Перейти к содержимому

Ин рӯйкард бар зарари ҳама, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин анҷом хоҳад ёфт

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Умед меравад пас аз ин ҳама обрӯрезиҳо ва ифтизоҳоти пай дар пайи дар фазои иттилоотӣ, уқалои ҳизби ҳоким ба ин натиҷа расида ва дарк карда бошанд, ки замони он фаро расида, то ҳукумат рӯйкарди худро дар заминаи таблиғот ва ба истилоҳ ”ҷанг расонаӣ” иваз ва ислоҳ намояд.

Зеро ҳамон тавре ки барои касе пӯшида нест, то кунун ин вазифаро ҳукумат бар дӯши афроди ғайримутахассис вогузошта аст, ки ба ғайр аз тӯҳмату бӯҳтон ва фуҳшу дашном нисбат ба дигарандешон, чизе аз дасташон барнамеояд. Инҳо на қобилияти ташхиси нақду интиқоди созанда аз тохту този хасмонаро доранд ва на саводи таҳлилу баррасии як дидгоҳро. Аз ин рӯ, ин гурӯҳ ҳамеша кӯр-кӯрона ба ҳама метозанду нисбат ба ҳар пешниҳоде дону нодон мавзеъи манфӣ мегиранд. Дар натиҷа, ҳар коре ки то имрӯз анҷом доданд, бар зарари худи ҳукумат тамом шуда ва чеҳраи бе ҳамин ҳам номатлуби ҳукуматро ба ҷои матлуб ҷилва додан, асосан номаъқул ҷилва дода ва медиҳанд.

Алорағми ин ки ин рӯйкарди носанҷида ва нопухтаи ҳукумат, то имрӯз ба фоидаи мухолифин анҷом ёфта, вале дар ниҳоят ин рӯйкард бар зарари ҳама, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин анҷом хоҳад ёфт.

Зеро аввалан, ин гуна рӯйкардҳои сабук ва бархӯрдҳои сахифу ҳақир, фазои солими иттилоотӣ ва сиёсиро олуда мекунад.

Сониян, вақте фазо олуда гашт, худ ба худ афроди соҳибақлу соҳибандеша ва дилсӯзу хайрхоҳ аз як чунин фазои олуда фосила мегиранд ва ҷои онҳоро афроди бехираду бетамиз ва моҷароҷӯву ҳангоматалаб пур хоҳанд кард.

Ва дар як чунин ҳолат, ҳеч умеде ба ислоҳи ҳеч иштибоҳе наметавон баст ва ин ба нафъи ҳеч касе нест, на ҳукумат ва на мухолифини ҳукумат.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: