Перейти к содержимому

Оё вақти он нарасидааст, ки забони худро аз асорати хатти кириллӣ раҳо кунем?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Яке аз осебҳои ҷуброннопазири ин дабираи ночасбони кириллӣ бар фарҳанги мо, осеби забонӣ аст.

Ин дабира забони мисли асал ширину гуфтори мисли булбул гӯёи моро, табдил ба забони лангу лолу гуфтори тангу тор намуд.

Ин забон дар тӯли торих зеботарин осорро офарида, ширинтарин ашъорро суруда ва шевотарин гуфторро ба ҷаҳониён тақдим кардааст.

Ин ҳамон забони Ҳофиз аст, ки ғазалиёти нағзу ширинаш ҳар дили хастаро ба ваҷд ва ҳар табъи хираро ба рақс медароварад.

Ин ҳамон забони Низомӣ аст, ки ошиқонаҳояш, ҳар дили мурдаро зинда ва ҳар майли хобидаро бедору шефта мекунад.

Ин ҳамон забони Мавлоно аст, ки бо тамсилоти аҷибу ҳикматҳои шигифту нуктаҳои нобаш, ҳамаи шарқу ғарби оламро ба таҳсину офарини худ водоштааст.

Ин ҳамон забони Саъдӣ аст, ки ашъори ҳикматомӯзаш воқеъан бӯстони ақлҳо ва пандҳои ибратомӯзаш, ҳақиқатан гулистони қалбҳост.

Аммо имрӯз ба мо, ворисони ин забони ширин, чӣ шудааст, ки бидуни лукнати забон ва луқмаи калом наметавонем ҳатто ду калом сӯҳбат намоем? Як нигоҳе ба сӯҳбатҳои вазирону раисон, ҳатто адибону донишмандонамон андозед, чӣ аҳволе дорад?

Оё ин тарзи даступошикастаи сӯҳбат кардан, ҳеч шабоҳате ба он забони гӯёву шевои ниёконамон дорад?

Оё сабаби ин лангиву лолӣ, чизе ҷуз дабираи кирилии ночасбон ва ноҳамоҳанг ба забони модарии мост?

Агар имрӯз ҳуқуқи мардуми бечораи тоҷик ошкоро поймол мешавад, иллаташ ин аст, ки ӯ наметавонад буррову расо сӯҳбат кунад, вақте буррову расо сӯҳбат карда натавонад, қатъан аз ҳуқуқи худ ҳам дифоъ карда наметавонад, вақте аз ҳуқуқаш дифоъ карда натавонист, маълум аст, ки ҳуқуқаш поймол мешавад.

Оё вақти он нарасидааст, ки забони ширину шевои худро аз асорати ин қафаси нафасгир раҳо кунем?

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: