем, ӯро ба мо бидеҳ, қабул намекунад, барои ин ки ғариза ба шахси ин бачча таъаллуқ гирифта. Мегӯяд: ҳаминро мехоҳам. Ҳамон баччаи кӯру качали худашро ба баччаҳои хеле хуби мардум тарҷеҳ медиҳад.

Масъалаи ишқ ҳам ҳамин тавр аст. Ҳар касе на ин аст, ки ба як ҳамсар ба таври куллӣ алоқаманд мешавад, як куллии ҳамсар. Он ҷаласа арз кардам, ғуломи ошиқ ба арбобаш гуфт: ошиқи ҳар касе ҳастам, ки шумо маслиҳат бидонед! Намешавад инсон ошиқи касе бошад, ки дигарӣ маслиҳат бидонад; мисли қолӣ нест. Шумо қолиеро, ки дар утоқатон афтода, фақат аз он ҷанбаҳои куллиаш мехоҳед, масалан қолие аст кирмонӣ, хусусияташ чунин, арзишаш ин қадр ва… Агар ҳамин алъон касе як қолии дигар барои муовиза биёварад ва шумо бибинед аз ин беҳтар аст, онан қолиро ба ӯ медиҳед.

Дар ин ҷур масоил, ъулқа, ъулқаи шахсӣ ва фардӣ аст. Як зан ҳамин хусуси шавҳари худашро мехоҳад. Агар зане ҳозир бошад шавҳарашро муовиза кунад, мегӯянд шавҳардӯст нест, аслан ӯро зани хонавода ҳисоб намекунанд, камо ин ки агар марде ҳозир бошад занашро бо як зани дигар таъвиз кунад ва бигӯяд агар зане бо ин шароит пайдо шавад, ман фавран муовиза мекунам, ӯро шавҳари ҳисобӣ талаққӣ намекунанд. Ҳар касе ба зани худаш, ба шахси ҳамон зан алоқаманд аст ва ҳар зане ҳам ба шахси ҳамон шавҳараш алоқаманд аст, ва аз ин рӯ инҳо ҷузъи масоили иқтисодӣ ва тиҷорӣ нест. Ин таъмиме, ки шумо медиҳед, барои тавҷеҳи ҳарфи онҳост, аммо чизе нест, ки бо ҳарфи онҳо татбиқ кунад.

Ин чизҳое ҳам, ки ҳазрати олӣ роҷеъ ба омор фармудед, ки дар масоили иҷтимоӣ бар асоси аксарият ҳукм мекунанд, он аксарияте, ки шумо мегӯед музирр ба ҳарфи мо нест. Мо мегӯем ғаризаи мунҳасир дар башар ин нест ҳарчанд мавориди каме ҳам пайдо шавад, ки нишон бидиҳад ғароизи дигаре низ дар башар вуҷуд дорад. Ҳамон Неҳру ҳам агар мунҳасир ба худаш бошад кифоят мекунад. Он вақт мегӯед: аз назари илми имрӯз, Неҳру як одами бемор талаққӣ мешавад. Амсоли Неҳру дар дунё бисёр зиёд ҳастанд.

Чӣ қадр афрод будаанд ва ҳастанд, ки як умр зиндагии зоҳидона мекунанд барои ин ки риёсаташон маҳфуз бошад. Ин қазия, дигар дар пешвоёни мазҳабии бетақво ва пешвоёни мазҳабии дурӯғин ҳаст… Ҳамаи пешвоёни мазҳабии дунё агар бихоҳанд мақоми пешвоияшонро ҳифз кунанд, роҳе надоранд ҷуз маҳрум кардани худ аз лаззатҳо. Албатта шакке нест, ки миёни инҳо иддае ҳам ҳастанд, ки рӯи имону эътиқоду тақво он тавр зиндагӣ мекунанд, он ба ҷои худ, вале ҳеч кас ҳам инкор надорад, ки ақаллан ниме аз онҳо ин ҳама маҳрумиятҳоро дар зиндагӣ мутаҳаммил мешаванд фақат ба хотири ин ки мақомашон маҳфуз бошад. Ин амре аст, ки хаёл намекунам қобили инкор бошад. Амри хеле маҳдуде ҳам нест, ки бигӯем як нафар буда, ду нафар буда, панҷ нафар буда; ҳамеша дар дунё ҳастанд ва зиёд ҳам ҳастанд. Мумкин аст як нафар дар ин Теҳрон бошад, ки агар як одами оддӣ бошад, дили ӯ мумкин аст битаракад; одам масалан ба Худо эътиқод надошта бошад ва кораш ба хотири Худо ҳам набошад, он вақт масалан ноҳияҳои болои шаҳри Теҳронро дар ҳамаи умраш намебинад барои ин ки мабодо муридҳо нороҳат бишаванд. Чӣ қадр бояд ғаризаи ҷоҳталабӣ дар ӯ қавӣ бошад, ки то ин ҳадд барои худаш маҳрумият эҷод кунад! Ин ҳаст ва хаёл намекунам қобили инкор бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: