Перейти к содержимому

Асабонияти Тромп аз гузориши мудирони иттилоотии Омрико дар бораи Эрон

Тромп, ду мудири худ дар ду созмони иттилоотии Омрикоро “соддалавҳ” ва “мунфаъил” хитоб кард ва дар ду твитти пушти сари ҳам, гузориши онҳо ба вежа дар мавриди Эронро ба масхара гирифт.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, аз гузориши ахири мудирони ду созмони иттилоотии Омрико дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон асабонӣ шуд ва бо навиштани твиттҳое, раисони ду созмони “Иттилооти марказии Омрико” (CIA) ва “Созмони иттилооти миллии Омрико” (DNI)-ро “мунфаъил” (асарпазир) ва “соддалавҳ” хонд.

Ҷино Ҳоспел (Gina Haspel) ва Ден Кутс (Dan Coats) – раисони ду созмони “Иттилоооти марказӣ” ва “Иттилооти миллии Омрико”, рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Кумитаи амният ва иттилооти Маҷлиси Сено гузорише дар бораи “арзёбии таҳдидҳои ҷаҳонӣ” барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро ироа доданд.

Дар бораи Эрон, ин ду мудир ба иттифоқ таъйид карданд, ки Эрон ба дунболи бомби ҳастаӣ нест ва то кунун ба тавофуқи Барҷом пойбанд будааст.

Ин арзёбӣ дар ҳоле аст, ки Дунолд Тромп 8 моҳ пеш ва ҳангоми эъломи хуруҷи якҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз Барҷом, муддаӣ шуда буд, ки Эрон ҳамчунон ба талош барои сохти бомби атом идома медиҳад.

Тромп, ки ба назар мерасад аз арзёбии мудирони иттилоотии худ дар ин ду созмон нороҳат аст, дар 2 твитти пушти сари ҳам арзёбии онҳо ба вежа дар мавриди Эронро ба масхара гирифт ва ин мудиронро “мунфаъил” (асарпазир) ва “соддалавҳ” тавсиф кард ва ба онҳо бо киноя тавсия кард, ки “дубора ба килоси дарс баргарданд” ва дар бораи Эрон иттилооти бештаре касб кунанд.

Тромп навишт: “Ба назар мерасад мақомоти иттилоотӣ дар ҷойе, ки ба хатарҳои Эрон марбут мешавад, бисёр мунфаъил ва соддалавҳ ҳастанд. Онҳо иштибоҳ мекунанд. Ҳангоме, ки ман раисиҷумҳур шудам, Эрон дар саросари Ховари Миёна ва фаротар аз он мушкил эҷод мекард. Аммо аз замони поён додан ба тавофуқи ҳастаии ваҳшатнок бо Эрон, онҳо комилан фарқ кардаанд. Онҳо ҳамчунон маншаи билқувваи хатар ва муноқиша ҳастанд. Онҳо ҳафтаи пеш саргарми озмоиши мушакҳо ва мавориди бештар буданд, ва доранд ба лабаи партгоҳ бисёр наздик мешаванд. Иқтисоди онҳо рӯ ба фурӯпошӣ аст ва ин танҳо чизе аст, ки онҳоро ақиб нигаҳ доштааст. Муроқиби Эрон бошед! Шояд дастгоҳи иттилоотӣ бояд дубора ба мадраса бозгардад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: