Перейти к содержимому

Чанд мулоҳиза пас аз анҷоми ду гуфтугӯи Кабирӣ бо мардум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ду ҳафтаи ахир, шоҳиди ду гуфтугӯи онлойни Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бо шаҳрвандони азизи кишварамон будем. Дар ин ёддошт, намехоҳам дар бораи муҳтавои ин ду гуфтугӯ ва ин ки Кабирӣ чӣ гуфт баҳс ба амал оварам, наворҳояш ҳаст, ҳар кас метавонад худаш бибинад ва хулоса кунад, балки мехоҳам ду се нуктаро дар ҳошияи ин ду гуфтугӯ ёдовар шавам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ин ду барнома ва ҳаҷми пурсишҳое, ки аз Муҳиддин Кабирӣ ба унвони як сиёсатмадор ва раҳбари опозисиюн шуд ва низ танаввуъи ин пурсишҳо — ки тақрибан ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии шаҳрвандонро дарбар мегирифт — нишон медиҳад, ки мардум аз якнавохтӣ ва якгунагӣ ва якрангӣ, ки беш аз 20 сол дар арсаи сиёсии Тоҷикистон соя афкандааст хаста шудаанд; онҳо хоҳони танаввуъ ҳастанд; мехоҳанд ҳарфи тозае бишнаванд, мехоҳанд чеҳраҳо иваз шаванд, тамошои фақат як чеҳра дар расонаҳои Тоҷикистон ва ҳарфҳои такрорӣ ва малоловар ва ваъдаҳое, ки дода мешавад вале ҷомаи амал намепӯшад, аз инҳо хаставу монда шудаанд. Онҳо мехоҳанд мисли ҳамаи инсонҳои имрӯзи ҷаҳон бошанд, ки ҳамон тавре ки ба ҳарфи раисиҷумҳур ва ё нахуствазирашон гӯш медиҳанд, ҳамчунин ба суханони мухолифони сиёсии онҳо ва интиқодҳое, ки аз амалкарди ҳукумат ва мақомот дар забони мухолифон ҷорӣ мешавад гӯш фаро диҳанд.

Асосан, танаввуъталабӣ дар сиришту фитрати одамӣ ниҳода шудааст; одамӣ ба иқтизои фитраташ, аз якнавохтӣ ва якрангӣ хаста мешавад. Дуруст ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд дар сол чаҳор фасл офарида. Тобистони гарм агар беш аз андоза ба тӯл анҷомад, одам аз он хаста мешавад. Аз ин рӯ зимистоне халқ карда. Инсон ҳатто аз баҳор, ки беҳтарин фасли сол аз назари ҳарорат ба шумор меравад низ агар беш аз андоза идома ёбад хаста мешавад. Хулоса, инсон танаввуъталаб аст, чӣ дар арсаи табиат бошад ва чӣ дар арсаи сиёсат.

Аммо дар Тоҷикистони мо, беш аз 20 сол аст, ки мардум дар арсаи сиёсат, фақат бо як “фасл” рӯ ба рӯ ҳастанд. Намедонам, ин “фасл”-ро зимистон биномам ё тобистон, аммо ҳарчи ҳаст, хастакунанда шудааст. Агар тобистонаш шуморем, мардум аз гармо дигар месӯзанд. Агар зимистонаш бидонем, шаҳрвандон аз сардӣ дигар ях задаанд.

Баҳси ман рӯи шахси ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ҳам нест, балки ба сурати куллӣ арз мекунам, ки якрангӣ ва якнавохтӣ, барои мардум дигар малоловар шудааст. Мардум аз як сӯ мебинанд, ки расонаҳои тасвирӣ (телевизиюн) ва навишторӣ (ҳафтанома ва рӯзномаҳо)-и давлатӣ ва ҳатто сойтҳои давлатӣ, ҳама дар меҳвари як фард ва як чеҳра чарх мезанад; ҳама таърифу тамҷиди вай. Ва аз сӯи дигар, аз тариқи расонаҳо ва сойтҳо, таҳаввулот дар дигар кишварҳоро пайгирӣ мекунанд ва мебинанд, ки мухолифон ва опозисиюн дар онҳо озоданд, расонаҳо озоданд, мухолифони сиёсӣ дар расонаҳо зоҳир мешаванд ва озодона аз сиёсатҳои ҳукумат интиқод мекунанд, мунозираҳои сиёсии мутанаввеъ баргузор мешавад ва дар онҳо, намояндагони ҳукумат ва намояндагони опозисиюн рӯ дар рӯи ҳам қарор мегиранд ва бо ҳам баҳсу мунозира мекунанд. Баъд аз ин ҳама, оё аз худ намепурсанд, ки чаро ин танаввуъ дар кишварашон вуҷуд надорад?! Чаро онҳо аз он маҳруманд?! Барои чӣ қарор аст фақат як чеҳра “кун фа якун” дар кишварашон бошад?!

Ва чун одам фитратан танаввуъталаб аст ва тоҷик дар дохили кишвар аз он маҳрум гардида, аз ин рӯ, ин ду барномаи Кабирӣ, барои тоҷикистониҳо дар воқеъ фурсате шуд, то ҳисобӣ худашонро холӣ кунанд; пеши худ бигӯянд, мо ҳам одам ҳастем, барои мо ҳам имкони гӯш фаро додан ба ду назар ва ду дидгоҳ вуҷуд дорад; агар расонаҳои давлатӣ ин фурсатро бароямон фароҳам намесозанд, аммо фазои маҷозӣ (ки иттифоқан имрӯзҳо беш аз телевизиюн тамошобин дорад) бароямон ин имконро дода.

Роқими ин сатрҳо мутмаин аст, ки агар расонаҳои давлатӣ як каме ҳам, ки бошад дар барномаҳои худ танаввуъ эҷод мекарданд ва барномаҳое бо ширкати мунтақидони сиёсатҳои ҳукумат иҷро намуда ва масалан аз Раҳматулло Зоиров ва ё сиёсатмадоре дигар давъат ба амал меоварданд ва мардум ба ҳарфи ӯ низ гӯш медоданд, мусалламан имрӯз мо шоҳиди ин ҳаҷм аз таваҷҷӯҳи мардум ба гуфтугӯҳои Кабирӣ намебудем. Аммо мақомот шӯрбахтона инро намефаҳманд, балки ҳатто таҳаммули як сойт ва хабаргузории мустақил мисли “Озодагон”-ро ҳам надоранд ва соҳибашро маҷбур мекарданд, то бибандад.

Ин як нукта буд.

* * *

2) Нуктаи дигар он ки: бар хилофи он чи ҳукумат шабу рӯз чиғу фарёд мекашад, ки опозисиюни тоҷик дигар мавриди таваҷҷӯҳи касе дар дохили кишвар нест, аммо дар амал мебинем, ки рафтораш хилофи гуфтораш будааст. Оё ин ҳаҷм аз таваҷҷӯҳи мақомот ба барномаи гуфтугӯи Кабирӣ ба ҳадде, ки дастгоҳеро роҳ андохтаанд, то кораш фақат “навиштани суолҳову пурсишҳо” ба Кабирӣ бошад (ва ба қавли худи Кабирӣ, “фермаи суол”), оё инҳо нишон намедиҳад, ки опозисиюни тоҷик ва шахси Муҳиддин Кабирӣ ба унвони раҳбари опозисиюн, ҳанӯз дағдағаи рақами яки мақомот будааст?! Ин ҳаҷм аз нигаронӣ ва таваҷҷӯҳ, парда аз рӯи як ҳақиқати дигар ҳам бармедорад. Ва он ин ки: мақомот беҷиҳат ин дағдағаро дар сар надоранд; онҳо медонанд, ки опозисиюни тоҷик аз пойгоҳи мардумии қобили таваҷҷӯҳе дар ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор аст. Ваилло, агар медонистанд, ки опозисиюн ва шахси Кабирӣ дорои пойгоҳи мардумӣ нест, ҳаргиз вақти худро сарфи “ҷанги нарм” бо ӯ намекарданд ва милюнҳо дулор маблағ барои ин кор аз будҷаи давлат ихтисос намедоданд.

Ин буд нуктаи дуввум.

* * *

3) Нуктаи севвум ва ахир он ки: посухҳои ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ба пурсишҳое, ки мешуд ба хусус пурсишҳое, ки аз сӯи “ферма” дода мешуданд, хеле чизҳоро барои мардум ошкор кард. (Фикр мекунам, мақомоте, ки он суолҳоро тартиб додаанд, алъон аз ин кори худ пушаймонанд.) Масалан, вақте аз ӯ ба ин мазмун пурсида шуд, ки “Шумо дар тӯли фаъолияти худ дар дохили кишвар чӣ кор барои мардум кардед?” – бо ин ки ҳама медонанд, як ҳизби сиёсӣ мисли давлат қувваи иҷроия нест, ки аз ӯ пурсида шавад чӣ кор кардаӣ, балки ин вазифаи қувваи иҷроия яъне давлат аст ва бояд ин суол аз давлат бишавад, аммо бо ин ҳама – посухи Кабирӣ хеле чизҳоро ошкор кард, ки росташ худам (роқими ин сатрҳо) низ чандон аз он хабар надоштам. Барои мардум ошкор шуд, ки ҲНИТ дар Хатлон мактаб сохта будааст; барои мардум ошкор шуд, ки ҲНИТ ба ҳаҷми як милюн сомонӣ (300 ҳазор дулор) саҳмияи Роғунро харидорӣ карда будааст, ва ба иборати дигар, саҳми ин ҳизб дар ин пружаи миллӣ бисёр зиёд будааст. Ва гузашта аз ин, худи Кабирӣ ба унвони як бозаргон, ҳудуди ним милюн сомонӣ саҳмия харидорӣ карда будааст, фориғ аз саҳмияи соири аъзо ва фаъолони ҲНИТ барои ин пружаи миллӣ.

Хуб, инҳоро мардум намедонистанд, аммо ҳоло медонанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки чунонки дар боло ёдовар шудам, дар ҳеч ҷойи дунё як ҳизби сиёсӣ ва ҳатто як намояндаи порлумон муваззаф нест, ки чизе бисозад. Ин вазифаи давлат (қувваи иҷроия) аст, чун будҷа дар ихтиёри ӯст. Ҳоло фарз кунед, ин ҳизб вақте будҷаи давлат дар ихтиёраш қарор бигирад, чӣ кор хоҳад кард! Худатон қазоват кунед.

* * *

Албатта чанд нуктаи дигар ҳаст, ки дар ҳошияи ин гуфтугӯ қобили ёдоварӣ ҳастанд, аммо намехоҳам мақола беш аз ин ба дарозо бикашад.

Саломат бошед.

Навори гуфтугӯи дуввуми онлайни Кабирӣ бо мардум:

2 Comments »

  1. Аҳсан Муаллиф. Саломат бошед!
    Пас маълум мешавад, ки мушкил дар ину он Ҳизб нест. Мушкил дар мафкураи танги ину он раҳбару узваш ҳаст. Адолат, виҷдон, инсоф риоя шавад бо доштани «Ҳизби картошка»-ҳам метавон ҳукумат кард.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: