Перейти к содержимому

Карзай: “Шоҳиди музокироти олӣ ҳастем” // Толибон: “Қонуни асосӣ эътибор надорад”

Нишаст миёни намояндагоне аз Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ба манзури ройзанӣ ва талош барои ҳаллу фасли даргириҳо, дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия дирӯз оғоз шуд ва камокон идома дорад.

Қарор аст фаъолони сиёсии даруни низом ва намояндагони гурӯҳи Толибон дидгоҳҳои худро дар бораи сулҳ ва ояндаи кишвар дар миён бигузоранд.

Ба гузориши Тулӯъ, аъзои ҳайати аҳзоби сиёсии Афғонистон, ки дар нишасти Маскав ҳузур ёфтаанд иборатанд аз: Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон, Ҳаниф Атмар, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Карим Халилӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, Юнус Қонунӣ, раҳбари Ҳизби Афғонистони навин, Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, Исмоилхон, узви Шӯрои ҳиросат ва суботи Афғонистон, Сайидҳомид Гилонӣ, раҳбари Муҳози Миллии Афғонистон, Забеҳулло Муҷаддидӣ, раиси Ҷабҳаи наҷоти миллии Афғонистон, Абдуссалом Заъиф, сафири собиқи Толибон дар Покистон, Ҳикмат Халил Карзай, муовини собиқи Вазорати хориҷаи Афғонистон, Шаҳнавоз Танӣ, вазири дифоъи давлати собиқи кумунистии Афғонистон, Подшоҳхон Задрон, намояндаи собиқи сенои Афғонистон, Шермуҳаммад Охундзода, намояндаи Ҳилманд дар сенои Афғонистон, Ҳаво Нуристонӣ, намояндаи собиқи Нуристон дар порлумон, Мадоралӣ Каримӣ, бузурги қавмӣ, Ҳоҷӣ Динмуҳаммад, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, Шаҳзода Масъуд, раиси ҳайати Крикет, Мавлавӣ Қаламуддин, раиси Ҳизби ҳаракати инқилоби исломии Афғонистон, дуктур Мушоҳид, раиси собиқи Кумисиюни ислоҳоти идории Афғонистон, «Залмай Ҳиводмил, мушовири фарҳангии риёсати ҷумҳури Афғонистон, Ҳаким Муҷоҳид, мушовири Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, Довудалӣ Наҷафӣ, вазири собиқи ҳамлу нақл ва ҳавонавардӣ, Абдулкарим Хуррам, раиси дафтари Ҳомид Карзай, Юсуф Паштун, мушовири Ашраф Ғанӣ, Абдулҷҷаббор Тақво, волии собиқи Кобул, Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон, Рангин Додфар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон, Залмай Расул, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Қозӣ Гулраҳмон, раиси Иттиҳодияи ҳуқуқдонони Афғонистон, Ваҳидулло Шаҳронӣ, мушовири раисиҷумҳури Афғонистон дар умури иқтисодӣ, Сайидтоҳо Содиқ, фарзанди Исмоилхон ва узви Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, Умар Зохилвол, сафири собиқи Афғонистон дар Покистон, Сайидфазлуллоҳ Воҳидӣ, волии собиқи Ҳирот, Мавлавӣ Абдуссалом Обид, имоми масҷиди ҷомеъи Кобул, Қутбуддин Ҳилол, номзади собиқи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Иршод Аҳмадӣ, муовини сиёсии собиқи Вазорати хориҷаи Афғонистон, Аҳмадуллоҳ Ализай, мушовири аршади Ашраф Ғанӣ дар умури ҳукуматдорӣ, Муҳаммадзамон Музмил, коршиноси Афғонистон, Райҳона Озод, намояндаи собиқи Урузгон дар порлумон, Фавзия Куфӣ, намояндаи собиқи Бадахшон дар порлумон, Вакил Аҳмад Мутаввакил, вазири хориҷаи ҳукумати собиқи Толибон ва Сайидурраҳмон Ҳаққонӣ, мушовири Ашраф Ғанӣ дар умури иҷтимоӣ.

Ин дар ҳолест, ки Толибон аз ҳар гуна музокира бо давлати Афғонистон худдорӣ карда ва пеш аз ин низ бар лузуми мунҳал шудани нерӯҳои амниятӣ ва дифоъии кишвар таъкид карда буд.

Дар ҳамин робита, Шермуҳаммад Аббос Истонказай, намояндаи Толибон дар нишасти ҷории Маскав, дар суханоне эълом кард: “Толибон омодааст, то дар сурати дарёфти даъватнома аз сӯи Русия, дар нишасти пеши рӯи “Чорчӯби Маскав” ширкат кунад. Дар сурате ки Русия бихоҳад, ин гурӯҳ омодааст, то дар нишасти ояндаи Маскав дар бораи сулҳи Афғонистон низ ширкат кунад. Толибон дар пайи инҳисори қудрат нест, аммо хоҳони таъсиси низоми исломӣ дар Афғонистон аст. Афғонистон ишғол шудааст ва ин ҷанг бар давлати исломӣ таҳмил шудааст.”

Вай дар идома изофа кард: “Қонуни асосии кунунии Афғонистон яке аз чолишҳои пеши рӯи сулҳ дар Афғонистон аст; зеро ин қонуни асосӣ сохтаи ғарб аст ва аз ин рӯл эътиборе надорад.”

Дар ҳамин росто, ҳайати намояндагии Толибон дар нишасти ҷории Маскав дархостҳоеро ба шарҳи зер матраҳ кардааст, ки иборатанд аз: хориҷ кардани номи афроди ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳ, озодии зиндониёни Толибон, эҷоди як равияи мушаххас барои сулҳ, таъдили қонуни асосӣ (қонуни мавҷуд) қобил қабул нест, тазмини гуфтугӯҳои сулҳ, эҷоди низоми исломӣ ва берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, дар нишасти Маскав миёни намояндагони кишвараш бо ҳайати Толибон дар пойтахти Русия таъкид кард: “Шоҳиди музокироти бисёр хубе ҳастем.”

Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон низ дар ҷараёни баргузории нишасти сулҳи Маскав дар суханоне эълом кард: “Толибон нисбат ба ҳузури давлати Афғонистон дар музокирот инъитофи бештаре нишон диҳад. Ин амр барои идомаи раванди гуфтугӯҳо низ муҳим ва таъсиргузор аст. Ҳамчунин, оташбаси фаврӣ дар саросари Афғонистон бояд эълом шавад ва ин амр набояд ба ҳузур ё адами ҳузури давлат дар ин фароянд бастагӣ дошта бошад.”

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш дар посух ба дархости Толибон дар нишасти мазкур гуфт: “Қонуни асосии Афғонистон бар асоси усули исломӣ навишта шудааст ва ҳама бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунанд.”

Пас аз ифтитоҳи нишаст ва суханронии Ҳомид Карзай, Шермуҳаммад Аббос Истонказай, Юнус Қонунӣ, Муҳаммади Муҳаққиқ ва Ато Муҳаммад Нур, аз хабарнигорон хоста шуд, то аз солун хориҷ шуда ва нишасти Маскав пушти дарҳои баста идома ёфтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: