Перейти к содержимому

Чаро “Ховар” аз сойташ эълони баргузории “Симпозиуми байналмилалӣ”-ро ҳазф кард?

Сойти “Ахбор” дақоиқе пеш дар гузорише таҳти унвони “Туркия аз баргузори Симпозиуми зидди Ҳизби наҳзат даст кашид», хотирнишон кард: “Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Туркия рӯзи 4 феврал, як рӯз қабл аз шурӯи нишаст, расман аз лағви ин ҳамоиш хабар дод (ба ин тартиб:) “Нишасти таҳти унвони “Муборизаи муштараки Тоҷикистону Туркия ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм ва хушунат”, ки рӯзи 05.02.2019, соати 14:30 баргузор мегардид, лағв шуд.”

Машрӯҳи гузориши сойти “Ахбор” ба ин тартиб аст:

“Ховар” – хабаргузории давлатии Тоҷикистон, рӯзи 31 январ хабар дод, ки рӯзи 5 феврал дар толори Донишгоҳи Анкара, пойтахти Туркия бо мақсади “фош намудани амалҳои душманонаи ташкилоти террористии наҳзат” бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалии “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” баргузор мегардад. Ин хабар бо 5 забон дар сомонаи “Ховар”, ҳамчунин дар сомонаи Кумитаи дин ва сипас дар саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

“Ховар” дар гузоришаш таъкид мекард, ки “Бояд тазаккур дод, ки баъди кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар моҳи сенятбри соли 2015, М.Кабирӣ ҳамроҳи хонавода ва қисми зиёди аъзоёни созмони террористии наҳзат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия фирор намуда буданд. Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи баргузории Конфронс ва нишастҳои ҳамсон дар Ҷумҳурии Туркия симои аслии ташкилоти мазкур шинохта шуда, дар мавриди дастгир, ихроҷ ва қатъи кумакҳои минбаъда аз ҷониби мақомотҳои марбутаи Туркия тасмимҳои дахлдор андешида шуд.”

Вале алакай рӯзи 4 феврал, ҳанӯз як рӯз қабл аз конфронс, хабаргузории “Ховар” баъди чанд таҳрири паиҳам ин хабарро аз сомонааш бардошт ва ҷустуҷӯи он дар сомонаи “Ховар” танҳо ин ҷумларо ба шумо медиҳад ки: “Хатогоии 404. Ин саҳифа вуҷуд надорад.”

Ин ҳолат суолеро дар зеҳнҳо халқ мекунад, ки ин хабари муҳим куҷо шуд?

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи “Ахбор”, таблиғи ин симпозиуми байналмилалӣ ҳамчун нақшаи муштараки Тоҷикистону Туркия дар роҳи мубориза бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) хашми ҷониби Туркияро оварда, мояи баҳсҳое дар ин замина низ шудааст, ки чаро ҷониби Тоҷикистон, ба вижа раиси Шӯрои исломиаш Саидмукаррам Абдулқодирзода ва хабаргузории давлатии ин кишвар аз як нишасти илмии бахшида ба мубориза бо терроризм ба манфиатҳои сиёсиашон сӯиистифода кардаанд.

Маълум шуд, ки Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Туркия нақша доштааст, ки рӯзи 5 феврал анҷуманеро бо номи “Муборизаи муштараки Тоҷикистону Туркия ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм ва хушунат” доир кунад, вале ҷониби Тоҷикистон дар расонаҳо онро бо номи “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” муаррифӣ кардааст.

Дар натиҷа, Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Туркия рӯзи 4 феврал, як рӯз қабл аз шурӯи нишаст, расман аз лағви ин ҳамоиш хабар дод: “Нишасти таҳти унвони “Муборизаи муштараки Тоҷикистону Туркия ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм ва хушунат”, ки рӯзи 05.02.2019, соати 14:30 баргузор мегардид, лағв шуд.”

Чанд ниҳоди дигари туркӣ, ки исмашон дар рӯйхатти иштироккунандагони “Анҷумани зидди наҳзат” сабт шуда буд, низ аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кардаанд.

Дар натиҷа, ҳайъати Тоҷикистон ба раҳбарии раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, маҷбур шудаанд, ин симпозиуми “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат”-ро бо иштироки шумори хеле маҳдуди иштирокчиён рӯзи 5 феврал дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Анкара доир кунанд.

Хабаргузории “Ховар” дар бораи ин ҳамоиш чанд гузориши муфассал нашр кард, вале ин дафъа зимни зикри иштирокчиён номи ягон ниҳодеро зикр накарда, бо ибораҳои умумие иктифо кард: “Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.Дар кори Симпозиум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Парвиз Содиқӣ, маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов ва Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов сухан гуфтанд.”

Аз рӯйхатти суханронҳо низ бармеояд, ки дар нишасти зидди наҳзат аз ҷониби Туркия танҳо як нафар – профессори Донишгоҳи Анкара Саадеттин Коҷатурк суханронӣ кардааст, вале ӯ ҳам дар мавзӯи аз ҲНИТ даври “Бародарӣ дар дини Ислом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти дин”. Аксҳо аз толори ҳамоиш ҳам баёнгари он аст, ки ин нишаст бештар ба як маҳфил шабоҳат дошт, то ба “симпозиуми байналмилалӣ”.

Нокомии Саидмукаррам Абдулқодирзода барои баргузории боз як нишасти зидди ҲНИТ дар Туркия дар ҳолест, ки мақомоти Туркия баъди пуштибониҳои бечунучарои ҳукумати Тоҷикистон, ки бахусус дар давоми ду соли баъди табаддулоти нокоми тарафдорони Фатҳулло Гулен мушоҳида мешуд, дар моҳҳои охир бархӯрди худ нисбат ба мухолифини тоҷикро бознигарӣ мекунанд.

Раҳоии ду роҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ва Сайдулло Валиев — домоди яке аз роҳбарони ҲНИТ Шоҳнаими Карим (Кузов), ки дар Туркия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буданд, аз аввалин аломатҳои ин тағйири бархӯрди Анкара нисбат ба таҳаввулоти си ёсие буд, ки дар Тоҷикистон мегузаранд.

Худдории ниҳодҳои фикрии Туркия аз ҳамдастӣ ва ширкат дар маъракаи зидди ҲНИТ боз як паёми дигаре ба Душанбе дар мавриди тағйири мавқеъгириҳои ҳукумати раисиҷумҳури исломгарои Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон буда метавонад.

Як омили геополитикии таъсиргузор дар ин тағйири дидгоҳ метавонад бо Арабистони Саудӣ – рақиби қадимаи Туркия дар Ховари Миёна ва ҷаҳони Ислом наздик шудани ҳукумати Тоҷикистон бошад.

Аммо омили дуюм, ба таъбири сиёсатшиносон, субъективист.

Президент Эрдуғон ва ҳукумати ӯ, қарори маълум, рӯҳонии фирории турк Фатҳулло Гулен ва тарафдорони ӯро душмани қасамхӯрдаи худ мешиносанд.

Моҳи июли соли 2016, вақте табаддулоти ҳарбӣ дар Туркия ноком шуд ва давлати Эрдуғон даҳҳо ҳазор аз тарафдорони Гуленро бо ҷурми ҳамдастӣ дар ин қасди табаддулот ба зиндон кашонд, Душанбе тавонист аз ин фурсат ба манфиатҳои сиёсиаш хуб истифода кунад.

Аввалан, Душанбе бо дархости Туркия литсейҳои туркӣ ва дигар ниҳодҳоии марбут ба шабакаи Гуленро дар Тоҷикистон баст. Сониян, мақомоти тоҷик, аз ҷумла бо кӯшишҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо идораи диёнат, яъне муфтиёти Туркия муносибати хуб дорад, тавонистанд ба мақомоти Туркия ин фикрро талқин кунанд, ки наҳзатиҳо ин дуруст ҳамон “гулениҳои тоҷик”-анд, ки мисли гулениҳо соли 2015 мехостанд дар Тоҷикистон қасди табаддулот кунанд, вале инҳо низ шикаст хӯрданд.

Мақомоти Туркия дар солҳои 2016-2018 дар ҳақиқат фазоро дар ин кишвар барои оппозитсияи тоҷик хеле танг карданд ва ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва аъзои оилааш, ки дар Туркия ба сар мебурданд, маҷбур ба тарки ин кишвар шуданд. Бино ба иттилои дарёфтии “Ахбор”, ҳангоми тарки қаламрави Туркия Муҳиддин Кабирӣ ва баъдан ду фарзанд ва ҳамсарашро ҳатто барои муддати кӯтоҳе боздошт ҳам карда буданд.

Ва аммо моҳи сентябри соли 2018 дар ҳошияи анҷумани солонаи САҲА дар шаҳри Варшава ҳайъати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири хориҷа Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов ва муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ Сайфуллои Сафарзода дар пойтахти Полша (Лаҳистон) бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот карданд.

Ин мулоқот, ки бештар бо гиряи Мулло Абдураҳим дар ёдҳо монд, дар Донишгоҳи Вистула доир шуд. Ин донишгоҳ ба шабакаи Фатҳулло Гулен рабт дорад.

Табиист, ки дар донишгоҳи марбут ба Гулен баргузор шудани мулоқоти намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон наметавонист ба мақомоти Туркия хуш биояд. Ва ҳарчанд аз иштирокчиёни он мулоқот дар Донишгоҳи Вистула то имрӯз алакай Маликшоҳ Неъматов аз мақоми сафир дар Олмон ва Сайфуллои Сафарзода аз муовинии раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ барканор шуданд, манобеи “Ахбор” мегӯянд, баргузории ин мулоқот дар донишгоҳи марбут ба душмани қасамхӯрдааш дар тағйири мавқеъгирии ҳукумати Туркия нисбат ба мухолифини тоҷик ва ҳамчунин дар лағви симпозиуми ахири “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” дар Анкара таъсири ҷиддӣ доштааст.

Ахбор

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: