Перейти к содержимому

Эҳтимоли такрори сенориюи Сурия дар Венезуело

 

Ба қалами Рой Бэт (Roy Batty) дар пойгоҳи таҳлилии Daily Stormer

Ба назар мерасад, ки Никулос Модуру, раисиҷумҳури Венезуело, бидуни мубориза аз қудрат канора нахоҳад гирифт. Барои бештари омрикоиҳо, инки чӣ касе дар ин мубориза пирӯз шавад, тафовути чандоне намекунад; бо ин ҳол, агар ӯ як ҷанги чарикии тамомаёрро оғоз кунад, эҳтимолан назди бисёре аз онҳо эътибор хоҳад дошт.

RT чанде пеш навишт: “Пас аз он ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ширкати миллии нафти Венезуелоро таҳрим кард ва Хуон Гуойду (Juan Guaido) — раҳбари мухолифонро ба унвони раисиҷумҳурӣ ба расмият шинохт, Никулос Модуру, раисиҷумҳури Венезуело, дар паёме ба забони англисӣ хитоб ба Дунолд Тромп аз ӯ хост, ки дар умури кишвараш дахолат накунад. Модуру ҳамчунин Вошингтунро дар даргириҳои сиёсӣ дар Венезуело муқассир донист ва иқдомоти Вошингтунро талоше барои дуздидани ширкати нафтии Венезуело донист ва ба иттихози тадобири талофиҷӯёна дар муҳофизат аз манофеи Венезуело ваъда дод.”

Ин сенорию комилан ошиност; шабеҳ ба сенориюи Сурия ё Либӣ ба назар мерасад.

Агар Русия ҳамон тавр, ки Башшор Асад — раисиҷумҳури Сурияро наҷот дод, ин мартиба барои наҷоти Модуру иқдом накунад, онгоҳ ба таври қатъ сенориюи Венезуело такрори сенориюи Либӣ хоҳад буд. Албатта агар бо диққат нигариста шавад, шабоҳати Модуру ва Асад комилан машҳуд аст.

Дар замони оғози ҷанги дохилии Сурия, ки албатта бисёре аз ёд бурдаанд, Башшор Асад ҳам бо мухолифатҳои дохилӣ, суимудирият ва фасод даргир буд; шиддати амал ба харҷ намедод ва дар бисёре маворид аз гирифтани тасмими дуруст сар боз мезад. Бар хилофи Ҳофиз Асад, ки дар замони худаш шӯришҳоро хеле сареъ ва бе ҳеч шафқате саркӯб кард. Асад он қадр дар муқобили нооромиҳо ва эътирозҳо бетафовут монд, ки ҳамаи кишварро ба хатар андохт. Асад дар муқобила бо афзоиши ҷамъият ва тағйироти ҷуғрофиёӣ ҳам бетафовут монд. Дар ҳамин ҳол, афзоиши қимати маводди ғизоӣ дар саросари ҷаҳони араб ба қаҳтӣ анҷомид ва ҳамин масъала яке аз омилҳои аслии “баҳори арабӣ” буд; албатта дахолатҳои пинҳонии Мусодро ҳам набояд нодида гирифт.

Дар Сурия хушк шудани заминҳои кишоварзӣ нақши қобили таваҷҷӯҳе дар нооромиҳо дар ин кишвар дошт ва ин иттифоқ ба далели суимудирияти Башшор Асад рух дод. Аз назари жеупулитик ҳам, Асад ҳамаи заҳамоти падарашро бар бод дод. Ӯ ҳатто равобити ҷадидеро, ки падараш бо Эрон барқарор карда буд низ нобуд кард. Ҷудои аз ҳамаи инҳо, иқтисоди кишварро мутобиқи манофеи қавмӣ-қабилаии худ пеш бурд. Хонадони Асад ҳамаи қарордодҳои пурсудро ба даст оварданд ва бо кишвар ба манзилаи “гови ширдеҳи шахсӣ”-и худ бархӯрд карданд. Бисёре аз суриҳои боҳушу бодироят танҳо ба далели танаффур аз рафтори ноодилонаи хонадони Асад бо Сурия, ба мухолифон пайвастанд.

Мушкилоте, ки Сурия бо онҳо мувоҷеҳ буда ва акнун гиребони Венезуелоро гирифта, ба ҳам монанд ва асосан сохтаи дасти Асад ва Модуру ҳастанд. Ҳар дуи онҳо дар раъси давлати бекифоят ва фосид будаанд ва он қадр бетафовут аз канори мушкилот гузаштанд, ки хашми миллат ба ҷӯш омад ва акнун ҳеч як аз онҳо тавоноии бароварда кардани ниёзҳои асосӣ ва аввалияи мардуми кишварашонро ҳам надоранд.

Навмуҳофизакорони Омрико ҳам омаданд ва ба оташи хашми мавҷуд доман задаанд. Дар кулл, шеваи бархӯрди онҳо ин гуна аст, ки кишвари Х мушкил дорад ва аз ин рӯ бояд ба он ҳамла ва давлатро сарнагун кард. Аммо масъала ин ҷост, ки шумори кишварҳое, ки мушкилоти дохилӣ доранд, аз кишварҳое, ки надоранд, хеле бештар аст; далел намешавад, ки Омрико ба ҳамаи онҳо ҳамла кунад. Шояд ҳам Омрико фақат ба кишварҳое ҳамла мекунад, ки раҳбарони онҳо мӯйлаб доранд? (Шӯхӣ!) Дар ҳақиқат, ҳатто дар назар гирифтани омили мӯйлаб доштани раҳбарон ба унвони тавҷеҳе барои ҳамлаҳо, аз барномаи кунунии Иёлоти Муттаҳида беҳтар аст! Дастикам як мантиқ ва улгу барои ҳамалот вуҷуд хоҳад дошт.

Аммо иқдомоти кунунии Иёлоти Муттаҳида ва дахолатҳои беҷои он, бисёре аз мардуми ин кишварро, ки медонанд изҳорот дар башардӯстӣ пӯшолӣ аст, озор медиҳад. Омрикоиҳо дӯст надоранд ба номи онҳо иттифоқҳои бад рух диҳад. Онҳо мехоҳанд, ки номашон ёдовари арзишҳои муштараке бошад, ки ҳамаи ҷомеа бар сари онҳо тавофуқи назар доранд. Аммо акнун, ҷомеаи омрикоӣ бештар намоди шарорат ва тасмимоти девонавор аст ва дар бисёре маворид ҳамаи инҳо зери сари шарури мӯйлабдор дар пушти саҳнаи тасмимоти Кохи сафед (Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ) аст, ки зоҳиран дар вақтҳои бекорӣ барои ҷангҳои хориҷӣ барномарезӣ мекунад.

Daily Stormer

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: