Перейти к содержимому

Вақте Қатар аз Поп дархост мекунад, то миёни кишварҳои арабӣ миёнҷигарӣ намояд

Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар аз Попи Вотикон хост, то тайи сафараш ба Абӯзабӣ, бар масъулони аморотӣ эъмоли фишор кунад.

Алӣ Ал-Марӣ, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар, дар дидор бо Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, паёмҳои шаҳрвандони қатариро ба Попи Вотикон мунтақил кард, ки бар асоси он, аз “нақзҳои хатарноки” суратгирифта дар ҳаққашон аз сӯи Аморот, Баҳрайн ва Арабистон гилоя карда; нақзҳое, ки боис шудааст, ки хонаводаҳояшон дар канори ҳам набошанд ва донишҷӯёнашон натавонистаанд таҳсилоти худро дар Аморот такмил кунанд.

Ба гузориши Раъюл-явм, Ал-Марӣ ба Попи Вотикон гуфт: “Ман паёме ба шумо аз сӯи ҳазорон хонаводаи аз ҳам дурафтода ва кӯдакону заноне, ки роҳ бар онҳо баста шуда ва аз 20 моҳ қабл натавонистаанд якдигарро бибинанд, интиқол медиҳам. Ин умур ба далели муҷозоте аст, ки ҳеч иртиботе бо ахлоқу арзишҳои инсонӣ надорад ва Арабистон, Аморот, Баҳрайн дар анҷоми ин иқдомот дар ҳаққи ҳазорон хонавода, ки аз ҳам пошидаанд, таъкид доранд; ин иқдомот ҳамсаронро ба ҷудоӣ водор сохта ва кӯдаконашонро аз онҳо дур сохта, ва баҳонаи ин амр, як ихтилофи сиёсӣ аст, ки ҳеч иртиботе бо ин хонаводаҳо надорад.”

Гуфтанист, Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср дар 5 июни соли 2017 бо баҳонаи “ҳимояти Қатар аз теруризм”, тамоми равобити худ бо ин кишварро қатъ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: