Перейти к содержимому

Ардуғон хитоб ба Омрико: “Оё Венезуело иёлати шумост? Чӣ тавр ба касе, ки бо интихобот сари кор омада мегӯӣ “бирав?”

Раисиҷумҳури Туркия дар бораи таҳаввулоти Венезуело ва рафтори Омрико изҳор дошт: “Оё Венезуело иёлати шумост? Чӣ тавр метавонӣ ба касе, ки бо интихобот сари кор омада бигӯӣ “бирав?”

Ба гузориши Онотулӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, тайи суханоне ҳамчунин дар хусуси Сурия гуфт: “Туркия барои тамомияти арзӣ ва сиёсии Сурия ва ҳамчунин ҳаққи таъйини ояндаи ин кишвар тавассути мардуми он эҳтиром қоил аст, ба ҳамин далел аз тадвини қонуни асосии ҷадид ва баргузории интихоботи озод дар ин кишвар ҳимоят мекунем.”

Ардуғон дар бораи таҳаввулоти Сурия ҳамчунин гуфт: “Агар зарфи чанд ҳафта теруристҳо аз Манбаҷ хориҷ нашаванд, сабрамон ба поён хоҳад расид. Агар идораи мардумӣ бо ҳимояти Туркия дар шарқи Фурот то чанд моҳи оянда ташкил нашавад, дигар мунтазир нахоҳем монд.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин дар бораи таҳаввулоти Венезуело ва рафтори Омрико изҳор дошт: “Оё Венезуело иёлати шумост? Чӣ тавр метавонӣ ба касе, ки бо интихобот сари кор омада бигӯӣ “бирав?” Чӣ тавр метавон давлатро ба касе таҳвил дод, ки ҳатто дар интихобот ширкат накардааст? Демукросӣ куҷост? Магар шумо демукрот набудед? Ин тарзи фикр чӣ тавр мумкин аст? Оё ин мавзӯъ пазируфтанӣ аст?

Вай ҳамчунин дар хусуси интихоботи шаҳрдориҳои Туркия низ гуфт: “Фардо бо давлати Баҳчелӣ, раҳбари ҳизби ҳаракати миллӣ дидор хоҳам кард. Мо ба унвони муттаҳидони ҷумҳурӣ, гомҳои муштараке бархоҳем дошт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: