Перейти к содержимому

Ҷаласаи ҷадиди муҳокимаи дуктур Салмон Алъавда // Эҳтимоли судури ҳукми эъдом

Дирӯз (якшанбе) дар Арабистони Саудӣ ҷаласаи ҷадиде барои муҳокимаи дуктур Салмон Алъавда, донишманди мухолифи ин кишвар, баргузор гардид.

Фронсуво Зимре, яке аз се вакили фаронсавии дуктур Салмон Алъавда гуфт, ки дастгоҳи қазоии Арабистон ҷаласаи дигареро барои муҳокимаи дуктур Салмон Алъавда баргузор кард.

Бино бар гузориши сойти Алявмус-собеъ, ин вакили фаронсавӣ эълом кард: “Мо намедонем ҳадаф аз ташкили ин ҷаласаи додгоҳ чист ва вакилони мудофеи арабистонӣ аз барқарори иртибот бо хориҷ маҳрум ҳастанд.”

Вай дар идома афзуд: “Намедонем, ин ҷаласа, як ҷаласаи оддӣ буд ё ҷаласае барои қазовати ниҳоӣ. Мо нисбат ба ин ки дар ин ҷаласаи додгоҳ, ҳукми эъдом барои Алъавда содир шуд ё на, нигарон ҳастем.

Мақомоти Арабистон ин донишмандро, ки мавозеъи тунде алайҳи хонадони саудӣ дорад, дар 10-уми сентябри 2017 ба ҳамроҳи чандин донишманд, нависанда ва фаъоли дигар бо муттаҳам кардани онҳо дар парвандаи маъруф ба “бонди иттилоотӣ” боздошт карданд.

Дар сентябри 2018 муҳокимаи дуктур Салмон Алъавда дар муқобили додгоҳи кайфарии Риёз оғоз шуд ва додситони кулли Арабистон хостори судури ҳукми эъдом барои вай ба иттиҳоми “иртиботи вай бо теруристҳо” шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: