Перейти к содержимому

Нуфузи Туркия аз тариқи сериёлҳо бар афкори умумии ҷаҳони араб

Гузорише дар пойгоҳи Alarab

Туркия махфӣ намекунад, ки дар садад аст бар афкори умумии ҷаҳони араб тасаллут ёбад, ва барои расидан ба ин ҳадаф, ҳамаи имконоти худро ба кор гирифтааст, ба вежа расонаҳо ва сериёлҳои туркӣ, ки беш аз он чи тасаввур мешавад, бар афкори умумии ҷаҳони араб таъсир гузоштааст.

Дар ҳоле, ки давлатҳое, ки таҳти контроли Ҳизби адолат ва тавсиъа дар солҳои ахир будаанд, ба нуфузи минтақаии Қатар кӯмак кардаанд ва ба воситаи ин кишвар аз баъзе кишварҳои арабӣ ҳимоят кардаанд, аммо ин, ҳамаи талошҳои Туркия барои нуфуз дар минтақа нест, балки Туркия ниҳодҳои ғайридавлатӣ монанди нависандагон ва фарҳангиён ва ҳунармандонро низ ба истихдом гирифта, то дар чорчӯби “нуфузи нарм”, бар минтақа мусаллат шавад ва ҳатталимкон Имперотурии Усмониро эҳё кунад.

Дар ин робита, профессор Чингиз Тумор, раиси Донишгоҳи байналмилалии Хоҷа Аҳмади Туркия мегӯяд, ки таъсири Туркия дар ҷаҳони араб аз замоне шурӯъ шуд, ки ин кишвар кӯмакҳои инсонии худро оғоз кард ва ниҳодҳои омӯзишии худ дар хориҷ аз кишварро фаъол кард ва донишгоҳҳо ва синамо ва сериёли худро дар канори расонаҳои дигар ва санъати гардишгарии худ ба фаъолияти ҳадафдор водошт.

Вай мегӯяд, ки Туркия ин ҳадафро бо кор рӯи созмонҳои мухталифи маданӣ мисли Муассисаи Тико, Маркази занони Юнус, Авқофи маориф ва муассисаҳои турки хориҷ аз кишвар дунбол мекунад.

Туркия талош мекунад дар канори нуфузи Эрон, ки аз ибтидои Инқилоби Исломӣ дар ин кишвар дар соли 1979 дар ҷаҳони араб рушди бесобиқае дошта, нуфуз кунад ва деворҳои мавҷуд миёни худ бо мардуми арабро аз миён бардорад. Профессор Тумор дар ин бора мегӯяд, ки нуфузи Туркия бо таъсиргузории Эрон комилан мутафовит аст.

Туркия барои таъсиргузории нарми худ сармоягузории калонеро рӯи расонаҳо ва сериёлҳои таърихӣ карда, ки саршор аз аносури ғании кӯҳан аст. Ҳамчунин Туркия талош мекунад, ки нишонаҳои таърихии худ дар манотиқи Осиёи Миёна ва кишварҳои Болконро низ барҷаста кунад. Ба ҳамин манзур, маболиғи ҳангуфтеро сарфи сохти масҷиду мадраса дар Офриқо кардааст.

Сериёлҳои таърихии Туркия ба эҳёи Имперотурии Усмонӣ мепардозанд ва вежагиҳои салотини усмониро барҷаста мекунанд; иқдоме, ки ба назар мерасад ҳадафманд бошад ва ҳадаф аз он нишон додани Раҷаб Тайиб Ардуғон ба унвони як султони усмонӣ аст, ки бар манотиқи васеъе аз ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад. Ардуғон ҷонишинии Банӣ Усмонро тарвиҷ мекунад ва талош дорад андешаи хилофати усмониро эҳё кунад.

Аҳмад Ясавӣ, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили араб, дар ин бора мегӯяд: “Таъсиргузории Туркия бар хилофи таъсире, ки бар афкори умумии ҷаҳони араб гузошта, таъсири акс бар раҳбарон ва нухбагони араб гузоштааст, ба гунае, ки онҳо Туркияро таҳдиде вуҷудӣ барои худ эҳсос мекунанд; барои ҳамин шурӯъ кардаанд мушкилоту масоиберо, ки ҳукуматҳои усмонӣ бар кишварҳои минтақа таҳмил карданд, барои афкори умумӣ тавзеҳ медиҳанд.”

Туркия бо вуҷуди ин ки инқилобҳои мавсум ба “Баҳори арабӣ” ба бунбаст хӯрдаанд, ҳамчунон рӯи онҳо ҳисоб мекунад. Ба ҳамин манзур Онқоро бар гурӯҳҳои исломӣ ба вежа Ихвонулмуслимин ҳисоби вежае боз карда ва гумон мекунад ба кӯмаки онҳо метавонад нуфузи минтақаии мавриди интизорашро ҷомаи амал бипӯшонад.

Бисёре “қудратҳои империёлистии бузург ва инқилобҳои мутазодд”-ро муттаҳам ба шикасти “Баҳори арабӣ” мекунанд; барои ҳамин ҳушдор медиҳанд, ки бо вуҷуди расонаҳои ҷамъӣ инқилобҳо ба қуввати худ боқӣ мемонанд ва дар тӯлонимуддат асари худро хоҳанд гузошт.

Alarab

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: