Перейти к содержимому

“Муртадд”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар иштибоҳ накунам, ду се сол пеш, дар ёддоште оварда будам, ки байни мақомоти Тоҷикистон — ба хусус мақомоти низомӣ ва амниятии он — ва байни ДОЪИШ, муштаракоти фаровоне вуҷуд дорад, мисли бераҳмӣ, сангдилӣ, бесаводӣ ва ғайра аз ин қабил сифот, ба гунае, ки таъомули теруристҳои ДОЪИШ бо мухолифонашон, чандон тафовуте бо таъомули мақомоти низомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо мухолифони сиёсӣ надорад.

Имрӯз, вақте матлаберо дар як сойти ҳаводори ҳукумати кунунӣ дидам – матлабе, ки дигарон ҳам бе ҳеч таъаммуле дар сафаҳоти корбарии худ дар Фейсбук бознашраш кардаанд – вақте инро дидам, дигар бар яқинам дар ин ки байни ин ду чандон фарқе вуҷуд надоштааст афзуда шуд.

Дар ин сойт, матлабе аз сӯи яке аз мақомоти амниятӣ мунташир шуда, ва ин мақоми амниятӣ вожаеро дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумат ба кор бурдааст, ки дар ин рӯзгор ин вожаро бештар теруристҳои ДОЪИШ ба кор мегиранд. Ва ин вожа чизе ҷуз вожаи “муртадд” нест. “Муртадд” дар адабиёти сиёсии ДОЪИШ барои афроде итлоқ мешавад, ки бояд кушта шаванд.

Истилоҳи “муртадд” – бо ин ки як истилоҳи исломӣ аст – аммо уламо ва фуқаҳои исломӣ дар итлоқи он ба ин ё он фард, бисёр сахт эҳтиёт карда ва мекунанд ба ҳадде, ки шумо дар таърихи 1400-солаи исломӣ, бисёр андак ва ба нудрат пайдо мекунед, ки фуқаҳои мо онро ба кор бурда бошанд. Зеро, “муртадд” шумурдани касе аз назари ислом, ба ҳамин роҳатӣ ва суҳулат нест, ҳазору якто шарту шуруте дорад, ки ба нудрат метавон касеро муртадд хонд.

* * *

Аммо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ин вожаро дар мавриди ҳар касе, ки бо ақоиду афкори ӯ ва ҳатто равишу шеваи сиёсиаш мувофиқ набошад итлоқ ва бар ҳамин мабно, роҳат ҳукми қатли ӯро содир мекунад. Ба сухани дигар, аз назари доъишиҳо, ҳар мусалмоне, ки бо ақоиди ДОЪИШ ва сабки сиёқи сиёсиаш мувофиқ набошад, ӯ дигар “муртадд” яъне хориҷшуда аз ислом маҳсуб шуда ва маҳдуруддам мегардад ва хунаш бояд рехта шавад.

Бад нест азизон ин ҳақиқатро ҳам бидонанд, ки яке аз масоиле, ки боиси ихтилофи шадид байни ДОЪИШ ва Алқоъида ва ҳамчунин гурӯҳи Толибон гардида ҳамин масъала аст. Яъне, дар ибтидои зуҳури ДОЪИШ дар Сурия, онҳо бо Алқоъида чандон ихтилофе надоштанд ва балки метавон гуфт як буданд, аммо вақте Абӯмисъаб Зарқовӣ, поягузори ДОЪИШ шурӯъ кард ба “мурдатт” хондани ҳар касе, ки бо ӯ мувофиқ набуданд, Айман Завоҳирӣ, раҳбари Алқоъида, ба ӯ ҳушдори шадиде дод ва гуфт, аз назари ислом, ту ҳақ надорӣ ҳар касеро ба дилхоҳи худат “муртадд” хонӣ; “муртадд” донистан аз назари исломӣ, меъёру зобитаҳои муайяне дорад. Аммо доъишиҳо гӯши шунаво надоштанд ва дере напоид байни ин ду гурӯҳ ба ҳамин ҷиҳат ихтилофи шадиде воқеъ шуд, ва аҷиб он ки ДОЪИШ гурӯҳи Алқоъидаро низ “муртадд” эълон кард.

Шабеҳи ҳамин моҷаро дар Афғонистон байни ДОЪИШ (вилояти Хуросон) ва байни гурӯҳи Толибон ба вуқӯъ пайваст ва ДОЪИШ Толибонро ҳам “мурдатт” эълон намуд.

Такрор мекунам, “муртадд” яъне касе, ки аз ислом хориҷ шуда ва маҳдуруддам аст.

* * *

Имрӯз мебинем, як мақоми амниятии тоҷик дақиқан ҳамин истилоҳро дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ ба кор бурда. Ва ин ҳамон чизе аст, ки борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: байни теруристҳои ДОЪИШ ва мақомоти низомӣ ва амниятии тоҷик дар сабку сиёқ тафовуте вуҷуд надорад. Ҳар ду бо мухолифонашон ба бадтарин ва бераҳмонатарин шакл бархӯрд мекунанд. Мухолифи худро ё мекушанд ва ё ба ҳадде лату кӯп мекунанд, ки як ҷои солим дар бадани ӯ боқӣ намемонад. Мисолҳо барои ин иддао ба ҳадде зиёд аст, ки агар бихоҳам так-таки онҳоро зикр кунам, як китоби қатур мешавад.

Бинобар ин, ҷойи ҳеч таъаҷҷуб ва шигифтӣ надорад, ки сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар ҳоли ҳозир яке аз фармондеҳони ДОЪИШ маҳсуб мешавад, аз батни ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бархоста.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: