Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (358)

Гуфтани меҳмон Юсуф алайҳиссаломро, ки ойина овардамат армуғон, то ҳар бор, ки дар вай нигарӣ, рӯйи хуби хешро бибинӣ, маро ёд кунӣ (2)

* * *

Ойинай софии нон худ гурсинаст,

Сӯхта ҳам, ойинай оташзанаст.

Шахси гурусна ойинаи софу содиқи нон аст, зеро шахси гурусна зарурат ва арзиши нонро ба хубӣ нишон медиҳад. Ҳамин тавр тиккаи чӯби “сӯхта” низ намоёнгари қадру арзиши оташзана аст, зеро болифосила шӯъларо мепазирад ва муштаъил мешавад.

Сӯхта: тиккаи чӯбе, ки дар миёни дигар чӯбҳо мениҳанд, то бо санги оташзана бар он зананд ва онро равшан кунанд.

Нестиву нақс ҳар ҷойе, ки хост,

Ойинай хубии ҷумлай пешаҳост.

Дар ҳар ҷо, ки нестӣ ва нуқсоне намоён шавад, ойинаи хубӣ аст барои нишон додани арзиши пешаҳо ва санъатҳо.

Нукта: Ҳар як пешаҳо ва санъатҳои башарӣ ҷилвае аз камол аст. Чунонки агар нуқсоне дар амре рӯй диҳад, арзиши ҳирфа ва санъати марбут ба он шинохта мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.928) Дар байтҳои баъдӣ ин матлаб равшан мешавад.

Чунки ҷома чусту дӯзида бувад,

Музҳири фарҳанги дарзӣ чун шавад?

Ба унвони мисол, агар ҷомаҳо ва либосҳо дар дунё дӯхташуда ба вуҷуд меомаданд, он либосҳо чӣ гуна мазҳари ҳунару камоли хайёт мешуд?! Яъне намешуд.

Дӯзида: дӯхташуда. Дарзӣ: ҷомадӯз, хайёт.

Нукта: Хайёт бо дӯхтани ҷома ҳунари худро нишон медиҳад, дар ҳоле ки агар ҷомаҳо бидуни хайёт фароҳам мешуд, дигар заминае барои ҷилвагарии камолу зарофати санъати хайёт падид намеомад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.928)

Нотарошида ҳамебояд ҷузӯъ,

То даравгар асл созад ё фурӯъ.

Мисоли дигар, бояд тана ва шохаҳои дарахтон тарошида ва мавзун набошад, то наҷҷор биёяд ва рӯи онҳо кор кунад ва арзиши ҳирфаи худро нишон диҳад. (Агар танаи дарахтон худ ба худ мавзуну тарошида бошад, дигар ҷое барои ҳунарнамоии наҷҷор намемонад.)

Ҷузӯъ: ҷамъи “ҷизъ” ба маънои танаи дарахтони хурмо, ва ё мутлақан танаи дарахт.

Хоҷаи ишкастабанд он ҷо равад,

К-андар он ҷо пойи ишкаста бувад.

Мисоли дигар, устоди шикастабанд ба ҷое меравад, ки дар онҷо пойе шикаста бошад ва ӯ бо банд задани он камоли ҳирфаи худро нишон диҳад.

Кай шавад, чун нест ранҷури назор,

Он ҷамоли санъати тиб ошкор?

Мисоли дигар, агар шахси бемору лоғару нотавон набошад, кай зебоӣ ва зарофати илми тиб ошкор мешавад? Яъне намешавад.

Назор: лоғар, нотавон.

Хориву дунии мисҳо бармало

Гар набошад, кай намояд кимиё?

Мисоли дигар, агар хориву пастии мис ошкор набошад, кай арзиши кимиё дониста мегардад?

Дунӣ: фурӯмоягӣ, пастӣ. Кимиё: донише аст, ки ба он мисро ба тило табдил мекунанд.

Нақсҳо ойинаи васфи камол

В-он ҳақорат ойинай иззу ҷалол.

Пас, натиҷа мегирем, ки ҳамаи нақсҳо ойинаи камолу ҳунар аст. Камол бо вуҷуди нақоис ошкор мешавад, ва ҳақорат (пастӣ) ойинаи ҷалолату шукӯҳмандӣ аст. (Зеро ҳар гоҳ ҳақорату пастӣ падид ояд, зидди он, ки иззату ҷалолат аст намоён мешавад.)

З-он ки зидро зид кунад зоҳир, яқин,

З-он ки бо сирка падид аст ангубин.

Зеро бидуни шак зидд зиддро ошкор мекунад, чунонки масалан зоти ширини асал бо вуҷуди сиркаи турш ошкор мешавад.

Ҳар ки нақси хешро диду шинохт,

Андар истикмоли худ дуасба тохт.

Ҳар кас мутаваҷҷеҳи нақоиси худ шавад ва онро биёбад, дар арсаи камолҷӯӣ бо шитоб пеш меравад.

Истикмол: ба камол расидан, камолхоҳӣ. Дуасба тохтан: киноя аз шитоб кардан ва ба шитоб рафтан.

З-он намепаррад ба сӯйи Зулҷалол,

К-ӯ гумоне мебарад худро камол.

Он ки дар хештан нақсе намебинад, қатъан ба сӯи ҳазрати Зулҷалол парвоз намекунад, зеро гумон медорад, ки комил асту фоқиди нақс.

Иллате баттар зи пиндори камол

Нест андар ҷони ту, эй зудалол!

Эй мутакаббир! Дар ҷону руҳи ту ҳеч беморӣ ва дарде бадтар аз комил фарз кардани худ нест.

Зудалол: соҳиби нозу карашма.

Нукта: Мумкин аст солик дар миёнаи роҳ ва ё ҳатто ибтидои роҳ, ба кашфе ва завқе бирасад ва ҳақиқате дарёбад ва билофосила гумон кунад, ки ҳатман ба интиҳои роҳ расидааст. Ин худбинӣ ӯро дучори кибру ғурур мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.929)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: