Перейти к содержимому

Сафари таърихии Поп ба минтақаи Ховари Миёна (тасовир)

Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, дар нахустин сафари худ ба минтақаи халиҷи Форс, вориди Амороти Муттаҳидаи Арабӣ шуд ва мавриди истиқболи мақомоти ин кишвар қарор гирифт.

Аҳмад Аттайиб, шайхи Алазҳари Миср низ ба Аморот сафар карда ва бо Поп дидор доштааст. Дар ҳамин хусус, Алазҳар дар баёнияе таъкид кард: “Шайх Аҳмад, шайхи Алазҳар ва Поп Фронсис дар заминаи эҷоди равобити бародаронаи амиқи мубтанӣ бар ҳамгароии зеҳнӣ, имони амиқ ба арзишҳои инсонии баргирифта аз арзишҳои адён, талош барои тақвияти пулҳои гуфтугӯ ва ҳамзистӣ миёни инсонҳо муваффақ амал карданд.”

Алазҳар дар ин баёния, ки ба муносибати дидори таърихӣ миёни Шайх Аҳмад Аттайиб ва Поп Фронсис дар Абӯзабӣ содир шуда, унвон кард: “Робита миёни Алазҳар ва Вотикон дар солҳои ахир шоҳиди ҳаракати бесобиқае будааст, ки бо табрики Шайх Аҳмад Аттайиб ба вай дар замони тасаддии риёсати калисои котулик оғоз шуд.”

Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки азсаргирии равобит миёни Алазҳар ва Вотикон марҳуни гомҳои мусбат ва ҷиддии Вотикон аст, ки ба вузуҳ нишондиҳандаи эҳтиром ба ислом ва мусалмонон аст, омадааст: “Меҳвари дидори Аҳмад Аттайиб ва Поп, ҳамоҳангии талошҳо ба манзури тақвияти арзишҳои сулҳ ва тарвиҷи фарҳанги гуфтугӯ, тасомуҳ, ҳамзистӣ миёни миллатҳои мухталиф, ҳифзи инсон аз хушунат, ифрот, фақру беморӣ аст ба тавре, ки дар заминаи саодати башарият, мубориза бо фақру ҷаҳлу беморӣ, бори сангине бар дӯши ниҳодҳои динӣ назири Алазҳар ва Вотикон аст.”

Гуфтанист, дирӯз (якшанбе, 3 феврал) дар Аморот конфронси ҷаҳонии “бародарии инсонӣ” дар масҷиди “Шайх Зоид” дар Абӯзабӣ баргузор гардид ва Поп Фронсис ва шайхи Алазҳар аз суханронони ин конфронс буданд. Шайх Наҳён бен Муборак Оли Наҳён, вазири тасомуҳи Аморот дар маросими ифтитоҳияи ин конфронс гуфт: “Ин конфронс рӯйдоде фарҳангӣ аст, ки нисбат ба бародарӣ ва гуфтугӯ тарғиб мекунад.”

Сафари Поп ба Аморот чаҳоррӯза аст. Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи Зоиди Абӯзабӣ суханронӣ хоҳад кард ва интизор меравад, ки 120 ҳазор нафар дар ин суханронӣ ҳузур дошта бошанд.

Сафари Поп ба Абӯзабӣ дар сояи ҷанги Яман сурат мегирад. Поп Фронсис дар чандин навбат ҷанг дар Яманро маҳкум кардааст. Бо ин ҳол мушаххас нест, ки оё Поп ба таври умумӣ ё дар ҷаласоти хусусӣ бо раҳбарони Аморот дар бораи ҷанги Яман сӯҳбат хоҳад кард ё на.

Қарор аст пас аз Аморот, Поп ба Риёз сафар кунад.

Тасовире аз ин сафар:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: