Перейти к содержимому

Дуктур Сафар Абдуллоҳ баргузидаи Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ

Дуктур Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, аз баргузидагони Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ дар Эрон муаррифӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Исно, дуктур Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, дар канори донишмандоне чун Хусрави Қосим аз Ҳиндустон, Ронул Гунзолес аз Испониё, Оно Мориё аз Лаҳистон ва Мунико Грунке аз Олмон, ба унвони баргузидагони хориҷии даҳумин Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ дар Эрон муаррифӣ шуд.

Бар пояи ин гузориш, дуктур Сафар Абдуллоҳ ба сабаби “осори худ дар ҳавзаи Эроншиносӣ” сазовори ин ҷоиза дониста шудааст. Ин ҷоизаро Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ба дасти ин донишманди тоҷик эъто намуд.

Гуфтанист, ин ҷашнвора вежаи таҳқиқоти улуми инсонӣ аст, ки аз сӯи Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати солона баргузор мегардад.

Мавзӯи Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ, таҳқиқоти ҳавзаи улуми инсонӣ аст. Осори муҳаққиқон дар ин ҷашнвора ибтидо пазириш ва сабт, сипас баррасӣ ва арзёбӣ мешаванд.

Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури боло бурдани ҷойгоҳи улуми инсонӣ ва тарғибу ташвиқи пажӯҳишгарон ба анҷоми таҳқиқоти бунёдӣ ва корбурдӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои илмӣ ва дониши бумӣ, ва ҳамчунин шиносоӣ, муаррифӣ ва тақдир аз муҳаққиқони бартари ҳавзаи улуми инсонӣ, ҳамасола ин ҷашнвораро баргузор мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: