Перейти к содержимому

Иқтисоди Тоҷикистон савор бар асби таваккал пеш меравад

Ёддошти Исфандиёри Одина

Аз осебҳои аслии иҷрои қонуни маросим дар иқтисоди Тоҷикистон ҷилавгирии он аз масрафгароӣ (consumerism) аст, ки аз вижагиҳои аслии иқтисодҳои пешрафта аст. Хуб, чи тур ин қонун ҷилави масрафгароиро гирифт?

Аввал бояд донист, ки масрафгароӣ чист. Масрафгароӣ ба вазъияте дар иқтисод гуфта мешавад, ки мардум хушнудӣ ва ризояти худро дар харид бибинанд. Масрафгароӣ замоне иттифоқ меуфтад, ки масрафкунандагон (ё харидкунандагон) пул ва сармояеро, ки доранд, дар сандуқ пинҳон намекунанд ё дар бонк барои рӯзи мабодо намегузоранд ва ба воруни ин мераванд дар бозор чизҳое харид мекунанд, ҳатто агар харидашон бештар аз мизони дастмуздашон бошад.

Афзоиши харҷу масраф ё харид боъиси афзоиши тақозо ба маҳсулот ё фаровардаҳо дар бозор мешавад ва вақте тақозо зиёд бошад, машоғил ё ҷои кор ҳам барои тавлиди маҳсулот афзоиш меёбад. Ва ин амр имкон медиҳад, ки фурсатҳои шуғлии бештаре барои мардум фароҳам шавад ва бекорӣ ба таври чашмгире коҳиш ёбад. Яъне ҳарчи бештар харид мешавад, тақозо ба маҳсулот ҳам зиёд мешавад ва ниёз ба ҷалби нерӯи кори бештаре ҳам бештар мешавад, машоғил ки зиёд шуд, дубора мардуме, ки соҳиби шуғлу кор ҳастанд, мераванд харид мекунанд.

Ба ъиборати содатаре, бозор равнақ пайдо мекунад ва пулу коло бештар муъомила мешавад (ё ба истилоҳ оборот мехӯрад). Ба воруни ин, пул ва сармояе, ки дар сандуқ нигоҳ дошта мешавад, пули мурда ва берӯҳ аст ва мӯҷиби вопасмондагии иқтисод мешавад. Пуле ҳам, ки дар бонкҳо нигоҳдорӣ мешавад бештар баҳра ва суди он ба ҷайби ширкатҳо ё сармоядорони ғӯлпайкар меравад.

Қонуни танзими маросим ба таври воқеъӣ дасти мардумро аз сарфу харҷ боздошта ва мӯҷиб шуд, ки гардиши коло ва хадамот ва пулу сармоя дар бозор башиддат тазъиф шавад. Ба воруни гузоришҳои аҳмақонаи мақомҳои давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола омори дурӯғинеро аз нокуҷообод меоранду ба хӯрди ҷомеъа медиҳанд, ки «мо имсол аз куштани як милюн чорво чилавгирӣ кардем» ва чарандиёте монанди ин, ва гӯё фоидаи ин ба иқтисод мерасида бошад, дарвоқеъ ҳамин рафтори нобихрадона монеъ аз масрафгароӣ шуда ва иқтисодро дучори буҳрон кардааст.

Тасаввур кунед, як шахси сарватманд агар мехост ҷашни ъарӯсие баргузор кунад, маблағи зиёдеро сарф мекард ва аз бозор колои зиёде мехарид, ва пули ҳангуфте вориди бозор мешуд ва даҳҳо тавлидкунанда ва кишоварз аз он суд мебурданд. Ва ин пул дубора дар бозор сайр мекард ва иқтисод ҳамеша дар ҳоли ҷунбиш ва пешрафт буд. Аммо ҳоло чи шуд? Сарватмандон пулҳояшонро ё дар сандуқ нигоҳ доштаанд ё дар тарҳҳои бузургу бефоидае монанди сохтмон сармоя гузоштанд.

Хуб, мардум, ки тайи як даҳсолаи ахир ин қадр пулу сармояашонро дар бонк гузоштанд, натиҷааш чи шуд? Бонкҳо ҳама муфлис шуданд ва пули мардумро хӯрданд ва коре пеш набурданд, ҷуз ин ки ба як бонди табаҳкор ва наздик ба мақомот милюнҳо сомонӣ қарз бидиҳанд, то сохтмон созанд! Дар ин сохтмонҳо, ки ҳамарӯза дар Душанбе мисли қорч мерӯянд, пул ва сармояи зиёде ях задааст! Ин пулҳо кӯчактарин бозгаште надорад, чи расад ба баҳрае, ки бозгардад! Ва тақрибан ҳамаи ин сохтмонҳои ҷадид масалан дар Душанбе холӣ ҳастанд!!! Инҳоро барои кӣ сохтанд ин бехирадон??? Қиматҳояш беҳад гарон аст ва мардум тавони хариди онҳоро надоранд!

Яъне барои ин сармояи масрафшуда дар ин тарҳҳо баргардад ва тоза баҳра ҳам бидиҳад, солҳо ва даҳсолаҳо лозим аст. Бибинед, бештари касоне, ки садҳо хона харидаанд ва хонаҳояшон холӣ аст, албатта барои хонаҳои холияшон молиёт намепардозанд ва ин яъне милюнҳо сомонӣ зарар ба будҷеи давлат! Тоза, ҳар моҳ ё ҳар рӯзе, ки ин хонаҳо холӣ боқӣ мондаанд, худ зиёнбор аст! Агар нархи иҷораро дар назар бигирем, яъне милёрдҳо сомонӣ аз ин хонаҳо фоидае, ки ҳар рӯз ё ҳар моҳ ё ҳар сол бояд ба даст ояд, ба даст намеояд! Яъне бештари ин сохтмонҳое, ки бо сармояи ҳангуфте сохта шудаанд, ҳоло комилан холианд ва ҳеч суде аз онҳо на ба моликонашон, на ба мардум ва на ба давлат намерасад.

Дар кишварҳои пешрафта, агар мизони масраф ё масрафгароӣ кам шавад, давлат ба ҳаросу таҳлука меуфтад, зеро ин оғози буҳроне жарф дар иқтисод аст. Гоҳ худи давлат аз роҳи иътисос додани кумакҳои билоъиваз ва равишҳои дигар машоғил эҷод мекунад ва ба мардум пул медиҳад, то мардум битавонанд харид кунанд ва иқтисод бичархад! Иқтисоддони бесаводи Тоҷикистон, ки ҷуз ҳамон китобҳои куҳнаи Шӯравӣ нахондааст, фикр мекунад фақат бо фармонфармоӣ ва дастур додан ба сармоядорон ки фалон корхона созед то раисҷумҳур биёяду навореро дар замони ифтитоҳаш қайят кунад, иқтисод пеш меравад!

Бештари ин корхонаҳое, ки раисҷумҳур меравад бо буридани навор ифтитоҳ мекунад, ъумри зиёд надоранд ва фардояш ё моҳе пас баста мешаванд! Аммо телевизиюнҳои давлатӣ, ки аз пули мардум нонашон таъмин мешавад, вале барои хоҷагони бори сарашон хидмат меунанд, инҳоро нишон намедиҳанд, онҳо рисолати худро фақат дар намоиши қайчӣ кардани раиси ҷумҳур хулоса мекунанд.

Дар натиҷа, иқтисоди Тоҷикистон савор бар асби таваккал пеш меравад, то ҳар манзиле, ки бирасад ва тасодуф кунад! Инҷост, ки иқтисоддони тирози аввалаш меояду мегӯяд, мо набояд шеър бихонем ва шеър бинвисем, чун шеър моро ъақабмонда мекунад. Хиҷолат ҳам хуб чизест!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: