Перейти к содержимому

“Ховар”; сойти расмии давлатӣ ё бунгоҳи дурӯғпарокан?

Пӯшида нест, ки сойтҳо ва пойгоҳҳои расмӣ ба хусус мутаъаллиқ ба ҳукуматҳо, дар мунъакис кардани ахбору гузоришҳо барои мухотабон, камоли диққатро ба кор мегиранд ва аз ин рӯ на танҳо аз интишори ахбори дурӯғ, балки ҳатто аз ахбори шубҳанок парҳез мекунанд. Бо камоли таассуф аммо хабаргузории расмии Тоҷикистон яъне хабаргузории давлатии “Ховар” ин усулро аслан риоят намекунад.

Бо вуҷуди ин ки ошкор шуд “Симпозиуми байналмилалие”, ки қарор буд дар таърихи 5 феврал дар Туркия баргузор гардад, аз ҷониби ин кишвар лағв гардид ва баргузоркунандаи туркӣ яъне Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти истротежики Ҷумҳурии Туркия дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер инро эълом кард, ва дақиқан ба ҳамин далел буд, ки намояндагони ҳукумат чорае ҷуз баргузории як ҷаласаи маҳдуд бо ширкати афроде ангуштшумор надоштанд, вале бо ин ҳама, сойти “Ховар” гузоришҳое дар ду рӯзи гузашта дар сафаҳоти худ корида, ки дар онҳо, бо камоли вақоҳат чунин нишон додааст, ки ин “симпозиум” гӯё ба ҳамон шаклу сурате, ки қаблан эълон карда буд баргузор гардидааст!

Ва аҷибаш ин ки “Ховар” ҳеч ишорае ба эълони Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти истротежики Ҷумҳурии Туркия дар лағви ин “симпозиум” нанамуда; дар ҳоле, ки метавонист – аз боби амонатдорӣ дар инъикоси воқеиятҳо — эълом кунад, ки ба ин далел ё он далел, тарафи туркӣ баргузории ин ҳамоишро лағв кард ва ба ҳамин ҷиҳат намояндагони Тоҷикистон ин ҳамоишро бо ширкати афроде маҳдуд дар фалон макон баргузор нанамуданд.

Ин гуна услубу равиш дар бархӯрд бо воқеиятҳо аз сӯи “Ховар”, нишон медиҳад ин пойгоҳи расмии давлатӣ кучактарин таваҷҷӯҳе ба эътибори худаш ва ин ки бо коридани гузоришҳои дурӯғин ва дур аз воқеият имиҷ ва эътибори худро аз даст хоҳад дод, намедиҳад.

Ҳоло яке ду намуна аз гузоришҳои ин бунгоҳи дурӯғпарокан дар ду рӯзи гузашта меоварем:

1) Дар ин гузориши “Ховар”, ки дар таърихи 6 феврали 2019 (яъне ду рӯз пеш) таҳти унвони “НАҲЗАТИҲОИ БОСМАЧӢ ДИГАР ДАР ТУРКИЯ ҶОЙГОҲ НАДОРАНД…” Суханронии раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар симпозиуми байналмилалӣ” мехонем: “Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум амалҳои ифротгароёна ва террористии ҲНИ ва ҳаммаслаконаш аз ҷониби иштирокдорон ба таври амиқ маҳкум карда шуд. Аз ҷумла, раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов доир ба амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиён муфассал сухан гуфт…”

Ҳамон тарве, ки мулоҳиза мекунед, “Ховар” тавре пӯшиш додааст, ки гӯӣ ин ҳамоиш ба ҳамон шаклу сурате, ки қаблан эълон карда буд баргузор шудааст; дар ҳоле ки кучактарин ишорае ба ин ки дар ин симпозиуми “байналмилалӣ” чӣ шахсиятҳое ширкат кардаанд нашудааст. Масалан, оё ҳамон тавре, ки қаблан худи “Ховар” эълон карда буд, дар ин ҳамоиш “пажӯҳишгарони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия, дипломатҳои кишварҳои муқими Анқара, тадқиқотчиёни Маркази тафаккур ва стратегии “ТАСАМ”, профессорони донишгоҳҳои он кишвар, рӯзноманигорони матбуоти давлативу хусусӣ, мутахассисони соҳаи мубориза бар зидди терроризм, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, суд ва прокуратураи генералии Ҷумҳурии Туркия иштирок ва суханронӣ” намуданд?

Ҳеч ишорае ба ин нашуда.

Аммо аҷибтар ин ки тасвире, ки “Ховар” барои ин гузориш интихоб кардааст, ҳамон тасвире аст, ки дар гузориши ин хабаргузорӣ дар таърихи 16 октябри 2018 яъне соли гузашта таҳти унвони “Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: “Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад”, омадааст!

Оё ин гуна пӯшиши хабарӣ садоқати ин хабаргузориро пеши мухотаб зери суол намебарад?

2) Дар гузориши дигар дар ҳамин таърих яъне 6 феврали 2019 (ду рӯз пеш) таҳти унвони “Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид”, мехонем: “5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд…

Ин гузориш, бо фарқ аз гузориши пешин, номи шахсиятҳои ширкаткунандаро оварда. Хуб, ҳоло ширкаткунандагони ин симпозиуми “байналмилалӣ” чӣ шахсиятҳое будаанд! Овардаст: “Дар кори Симпозиум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Парвиз Содиқӣ, маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов ва Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов сухан гуфтанд.”

Ҳамон тавре ки мулоҳиза мекунед, дар ин симпозиуми “байналмилалӣ” яъне “международный”, танҳо исми як нафар “байналмилал” ба чашм мехӯрад яъне “профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк”, аммо бақия ҳамагӣ ба истилоҳ “народный” ҳастанд!

Хуб, ин чӣ симпозиуми “байналмилалӣ” аст, ки фақат як нафар ғайри тоҷик дар он ширкат карда?!

Оё барояшон ва обрӯю эътиборашон беҳтар набуд унвони “байналмилалӣ”-ро аз ин гузориш бардоранд?! Ё ҳамаро “хар” фарз кардаанд?!

Албатта аксе, ки аз ин “симпозиуми байналмилалӣ” мунташир кардаанд, ба вузуҳ “байналмилалӣ” будани онро ошкор мекунад.

3) Матлаби севвум, ки мехоҳам биёварам, бо ин ки рабте ба “Ховар” надорад, аммо чун марбут ба дурӯғпароканиҳои расонаҳо ва “фейкҳои” ҳукуматӣ аст, бад нест пешкаши хонандаи азиз намоям. Ва он ин ки: билофосила пас аз баргузории ин “симпозиуми байналмилалӣ”, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз тарафи “ферма” ин навор таҳти унвони: “Баромади Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар Туркия,дар мавзуъи «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» мунташир шуд:

 

Ҳоло ба гузориши зерини “Ховар” дар таърихи 16 октябри 2018 (соли гузашта) ва аксҳое, ки дар он мунташир шуда таваҷҷӯҳ бифармоед:

Назаратон чист? Оё метавон дурӯғе бузургтар ва шохдортар аз ин дурӯғ пайдо кунед?!

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: