Перейти к содержимому

Қуръон сарчашмаи ҳамаи маорифи асили исломӣ // Тафсири илмии Қуръон коре абас аст

Ёддошти профессор Сайидҳусайни Наср, устоди мутолеоти исломии Донишгоҳи Ҷурҷ Вошингтун, бар китоби “Донишномаи муосири Қуръони Карим”, ки ахиран таҷдиди чоп шуд.

Қуръони Карим барои мо мусалмонон, насси каломи илоҳӣ ва сарчашмаи ҳамаи маорифи асили исломӣ ва пояи шариат ва усули сохтори иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ҳунарҳои исломӣ аст; аз сафар то меъморӣ, аз улум то фалсафа ва аз қавонини ҳоким бар ҷомеа то ҳаёти равонӣ ва руҳии инсон. Ҳеч як аз соҳатҳои ислом ва ҷанбаҳои тамаддуни асили исломӣ нест, ки аз ин баҳри лоязолу бекарон мунбаъис (бархоста) нашуда бошад.

Мусалмонон тайи қарнҳои паёпай, ба тафсиру таъбири ҳақоиқу таъолими Қуръони Карим пардохтаанд. Ин амр бо Паёмбари Акрам (с) оғоз шуд. Аҳодис ва сунани набавӣ аввалин тафсир бар китоби осмонии ислом аст. Тайи қарнҳо ин ду манбаъи аслии ислом — яъне Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ — мавриди баҳсу баррасӣ ва тафсир қарор гирифтаанд. Ин раванд беш аз 14 қарн аст истимрор ёфта ва ҳар насл мутобиқи эҳтиёҷоти худ ба ин амр пардохта ва то ҳангоми фаро расидани соат ба маънои қуръонии он (қиёмат), чунин хоҳад буд.

Муфассирони Қуръони Карим аз дидгоҳҳои гуногун ба баррасӣ ва тафсири каломи Худованд пардохтаанд; аз тафосире, ки бар маъонии зоҳирии он мутамаркиз аст то тафосири ирфонӣ ва сӯфиёна. Ниёгони мо ҳатто таҳқиқоти мутаъаддиде дар бораи анвоъи тафсир ва равишҳои гуногуни муфассирон анҷом додаанд, ки ба “Табақот ул-муфассирин” маъруф аст. Илми тафсир бисёр густурда ва барои дарки маорифи исломии бунёдин аст ва дониши он на танҳо барои шинохти маротиби маъонии матни Қуръони Карим, балки барои дарки ғинои фикрӣ ва маънавии ислом зарурӣ аст ва осори мутабойнеро дарбар мегирад; аз тафосири луғавӣ ва таърихии Замахшарӣ ва Табарӣ то тафосири дарунӣ ва ирфонии Имом Ҷаъфари Содиқ (а), Ибни Арабӣ ва Мубедӣ ва аз тафсири доиратулмаорифии Фахруддини Розӣ то тафсири “Алмизон”-и Аллома Таботабоӣ, ки аз анҳои тафосири қаблӣ истифода шуда ва дар айни ҳол ранги хосси ирфонӣ ва фалсафӣ дорад. Мутаассифона ҳанӯз як китоби илмӣ ва ҷомеъ вуҷуд надорад, ки зикри тамоми тафосири ирфонӣ ва ғайри ирфониро дарбар бигирад ва аҳамми онҳо агар на ҳама ин осорро бишносонад.

Вожаи “донишнома”, ки барои унвони ин китоб (“Донишномаи муосири Қуръони Карим”) баргузида шуда, вожаи форсӣ аст, ки тавассути Ибни Сино дар маорифи исломӣ ба забони форсӣ шӯҳрат ёфт, ҳангоме, ки ӯ як давраи фалсафаи машшоиро барои нахустин бор ба забони форсӣ таълиф кард ва номи онро “Донишномаи Алоӣ” гузошт. Баъдан истеъмоли ин вожа байни форсизабонон густариш ёфт ва дар бораи донишҳои гуногун ба кор бурда шуд. Ин вожа махсусан дар қарни ахир бештар мавриди истифода қарор гирифт ва маъонии навине бар он афзуда шуд, монанди маънои “диплум”, ки аз забони фаронсавӣ вориди забони форсӣ шуда буд. Муаллифони ин китоб аз маънои суннатии “донишнома”, ки ҳамон “китоби илмӣ” аст истифода кардаанд. Дар воқеъ “Донишномаи муосири Қуръони Карим” як навъ тафсир бар китоби осмонии мо мусалмонон аст.

Нуктаи муҳимми дигаре, ки бояд ба он ишора кард, ба кор бурдани сифати “муосир” дар унвони ин китоб аст. “Муосир”-ро набояд бо “мутаҷаддид” иштибоҳ кард. Ҳар чи муосиру имрӯзӣ аст, мутаҷаддид нест. Як донистани вожаҳои “муосиру имрӯзӣ” ба маънои воқеият доштан дар замони ҳол аз як сӯ ва “мутаҷаддид” аз сӯи дигар, иштибоҳе сахиф аст, ки аз назари виростори мӯҳтарами ин китоб сахт матруд аст, балки “муосир” дар унвони ин китоб, ба маънои “таваҷҷӯҳ доштан ба ҷаҳони имрӯзӣ ва ниёзҳои фикрӣ ва динии муосирон” аст, бидуни ин ки мутаҷаддидмаобона ва таҷаддудгароёна бошад.

Тайи ду қарни ахир тафосири мутаъаддиде бар Қуръони Карим нигориш ёфта, ки дар онҳо кӯшиш шуда як “тафсири илмӣ” ба маънои улуми ҷадиди ғарбӣ аз каломи ҷовидони Худованди Мутаъол анҷом гирад; аз “Тафсири Ал-Искандаронӣ” то “Тафсири Мурис Букой. Абас (беҳуда) будани ин навъ кӯшишҳо дар ин аст, ки улуми ғарбӣ, ки саъй шуда тавассути ин навъ муфассирон бо ҳақоиқи қуръонӣ ҳамоҳанг нишон дода шавад, акнун худ аз дидгоҳи ҳамон улуми ғарбӣ ба сурати таҳаввулёфтаи онҳо то ҳадди зиёде мардуд аст. Ин навъ кӯшишҳоро набояд бо тафосири илмии суннатӣ, ки дар тӯли таърихи ислом тадвин шуда иштибоҳ кард; зеро улуми исломии суннатӣ мубтанӣ бар як ҷаҳонбинӣ аст, ки ба куллӣ бо ҷаҳонбинии улуми ҷадид фарқ дорад. Хушбахтона сарвиростори донишманди ин донишнома комилан бар ин амри муҳим воқиф буда ва дар ин китоби пурарҷ дучори ин иштибоҳи мутаассифона роиҷ нашудаанд ва дар доми ин таваҳҳум науфтодаанд, ки метавон як илми мутағайиру маҳдуд ба як замони хоссро бо каломи азалии Ҳақ Таъоло татбиқ дод.

Лозим аст дар ин мухтасар, ишорае низ ба сарвиростори ин асар, оқои дуктур Сайидсалмони Сафавӣ шавад. Эшон аз афроди нодире ҳастанд, ки ҳам бар улуми ҳавзавӣ — аъам аз ақлӣ ва нақлӣ — тасаллути комил доранд, ҳам бар тафаккури ғарбӣ ва аз як донишгоҳи мӯътабари англисӣ (SOAS) дараҷаи дуктуро ахз кардаанд, вонгаҳе эшон вориси суннати маънавии Шайх Сафиюддини Ардабилӣ ва тариқати сафавӣ ҳастанд, ки дар ҳифз ва эҳёи он мубодират варзидаанд ва табъан алоқаи на фикрӣ-таърихӣ, балки вуҷудӣ ба тасаввуфу ирфон доранд ва банда худ дар хонаи Худо ва ҳаволии он шоҳиди ниёишҳои тавили ботинии эшон будаам.

Оқои дуктур Сафавӣ на танҳо осори мутаъаддиде дар заминаҳои динӣ ва ирфонӣ нигоштаанд, балки тавонистаанд сохтори нуҳуфтаи Маснавии маънавии Мавлоноро кашф карда, дар ин замина китобе бас муҳим ба забони англисӣ ба табъ бирасонанд. (The Structure of Rumi’s Mathnawi, london, 2006), вонгаҳе ин ришта аз таҳқиқот ҷанбаи хонаводагӣ ёфта ва ҳамсари мӯҳтарами фозили эшон дуктур Маҳвашуссодоти Алавӣ низ асаре дар ҳамин росто таълиф кардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин заминаи истисноии илмӣ ва пажӯҳишӣ, оқои дуктур Сафавӣ бар он шуданд, то як маркази муҳимми таҳқиқоти исломӣ дар Ландан доир кунанд ва маҷаллаи вазине таҳти унвони “Фалсафаи мутаъолия” ба вуҷуд оварданд, ки акнун яке аз нашриёти давраии муҳим дар заминаи фалсафа ва татаббӯоти исломӣ аст. Китоби феълӣ идомаи хадамоти шоёни ин донишманди пурфазилат ба маорифи исломӣ аст.

“Донишномаи муосири Қуръони Карим” дар беш аз 1200 сафҳа, ҳам ба сураҳои қуръонӣ мепарозад, ҳам ба мутафаккирони бузурги динӣ, ки ба мутолеоти қуръонӣ пардохтаанд, ҳам ба мафоҳими вожаҳои калидӣ ва бунёдии китоби осмонии мо мусалмонон ва ҳам ба ҷавониби дигари марбут ба каломи Худованди Мутаъол ва тафосири он. Ин матолиб ба забони салису равон баён шуда ва бар пояи қавии илмӣ ба маънои суннатии он устувор аст. Ин китоб ва марҷаъи муҳим, ки ҳам суннатӣ аст, ҳам муосир, бо ҳифзи асолати илмӣ ва таваҷҷӯҳ ба ниёз ба касби дониши Қуръони Карим, барои форсизабонони ин даврон аз таърих тадвин шуда ва улуми қуръонӣ ва донишҳои марбут ба онро бо забоне расо дар ихтиёри алоқамандони ин маорифи бунёдӣ қарор додааст.

Роқими ин сутур умедвор аст ин асари муҳим на танҳо байни форсизабонони Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ишоъа ёбад, балки ба забонҳои дигари исломӣ (монанди туркӣ, урду, андунезӣ ва арабӣ) ва ҳамчунин забони англисӣ тарҷума шавад. Ин асар яқинан аз кутуби бунёдӣ аст, ки дар даврони ахир дар заминаи Қуръоншиносӣ ва маорифи исломӣ ба забони форсӣ нигориш ёфтааст.

Аз даргоҳи Аҳадият барои ҳакими донишманд, оқои дуктур Сайидсалмони Сафавӣ ва ҳамкоронашон талаби тавфиқ карда, дуо мекунам ин китоб ҳар чи бештар ишоъа ёбад.

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуову дарси Қуръон, ғам махӯр.

Ваттавфиқу миналлоҳи ъазза ва ҷалла

Сайидҳусайни Наср

Вошингтун, деймоҳи 1397 // январи 2019

* * *

Ёдовар мешавад, “Донишномаи муосири Қуръони Карим” ба сарпарастии Сайидсалмони Сафавӣ тавассути Окодемии мутолеоти эронии Ландан мунташир шуд. Ин донишнома дар ҳоли тарҷума ба забони туркӣ дар Туркия аст, ки соли оянда ба поён мерасад.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: