Перейти к содержимому

Сиёсатмадори зидди исломи ҳуландӣ мусалмон шуд

Як намояндаи собиқи порлумони Ҳуланд (Нидерландия), ки пештар аз афроди наздик ба Хирт Вилдерс (Geert Wilders), сиёсатмадори исломситези ин кишвар ба шумор мерафт, дар камоли шигифтӣ аз гаравидани худ ба ислом хабар дод.

Ба гузориши Euronews, Юром фон Кловорен (Joram van Klavaren), сиёсатмадори 40-сола ва намояндаи собиқи ҳизби рости ифротии Ҳуланд, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи NRC эълом кард, ки дар ҳини таҳқиқот барои нигориши китобе бар зидди ислом, ба ин дин гаравидааст.

Вай дар идома таъкид кард, ки дар пайи ин таҳаввули дарунӣ сарнавишти китоби ёдшуда тағйир пайдо карда ва ба марҷаъе барои ироаи истидлол ҷиҳати муқобила бо интиқодҳои матраҳшуда аз сӯи афроди ғайримусалмон бар зидди ин дин табдил шудааст.

Фон Кловорен дар идома тасреҳ кард: “Агар ҳар он чи то кунун навиштаам ҳақиқӣ аст, ки фикр мекунам ингуна аст, пас ман амалан як мусалмон ҳастам.

Оқои Кловорен рӯзи душанбе низ дар гуфтугӯ бо як шабакаи родиюии давлатӣ дар Ҳуланд, аз таҳаввули дарунии худ хабар дода ва эълом карда буд, ки охирҳои моҳи октябр ба дини ислом гаравидааст.

Юром фон Кловорен пеш аз ин ба унвони намояндаи ташаккули ҳизби ростгарои “Ҳизб барои озодӣ” ба муддати 7 сол муборизае сахт ва пайгиронаро бар зидди ислом дар Маҷлиси пойини порлумони Ҳуланд бар ӯҳда гирифта буд.

Мамнӯияти бурқаъ ва манора аз ҷумлаи хостаҳои эъломшуда аз сӯи “Ҳизб барои озодӣ” аст, ки риёсати онро Хирт Вилдерс, сиёсатмадор ва исломситези саршиноси ҳуландӣ бар ӯҳда дорад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Олхемен Дохблод” (Algemeen Dagblad) ин ҳизби популистӣ зимни тарҳи мутолиботи зидди исломи худ ба сароҳат эълом кардааст, ки ислом набоист ҷойгоҳе дар Ҳуланд дошта бошад ва дар сурати лузум бояд маҳдудтарин фазоро дар ихтиёри ин дин қарор дод.

Расонаҳои ҳуландӣ бо интишори густурдаи хабари мусалмон шудани Юром фон Кловорен эълом кардаанд, ки гаравидани вай ба дини ислом кулли дӯстон ва душманонашро мутаъаҷҷиб кардааст.

Фон Кловорен дар соли 2014 пас аз изҳороти ҷанҷолии раиси “Ҳизб барои озодӣ” дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ, ба ҳамкорӣ бо Хирт Вилдерс поён дод ва сипас бо таъсиси ҳизб “барои Ҳуланд” ба муборизоти худ бар зидди ислом идома дод.

Ин намояндаи собиқи порлумони Ҳуланд дар пайи касби натоиҷи ноумедкунанда дар интихоботи қонунгузории соли 2017, ба куллӣ аз фаъолият дар арсаи сиёсии кишвараш хориҷ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: