Перейти к содержимому

Ассисӣ раисиҷумҳури модомулумри Миср мешавад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Барои мо, бисёр душвор аст, ки ин ҳама ҳаёҳуеро, ки акнун дар миёни мисриҳо чӣ дохил ва чӣ хориҷ аз ин кишвар ба далели тағйирот дар қонуни асосӣ ба роҳ афтодааст бифаҳмем; тағйироте, ки ба Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср, иҷоза медиҳад, то соли 2034 дар қудрат бимонад.

Аз ин ҷиҳат фаҳми ин масъала душвор аст, ки аъзои порлумоне, ки ин тағйиротро анҷом дод, ба шеваи демукротики шаффоф интихоб нашудаанд ва узвияти он маҳдуд ба ҳаводорони раисиҷумҳур шудааст ба истиснои 16 намоянда аз маҷмӯи 600 намояндаи порлумон, ки узви ҳизбе ҳастанд, ки мегӯяд “мухолиф” аст, ҳамчунин натоиҷи ҳамапурсӣ барои таъйиди ниҳоии он дар ду моҳи баъд, аз қабл мушаххас аст, ва чӣ басо ҳатто миёнгини таъйидкунандагони он аз ду моҳ қабл мушаххас шудааст.

Ассисӣ намояндаи артиши Миср аст, ки Ҳусни Муборак ва низ фароянди демукротик ва Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури мунтахабро дар июли 2013 сарнагун кард ва “подшоҳии низомӣ” ба роҳ андохт, ки бар кишвар ва миллати Миср ҳукумат мекунад ва бо мушти оҳанин ҳамаи ниҳодҳои кишвари Миср ва дороиҳояшро бидуни ҳеч гуна рақибе дар ихтиёр дорад ва ҳар касе мухолифат кунад ва мухолифаташ хатаре ба шумор равад, ҷояш пушти милаҳои зиндон аст агар нагӯем рӯи чӯби эъдом аст.

Ин иттифоқӣ нест, ки ин тағйирот, ки боризтарин бандҳои ҷадиди он таъкид бар “нақши артиши Миср дар масунияти қонуни асосӣ ва демукросӣ” аст, чанд рӯз пас аз ҷашни солрӯзи инқилоби 25 январи соли 2013 сурат гирад, ки ҳукумати Ҳусни Муборак ва диктотурии фосидро сарнагун кард, зеро интихоби ин замон комилан амдӣ ва барои дафни инқилоби мардумии бузург ва мероси демукротики он буд.

Ҳаводорони Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср мегӯянд, ки тамдиди риёсати вай то соли 2034 зарурӣ аст, ва барои додани замон ба вай барои иҷрои тарҳҳои тавсиъаи иқтисодиаш аст, ки онҳоро оғоз карда ва низ тазмини суботи Миср аст, ки бо хатарҳои амниятии чанде дар муҳити мултаҳиб қарор дорад. Ин дар ҳоле аст, ки мухолифон ин тамдидро табдили Миср ба диктотурии низомӣ медонанд, ки ҳамаи озодиҳои демукротикро дар ҳар навъ ва шаклаш аз ҷумла гардиши мусолиматомези қудрат аз тариқи сандуқҳои раъй дар интихоботи шаффоф аз байн мебарад.

Бетардид, тағйироти дигар монанди лағви созмони миллии расонаҳо ва рӯзномаҳо вуҷуд дорад, вале магар расонаҳо ва рӯзномаҳо куҷо ҳастанд дар ҳоле, ки Миср бар асоси гузориши шаффофияти байналмилалӣ дар бораи озодиҳо рутбаи 105-ро дорад. Ҳамин ҳарф дар бораи моддаи марбут ба кунграи муташаккил аз 250 узв, ки як севвуми онҳо тавассути раисиҷумҳур интихоб мешаванд низ сидқ мекунад; ин кунгра нусхаи баробари асли пррлумони кунунӣ аст ва фақат як зоҳирсозӣ аст ва таваҳҳуме беш нест.

Ассисӣ, ки ҳамаи ихтиёротро дар дасти худ мегирад, таҷрибаи Чинро ба таври комил дунбол мекунад, яъне лағви интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳамон тавр, ки раисиҷумҳури Чин кард, аммо раисиҷумҳури Чин ва ҳизбаш Чинро ба рутбаи кишварҳои бузург расонданд ва иқтисоди онро пас аз Омрико дуввумин иқтисоди ҷаҳон карданд ва интизор меравад тайи панҷ соли дигар рутбаи нахусти иқтисоди ҷаҳонро аз они худ кунад. Ҳоло оё Ассисӣ ҳамин муваффақият ва дастовардҳоро дар Миср муҳаққақ мекунад ва ҷойгоҳи онро ба унвони қудрати ҳидояткунанда дар Ховари Миёна ва ҷаҳон бозмегардонад?

Ин пурсиш фарзӣ ва зудҳангом аст, зеро мухолифони мисрӣ, ки бисёр зиёд ҳам ҳастанд, дар бораи ин масъала тардиди зиёде доранд.

Афроди наздик ба Ассисӣ ва низомаш ин гуна замзама мекунанд, ки амнияту субот бар ҳама чизи дигар барои вай ва аҳдофаш аз ҷумла демукросӣ тақаддум дорад, зеро тавсиъаи иқтисодӣ дар сояи ҳарҷу марҷ ва теруризм имконпазир нест, вале посух ба ин мақула бисёр содда аст, зеро кишварҳое дар ҷаҳон ҳастанд, ки табдил ба бабрҳои иқтисодӣ аз дарвозаи демукросӣ ва озодӣ шуданд, ки боризтарини онҳо Молезӣ ва Андунезӣ ҳастанд; кишварҳои ғарбӣ, ки дигар ҷойи худ доранд.

Марҳум Ҳасанайн Ҳайкал, ки аз боризтарин ҳаводорони Ассисӣ буд, дар як ҷаласаи хусусӣ дар Бейрут, ки чанд моҳ пеш аз даргузашташ баргузор шуд, таъкид кард, ки фақат артиши Миср ва яке аз афсаронаш ба таври хосс аст, ки бар Миср ҳукумат мекунад, чӣ бо либоси низомӣ чӣ бо либоси ғайринизомӣ, ва ин артиш буд, ки Муборакро сарнагун кард, зеро дар рӯзҳои охири ҳукуматаш ба фишорҳои ҳамсараш тан дод ва ба қудрат расидани Ҷамол писараш пас аз ӯро пазируфт ва ба вай ва гурӯҳи атрофиёнаш ихтиёроти васеъе дод ба тавре, ки табдил ба ҳокими амалӣ бар кишвар шуд.

Он чи иттифоқ афтод ва он чи иттифоқ меафтад, таъкиде бар ин пешбинӣ аст. Акнун дар Миср “подшоҳии низомӣ” ҷойи пойи худро муҳкамтар мекунад ва Ассисӣ на фақат то соли 2034 дар қудрат мемонад, балки модомулумр дар ин мақом мемонад ва аз ҳимояти артиш бархӯрдор аст ва қонуни асосиро бори дигар дар арзи чанд сония тағйир медиҳад, магар он ки “мӯъҷизаи хоссе” рух диҳад ба рағми он ки мо итминон дорем, ки дар замони мӯъҷизаҳо ба сар намебарем… Ва Худо беҳтар медонад!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: