Перейти к содержимому

Агар Окуинос файласуф аст, чаро мутакаллимони мусалмон набошанд?

Ба қалами профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Шояд ман хушбинам, аммо ба назарам, имрӯза ағлаби афрод ба аҳаммият ва асолати фалсафа дар ҷаҳони ислом иқрор мекунанд. Дигар оё муҳаққиқе ҳамчун Бертрон Росел (Bertrand Russell), ки ошкоро дар китобаш “Таърихи фалсафаи ғарб” навиштааст, хоҳад навишт, ки “фалсафаи арабӣ тафаккуре асил ба шумор намеояд ва мардоне ҳамчун Ибни Сино ва Ибни Рушд сирфан шореҳи Арасту будаанд”? Умедворам дигар муҳаққиқе муртакиби чунин коре нашавад. Мутафаккироне ҳамчун Кендӣ, Форобӣ, Ибни Сино ва Ибни Рушд – ки Росел онҳоро ҳамчун шореҳони сирф мешуморад ва нодида мегирад — ба ҷидд файласуф буданд. Онҳо, дар айни ҳол, ки аз тақлид дар фалсафа мубарро буданд, ба Арасту ва дигар мутафаккирони юнонӣ ҳақиқатан алоқаи вофире доштанд. Албатта, на ин афрод танҳо равшанфикрону ақлгароёни замони худашон буданд ва на — чунонки ҳанӯз бисёре мепиндоранд — пас аз Ибни Рушд яъне охирҳои қарни дувоздаҳум шамъи андешаи фалсафӣ ва ақлгароӣ кушта шуд. Дар сар то сари таърихи исломӣ, бисёре аз чеҳраҳои маҳбуб ва мавриди алоқаи муаррихони фалсафа арастуӣ набуданд, балки олимони “илми калом” буданд; “каломе”, ки маъмулан дар англисӣ ба “илоҳиёт” тарҷума мешавад.

Вожаи “калом” дар луғат, яъне “вожа”, ки дар инҷо кӯтоҳшудаи иборати арабии “илмулкалом” ба маънои “дониши вожаҳо” аст. “Калом” маъмулан дар муқобили истилоҳи “фалсафа” қарор мегирад, ки эҳтимолан метавонед ҳадс бизанед, ки вожаи фалсафа аз “филусуфиё”-и юнонӣ гирифта шудааст. Ҳангоме, ки муҳаққиқони даврони мудерн ин тақобулро тарсим мекунанд ва мусаллам мегиранд, ки калом донише ғайри фалсафӣ ё ҳатто зидди фалсафӣ аст, аз суннати фалсафии қуруни вусто ва ба таври хосс аз Форобӣ ва Ибни Рушд — ду шахсияте, ки худро “файласуфи фалосифа” меномиданд – пайравӣ мекунанд. Ба назари онҳо, “илоҳидонон (мутакаллимон)” сирфан гирифтори баҳсҳои ҷадалӣ будаанд, дар ҳоле ки фалсафа далоили бурҳонӣ иқома мекунад. Илоҳидон мабоҳиси худро бар аввалиёт (бадеҳиёт) бино намекунад, балки танҳо аз тафсири мавриди алоқаи худ аз насс, дар баробари ишколкунандагон дифоъ мекунад. Ибни Рушд ба натоиҷи онҳо бо дидаи таҳқир менигарист ва аз ин шиква мекард, ки мумкин аст ҷадалҳояшон ба тафриқае ваҳшатнок бианҷомад. Дар нигоҳи вай, фақат файласуф метавонад хониши ҳақиқатан мутмаин аз Қуръон ироа кунад, чаро ки файласуф аз ҳақиқат бино бар мабонии бадеҳӣ, яъне бино бар дониши арастуӣ, огоҳ аст.

Аммо оё мо ҳам бояд ин тақобули сареҳро бипазирем? Ин арастуиён тавре сӯҳбат мекунанд, ки гӯё “калом” ақлро ноқис ба кор мегирад. Аммо бо мабнои дигар, аксари муосирон дақиқан ба хотири ақлгароии шадиди мутакаллимон, шояд ин тамоюзро муноқишаомез бипиндоранд. Илоҳидонон гоҳе аз маънои сатҳии Қуръон, бино бар мабонии ақлонӣ, фосила мегирифтанд ва онро таъвил мекарданд: мумкин аст (зоҳири) ваҳй ба гунае дар бораи Худо сӯҳбат кунад, ки гӯё Худо тану бадан дорад, ҳол он ки метавонем ин бардоштро бо иқомаи далоиле алайҳи ҷисмонияти Худованд канор бигузорем. Ҳамчунин мутакаллимон даст ба гиребони баҳсҳои дақиқе — ҳамчун масоили аслии фалсафӣ мисли ихтиёр, атомизм ва маншаи масъулияти ахлоқӣ — буданд ва бар сари нукоте тахассусӣ мисли зотӣ будани аъроз барои ҷавоҳир, ё вазъи аъёни маъдума гуфтугӯ мекарданд. Агар таърих ба гунае дигар рақам мехӯрд ва ҳеч матне, ба забони арабӣ, аз арастуиёни ҷазмӣ пайдо намешуд, шак надорам, ки муаррихони фалсафа хуруҷии мутакаллимонро ҷараёне фалсафӣ дар ҷаҳони исломӣ қаламдод мекарданд.

Аммо адами вуҷуди он матнҳо, рӯйкарди моро ба таърихи тафаккури исломӣ бештар ба мувоҷеҳаамон бо тафаккури масеҳии қуруни вусто шабеҳ кардааст. Дар ҳоле ки макотиби фалсафии қуруни вусто, ағлаб, мухтасс ба чеҳраҳое аст, ки ба “илоҳидон” маъруфанд, афроде ҳамчун Онселм (Anselm), Окуинос, Дунс Эскутус (Duns Scotus) ва Вилём Укомӣ (William of Ockham). Албатта бисёре ҳам ҳастанд, ки фалсафаи қуруни вусторо, дақиқан ба хотири бофту заминаи диниаш, дӯст надоранд. Аммо ба назари ман, фалсафа ҳар ҷо, ки бошад, фалсафа аст, ва агар мабоҳиси фалсафиро канор бигузорем сирфан ба ин хотир, ки мутафаккироне он мабоҳисро пеш бурдаанд, ки тарҳе динӣ дар зеҳн мепарваронданд, коре тангназарона кардаем. Хоҳ он тарҳро Окуинос аз масеҳият вом гирифта бошад, хоҳ Ибни Маймун аз яҳудият, хоҳ Ниёё (дар маърифатшиносӣ) ё Ведонто (дар фалсафаи зеҳн) аз ойини ҳинду, ва хоҳ шахси дигаре аз ислом.

Худдорӣ аз ситоиши рагаҳои фалсафии “калом” зиёнбор аст, ба хусус вақте, ки ба даврони мобаъди шахсияти меҳварии фалсафа дар ҷаҳони ислом, яъне Ибни Сино (вафотёфтаи 428 қ. = 1037 м.) мерасем. Вай таъсири азиму фарогире ба ҷой гузошт. Ҳамчунин “илоҳидон”-ҳое ҳамчун Ғаззолӣ (вафотёфтаи 505 қ. = 1111 м.) ва Фахруддини Розӣ (вафотёфтаи 606 қ. = 1210 м.)-ро мебинем, ки бо таҳлиле мӯшикофона аз мабоҳиси Ибни Сино даступанҷа нарм мекарданд ва дар айни ҳол, ки ҷанбаҳое аз низоми синавиро мепазируфтанд, бархе ҷанбаҳои дигарашро хато медонистанд. Ғаззолӣ ба хотири нақди мобаъдуттабиа (метафизика)-и Ибни Сино дар китоби “Таҳофутул-фалосифа” шӯҳра шуд, аммо вай ҳар касеро, ки фоидаи мантиқи фалосифаро нафй мекард, ба масхара мегирифт. Ва аммо Розӣ, ҷавомеъ (compendia)-и азими каломиаш бо навиштаҳои ашхосе чун Окуинос ва Эскутус ба забони лотин ва дар олами масеҳият, қобили қиёс аст, ки он навиштаҳо мамлув аз мабоҳиси мадрасианд ва ҳатто бо истилоҳоти аносури фалсафӣ, ҳамчун “Мақулот”-и арастуӣ сомон ёфтаанд. Пиндоре, ки мегӯяд фалсафа дар ҷаҳони ислом ҳудуди замони Ибни Рушд (вафотёфтаи 595 қ. = 1198 м.) мурд, то ҳадде натиҷаи ин пешфарз аст, ки матнҳои фавқ дар ҳавзаи таърихи фалсафа қарор намегиранд, ҳол он ки он осор саршор аз мабоҳиси фалсафии буғранҷанд.

Ончи набояд инкор шавад ин аст, ки бархе матнҳои каломӣ, барои хонандагони алоқаманд ба фалсафа, ҷаззобияти андаке доранд ё ин ки мутакаллимон мабоҳиси худро, ба ҷойи истидлоли ақлии маҳз, бар пояи тафсири насси динӣ пеш бурдаанд. Ва ин ки файласуфон аз матнҳои мутакаллимон безоранд, сирфан ба хотири истифода аз далоили динии мутакаллимон нест. Форобӣ ва Ибни Рушд рост мегуфтанд, ки гароиши “ҷадалӣ” дар муосирони каломиашон ҳузур доштааст.

Мутакаллимон муқаддамотро шояд баррасинашуда раҳо мекарданд ба ин сабаб, ки ҳарифи фарзиро ночор аз қабулашон медиданд; ва гароише — ба вежа дар каломи мутақаддим — вуҷуд дошт, ки ба ҷойи ин ки барои ёфтани посухе воқеан қонеъкунанда дар мабоҳис ғавр кунанд, суолотро бо қоъидаҳои забонӣ посух диҳанд, то балки ҳамаи гурӯҳҳо онро бипазиранд. Аммо ин гароиш то ҳадде дар осори каломии мутааххир ҳазф шудааст. Ба ақидаи ман — ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳаҷми анбӯҳе аз осори каломӣ то ба ҳол тасҳеҳ ва хонда нашудаанд, бо дудилӣ мегӯям, ки – ҳар чи ин суннат густариш ёфт, калом ба тарзи чашмгире фалсафитар шуд. Дар даврони пасосинавӣ, авзоъ бисёр шабеҳ ба Фаронсаи охирҳои қарни 13 буд: ҷаззобтарин ва моҳиртарин фалосифа дар ин даврон илоҳидон буданд.

Дар давроне, ки ҳанӯз афроди ғайри мутахассис ба нудрат осори ашхосеро мехонанд, ки худро дар ҷаҳони ислом “файласуф” меномиданд, шояд таваққӯъи баҷое набошад, ки бихоҳем тайфи васеъе аз хонандагон қадри “калом”-ро бидонанд. Маъмулан аз донишҷӯёни коршиносӣ интизор намеравад, ки осори Ибни Сино ва Ибни Рушдро бихонанд, чӣ бирасад ба хониши муосирони “илоҳидон” ва ахлофи онҳо. Аммо ҳатто агар матнҳои муртабит умдатан дастнахӯрда бимонанд, меарзад, ки ин ҳақиқатро ҷор бизанем, ки ақлгароӣ дар ислом бо Ибни Рушд намурд; ва дар онҷо, тафаккури фалсафӣ милки сирфи сардамдорони саршиноси фалсафа дар ҷаҳони ислом — ҳамчун Форобӣ, Ибни Рушд ва Ибни Сино — набудааст.

Aeon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: