Перейти к содержимому

Ин нақшаи шуми истеъмори болшевикӣ буд, ки миллиятро бо қавмият баробар кард

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Асосан, миллат яъне бошандагон ва шаҳрвандони як кишвар аз ақвому қабоили гуногун. Ин нақшаи шуми истеъмори болшевикӣ буд, ки миллиятро бо қавмият баробар кард ва аз як миллати воҳид, чандин миллати пароканда сохт ва баъд ношармида шиор дод, ки мо тарафдори фарҳанги интернатсионалӣ ҳастем…

* * *

Кишварҳое ба монанди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки дар даврони истеъмор тавассути қудратҳои истеъморгар сохта шуданд, ҳаргиз наметавонанд ба истиқлоли воқеӣ ноил шаванд. На истиқлоли сиёсӣ, на иқтисодӣ, на фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама на истиқлоли фикрӣ.
Иллаташ ин аст, ки ин кишварҳо ба сурати сунъӣ сохта шуданд, дар воқеъ мисли як пайкаре, ки аъзои он ба чанд қисмат тикка ва пора гаштааст. Вақте аъзои як пайкара аз ҳам гусаста мешавад, дигар ҳеч узве ба танҳоӣ имкони идомаи ҳаёт нахоҳад дошт. Зеро ин аъзо мукаммили ҳаманд ва танҳо бо ҳам метавонанд ниёзҳои пайкараро бароварда кунанд. Бинобар ин, ҳамон тавре ки пайдоиши онҳо вобаста ба қудратҳои беруна буд, бақои онҳо ҳам вобаста ба ҳамон қудратҳо хоҳад буд.

Аслан, аз ҳам пошидани ин кишварҳо ва ба ҷои он сохтани чандин кишваракҳо, идомаи ҳамон истеъмор аст, фақат ба шаклу сурати мудерн.

Аз ин рӯ, танҳо роҳи расидан ба истиқлоли воқеӣ дар ин кишварҳои дастсохти истеъмор, аз миён бардоштани ин марзҳои сохтагӣ аст. Манзур аз марз фақат марзи ҷуғрофиёӣ нест, балки муҳимтар аз он, бардоштани марзҳои дурӯғини фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто марзи сохтагии миллӣ аст.

Бале, марзи сохтагиии миллӣ, зеро қабл аз сохтани ин кишваракҳои ҷадид, мардуми онҳо ҳама як миллат башумор мерафтанд. Масалан то табартақсими болшевикӣ, дар кишвари паҳновари Бухоро чанд миллат зиндагӣ намекарданд, балки ҳамаи ақвом аз тоҷику ӯзбаку қирғизу қазоқу туркман ва майда ақвоми дигар, ҳама як миллат буданд. Ҳама шаҳрванди як кишвар буданд, ҳама дорои як фарҳанг буданд, бо як дабира менавиштанд, дорои як расму русум ва урфу одат буданд, бо ҳам издивоҷ мекарданд, доду гирифту нишасту бархост ва рафту омади хонаводагӣ доштанд.

Асосан, миллат яъне бошандагон ва шаҳрвандони як кишвар аз ақвому қабоили гуногун. Ин нақшаи шуми истеъмори болшевикӣ буд, ки миллиятро бо қавмият баробар кард ва аз як миллати воҳид, чандин миллати пароканда сохт ва баъд ношармида шиор дод, ки мо тарафдори фарҳанги интернатсионалӣ ҳастем.

Албатта лозимаи бардоштани ин марзҳои сохтагӣ, ҳатман барпоии як кишвари воҳид нест, балки ин муҳим бо ташкили иттиҳодияи воҳид ҳам ҳосил мешавад. Дар дунёи имрӯз на танҳо кишварҳои сохтагӣ, балки ҳатто кишварҳои асил ҳам ба зарурати ташкили иттиҳодия пай бурдаанд, намунаи возеҳи он ташкили Иттиҳодияи Урупо аст.

Бинобар ин, ҳукуматҳои Осиёи Миёна агар ҳам имрӯз ба зарурати ташкили як иттиҳодияи осиёимиёнаӣ пай набаранд, мутмаин бошед, дер ё зуд ниёзҳои дунёи имрӯз онҳоро ба дарки зарурати ин муҳим ҳатман водор хоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: