Перейти к содержимому

Мурдапарварони зиндакушем!

Пандҳое аз забони Устод Луқмон Бойматов

— Орзуҳои даврони туфулият мондагортарин хотирот барои дафтари даврони пирианд.

* * *

— Дарси ибрат аз хатоҳои мурдагони дирӯз беҳтар аз дурӯғҳои ростнамои зиндагони имрӯз аст.

* * *

— Агар сухани носазо гуфта шавад, набояд интизори ҳарфи сазо буд.

* * *

— Донишмандоне, ки додгару андешаманд бошанд, ҳаргиз бадхӯ намешаванд.

* * *

— Макри маккор беш аз фикраш аст.

* * *

— Фақат афроди кӯчаканд, ки аз хушиҳои кӯтоҳҳангом хушнуданд.

* * *

— Илми вобастае, ки дифоъ аз ҳувияти миллӣ мекунад, аз илми мустақилли хоини истиқлоли миллӣ беҳтар бувад.

* * *

— Зиндагиамон бозтоби андешаамон аст.

* * *

— Илм аст, ки мутаваҷҷеҳи иштибоҳи хеш мешавад.

* * *

— Арзишҳо рахнакунандаи таъриханд.

* * *

— Агар шахси муғриз сархушу маст аз эҳсосот бошад, аслро кӯчак мекунаду фаръро бузург.

* * *

— Инкор кардани ҳақиқат бар нафъи ботил аст.

* * *

— Таассубот аст, ки решаҳои эътиқод ва тафаккурро аз маркази ақл бармеандозад.

* * *

— Афроде, ки ба осонӣ шарофати инсониро поймол мекунанд, қодиранд ба ҳамон сон номуси илму донишро қурбонии касби шӯҳратҳои ҷадиде намоянд.

* * *

— Баҳраи хирадро ночиз кардани олим гумроҳии илм аст.

* * *

— Дуруст аст, ки дониш қудрат аст, вале ҳар чӣ, ки олим мегӯяд, дониш нест.

* * *

— Дареғо, замоне, ки мардум ниёзманди садост, сокитем ва замоне, ки мардум аз садо безор аст, ҳарфи хушк дармеоварем!

* * *

— Дареғо, ки ҳамагон мурдапарварони зиндакушем! На шарме дар пеши рафтагон дорем, на ҳаёе дар назди зиндагон!

* * *

— Кӯчактарин иштибоҳи сарварону масъулин дар андак замон ба осонӣ метавонад ҷомеъаи ноогоҳро аз авҷи рифъати зоҳирӣ ба умқи манзалати воқеъӣ биафканад.

* * *

— Миллате, ки хотираи таърихи худро ба ҳар далеле ба боди фаромӯшӣ медиҳад, лоҷарам, тақдири хешро ба кафи нонаҷабитарин соҳибон хоҳад гузошт.

* * *

— Банданавозии бардурӯғ оғози бандасозии воқеъист.

* * *

— Дили нопоки чоплус руйи поки мухаббатро табоҳ мекунад.

* * *

— Чоплусон ҳаромхӯрони аблаҳанд, ки ҳаромашонро ҳалол мепиндоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: