Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (357)

Гуфтани меҳмон Юсуф алайҳиссаломро, ки ойина овардамат армуғон, то ҳар бор, ки дар вай нигарӣ, рӯйи хуби хешро бибинӣ, маро ёд кунӣ (1)

* * *

Гуфт Юсуф: ҳин, биёвар армуғон,

Ӯ зи шарми ин тақозо зад фиғон.

Ҳазрати Юсуф (а) ба он меҳмон гуфт: инак, эй дӯст, армуғонат ку?! Намоёнаш кун, нишонаш биҳед. Аммо меҳмон аз рӯи шарму хиҷолат фиғоне зад.

Гуфт: ман чанд армуғон ҷустам туро,

Армуғоне дар назар н-омад маро.

Ҳаббаеро ҷониби кон чун барам?

Қатраеро сӯйи Уммон чун барам?

Меҳмон гуфт: ман барои ту чанд адад армуғон талаб кардам, вале ба назарам сазовор наёмад, яъне армуғоне шоистаи ту пайдо накардам. Бо худ гуфтам: ҳар армуғоне, ки назди ту биёварам, монанди ин аст, ки донаеро ба кону маъданаш бибарам, ё қатраеро ба сӯи дарё армуғон бибарам. Хулоса, мушоҳида кардам, ки ҳар армуғоне, ки интихоб кунам, шоистагии вуҷуди арзишманди туро надорад.

Нукта: Уммон дарёе аст паҳновар дар ҷануби Эрон, ки имтидоди дарёи Ҳинд ба тарафи шимол аст. (Луғатномаи Деҳхудо, ҷ.34, с.318) Дар ин байт тамсиле аст аз азамату бузургӣ.

Зираро ман сӯйи Кирмон оварам,

Гар ба пеши ту дилу ҷон оварам.

Агар ман ба маҳзари ту дилу ҷонро армуғон оварам, гӯӣ ки зираро ба сӯи шаҳри Кирмон бурда бошам.

Нукта: “Зира ба Кирмон бурдан”, зарбулмасале аст форсӣ. (Амсолу ҳикам, ҷ.3, с.943) Зира дар вилояти Кирмон фаровон аст ва касе, ки барои аҳолии Кирмон зира армуғон бибарад, кори абасе кардааст, зеро монанди ин аст, ки қатраро ба дарё ва шохаи гулро ба гулзор бурда бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ч.1, с.926)

Нест тухме, к-андар ин анбор нест,

Ғайри ҳусни ту, ки онро ёр нест.

Лоиқ он дидам, ки ман ойинае

Пеши ту орам, чу нури синае.

То бибинӣ рӯйи хуби худ дар он,

Эй ту чун хуршеди шамъи осмон.

Ойина овардамат, эй равшанӣ!

То чу бинӣ рӯйи худ, ёдам кунӣ.

Ҳеч тухме нест, ки дар ин анбор набошад, ғайр аз ҳусну камоли ту, ки назиру монанде надорад. Аз ин рӯ, ба ин натиҷа расидам, ки ойинае ба маҳзарат оварам, ки монанди нури синаи авлиёуллоҳ равшану тобон аст, то он ки дар он ойина рӯи зебои худро бингарӣ, эй туе, ки ҳамонанди офтоб шамъи фурӯзони осмонӣ! Эй нури чашм ва эй равшании ду дидаам, бароят ойина овардаам, то ҳар гоҳ дар он оийна рухсоратро дидӣ, ёди ман бошӣ!

Ойина берун кашид ӯ аз бағал,

Хубро ойина бошад муштағал.

Он меҳмон ойинае аз бағалаш даровард, зеро ки хубрӯён бо ойина сару кор доранд ва бад-он машғулу маънусанд.

Муштағал: ҳар чи бад-он машғулу маънус шаванд.

Ойинай ҳастӣ чӣ бошад? Нестӣ,

Нестӣ бар, гар ту аблаҳ нестӣ.

Ойинаи вуҷуд чист? Нестӣ аст. Агар воқеан нодон нестӣ, ба боргоҳи ҳазрати Ҳақ Таъоло армуғони нестиву фано бибар.

Нукта: “Нестӣ” дар ин байт, муродифи истилоҳи “фано” аст. Яъне аз ҳастиҳои маҷозӣ гузаштан ва худбиниро ниҳодан ва “ман”-ро видоъ гуфтан аст; монанди ойина, ки агар ойина ба зангору рангҳое олуда бошад, сафо ва дурахшандагии худро аз даст медиҳад ва чизеро нишон намедиҳад. Ҳамин тавр, то шахс зоти худро аз зангу ранги ҳастии мавҳум назудояд ва ба мақоми берангӣ нарасад, наметавонад ҳастии ҳақиқиро дар худ шуҳуд кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ч.1, с.927)

Ҳастӣ андар нестӣ битвон нумуд,

Молдорон бар фақир оранд ҷуд.

Зеро ҳастиро дар нестӣ метавон нишон дод. Дар воқеъ ҳастии ҳақиқӣ, дар қиёс бо нестӣ намоён мегардад; чунонки бино ба қоъидаи:

تُعرف الأشياءُ بأَضدادها

Ҳар чиз ба зиддаш шинохта мешавад” сарватмандони бахшанда ва сахӣ бо бахшидан ба фақирон сифати ҷуду карами худро менумоёнанд. Пас, фақр ойинаи ғиност. (Ҳамон манбаъ)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: