Перейти к содержимому

Ин аст маънои он чи ҳамеша мегуфтем, ки опозисиюн мояи пешрафти ҳукуматҳост

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз, вақте Фейсбукро боз кардам, дидам рӯзноманигор Раҷаб Мирзо чунин эълонеро гузошта: “Вазири маориф ва илм ба ҳама саволҳои корбарони “Ахбор барои афкор” посух медиҳад…” Агар иштибоҳ накунам, ин барои аввалин бор аст, ки як вазири ҳукумати Тоҷикистон эълом медорад, ки ҳозир аст ба пурсиши корбарон дар фазои маҷозӣ посух бидиҳад.

Ба назарам, хабаре бисёр хушҳолкунанда барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Зеро, то ба дирӯз, пайдо кардани як мақоми ҳукуматӣ дар фазои маҷозӣ барои шаҳрвандони тоҷик, мисли пайдо кардани “тухми анқо” буд. Ба гуфтаи яке аз дӯстони наздик ба ин мақомот, онҳо далели адами ҳузури худ дар фазои маҷозиро навъе костан аз шаънашон медонистаанд, яъне дуни шаъни худ мешумурдаанд, ки дар фазои маҷозӣ (Фейсбук ё Твиттер) барои худ сафҳае боз кунанд ва бо мардум сару калла бизананд, ки як агар як вақт касе интиқодашон намояд ва ё ҳарфи беҷойе хитоб ба онҳо ба забон оварад (чун билохира фазои маҷозӣ озод аст; ҳар кас ҳар чи хост, мегӯяд; монеъе вуҷуд надорад), он гоҳ ба онҳо барбихӯрад ва нороҳат шаванд ва “шахсияташон” лаккадор гардад.

Аммо зоҳиран, тоза — ҳарчанд дер — фаҳмиданд, ки бояд дар ин фазо ҳузур биёбанд ва бо шаҳрвандон рӯ дар рӯ ва бепарда сӯҳбат намоянд ва ба ин дарк расиданд, ки танҳо бо роҳ андохтани “фермаи суолу ҷавоб” ва “фейкҳои беному нишон” дар фазои маҷозӣ, намешудааст бо опосизиюн ба “ҷанги нарм” пардохт, ки шикаст гиребонгирашон хоҳад шуд, балки мебоист гоҳе вазиру вузаро шахсан сандаливу курсиҳои нарму мулойими худро раҳо кунанд ва андаке пойин фуруд оянд ва бо мардум рӯ ба рӯ шаванд. Ба ҳар ҳол, ин “фуруд омадан”, ҳарчанд дер, аммо як пешрафти малмус аз сӯи ҳукумат аст.

* * *

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чӣ чизе сабаби ин пешрафт гардид? Яъне чӣ омиле боис гардид якдафъа мақомот ба ин фикр биафтанд, ки як вазир ба пойин “фуруд ояд” ва бо мардум рӯ дар рӯ гуфтугӯ намояд?

Ҳадсам ин аст, ки ин тасмим баъд аз ду барномаи гуфтугӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон гирифта шудааст. Яъне, баъди гуфтугӯи Кабирӣ бо мардум ва посухи ӯ ба пурсишҳои онҳо ва бозтоби бисёр васеъе, ки ин посуху пурсишҳо дошт, шояд шахси раисиҷумҳур ва ё шояд мақоме пойинтар аз вай, вазиру вузароро гирд оварда ва зимни як гӯшмолии обдор, барояшон дастур дода, ки чаро майдонро “холӣ” гузоштаанд?! Сипас, мақомот тасмим гирифтаанд, ки чорае ҷуз ҳузур дар фазои маҷозӣ ва рӯ дар рӯ шудан бо шаҳрвандон надоранд, ва барои шурӯъи ин барнома, қуръа ҳам ба номи ҷаноби Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм афтода, ва ба эҳтимоли зиёд дар оянда шоҳиди ҳузури соири вазиру вузаро дар фазои маҷозӣ хоҳем буд.

Чунонки арз шуд, ин як пешрафт аз сӯи ҳукумат аст; зеро шаҳрвандон метавонанд бо мақомот роҳат сӯҳбат кунанд ва пурсишҳоеро ба онҳо матраҳ кунанд. Ва қатъан, ин дарди дилҳои шаҳрвандон ва тарҳи мушкилот аз сӯи онҳо барои мақомот, мақомотро андаке ҳам, ки бошад, ба таҳаррук вомедорад, онҳоро меҷунбонад, бо мушкилоти мардум аз наздик ошно хоҳанд шуд. Бешак ин як пешрафт аст.

* * *

Инак, хитоб ба мақомоти мӯҳтарам арз мешавад, ки: оё дар ин пешрафт, шумо мадюни опозисиюн нестед? Яъне, агар набуд ҳузури фаъоли опозисиюн дар фазои маҷозӣ ва агар набуд барномаҳои гуфтугӯи онлойни раҳбари опозисиюн бо мардум ва посухи ӯ ба пурсишҳояшон, агар инҳо набуд, оё шумо ҳозир мешудед курсиҳои гарму мулойими худро раҳо созед ва тасмим бигиред то бо шаҳрвандон ба гуфтугӯ бипардозед ва ба дарди дилҳои онҳо гӯш фаро бидиҳед?! Мусалламан, на.

Пас, опозисиюн мояи пешрафти ҷомеа ва кишвар ва ҳатто ҳукумати худи шумо будааст, на баръакс. Аз ин рӯ, роқими ин сатрҳо ба унвони як шаҳрванд (на ба унвони мухолифи сиёсии шумо) бароятон пешниҳод мекунад:

1) Ҳарчи зудтар руқабои сиёсии худро аз зиндонҳо озод кунед ва барояшон озодии фаъолият бидиҳед, то интиқодҳои онҳо боиси пешрафти шумо ва ҳам ҷомеа ва кишвар гардад;

2) Ҳарчи сареътар ановини масхаромезе мисли ТЭТ, ТТЭ, МТЭ, ПТЭ ва ғайраро аз болои аҳзоби мухолифи худ бардоред, то онҳо бо сари баланд ва бо иззат ба кишварашон баргарданд ва фаъолияташон расмӣ шавад ва дар интихоботҳо озодона ширкат кунанд ва дар порлумон ҳузур биёбанд. Ҳамаи инҳо боиси пешрафт ва тавсиъаи ҳамаҷонибаи кишвар ва ҷомеа хоҳад гардид;

3) Даст аз эҷоди маҳдудиятҳо барои расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорони озод бардоред, то бигузор ба сурати озод фаъолият кунанд ва аз ҳар вазиру мақоме, ки бихоҳанд, роҳат интиқод кунанд ва касе монеъашон нашавад. Зеро дар як ҷомеа ва кишвар, ҳарчи расона ва рӯзноманигор озодтар аст, ба ҳамин миқдор он ҷомеа рӯ ба пешрафт хоҳад ниҳод.

4) Расонаҳои давлатиро низ аз инҳисори як гурӯҳи бахусусе берун оваред ва таърифу тамҷидҳои бемаънӣ аз ба истилоҳ “пешво”-ро мутақаққиф созед, ва ба ҷойи он, бо даъват аз рақибони сиёсии худ дар расонаҳои давлатӣ, фазои рақобати солим дар ҷомеаро эҷод намоед.

Агар ин пешниҳодҳо мавриди қабули шумо воқеъ нашавад – ки баъид аст бо он зеҳнияти қуруни вустоӣ, ки доред мавриди пазириши шумо воқеъ бишавад – бидонед, ки шумо боиси ақибмондагии кишварамон хоҳед шуд. Аммо опозисиюн ба кори худ бо қувват идома хоҳад дод ва нахоҳад гузошт вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: