Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (39)

Ҷомеа ва таърих аз назари Қуръон (1)

Дар дунболаи баҳси чаҳор ҷаласаи пеш роҷеъ ба моҳияти таърих аз назари Қуръон, матолибе арз мекунем. Албатта манзур ин аст, ки Қуръон мантиқи худашро дар ҷараёнҳои таърих бар чӣ мабное гузоштааст? Мо дар он ҷаласа миқдоре баҳс кардем ва чун ба мутолеоти ҷадиде бархӯрд кардем, ночор онҳоро инҷо зикр мекунем, агарчи мумкин аст баъзе аз матолиб такрорӣ бошад.

* * *

Оё Қуръон барои ҷомеаи башарӣ шахсият қоил аст?

Аввалин масъала дар инҷо ин аст, ки асосан оё Қуръон барои ҷомеаи башарӣ, барои иҷтимои инсонҳо шахсият қоил аст ё ин ки на, барои иҷтимоъ шахсияте қоил нест ва иҷтимоъ дар мантиқи Қуръон чизе нест ҷуз ҳамон афрод, ва Қуръон тарафи суханаш фақат афрод аст ва ҳадафаш ҳам афрод ҳастанд, ва ғайр аз афрод чизи дигареро дар назар надорад ва намебинад?

Агар ба ин дид нигоҳ кунед, ҳеч фарқе миёни ҷомеаи инсон ва як боғи пур аз дарахт нест. Боғи пур аз дарахт ҳар чӣ ҳаст дарахт аст, маҷмӯи дарахтҳост ва ҳар дарахте барои худаш як дунёи ҷудогона дорад. Ҳар дарахте иртиботи мустақим бо обу ҳаво ва хоку нуру ҳарорату ғайра дорад ва ҳеч дарахте дар сарнавишти дарахти дигар таъсир надорад, яъне маҷмӯи дарахтҳо як пайкари воқеӣ — на қарордодӣ — ба номи ҷомеаи дарахтон нестанд.

Оё инсонҳо ҳам аз ҳамин қабиланд, ки агар дар мавриди инсонҳо бигӯем: “Банӣ Одам аъзои як пайкаранд” фақат як таъбири шоирона кардаем? Ё на, аслан ин як воқеият аст. Афроди инсон пайвандҳои воқеӣ бо якдигар доранд, ки мардуме, ки бо ҳам зиндагӣ мекунанд, табъан ва воқеан ба сурати як пайкар дармеоянд ва афроди иҷтимоъ воқеан то ҳудуди зиёде ҳукми аъзоро пайдо мекунанд, яъне истиқлолашон то ҳудуде маҳв мешавад ва тобеъи он ваҳдат ва руҳе мешаванд, ки бар ҷомеа ҳукмфармост.

Агар ин дуввумиро гуфтем, он гоҳ ин суол пеш меояд: афрод, ки узви ҷомеа ҳастанд — ва ҷомеа худаш як воқеияте аст, на як амри қарордодӣ — ва то андозае истиқлолашонро аз даст медиҳанд, то чӣ ҳадд аз даст медиҳанд? Сад дар сад аз даст медиҳанд ё як дар саде дорад, масалан бигӯем саде панҷоҳ? Албатта дар садашро намешавад муайян кард.

Қуръон барои ҷомеа шахсият қоил аст, воқеан барои ҷомеа ҳақиқате ва воқеияте қоил аст ва афродро узви он воқеият медонад. Афроди инсон дар ҳукми дарахтони як боғ нестанд, балки дар ҳукми аъзои як пайкаранд. Чун, гузашта аз ин ки муқаррароти исломӣ бар ҳамин поя гузошта шудааст (яъне танҳо ҷанбаи фардӣ надорад; намегӯяд фард ҳеч иртиботе бо афроди дигар надорад, балки барои ислоҳи фард, ки “ҷузъ” ҳаст, ислоҳи “кулл”-ро лозим мешуморад ва ҳар фарде ба хотири худаш ҳам, ки ҳаст, масъули он кулл ва он ҷамъ аст), асосан дар Қуръон ба ҳамин сурат ин мантиқ таъйид шудааст ва Қуръон барои ақвом ва ба таъбири худаш “умматҳо”, шахсият қоил аст, яъне ҳамон тавр, ки барои фард ҳаёту мавт қоил аст, воқеан барои ҷомеа ҳаёте ва мавте ва руҳе қоил аст ва барои ҷомеа умр қоил аст. Ҳамин ҷур, ки умри фард замоне ба сар мерасад — гоҳе тӯлонӣ аст ва гоҳе кӯтоҳ — умри як ҷомеа ҳам гоҳе тӯлонӣ аст, гоҳе кӯтоҳ ва замоне ба сар мерасад. Ҳамон тавр, ки ҳар фарде як шуъури хосс ба худ дорад, ҷомеа ҳам як шуъури хосс ба худ дорад. Ва шояд ба таъбири болотар, ҳамон тавр, ки аз назари Қуръон ҳар фарде як китоб дорад, ки мо исмашро “номаи амал” мегузорем –

وَكُلَّ إِنْسَانٍ أَلْزَمْنَاهُ طَائِرَهُ فِي عُنُقِهِ وَنُخْرِجُ لَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ كِتَابًا يَلْقَاهُ مَنْشُورًا

Ва номаи амали ҳар инсонеро ба гардани ӯ бастаем ва рӯзи қиёмат барои ӯ номае, ки онро гушода мебинад, берун меоварем.” (Сураи Исро, ояти 13) – (яъне як номаи амал дорад, ки он номаи амал фардӣ аст), ҳар уммате ҳам як китоби мустақил дорад.

* * *

Сухани Аллома Таботабоӣ (р)

Инро бояд арз кунем, ки мо ин матлабро бештар аз тафсири Алмизон истифода кардаем ва аз ин рӯ худи он тафсирро овардаам, ки бештар мехоҳам иборатҳои онро бихонам.

Эшон (Аллома Таботабоӣ) мегӯянд: иллати ин ки муаррихони исломӣ қабл аз ҳар муаррихи дигаре ба ин фикр афтоданд, ки баҳсҳои иҷтимоиро матраҳ кунанд ва барои ҳар қавме аз он ҷиҳат, ки як қавм аст ҳисоби махсусе боз кунанд ва барои ҳар қавму миллате руҳе қоил шаванд ва афроде мисли Масъудӣ дар ҳазор сол пеш балки бештар ва баъд Ибни Халдун суханоне дар ин боб бигӯянд, таълимоти Қуръон аст. Инҳо аз ҳамин Қуръон илҳом гирифтаанд. Фарангиҳо ҳам ин матлабро қабул доранд, ки ҷомеашиносӣ ба унвони як илм, ибтикори аввалияаш аз урупоиҳо нест, мубтакири аввалияашро Ибни Халдун медонанд. Албатта қабл аз Ибни Халдун ҳам хеле афрод будаанд, вале Ибни Халдун ба сурати комилтаре баён кардааст, яъне Ибни Халдун буда, ки дар он муқаддимаи худаш тасреҳ карда ба ин матлаб, ки ҳеч далеле надорем, ки улуми ақлӣ мунҳасир бошад ба он чи ки аз қадим ба мо расида ва юнониён улумро ба назарӣ ва амалӣ тақсим кардаанд, ва баъд улуми назариро ба шӯъбаҳое тақсим кардаанд ва улуми амалиро ба шӯъбаҳое. Мумкин аст улуми дигаре бошад, ки аслан худи он илмро башар то кунун нашинохта бошад ва худи илм, ҷадид бошад на тавсиъаи як илм. Аслан илм, илми ҷадиде бошад. Ва муддаӣ мешавад, ки илми ҷомеа, худаш як илме аст ва мисли ҳамаи улуми дигар мавзӯъ ва ҳадаф ва мабодӣ ва масоил дорад ва бо ҳеч илме фарқ намекунад.

Китобаш (Муқаддимаи Ибни Халдун) тарҷума ҳам шудааст ва бисёр китоби пурмағзе аст. Ӯ барои умматҳо ва миллатҳо иртиқоъҳо ва инҳитотҳо (зуҳуру суқутҳо) қоил аст ва ба ҳасби ташхиси худаш иллатҳои иртиқоъҳо ва инҳитотҳо ва инқирозҳоро зикр мекунад. Ӯ ба фард кор надорад, ҳукми “уммат” ва ба истилоҳи имрӯз “миллат”-ро баён мекунад. Дуруст ҷомеаро мавзӯи як илми мустақил ва ҷудогона қарор медиҳад.

Эшон (Аллома Таботабӣ) мегӯянд: ҳамаи инҳо аз худи Қуръон илҳом гирифтаанд, чун ин Қуръон аст, ки барои аввалин бор дар таърихи башарият инчунин барои ақвом, мустақил аз афрод, шахсият қоил шуд.

* * *

Оятҳои Қуръон дар ин замина

Дар аввалҳои сураи муборакаи Аъроф оятҳое ҳаст хитоб ба Банӣ Одам ба таври куллӣ:

يَا بَنِي آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاسًا يُوَارِي سَوْآتِكُمْ… يَا بَنِي آدَمَ لا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطَانُ كَمَا أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ

(Сураи Аъроф, оятҳои 26 ва 27)

То мерасад ба инҷо, ки:

قُلْ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَالإثْمَ وَالْبَغْيَ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَأَنْ تُشْرِكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَأَنْ تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ مَا لا تَعْلَمُونَ

Худованд корҳои зиштро — чӣ зоҳирӣ ва чӣ ботинӣ, чӣ он чи ки аланӣ аст ва чӣ он чи ки махфӣ ва марбут ба равону ботини инсон аст — ва корҳои бад ва туғёнҳоро ва қиёмҳои бидуни ҳақро ва ширкро ва нисбат додан ба Худо чизеро, ки инсон намедонад (бидъатҳо) ҳамаро ҳаром кардааст.” (Сураи Аъроф, ояти 33) Баъд мегӯяд:

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلا يَسْتَقْدِمُونَ

Барои ҳар уммате ва қавме поёне аст…” (Сураи Аъроф, ояти 34)

Аслан худи он ояти фавоҳишро, ки зикр мекунад, маълум аст, ки мехоҳад иллатҳои ба поён расиданро зикр кунад. Аз оятҳои дигари Қуръон низ ин матлаб истифода мешавад, ки ҳар уммате поёне дорад ва он вақте, ки поёнаш бирасад, як зарра тахаллуф намекунад; на лаҳзае пеш меафтад, на лаҳзае пас; инчунин қатъӣ ва зарурӣ аст.

Дар ин тафсир, дар зайли ояти қабл аз ин оятҳо, ки хитоб ба Банӣ Одам мефармояд: “Эй Банӣ Одам! Шумо дар рӯи замин зиндагӣ мекунед ва дар рӯи замин мемиред ва баъд, аз ҳамин замин ҳам мабъус хоҳед шуд” мегӯяд муфоди ин оят ин аст:

إن الأمم والمجتمعات لها أعمار وآجال نظير ما للأفراد من الأعمار وألآجال

Барои умматҳо ва ақвом ҳам умру аҷал аст ончунон, ки барои афрод ҳаст.”

Ояти дигар, ояти 108 сураи Анъом аст. Гуфтем, ки мегӯянд ҳар қавм ҳам як навъ шуъур ва як навъ эҳсосе дорад ғайр аз эҳсоси фард ва мухтассоти эҳсосии як фард. Шумо мебинед, ки ҳар қавму миллате дар асари ин ки бо якдигар зиндагӣ карда ва таҳти таъсири як гуна иллатҳо (иллатҳои табиӣ ва ҷуғрофиёӣ, иллатҳои иҷтимоӣ ва иллатҳои нажодӣ) қарор гирифтаанд, табъан ҳамаи мардум дорои як руҳияи хосс мешаванд, ки имрӯз рӯи руҳияи миллатҳо такя мешавад ва ҳатто китобҳое ҳам дар ҳамин заминаҳо ба номи руҳияи миллатҳо навишта мешавад (монанди китоби “Руҳи миллатҳо”): руҳияи миллати Олмон, руҳияи миллати Фаронса ва ғайра.

Қуръон дар баъзе оятҳои худаш матлабро ба ин таъбир баён мекунад, хитоб мекунад ба як мардуме, ки амалашон фаҳҳошӣ аст ва фуҳш медиҳанд. Қуръон наҳй мекунад ҳатто мусалмононро, мегӯяд ба бутҳо ва ҳар чизи дигаре, ки мавриди эҳтироми дигарон аст фуҳш надиҳед, сабб накунед; албатта на ба он милоке, ки имрӯз мегӯянд, ки ҳар чизе, ки башар барои он эҳтиром қоил шуд, худ ба худ эҳтиром пайдо мекунад; агар буте мавриди эҳтироми башар шуд, чун башар ба он эҳтиром мегузорад ва башар мӯҳтарам аст, пас он ҳам бояд мӯҳтарам бошад! На. Чунин асле аз Қуръон истинбот намешавад, балки баръакс истинбот мешавад. Қуръон ин корро наҳй мекунад ба хотири таваҷҷӯҳ додан ба аксуламалаш. Мегӯяд, вақте, ки шумо ба маъбуд ва муқаддасоти онҳо фуҳш бидиҳед, онҳо ҳам ба муқаддасоти шумо фуҳш медиҳанд; аслан фуҳшро канор бигузоред.

Дар “Наҳҷул-балоға” аст: дар ҷанги Сиффайн Амирулмӯъминин диданд, ки асҳобашон ба Муовия ва асҳоби Муовия ва шояд ба болотар фуҳш медиҳанд. Фармуд:

إني أكره لكم أن تكونوا سبّابين

Ман хуш надорам, ки шумо фаҳҳошу саббоб бошед” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 204), балки баръакс ҳарфи хуб бизанед, суханатон дуо бошад, бигӯед: Худоё! Миёни мо ва ин душманонамон ислоҳ кун, онҳоро ба роҳи хайр ҳидоят кун!

Қуръон мефармояд:

وَلا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ

(“Онҳоеро, ки ҷуз Худо мехонанд, душном мадиҳед, ки онон аз рӯи душманӣ (ва) ба нодонӣ Худоро дашном хоҳанд дод…”) Баъд мегӯяд:

كَذَلِكَ

(Мисли ин ки инро ба унвони як руҳияи куллӣ аз ин мардум ташхис медиҳад)

كَذَلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِمْ مَرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

Инчунин барои ҳар уммате корашонро дар эҳсосашон зебо қарор медиҳем…” (Сураи Анъом, ояти 108) Ҳол чаро инро ба Худо нисбат дода ё надода, достони дигаре аст. Вале асоси матлаб ин аст, ки ҳар уммате амали худашро зебо эҳсос мекунад. Ҳар уммате аслан эҳсосу даркашон дар бораи навъи коре, ки онро писандидаанд, бо эҳсосу дарки як уммати дигар фарқ мекунад. Кореро, ки агар ба як уммати дигар арза бидорӣ, онро зишт медонад, ин уммат онро зебо медонад. Ин худаш далел бар он аст, ки гоҳе як уммат дорои навъе эҳсосу дарк мешавад, ки як уммати дигар надорад.

Ояти дигар, ки он ҳам хеле аҷиб аст, дар сураи Ҷосия аст.

Сареҳи ояти Қуръон аст, ки дар қиёмат ба инсон китобе арза мешавад, ки дар истилоҳи мазҳабии шойеъи имрӯзи мо “номаи аъмол” мегӯянд. Ба таври куллӣ Қуръон доиман ин матлабро такрор мекунад ва сирфи инро намегӯяд, ки ҳар чи шумо мекунед, мо медонем, балки мегӯяд, ҳар чи ҳар фарди башар анҷом медиҳад, дар китобе сабт мешавад ва ҳеч кори кучак ё бузурге нест магар ин ки дар он китоб сабт мешавад ва вақте инсон дар қиёмат маҳшур мегардад ва он китобро ба ӯ арза медоранд, ҳайрат мекунад ва мегӯяд:

مَا لِهَذَا الْكِتَابِ لا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلا كَبِيرَةً إِلا أَحْصَاهَا

(“Ин чӣ номае аст, ки ҳеч кори кучаку бузургеро фурӯ нагузошта ҷуз ин ки ҳамаро ба ҳисоб овардааст…” (Сураи Каҳф, ояти 49)) То ин миқдораш ҳеч шакку тардиде дар он нест. Ҳол, он китоб чӣ гуна китобе аст? Оё воқеан китобест аз ҷинси коғаз ва афроде ҳастанд бо коғазу қалам, ва баъд онро ба дасти ашхос медиҳанд, бинобар ин афроди босавод метавонанд бихонанд ва афроди бесавод наметавонанд, ва ба чӣ забоне менависанд? Ё ин ки он китоб, берун аз вуҷуди худи инсон нест ва навиштани аъмоли инсон дар китоб ҷуз ин нест, ки сурати ҳар амал ба наҳве дар вуҷуди худи инсон боқӣ мемонад ва вақте, ки вуҷуди инсон аз ин ҳолати иҷмолу басотат хориҷ ва гӯӣ боз мешавад, тамоми аъмоли худашро аз аввал то охири умр дар муқобили худаш ва бо худаш ва тавъам бо худаш муҷассам мебинад. Дар ин дунё вақте нигоҳ мекунад, худашро рӯи хатти замон дар замони ҳол мебинад ва гузашта ва оянда аз ӯ пинҳон аст, вале дар қиёмат якмартиба ӯст бо тамоми он чи ки дар ҳамаи замонҳо анҷом дода, худашро бо тамоми замонҳои худаш ва корҳое, ки дар замонҳо карда тавъам мебинад.

Иддае ин ҷур истинбот мекунанд, мегӯянд:

وَنُخْرِجُ لَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ

(Ишора ба ояти 13 сураи Исро) “Берун меоварем…” нишон медиҳад, ки гӯӣ чизе дар ҷое махфӣ аст, онро берун меоваранд, ва ин ҷуз он ки аз даруни худи инсон берун кашида мешавад, чизи дигаре нест.

Вале оё фақат ҳар фард аз он ҷиҳат, ки як фард аст як китобу нома дорад? Ва ё як уммат ҳам аз он ҷиҳат, ки як уммат аст номае дорад?

Ин оят чунин мегӯяд:

وَتَرَى كُلَّ أُمَّةٍ جَاثِيَةً

Дар рӯзи қиёмат дар ибтидои кор, ҳар умматеро мебинӣ дар ҳоле, ки рӯи зонуи худашон такя кардаанд ва ин ҷур – хулоса — ба зону даромадаанд ва мунтазиранд, ки сарнавишташон ба дасташон дода шавад. Баъд мегӯяд:

كُلُّ أُمَّةٍ تُدْعَى إِلَى كِتَابِهَا الْيَوْمَ تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

Ҳар уммате ба китобу номаи худаш хонда мешавад ва ба он уммат гуфта мешавад, ки ба шумо кайфар ё ҷазо дода мешавад ҳамон чиро, ки амал кардед…” (Сураи Ҷосия, ояти 28) Яъне ҷазои шумо ҳамон амал шумост.

Дар ин оят ҳам боз эшон тасреҳ мекунанд, ки:

ويستفاد من ظاهر الآية أن لكلّ أمّة كتابا خاصا بها

Аз ин оят зоҳир мешавад, ки ҳар уммате як китоби махсус ба худ дорад…“

كما ان لكلّ انسان كتابا خاصا به

Ҳамон тавр, ки ҳар инсоне китобе махсус ба худ дорад.”

Ин табъан лозимаи он ҳарф ҳам ҳаст, яъне агар бино шуд, ки ҷомеа як ваҳдати воқеӣ ва як шахсияти воқеӣ ҷудо аз шахсияти фард дошта бошад ва худаш як шахсият бошад ва ҷомеа сирф “маҷмӯъ” набошад ва ғайр аз руҳи фардӣ як руҳи иҷтимоӣ низ бар инсонҳо ҳукумат кунад, табъан бояд он ҳам як китобе дошта бошад ва наметавонад надошта бошад.

Ояти дигар дар сураи Юнус аст, ки мефармояд:

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ رَسُولٌ فَإِذَا جَاءَ رَسُولُهُمْ قُضِيَ بَيْنَهُمْ بِالْقِسْطِ وَهُمْ لا يُظْلَمُونَ

Барои ҳар уммате як паёмбаре ҳаст…” (На ин ки дар миёни ҳар уммате шахси расуле ҳаст; на, ҳар уммате расуле доранд, ки ё он расул худаш дар миёни он уммат буда ё паёмаш ба онҳо иблоғ шуда, мисли мо, ки расуламон Пайғамбари Акрам аст бо ин ки худашон дар миёни мо нестанд, паёмашон ба мо иблоғ шуда)

فَإِذَا جَاءَ رَسُولُهُمْ قُضِيَ بَيْنَهُمْ بِالْقِسْطِ وَهُمْ لا يُظْلَمُونَ

(Инҷо мегӯянд, як навъ ҳазфу изморе ҳаст) Пайғамбарашон меояд онҳоро ҳидоят мекунад, баъд баъзе мардум қабул мекунанд ва баъзе такзиб мекунанд, ва билохира баҳақ дар миёни онҳо ҳукм хоҳад шуд.

Баъд мегӯяд:

وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

Пайғамбари Акрам ба куффори Қурайш мефармуд: ман паёмбаре ҳастам дар миёни шумо ва агар такзибам кунед, суннати илоҳӣ ин аст, ки ҳалок бишавед; на як фард, балки ин ҷомеае, ки намепазирад ҳалок шавад. Инҳо ба масхара мегуфтанд:

مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

Ҳоло ҳалоки мо кай мехоҳад амалӣ шавад?

قُلْ لا أَمْلِكُ لِنَفْسِي ضَرًّا وَلا نَفْعًا إِلا مَا شَاءَ اللَّهُ

Бигӯ: он чи мегӯям ба дасти ман нест, (ман нестам, ки мехоҳам шуморо ҳалок кунам, иродаи фарди ман нест), ман ҳатто молики зарару нафъи худам ҷуз ин ки Худо бихоҳад нестам.” Яъне ҳама чиз ба дасти Худост. Баъд суннати Худоро баён мекунад:

لِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ

(Вале бидонед, ки) машиати Аллоҳ чунин аст, ки барои ҳар қавме поёне ҳаст, аҷале ва умре ҳаст…

إِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ فَلا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلا يَسْتَقْدِمُونَ

Онгоҳ, ки поёни корашон бирасад, на як лаҳза ҷилав меафтад на як лаҳза ақиб.” (Сураи Юеус, оятҳои 48 ва 49)

Дар ин тафсир айни ҳамин матлабро андаке муфассал мегӯяд, ки ман мухтасарашро зикр мекунам.

Мефармояд: вақте, ки инҳо гуфтанд: ту, ки мегӯӣ мо ҳалок мешавем, пас кай? Вақташро таъйин кун, ҷавоби ин суол дугуна дода шудааст: аввал он ки ин ғайб аст ва ғайбро ҷуз Худо намедонад ва ин амрест, ки дар дасти Худост. Ва дуввум он ки дар айни ин ки ғайб аст, як амри заруриюлвуқӯъ ва ба истилоҳи имрӯз иҷтинобнопазир аст.

وأما الثاني أعني ذكر ضرورة الوقوع فقد بيّن ذلك بالاشارة الى حقيقة هه من النواميس العامّة الجارية في الكون

“Хоста ба як номусе, ки дар ҳастӣ ҷараён дорад ишора бифармоед, ки

تنحلّ بها العقدة

Ишкол ба онҷо ҳал мешавад

هي أن لكلّ أمة أجلا لا يتخطّونه فهو اتيهم لا محالة

(Тафсири Алмизон, ҷ.10, с.73), ки оят фармуд:

لِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ إِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ فَلا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلا يَسْتَقْدِمُونَ

Оятҳои дигаре ҳам албатта дар Қуръон ҳаст, вале гӯё дигар тардиде дар ин қазия боқӣ намемонад, ки ислом барои ҷомеа воқеан шахсияте қоил аст, ва арз кардам, ки муқаррароти исломӣ ҳам дар ин замина бар ҳамин мабност, ки фардро комилан мустақил намедонад.

Аслан амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои ин аст, ки муҳит бояд ислоҳ бишавад, ки то муҳит (яъне ҷомеа ва руҳи иҷтимоӣ) ислоҳ нашавад, фард тавфиқи сад дар сад пайдо намекунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: