Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (40)

Ҷомеа ва таърих аз назари Қуръон (2)

Фикри инсон инъикоси муҳит нест

Матлаби дигар ин ки: ҳол, ки ҷомеа шахсият дорад ва фард узвест дар ҷомеа, ва лозимаи узвият ин аст, ки миқдоре аз истиқлол — агар нагӯем тамоми истиқлол — аз миён биравад, чӣ қадр аз истиқлол аз миён меравад? Оё воқеан пайкар аст ва узв, ва воқеан фард, ҳеч истиқлоле аз худ надорад, ҳамин тавр, ки як ангушт дар бадан ҳеч истиқлоле аз худаш надорад ва сад дар сад маҳкуми ҷараёни куллии бадан аст? Оё Қуръон ин аслро мепазирад, ки фард сад дар сад маҳкуми ҷараёни куллии ҷомеа аст ва узвест, ки ҳеч гуна истиқлоле аз худ надорад, қаҳран мешавад ҷабри иҷтимоӣ дар ҳамаи шуъун ва ҷабри таърих дар ҳамаи шуъун? Ё на, башар дар ҷомеа ҳолати нимаистиқлол ва нимаозодро дорад, яъне дар айни ин ки узв ва маҳкуми ҷомеа аст, метавонад ҳоким бар ҷомеаи худаш бошад; ҳам ҷомеа фардро тағйир медиҳад ва бар ӯ таъсир мегузорад, ва ҳам ин узв чун сад дар сад истиқлолаш аз байн нарафтааст, як хусусият ва ҳолате дорад, ки метавонад кулли худашро тағйир бидиҳад ва иваз кунад.

Мусаллам, ислом ба мантиқи дуввум қоил аст. Мебинед, ислом барои ақл ба унвони як амре, ки дар ҳама ҳол маноти таклифи инсон аст, ва барои виҷдони инсонӣ истиқлол қоил аст. Дар ҳеч шарте аз шароити иҷтимоӣ, вазъи ҷомеаро ба унвони як узр намепазирад, яъне ин ҳарфе, ки имрӯз шойеъ аст, ки то мегӯем: оқо, чаро чунин мекунӣ? Мегӯяд: эй оқо! Муҳит ин ҷур иқтизо мекунад, лозимаи муҳит аст, коре намешавад кард, муҳит хароб аст, муҳит фосид аст, аз назари ислом пазируфта нест. Маънои ин ҳарф он аст, ки вақте, ки муҳит хароб аст, ман наметавонам хароб набошам; ҷабри муҳит аст, ҷабри таърих аст ва чорае нест. Қуръон ин “чорае нест”-ро дар ҳар шароите аз шароити муҳитӣ, ки инсон қарор гирифта бошад, намепазирад ва аз ин рӯ такяи фаровоне рӯи ақлу таъаққул яъне фикри мустақилли башар дорад, на ин ки ақли башар сад дар сад малъабаи муҳиту таъриху шароити ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мусаллам бо мантиқи Қуръон ҷур дарнамеояд.

Аз назари ислом, ба ҳеч ваҷҳ намешавад гуфт, ки фикри инсон, виҷдони инсон, иродаи инсон ва имони инсон сирфан як партав ва як ойинае аст, ки мунъакискунандаи вазъи муҳит аст. Чунин чизе абадан нест. Ба ҳамин далел, ислом рӯи ахлоқ, тарбият, даъват, таблиғ, ихтиёр ва озодии инсонҳо дар иҷтимоъ ва амсоли инҳо такяи фаровоне мекунад ва балки онро аслу асос медонад; иззатҳо ва зиллатҳоро тобеъи шароити ихтиёрии инсонҳо медонад: як миллат азиз шуд, чаро? Хост азиз бишавад. Як миллат залил шуд, чаро? Нахост азиз бишавад ё хост залил бишавад. Ин аслан мантиқи Қуръон аст. Ин аст, ки дар он оятҳо мефармояд:

وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالأرْضِ

Агар мардуми он қаряҳо (он маҷомеъ) имон меоварданд ва роҳи тақворо пеш мегирифтанд, баракатҳои маънавиву моддӣ аз атроф бар онҳо мерехт…”  (Сураи Аъроф, ояти 96) Маълум мешавад, ки дар ҳар шароите, ки онҳо қарор гирифта бошанд, барои онҳо ин озодиро қоил аст, ки имону тақво пайдо кунанд.

* * *

Таърих сирфан ҷанги табақотӣ нест

Инки Қуръон барои виҷдону ақлу иродаи инсон, асолат ва истиқлол ва озодӣ дар муқобили муҳит қоил аст дар айни ин ки барои муҳит як шахсият қоил аст, табъан мантиқи Қуръонро дар мавриди фард ва ҷомеа, як мантиқи хоссе қарор медиҳад. Қаблан ҳарфи Алӣ Алвердиро нақл ва арз кардам, ки ӯ исрори зиёде дорад, ки бигӯяд тавҷеҳи Қуръон аз таърих, ҳамон тавҷеҳи табақотӣ аст. Мегӯяд:

التاريخ في القرآن صراع مرير بين رجال من طراز فرعون ورجال من طراز موسى

Аслан таърих дар Қуръон як ҷангу куштигирии бисёр талх аст миёни Фиръавнҳо аз як тараф ва Мӯсоҳо аз тарафи дигар….

Шак нест, ки Қуръон ба ҷанги Мӯсоҳо аз як тараф ва Фиръавнҳо аз тарафи дигар — ки ҷанги табақотӣ аст — инояти хеле зиёде дорад ва ин матлабро хуб гуфтаанд ва ҳарфи дурусте ҳам ҳаст, вале Қуръон таърихро сирфан ин ҷур басит тавҷеҳ намекунад, ки таърих ҳамин асту ҳамин, яъне ҷомеаро тақсим кунад ба ду табақа ва баъд ҳам ҷанги ду табақа алайҳи якдигар. Ин ҷур нест. Ин бо мантиқи Қуръон, ки барои виҷдону ақл, истиқлол қоил аст ва бинобар ин ҳар касе дар ҳар табақае бошад, маҳкуми он табақа ва маҷбур аз ноҳияи он табақа нест, ҷур дарнамеояд. Аслан бо таклиф, масъулият ва ба истилоҳи имрӯз “таъаҳҳуд” ва ихтиёр ҷур дарнамеояд, ва аз ин рӯ Қуръон дар айни ин ки ба он ҷанбаи таърих таваҷҷӯҳи зиёде дорад — ки оятҳояшро дар ҷаласоти пеш хондем — ба ҷилваҳои дигари таърих ҳам ишора мекунад. Масалан, мегӯяд дар миёни Оли Фиръавн, дар ҳамон конуни фиръавният, зане мухолифи Фиръавн пайдо мешавад, яъне ҳамон бархӯрдортарин занони ҷомеаи мисрӣ, ки агар бино буд вазъи табақотӣ ҳоким бар виҷдони инсон бошад, маҳол буд, ки ӯ зани мӯъмине дарбиёяд ва алайҳи Фиръавн туғён кунад. Мегӯяд: “Зани Фиръавн зани мӯъминае буд” ва баъд зани Фиръавн дар радифи муқаддасоти занони ҷаҳон аз назари Қуръон, аз қабили Сора ва Ҳоҷар ва Марям ва Ҳавво қарор гирифт, ки алъон мебинед дар мантиқи мазҳабии мо вақте мехоҳем занони муқаддасаи дараҷаи аввалро зикр кунем, мегӯем: Осия зани Фиръавн, Марям модари Исо…, дар ин радиф зикр мекунем.

Ё Қуръон аз марди мӯъмине аз ҳамон Оли Фиръавн ёд мекунад:

وَقَالَ رَجُلٌ مُؤْمِنٌ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَكْتُمُ إِيمَانَهُ

(Сураи Ғофир, ояти 28) ва як сура дар бораи ӯст ва ҳудуди понздаҳ оят дар ин сура роҷеъ ба ҳамин мӯъмини Оли Фиръавн аст. Агар Қуръон мехост таърихро фақат рӯи он асос тавҷеҳ кунад, ки Фиръавн ва табақаи фиръавнӣ ҳамеша дар он тараф будаанд, дигар маънӣ надошт, ки биёяд аз мӯъмини Оли Фиръавн ҳам ба ин шакл ва ба ин тартиб ёд кунад, ки оятҳои хеле зебо ва ширине аст вақте мантиқи Фиръавн ва мантиқи мӯъмини Оли Фиръавнро нақл мекунад, ки ин чӣ гуфт ва ӯ чӣ гуфт, ва достоне шуниданӣ аст.

Аз инҳо болотар, Қуръон аз Довуд, Сулаймон ва Юсуф ёд мекунад, ки инҳо дар ҳоле, ки олитарин мақоми дунявиро доштанд, аз назари Қуръон беҳтарин виҷдони инсониро ҳам воҷид буданд. Аз як тараф барои Сулаймон мулке зикр мекунад, ки:

لا يَنْبَغِي لأحَدٍ مِنْ بَعْدِي

(Сураи Сод, ояти 35) барои ҳеч инсоне чунин мулку қудрате муяссар нашуда, ки малики ҷинну инс бошад ва бо қудрати хориқулодае ҳукумат кунад, аз онҳое бошад, ки ба қавли маъруф, шири мурғу ҷони одамизод барояш муҳайё бошад, ва аз тарафи дигар ҳамон Сулаймонро зикр мекунад, ки дорои яке аз беҳтарин ва олитарин виҷдонҳои инсонӣ буд. Агар Қуръон мехост бигӯяд ҳар кас дар он табақа қарор гирифт, дигар маҳол аст виҷдони инсонӣ дошта бошад, пас Сулаймон чист, ки Қуръон нақл мекунад?!

Қуръон аз шахсе ба номи Юсуф ёд мекунад, аз он даврае, ки ин марди ҷавон дар бадтарин шароити зиндагӣ қарор гирифта ва яке аз сахттарин мазлумиятҳоро гузаронда, ки ба дасти бародаронаш ба чоҳ меафтад ва мушриф ба ҳалокат мешавад, баъд як тасодуфе — ба ҳасби зоҳир — ӯро аз чоҳ берун меоварад, баъд ӯро ба шакли як барда дар бозорҳои Миср мефурӯшанд, даст ба даст мешавад ва баъд дар хонаи азизи Миср қарор мегирад, баъд кам-кам маҳбуб мешавад, баъд ба зиндон меафтад, баъд аз зиндонаш ба мақоми азизи Миср мерасад. Вале виҷдоне, ки Қуръон барои ин одам зикр кардааст, аз ҳамон рӯзи аввале, ки пеши падараш буд, рӯзи дуввуме, ки асири бародаронаш шуд ва ба чоҳ афтод ва рӯзе, ки барда шуд ва рӯзе, ки дар хонаи азизи Миср буд ва рӯзе, ки дар зиндон буд ва рӯзе, ки азизи Миср шуд, дар ҳамаи ин мароҳил, як масирро тай карда ва як виҷдон буда, ки таҳти таъсири ин ҳолоту авзоъи мухталифи моддӣ қарор нагирифтааст. Шумо бибинед аз назари Қуръон, мантиқи Юсуф дар ҳамон авҷи иззату шукӯҳаш чӣ қадр мутавозеъона ва инсонӣ аст!

Бинобар ин мо ҳаргиз наметавонем ҳарфи Алӣ Алвердиро инчунин дарбаст қабул кунем, ки тавҷеҳи таърих аз назари Қуръон

صراع مرير بين رجال من طراز فرعون ورجال من طراز موسى

аст ва дигар ғайр аз ин нест! Он “сироъи марир” дар Қуръон ва дар ҷомеаи башарӣ ҳаст, аммо омили мунҳасир дар таҳаввулоти таърих нест. Имрӯз ҳам мебинед ҳеч як аз ин тавҷеҳоте, ки қадим мекарданд, яке мегуфт омили ҷуғрофиёӣ омили таҳаввулот аст, дигаре мегуфт омили нубуғи шахсиятҳо, яке мегуфт омили иқтисод, яке мегуфт омили ахлоқӣ ва виҷдонӣ ва… дигар ин ҳарфҳоро намепазиранд, ки як омили басит муассир бошад, ҳамаи ин омилҳоро муассир медонанд. Ҳақ ҳам ҳамин аст.

Ин барои он аст, ки Қуръон барои ақл ва виҷдони инсон дар баробари ҷабри муҳит ва ҷабри таърих ва ҷабри иқтисодӣ ва ҷабри сиёсӣ — ва ҳар чӣ мехоҳед бигӯед — ҳуррият ва озодӣ ва истиқлоле қоил аст ва мӯътақид аст, ки он фитрати илоҳӣ, он виҷдони илоҳӣ дар инсон дар ҳар шароите метавонад зинда бошад ва Худо ҳам ба мӯҷиби ҳамон, инсонро подошу кайфар медиҳад. Ин матлаб чӣ зебо дар аввалин ҳадиси Кофӣ омадааст!

Кофӣ бобҳои мухталифе дорад. Аввалин бобаш боби “ақлу ҷаҳл” аст ва дар он боб ҳам аввалин ҳадисаш — ки матлаб ба сурати як тамсил баён шуда — ин аст:

لَمَّا خَلَقَ اَللَّهُ اَلْعَقْلَ اِسْتَنْطَقَهُ ثُمَّ قَالَ لَهُ أَقْبِلْ فَأَقْبَلَ ثُمَّ قَالَ لَهُ أَدْبِرْ فَأَدْبَرَ ثُمَّ قَالَ … مَا خَلَقْتُ خَلْقاً هُوَ أَحَبُّ إِلَيَّ مِنْكَ … إِيَّاكَ أُعَاقِبُ وَ إِيَّاكَ أُثِيبُ

Худо ақлро офарид, ба ӯ гуфт: биё! Омад. Гуфт: пушт кун, бирав! Аз он тараф рафт. Худованд фармуд: ман махлуқе шарифтар ва олитар ва беҳтар аз ту наёфаридам, ба мӯҷиби ту подош медиҳам ва ба мӯҷиби ту кайфар мекунам.

Ин ба таъбири имрӯзиҳо як навъ асолатул-инсон ё асолатул-виҷдонил-инсонӣ дар Қуръон аст.

Бидуни шак он мактабҳое, ки инсонро дар муқобили шароити ҷуғрофиёӣ ё сиёсӣ ё иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, ба сурати як мавҷуди маҷбури катбастае медонанд, ки мисли хасе, ки рӯи сел қарор гирифта бидуни ихтиёри худаш ин тарафу он тараф меравад, шахсияти инсонро маҳв кардаанд. Вале Қуръон барои инсон шахсияте мофавқи ҳамаи ин шароит қоил аст. Пас Қуръон ба ҷабри ончунонӣ қоил нест, дар айни ин ки он омилҳоро ба расмият мешиносад.

Як далели дигар ин аст: зиндагии инсон дар мантиқи Қуръон аз Одам шурӯъ шуда, аз як инсон, он ҳам як инсони муаллим

وَعَلَّمَ آدَمَ الأسْمَاءَ كُلَّهَا

(Сураи Бақара, ояти 31), аз як инсони мукаллаф, аз як инсоне, ки сафиюллоҳ ва баргузидаи Худост, ки ҳамон инсон исён мекунад ва ҳамон инсон тавба мекунад, яъне як мавҷуде, ки қабл аз ҳар чизе, қабл аз ин ки ҷомеае ба вуҷуд биёяд, қабл аз ин ки фарзандоне пайдо кунад, қабл аз ин ки аслан ин ҳарфҳо дар кор биёяд, дар даруни худаш дучори як навъ тазодд аст, яъне ду даъват дар даруни инсон ҳаст: яке ӯро ба шаҳавоту матомеъу ин умур даъват мекунад, ва дигаре ба тарки шаҳватпарастӣ ва худпарастӣ ва ба сӯи Худо даъват мекунад. Ҳамин инсон исён мекунад ва ҳамин инсон тоиб мешавад ва тавба мекунад.

Маълум мешавад, ки аслан инсон қабл аз ин ки вориди ҷомеа бишавад ва қабл аз ин ки вазъи табақотӣ пайдо кунад ва қабл аз ин ки шароити мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра бар ӯ ҳукумат кунад, дар даруни худаш ду ҷанбаи мутазодд дорад ва инсон офарида шудааст, ки аз ин ду амри мутазодд якеро интихоб кунад. Аз як тараф шайтон меояд ва инсонро тарғиб ва васваса мекунад — ки ба таъбири Қуръон “тасвил” аст, яъне марғуботи шаҳавонии инсонро зебо ҷилва медиҳад — ва аз тарафи дигар аз ҳамон соати аввал, нубувват ва пайғамбарӣ ҳаст ва инсонро ба роҳи хайр ва роҳи салоҳ даъват мекунад, ва ба инсон гуфтаанд ту як иродаи озод ва як ихтиёри комиле дорӣ, ки аз миёни ин ду зидд якеро интихоб кунӣ.

Дар ҷавоби инҳо, ки мегӯянд:

التاريخ في القرآن صراع مرير بين رجال من طراز فرعون ورجال من طراز موسى

бояд гуфт, вале зиндагии инсон аз назари Қуръон “сироъи марир” (яъне ҷанги талхе аст) миёни муштаҳаёти нафсонӣ ва илҳомоти виҷдонӣ ва ақлӣ ва ҳидоятҳои анбиё, ки ба кӯмаки онҳо омадаанд

وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا

(Сураи Шамс, оятҳои 7 ва 8)

Вақте, ки инсон зотан ва дар сиришти худаш ин тавр буд, ин амр наметавонад дар таърих муассир набошад; бигӯем ин як амри фардӣ аст ва амри фардӣ ҳам ба таърих кор надорад! Чун таърихро ҳамин инсон месозад, ҳамин инсони таърихсоз бо ин ду нерӯи мутазодд ҳамеша вориди таърих ва ҷомеа мешавад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: